АЛВИДОЪ СИЁСАТ – 2

Ё се бунбасти гуфтумони сиёсӣ дар фазои иттилоотиву маҷозии тоҷикӣ ва рисолати дидгоҳи давлатмеҳвар дар чунин вазъият

                                                                          ***

…Маънои «алвидоъ сиёсат» чист? Магар баҳси сиёсӣ дар фазои иттилоотии тоҷикӣ мурдааст? Чи гуна гуфтумони сиёсии тоҷикӣ гаравгони баҳси сунъии “ҳукумат ва мухолифин” шудааст? Чаро блогерону фаъолони сиёсии тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин қадар таҳқиру дашном мекунанд? Ғайрикасбӣ шудани гуфтумони сиёсӣ чӣ хатарҳо дорад? Сабаби дар баҳсҳои сиёсии фазои иттилоотӣ «мағлуб» шудани коршиносон ва аҳли зиё дар чист? Рисолати банда дар чунин вазъият чӣ мебошад? Чаро дидгоҳи давлатмеҳвар ба мушкилӣ пазируфта мешавад? Роҳи баромадан аз ин бунбастҳо кадом аст?

Маводе таҳлилӣ дар атрофи ин масъалаҳо барои хониши ороми коршиносону фазосозони миллӣ.

                                                              САРЛАВҲАХОНӢ

Ҳоло ҳукми замон бар ин аст, ки банда шоир бошам ва ба кору таҳлили сиёсӣ машғул нашавам. Аммо бо вуҷуди ин, бо тақозои виҷдон ва хоҳиши дӯстон гоҳо дар баъзе масъалаҳои усулӣ ё ҷории ҷамъиятиву сиёсӣ назар мегузорам ва ё наворе аз суҳбатҳои таълимиро дар шабакаҳо мекорам. Ин аст, ки бисёре аз дӯстони ҳампеша, хоса аҳли расонаву андеша чун маро бинанд, ба шӯхиву ҷиддӣ ишорат мекунанд, ки чӣ тавр шуд, ки «алвидоъ сиёсат» гуфтиву боз ҳам аз сиёсат мегӯӣ?

Ин сухани онон ишора ба матлабест, ки дар оғози соли 2021 бо номи «Алвидоъ сиёсат?» гузошта будам, ки дар он вазъи пешомада дар фазои гуфтумони сиёсии кишвар дар муҳити маҷозиву иттилоотӣ ва муносибати банда ба он шарҳ мешуд. Хуб аст, ки номи он мавод дар ёди бисёриҳо мондааст, аммо ҷолиб аст, ки камтар касе ба паёми он пай бурдааст. Бештари дӯстон ҳатто ба он аломати саволе, ки дар унвони мақола истода буд, таваҷҷуҳе накардаанд.

Ин аст сазои касе, ки ДАР АСРИ ШИТОБУ ХАБАРБИНИВУ САРЛАВҲАХОНӢ матлабҳои дарози таҳлилӣ менависад…

                                                    ЧАРО «АЛВИДОЪ СИЁСАТ?»

Дар шарҳи он гуфтаи пешин бояд гуфт, ки «алвидоъ сиёсат?», пеш аз ҳама шарҳи ин ҳолат буд, ки мутаассифона, дар фазои гуфтумони сиёсии тоҷикӣ дар муҳити иттилоотию маҷозӣ ҷойи фикри солим ва равиши солимро хушунату тақҳиру тамасхуру дашному туҳмату таҳдид гирифтааст. Мавзӯи баҳси сиёсии дар ин фазо дигар баррасии мавқеъ, назар, тарҳ ва андешаи ҳамдигар нест, балки сатҳу мавзӯи баҳс поинтар аз миён омадаву ҳама дар пайи таҳқиру дашному тамасхур ва баёну ифшои розу асрори маҳрамона ва ахлоқии ҳамдигар афтодаанд. Ин аст, ки барои як зиёӣ ва фарҳангӣ ин баҳс дигар ҳеҷ маънову моҳият надошта, ногузир аз он берун меистад ва бо он «алвидоъ» мегӯяд.

Маҳз ба ҳамин маъно, шояд ду сол аст, ки аз он фазои хушунату таҳқиру дашном ва аз он баҳсҳои хиҷолатбор берунам. Маънои дигари «алвидоъ сиёсат» ин буд. Ҳоло ба ҷойи он дар доираи ихтисоси худ ба таҳлилу таҳқиқи раванду мавзӯъҳои ҷиддитари фарҳанг ва сиёсат ва масъалаҳои давлатдории миллӣ машғул мебошам, ки гоҳ-гоҳ чизҳое аз онро барои дӯстон мегузорам. Маводи зерин низ на баҳсе бо касе, балки аз мушоҳидаҳо дар ҳамин боб аст.

