КӮҲҲО ДАР ИНТИЗОРИ РӮҲИ ТУРСУНЗОДААНД…

ҲИСОР. ҶАШНИ БОШУКӮҲИ ШЕЪРУ СУХАНИ НОБ дар 20-умин солгарди таъсиси бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар ин шаҳри бостонӣ.

                                                                  ***

Шаҳсутуни арш бошад кӯҳсорони Ҳисор,

Кокули хуршед бошад обшорони Ҳисор.


Баски рӯи гарм дорад мардуми бекинааш,

Файз меборад ба рӯи рӯзгорони Ҳисор.


Дар кафи нозаш Душанберо чу ҷон мепарварад,

Атр мебезад ба рӯи шаҳр борони Ҳисор.


Рӯди Алмосӣ биёвардаст то Кофарниҳон,

Накҳати мушки насими кӯҳи торони Ҳисор.


Моҳ хирман мезанад дар даштҳои Хирманак,

Шир меполад ба тӯри киштзорони Ҳисор.


Лашкари ҳуру малак аз арш меояд фуруд,

То бубинад саҳнаи келинбаророни Ҳисор.


Бо гули наврӯз ороянд дар наврӯзгоҳ,

Ёли симини саманди шаҳсаворони Ҳисор.


Ҳамчу девори тамаддун пойдор истодааст,

Пойдевори баланди шаҳриёрони Ҳисор.


Хоки Охунди Шарифу хоки Эшони Калон,

Осмон паст аст пеши хоксорони Ҳисор.


Кӯҳҳо дар интизори рӯҳи Турсунзодаанд,

Номдори номдори номдорони Ҳисор…

Total Views: 66 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.