ДУ ҲУҶҶАТИ МУҲИММИ ДИГАР АЗ ТАВАЛЛУДИ ТОҶИКИСТОН

Ё як саҳифа аз парвандаи қатли НУСРАТУЛЛО МАХСУМ

Пешниҳоди матни чанд ҳуҷҷат аз раванди таъсиси Тоҷикистон дар соли 1924-1925 боиси истиқболу таваҷҷуҳи васеи дӯстони гавҳаршинос гашт. Дар ҷамъбасти ин силсила, матни ду ҳуҷҷати ниҳоят муҳимми дигар пешниҳод мешавад, ки бешубҳа санадҳои таърихӣ ба ҳисоб мераванд:

1.ЭЪЛОМИЯИ ТАЪСИСИ ҶМШС ТОҶИКИСТОН

2.ҚАРОР ДАР БОРАИ ҲАТМӢ ШУДАНИ ЗАБОНИ ТОҶКӢ

Шарҳи андак:

1.Сабаби танҳо 2 сол пас аз таъсиси расмии он қабул шудани Эъломияи таъсиси ҶМШС Тоҷикистон (1-уми декабри соли 1926) дар чист? Қарори таъсиси ҶМШС Тоҷикистон ҳануз 14.10.1924 содир шуда, 27.10.1924 аз сӯи КИМ ИҶШС тасдиқ ёфта буд ва ҷумҳурӣ аз сӯи Кумитаи инқилобӣ (Ревком), ҳамчун ҳукумати маваққатӣ пурра идора мешуд. Аммо танҳо пас аз баргузории интихоботи шӯроҳо дар соли 1925 ва ташкил шудани Анҷумани Шӯроҳо, қабули расмӣ ва эълони Эъломияи таъсисӣ дар Анҷумани 1-уми таъсисии Шӯроҳои ҶМШС муяссар гашт. Аз ин рӯ, он бештар моҳияти деклоративӣ, барасмиятдарорӣ ва касби машруияти ҳуқуқию сиесӣ дорад. Зеро ҶМШСТ дар асоси қарори зикршудаи давлатии ИҶШС аз моҳи октябри 1924 амалан вуҷуд дошт ва 15 марти соли 1925 Рӯзи эълони мавҷудияти он пазируфта шуда буд.

2.Ҳуҷҷати дуюм, яъне Қарори Кумитаи Инқилобии ҶМШСТ дар бораи забони тоҷикӣ аз он назар муҳим аст, ки дар он:

– бори аввал номи забон дар сатҳи давлатӣ ба таври расмию қонунӣ ҳамчун “забони тоҷикӣ” сабт шуд (Чун он солҳо аз сӯи мухолифони таъсиси давлати тоҷикон, мавҷудияти чунин забон ва миллат инкор мешуд, чунин сабт шудани номи забон ҳам зарурати сиесӣ ва ҳам маънои рамзӣ дошт. Бинобар ин, он вақт баҳси илмию таърихии номи забон ба сатҳи дуввум рафта буд.);

– гарчӣ дар банди аввали Қарор забонҳои русӣ ва узбекӣ низ “давлатӣ” эълон шудаанд, аммо ҳам номи Қарор ва ҳам бандҳои баъдии он тамоми мақомотро маҷбур мекарданд, ки танҳо бо забони мардуми маҳаллӣ (тоҷикӣ) коргузорӣ намоянд;

– маҳз ҳамин қарор, ки бо талошу таъкиди Раиси Ревкоми ҶМШС Нусратулло Махсум қабул гашт, боиси норозигии мансбдорону маъмурони намояндаи миллатҳои дигар, аз ҷумла русҳо, тоторҳо, озарҳо, яҳудиҳо, узбекҳое гашт, ки дар солҳои аввали таъсиси ҷумҳурӣ баро идоракунии Тоҷикистон “аз марказ” фиристода шуда буданд. Онҳо бо мактубе ба Вазири корҳои хориҷии ИҶШС В.Чичерин (ҳамзамон, масъули масъалаҳои миллӣ дар роҳбарияти ИҶШС) шикоят карданд, ки Нусратулло Махсум “як тоҷики миллатчӣ” буда, моро маҷбур мекунад, ки дар Тоҷикистон ба тоҷикӣ коргузорӣ ва муошират намоем. Маҳз ҳамин шикоят яке аз нуктаҳои оғози сиёҳкунии Нусратулло Махсум, ба “миллатчигӣ” айбдор гаштани ӯ дар ниҳоят, “душиани халқ” эълон шудан ва кушта шудани ӯ гашт.

Яъне ин фармони таърихӣ дар асл яке аз саҳифаҳои қаҳрамонии Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум мебошад ва аз ин назар аҳаммияти хоси иттилоотӣ ва таърхӣ дорад.

Матнҳо танҳо барои корбурди пажӯҳишгарон ва истифодаи маърифатии алоқамандони таърихи ин даври ҳассоси Ватан гузошта шудаанд.

Total Views: 81 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.