                БУНБАСТИ ГУФТУМОНИ СИЁСӢ ДАР ФАЗОИ МАҶОЗӢ ДАР КУҶОСТ?

Аммо имрӯз вазъияти гуфтумони ҷамъиятиву сиёсӣ дар фазои иттилоотии тоҷикӣ чист? Аз мушоҳидаи берунии раванд, ба назари банда он бо СЕ БУНБАСТИ БУЗУРГ Ё СЕ “ТУПИК” ВА МУШКИЛАИ ҶИДДӢ рӯбарӯ шудааст:

бунбасти мавзӯӣ,

бунбасти равишӣ (методӣ)

ва бунбасти салоҳиятӣ.

                                                     ВАСФИ ГУЛҲОИ РЕЖИМ?

БУНБАСТИ АВВАЛ ё мавзӯии гуфтумони сиёсӣ ба он маъност, ки аксари маводи сиёсии фазои иттилоотӣ ва маҷозӣ ба як мавзӯъ ё баҳси абстракти «ҳукумат ва мухолифин» пайванд дода мешаванд. Аз мазмуни ин фазо чунин тасаввур мегардад, ки гӯё мавзӯи марказии ҷомеа маҳз ҳамин бошад ва тамоми мавзӯъҳои дигар ё тобеи он гашта ва ё дар ҳошияи он матраҳ мешаванд. Хоса баъзе шахсу доираҳое, ки дар раванду амалияи сиёсии ҷомеа ва кишвар қариб ҳеҷ ҳузуру таъсире надоранд, зоҳиран талош менамоянд, ки баҳси сунъии «ҳукумат ва мухолифин»-ро дар фазои иттилоотӣ барҷаста ва зинда дошта, на танҳо ҳама чизро бо он шарҳ диҳанд, балки ҳама касро низ ба он баҳс бикашанд.

Ин нигоҳи сиёсӣ дар фазои маҷозӣ ба ҳадде фазосоз менамояд, ки дигар дар тамоми падидаҳои илмӣ, табиӣ, фарҳангӣ, ҳунарӣ, адабӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, инсонӣ, хусусӣ ва ғайра танҳо аз зовияи мавзӯи «муборизаи ҳукумат ва мухолифон» ва «баҳс бо режим» дида мешавад. То ҷое, ки боре мафтуни шукуфоии гулгаштҳои пойтахт ғазале гузоштам, ки дур аз сиёсат ҳама аз гулу зебоӣ мегуфт ва яке аз маъмултарин шарҳҳои дӯстон дар фазои маҷозӣ ин буд, ки фалонӣ «гулҳои режимро васф кардааст!» Шарҳе, ки моҳият ва авҷи ин тарзи бинишро дақиқ мерасонад.

Дар мавзӯъҳое чун суботу амнитяти умумии ҷомеа ва раванди ободкориву созандагӣ дар кишвар бошад, дар ин фазои маҷозӣ ҳатто лаб кушудан намегузоранд ва гӯяндаву муаллифи онро сангборон мекунанд, гӯиё он ҷо бояд бо номи “ҳақиқат” танҳо танқиду нафрат чарх занад.

Ин аст, ки гуфтумони сиёсии тоҷикӣ дар фазои маҷозӣ дар баҳси сунъии «ҳукумат ва мухолифин» гир мондааст. Тибқи ин тасаввур, гӯиё тамоми ҷомеа ба ду ҷабҳа ҷудо гаштаву ниме аз ин тараф ва ниме аз он тараф дар набард бошад. Гӯё ҳама миллат дар ин ҷабҳаҳо бошаду тоҷик ҳам имрӯз танҳо ду хел мешуда бошад: ё тарафдори «ҳукумат» ва ё тарафдори «оппозитсия».

Аммо дар асл ин баҳсу ин фазо аз ду назар воқеӣ ва созанда нест: Аввалан, дар воқеияти раванди сиёсии имрӯзи кишвар, на ҳукумат дар ин баҳси маҷозӣ ҳамчун ташкилот ва ҳукумат ширкати мустақим мегираду на оппозитсияе вуҷуд дорад, ки дар раванди воқеии сиёсӣ ҳамчун нерӯ ва тарафи гуфтумон ва муомилаи сиёсӣ ҳузур дошта бошад.

Албатта, ниҳодҳои масъули ҳукуматӣ аз назари амалӣ дар самти таъмини амнияти иттилоотӣ талошҳои мушаххас мекунанд, аммо дар умум, дар фазои иттилоотӣ ҳукумат ҳамчун як тарафи ин баҳсҳо ҳаргиз вориди рӯёрӯии мустақим намешавад. Вагарна зарфияти зеҳниву иттилоотии “ҷониби ҳукумат” дар ин самт дар маҷмуъ хеле фарохтару қавитар аст.

