АГАР ТАРСӢ…

(Ин чор дубайтии созандаву пурангезаи Аллома Иқболи Лоҳуриро барои писарам Муҳаммадҷон ба шаклу забони бисёр соддаи наврасон шарҳ намудам. Умедворам барои мутолиаву худсозии арзишии фарзандон ё шогирдони Шумо низ ба кор ояд.)

                                                               ***

Дамодам нақшҳои тоза резад,

Ба як сурат қарори зиндагӣ нест.

Агар имрӯзи ту тасвири дӯш аст,

Ба хоки ту шарори зиндагӣ нест.

ШАРҲ:

Зиндагӣ равандест, ки пайваста тағйир меёбад ва дам ба дам нақшу шаклу вазъи дигар пайдо мекунад. Яъне ЗИНДАГИИ ХАҚИҚӢ ОН АСТ, КИ ЯКРАНГУ ЯКНАВОХТ НАБОШАД, балки ҳар рӯз навӣ ва тағйир пазирад, пайваста такмил гардад ва пеш биравад. Зиндагии хақиқӣ хамеша дар ҳаракат аст ва худи ЗИНДА БУДАН ЯЪНЕ ҲАРАКАТ, ТАҒЙИР ВА ПЕШРАФТ ДОШТАН АСТ.

Пас, биё, ту ҳам зиндагии худро аз рӯи ҳамин меъёр бисанҷ ва дар бораи худ хулоса барор, ки ОЁ ТУ ЗИНДА ҲАСТӢ? Агар рӯзҳои ту ҳамааш яксон бошанд ва имрӯзи ту нусхаи дилгири дирӯзи ту бошад, яъне агар имрӯзи ту нисбат ба рӯзи гузаштаат ҳеҷ тағйиру пешрафте надошта бошад, пас ту зинда нестӣ ва дар дили ту оташи зиндагӣ нест.

АГАР ДАР ВУҶУДИ ТУ АЛОМАТИ АСОСИИ ЗИНДАГӢ, ЯЪНЕ ҲАРАКАТ ВА ТАҲАВВУЛ ДИДА НАШАВАД, ТУРО ЗИНДА ҲИСОБИДАН РАВО НЕСТ, зеро зинда будан, яъне ҳаракату таҳаввулу пешрафт доштан аст.

Чуноне, ки ҷойи дигар гуфтааст:

Ҳастам, агар меравам,

Гар наравам, НЕСТАМ…

****

Дили бебокро зарғом ранг аст,

Дили тарсандаро оҳу паланг аст.

Агар биме надорӣ, баҳр саҳрост,

Агар тарсӣ, ба ҳар мавҷаш наҳанг аст.

Зарғом- шер, ранг-гӯсфанд

ШАРҲ:

Барои инсони қавӣ, ки дили бебоку нотарс дорад, шери дарранда монанди гӯсфанд аст, яъне ДАР НАЗАРИ ЯК ИНСОНИ ДАЛЕРУ БОҒАЙРАТ МАСЪАЛАҲОИ КАЛОНУ МУШКИЛИ ЗИНДАГӢ БИСЁР ОСОНУ ХУРД МЕНАМОЯНД ва ӯ онҳоро бо талошу ғайрати худ ҳал мекунад.

Барои инсоне, ки дили тарсу ва камғайрат дорад, оҳуи нарм мисли паланги дарранда тарснок мебошад, яъне ДАР НАЗАРИ ИНСОНИ ТАНБАЛУ БЕҒАЙРАТ МАСЪАЛАҲОИ ОСОНУ ХУРДИ ЗИНДАГӢ БИСЁР ДУШВОР ва мисли кӯҳ вазнину ҳалнашаванда менамоянд.

Агар дар вуҷуди ту тарсу воҳима набошад, барои ту баҳри пурмавҷу пуртӯфони зиндагӣ мисли саҳро орому ҳамвор менамояд ва ту нотарсона киштии ҳаётатро пеш меронӣ ва ба мақсад мерасӣ.

Вале, агар беҷуръату тарсу бошӣ, ҳар як мавҷи ин баҳр дар назарат хатар аст ва дар ҳар мавҷаш туро наҳанг интизор аст.

Яъне, барои инсони ҷасур зиндагӣ ва мушкилоти он бисёр осон менамоянд, вале барои инсони заифу беғайрат зиндагӣ бисёр душвор ва пур аз масъалаҳои ҳалнашаванда мебошад.

ПАС ҶАСУРУ БЕБОК БОШ, ТО МУШКИЛОТИ ЗИНДАГИРО ОСОНТАР ПАСИ САР НАМОЙӢ!

****

Тарош аз тешаи худ ҷодаи хеш,

Ба роҳи дигарон рафтан азоб аст.

Гар аз дасти ту коре нодир ояд,

Гуноҳе ҳам агар бошад, савоб аст.

ШАРҲ:

Дар зиндагӣ роҳи худро БО КЎШИШУ ТАЛОШИ ХУД ПАЙДО БИКУН. Зиндагӣ мисли кўҳсор аст ва роҳи он ҳамвор нест, пеши ин роҳ пур аз сангу кўҳу хор аст. Дар ҳамин кўҳсори душворгузар роҳи худатро бо тешаи худат бикан, тарош ва кушой ва пеш рав! Яъне бо ақлу талошу иродаи худат барои худат роҳ бикшой.

