ДЕҲАИ ТОҶИКӢ

(Лавҳе бадеӣ аз китоби “МАНИШИ ТОҶИКӢ”)

… Аммо деҳаи тоҷикӣ низ як қаламрави поку муқаддас аст, ки дар он муҳити зебову отифии зиндагии суннатии тоҷик фароҳам омадааст.

Дар деҳаи тоҷикӣ деворҳо паст, дарвозаҳо боз, хонаҳо наздик ва дилҳо пайванданд.

Он ҷо пеши айвон гули тоҷи хурус ҷигарист ва рӯи боми баланд лолаи сурх мерӯяд.

Он ҷо садои булури об тамоми шаб ҷорӣ ва чашми нози ситора то саҳр рӯшан аст.

Он ҷо аз чашма сафо меояду аз замин баракат мехезаду аз кӯҳ зиндагӣ мерезад.

Он ҷо себ чароғон, анор хандон, тут фаровон ва лутф арзон аст.

Ҳавои деҳаи тоҷикӣ бӯи борон, атри райҳон, накҳати торон дорад.

Ҳавои деҳаи тоҷикӣ покии шир, тамъи равғани зағер, атри пӯдина ва ёди нони гарми модар медиҳад.

Фазои деҳаи тоҷикиро насими муҳаббат, шамими самимият, фарҳанги ҳамзистию ҳамдевории некӯ фаро гирифтааст.

Он ҷо ҳамсоя наздиктарин фарди инсон асту ғаму шодӣ ва каму костагии зиндагии ҳамсояро бо ҳам мебинад.

Он ҷо ҳамсоя азиз, меҳрубон ва муқаддас аст.

Деҳаи тоҷикӣ ҳамон ҷоест, ки инсон ҷони инсон аст, ҷое, ки тоҷик роҳати ҷони тоҷик аст.

Ҷое, ки ҳеҷ кас танҳо нест.

Деҳаи тоҷикӣ ҷазираест, ки он ҷо фарҳанги тоҷикӣ зинда, арзишҳои тоҷикӣ пойдор ва маниши тоҷикӣ устувор аст.

Он ҷо ҷавонон мард ва мардон ҷавонмарданд.

Он ҷо занони покиза атри иффат ва сатри ҳаё доранд.

Деҳаи тоҷикӣ тоҷикитарин ҷой аст.

Он либоси миллиро нигоҳ медорад, таъомҳои миллиро гум намекунад, он ҷо суннатҳои поки миллӣ маҳфузанд, бозиҳои миллии тоҷикӣ давом доранд.

Он ҷо ҷойи “алик-малик” нест, он ҷо майдони “чилик-пилик” аст….

Он ҷо ҳанӯз хурду калон ба раҳгузарон салом медиҳанд.

Он ҷо ҳанӯз маскаи тозаи тоҷикиро рӯи нони гандуми осёбӣ мемоланд…

Дар деҳаи тоҷикӣ касе бар ҳаққи касе чашм намеандозад, касе ба моли касе тамаъ надорад.

Дар деҳаи тоҷикӣ дуздиву хиёнат нест, зеро он барои тоҷик нанги бузургу гуноҳ азим ба шумор меояд.

Дар он ҷо ба об хас намерӯбанд, ба шир об намерезанд.

Дар он ҷо мариз бе парастор намемонад, ҷаноза бесоҳиб намемонад, туй холӣ нест.

Дар деҳаи тоҷикӣ рӯҳи тоҷикӣ, ҷаҳони тоҷикӣ, маърифати тоҷикӣ, ғайрату ғурури тоҷикӣ бедор аст.

Он ҷо тоҷик ҳамчунон зиндаву поянда аст.

Пас, меситоем деҳаи тоҷикиро, ки аз сари деворҳояш шохаҳои себ овезон аст.

Себе, ки дар ин фарҳанги қудсӣ ҳаққи раҳгузар гӯянд…

Меситоем деҳаи тоҷикиро, ки сояи ҳар туташ барои нишасти аҳли як деҳа кофист.

Рустое, ки аз пои ҳар чанораш чашмаи муҳаббат ҷорист.

Маконе, ки дар бари ҳар пуштааш шаҳиду авлиё дорад.

Кампираконаш якҷоя ҳалвою суманак мепазанд ва мӯйсафедонаш ҳар яке кӯҳи имонанд.

Ҷовидон бод деҳаи тоҷикӣ, ҳавзаи муқаддаси арзишҳову отифаҳо.

Ҷойи тавлиду бозтавлиди рӯҳи тоҷикӣ.

Посдори ҷаҳони тоҷикӣ…

Total Views: 66 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.