Аз таҷрибаи кор дар ниҳодҳои давлатӣ ёд дорам, ки барои кормандон ҳама гуна ҷавобу вокуниш ба гуфтаву навиштаи тавҳиномези фаъолони фазои маҷозӣ манъ буда, умуман он баҳсу он фазо поинтар аз сатҳи таваҷҷуҳ ҳисобида мешуд. Ва низ ёд дорам, ки соли 2020 шахсан барои маводи «Ватандорӣ ва чоплусӣ», ки танҳо бахши охираш ҷавобгунае ба баъзе баҳсу туҳмату таҳқирҳо буд, аз роҳбарияти пешини коргоҳи пешинам сарзаниши сахт гирифта будам, ки гӯиё ӯ низ аз боло сарзаниш шунидааст, ки чаро корманде дар чунин сатҳ ба чунин мавод дар фазои маҷозӣ ҷавоб гуфтааст! Он вақт фарз ва дастур бар ин буд, ки ба чунин маводҳо ҷавоб гуфтани шахсони расмӣ ё машҳур ё бонуфӯз боиси расмият ва аҳаммият ёфтани он ҳарфҳо ё муаллифони онҳо мегардад.

Шояд ҳоло ҳам дастур чунин бошад…

Яъне, дар асл баҳси мустақими «ҳукумат ва оппозитсия» дар фазои маҷозиву иттилоотӣ вуҷуд надошта, дар он навъе саҳнасозӣ, баҳсҳои ҳубобӣ ё иммитатсияи ин баҳс дар ҷараён аст. Агар баҳсе ҳаст, танҳо байни шахсони дорои назарҳои мухталиф сурат мегирад.

Сониян, дар як ҷомеа ҳамаи баҳси ҷамъиятӣ ва мавзӯъи ҳамаи миллат танҳо баҳси «ҳукумат ва мухолифин» нест. Ин баҳси маҷозӣ барои оммаи мардум, барои қишрҳои миёнаи иҷтимоӣ ва барои аксари аҳли андешаву фарҳангу зиё як раванди ҳошиявӣ буда, аксари масъалаҳо на аз ин дид, балки аз диди зарурату маслиҳатҳои илмӣ, соҳавӣ, арзишӣ, миллӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, шахсӣ ё давлатӣ ба миён гузошта мешаванд. Масалан, агар касе дар боби хатари гурӯҳҳои ифротгаро суҳбат мекунад, он мавзӯъро на ҳатман аз боби «ҷонибдории ҳукумат» ё «мухолифат бо мухолифин» ба миён мегузорад, балки маҳз ба сабаби дар ҳақиқат барои ҷомеа хатар доштани ифротгароӣ матраҳ мекунад. Ё агар касе аз камбуди соҳа ё мушкили маҳалле мегӯяд, он на ҳатман аз нигоҳи «мухолифат бо режим», балки аз нигоҳи зарурати ҳалли масъалаи соҳа ё маҳали мушаххас баён мекунад.

Масалан, имрӯз банда дар навиштае нақд ва масъала мегузорам, ки китобҳои дарсии мактабҳои миёнаи кишвар бояд бо дарназардошти арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ ба куллӣ ислоҳ ва такмил шаванд, аммо дар айни замон, бо ин нақд ҳеҷ гуна мухолифате бо низоми сиёсӣ ё «режим» надорам, балки ҳадаф ислоҳи масъалаи мушаххас аст. Аксари муаллифону назаргузорон низ чунин мавқеъ доранд. Аз ин рӯ, сиёсӣ кардани ҳар фикру пешниҳод, дар доираи “мухолифат бо режим” шарҳ додани ҳар нақду назар ва ба тамоми “ҷомеа” ё “миллат” умумият бахшидани ҳар мушкили мушаххаси танҳо ҷузъе аз фазосозии сунъӣ дар шабакаҳои маҷозии иҷтимоист.

Ҳамин тавр, гаравгони баҳси сунъии «ҳукумат ва мухолифин» шудани фазои иттилоотию маҷозии тоҷикӣ дигар имкон намедиҳад, ки дар ин фазо ҳеҷ андешаву пешниҳоду фикри солим матраҳ шавад ва ҳеҷ гуфтумони солими ҷамъиятӣ ва сиёсӣ сурат гирад. Ин ҳолат яке аз монеаҳои асосии рушд наёфтани гуфтумону андешаи ҷамъиятӣ ва аз он берун истодани бештари аҳли андеша аст. Зеро ҳар чизе гуфта шавад, фавран дар ин қолаби танги сунъӣ арзёбӣ гашта, аз ҳадафу моҳияти худ берун бурда мешавад. Ҳамаи фикру пешниҳоду андешаҳо ҳатман ба ҷонибе ё доирае нисбат дода шуда, бар пешонаи муаллиф тамғаи ин ё он зада мешавад. Ва мавзӯъ фаромӯш мешаваду таҳқиру кӯфтани бераҳмонаву бешармонаи муаллиф оғоз мегардад….