Бале, роҳи зиндагӣ ноҳамвор ва пур аз сангу кўҳ аст, яъне ПУР АЗ МАСЪАЛАЮ МУШКИЛИҲОСТ ва Бедил ҳам гуфта, ки «олам аз сангдилон кӯҳсор аст». Вале инсон бояд соҳиби ақл ва ғайрату ирода бошад ва ҳамин АҚЛУ ИРОДА ТЕШАИ ТЕЗУ БУРРОЕСТ, КИ БО ОН РОҲИ ЗИНДАГИИ ХУДАТРО МЕКУШОӢ ва ҳамвор мекунӣ.

Ва инсон дар зиндагӣ бояд роҳи худро интихоб намояд, зеро фақат аз дигарон тақлид кардан ва ба роҳи дигарон рафтан барои инсони ҳақиқӣ айб ва азоб аст. Яъне, агар инсон худро эҳтиром бикунад ва номусу виҷдон дошта бошад, ВИҶДОНАШ ЎРО АЗОБ МЕДИҲАД, ки чаро ӯ дар зиндагӣ роҳи худро надорад, умре аз ҳисоби дигарон зистааст ва умре аз дигарон тақлиду пайравӣ кардааст. Барои марди баномус ин азоб аст, азоби бузурги виҷдонӣ.

Агар аз дасти худи ту кору ҳунари хоссе биёяд, беҳтар аст ба он машғул гардӣ ва онро анҷом диҳӣ ва аз тақлиду вобастагии дигарон берун шавӣ. Зеро агар ин кори ту хурду ночиз ҳам бошад, он дар ҳақиқат кори савоб ва кори бузург аст, ЗЕРО ОНРО ХУДАТ АНҶОМ ДОДАӢ. Ё чизи камарзише дошта бошию он аз худат бошад ва МАҲСУЛИ КОРУ МЕҲНАТИ ХУДАТ БОШАД, барои ту беҳтар аз чизҳои хубест, ки аз они дигарон бошанд.

****

Навои ишқро соз аст одам,

Кушояд розу худ роз аст.

Ҷаҳон Ў офарид, ин хубтар сохт, Магар бо Эзид анбоз аст одам?

Анбоз- дўст, рафиқ, шарик

Соз – асбоб, олат

ШАРҲ:

Инсон мавҷуди бисёр бузург аст ва дар худ ишқро, ки олитарин офаридаи Худованд аст, дорад ва асбоби ишқ гардидааст. Ин қадар қудрат дорад, ки тамоми розҳоро ошкор месозад ва «аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал» бисёр масъалаҳоро баррасӣ ва ҳал менамояд, вале худи инсон як розу як ҷаҳони дигар аст, ки то ҳанўз пурра омӯхта нашудааст ва чун сирри азим боқӣ мондааст.

Агар ин ҷаҳонро Худованд офарида бошад, инсон онро ба воситаи ақл омўхт ва ба воситаи талошу меҳнати худ офаридаи Худоро такмил кард ва дар баробари ин бисёр розҳо ва асрори илоҳиро ошкор сохт ва ҷаҳонро бисёр беҳтар ва зиндагиро басе осонтар намуд. (Ба мисол, танҳо як ихтироъ ва корбурди барқ аз сӯи инсон ҷаҳонро чӣ тавр рўшантару ҳаётро осонтар сохт.) Аз ин, ки инсон низ чун “офаридагори сағир” дар кори офаринишу ободии ҷаҳон саҳм мегирад, пас ӯ низ ба ин маъно анбоз, ёвар ва ҳамкори Худованд аст. Ба истилоҳи маъруф, инсон бо сифату фазилатҳои хосае, ки дорад, “халифаи худи Худованд дар замин” аст.

ПАС МАҚОМИ ҲАЗРАТИ ИНСОНРО ДУРУСТ БИШНОС ВА КАМ МАГИР!

****

Дило, нороии парвона то кай?

Нагирӣ шеваи мардона то кай?

Яке худро ба сӯзи хештан сӯз,

Тавофи оташи бегона то кай?

ШАРҲ:

Эй дил, эй дўст, эй инсон, ту то кай ҳамчун парвона камғайратӣ ва беномусиро давом дода, оташи дигаронро тавоф мекунӣ, зиёрат мекунӣ, яъне ГИРДИ ОТАШИ ДИГАРОН ЧАРХ МЕЗАНӢ, ҳамон гуна, ки парвона худаш оташ надорад ва гирди оташи шамъ чарх мезанад.

Ва чаро шеваи мардонаро, ки худиву худшиносию худмеҳварию истиқлол аст, намеомӯзӣ ва пеш намегирӣ?

Биё, шеваи мардонаро пеш гир ва ХУДАТРО ДАР ОТАШИ ХУДАТ БИСЎЗ, охир то кай худро дар оташи дигарон месўзӣ? То кай шефтаву мафтуни дигарон мемонӣ ва нуру чароғи худро фурузон намекунӣ?

Зеро инсони ҳақиқӣ касест, ки ОТАШИ ИШҚУ ИМОНУ НОМУСИ Ў ҲАМЕША ШЎЪЛАВАР АСТ ва ин номусу худшиносӣ намегузорад, ки инсон аз каси дигар вобаста бошад, гирди дигарон гардад, “маҳви ҷамоли дигарон” бимонад. ТУ НИЗ БОЯД МИННАТИ ДИГАРОНРО ҲАРГИЗ БА ГАРДАН НАГИРӢ ва ҳатто барои сўхтан ҳам бояд дар оташи худ даргирӣ.

ВА БА ҲӮШ БОШ, КИ ДАР ВУҶУДИ ТУ НИЗ ОТАШУ НУРУ ТӮФОНУ ВУЛҚОНҲОСТ. ОНРО ДАРЁБ!

Total Views: 139 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.