Яъне имрӯз бо боварӣ метавон гуфт, ки мутаассифона, гуфтугӯи ҷамъиятиву сиёсӣ дар фазои маҷозии мо аз доираи ақли солим низ берун шудааст…

                                               МАНТИҚИ ШИКАСТХӮРДАГӢ?

БУНБАСТИ ДУВВУМИ гуфтумони ҷамъиятию сиёсӣ дар фазои маҷозии тоҷикӣ бумбасти равишӣ ё методологист. Моҳияти ин навъи бунбаст дар он аст, ки ин гуфтугӯи сиёсӣ новобаста аз мавзӯи худ, бо як равиши носолими саршор аз туҳмат, таҳқир, дашном, тамасхур, таҳдид, эҳсосоти хому хашин ва ғ. сурат мегирад. То ҷое, ки ҳадаф ва нерӯи асосии пешбарандаи ин гуфтумон дигар на ҷустуҷӯи ҳақиқат, на шунидани ҳамдигар, на дарки мавқеи ҳамдигар, на пешниҳоди алтернатива ё ёфтани роҳи ҳалли мушкилот, балки маҳз ҳисси беинтиҳои нафрат ва лаззат бурдан аз шикасту «боб кардан»-и ҳамдигар аст. Дар ин фазо акнун на танҳо равиши солими таҳаммулу гуфтугӯи сиёсӣ, балки оддитарин адаби инсонӣ ва тоҷикӣ низ риоят намешавад.

Табиист, ки ин фазои таҳдиду «ҳақоратшапак» дигар раванди солими гуфтугӯ, табодули тарҳҳо, таҳлили вазъият, нақди андешаҳо ва баррасии назарҳо нест. Ҷойи онро баррасии шахсҳо, атрофиёни онҳо, зиндагии хусусию маҳрамона, ошиқу маъшуқаҳо, робитаҳои ҷинсӣ, шаклу сурат, ҳисоби амвол, фарбеҳию лоғарӣ, андозаи гардану шикаму бинии одамон, таҳдид ба шарманда кардан, таҳдид ба зуроварӣ ва ғайра гирифтааст. Ин мавзӯъҳо ҳоло то 80% аз фазои гуфтугӯи сиёсиро шакл медиҳанд ва он ҳам бо зишттарин шева, таассубу фарёду эҳсос ва беадабонатарин забон баён мешавад. Равише, ки на хоси тоҷик, на хоси мусулмон ва на хоси инсон аст.

Аз ин рӯ, касоне ки бо ин равиши фаҳш дар шабакаҳо фазои гуфтумони сиёсии тоҷикиро чунин олуда намудаанд, новобаста аз нияти худ, дар ҳаққи афкори миллӣ ва рушди маърифати сиёсии ҷомеа ҷабри бузургеро раво доштаанд. То ҷое, ки дар чунин фазо дигар ҳеҷ фикри солиму муътадилеро ба миён гузоштан ва ё дар атрофи тарҳу андешае муколамаи созандаю такмилӣ кардан имконпазир нест. Танҳо посух ва аксуламали ин муҳит эҳсос ё дашному таҳқиру таҳдид ба муаллиф ва арзишҳои он аст. Дигар фикр бо фикр, андеша бо андеша, дидгоҳ бо дидгоҳ ҷавоб намеёбад.

Бегумон, ин бунбасти дуввуми гуфтумони фикриву сиёсӣ дар фазои иттилоотию маҷозии тоҷикист. Ин дигар раванди гуфтугӯйи ҷамъиятӣ ва сиёсӣ нест, балки ин марги гуфтугӯйи сиёсӣ дар фазои маҷозиву иттилоотии тоҷикист. Ин низ ҳамон «алвидоъ сиёсат» аст.

Баррасии сабабу омилҳои рӯй овардан ба чунин равиш як баҳси муфассал аст, аммо ба тариқи хулоса метавон гуфт, ки аз назари равоншиносии иҷтимоӣ, ин ҳолат метавонад зуҳури гунае аз холигии сиёсӣ ва мантиқи шикастхӯрдагӣ низ бошад. Яъне, вақте шахсе ё гурӯҳе ё доирае тарҳе барои пешниҳод кардан надошта бошад ё қодир ба пешниҳоди андешае ё қадаме барои тағйири вазъ набошад, ба чунин равиши таҳқирӣ рӯй меорад. Ё дар ҳамон равоншиносии иҷтимоӣ омадааст, ки вақте шахсе, гурӯҳе ё доирае эҳсоси комили аҷз ё шикастхӯрдагии физикӣ ё сиёсӣ мекунад, маҳз ба ҳамин тарзи навмедона ё ва-банк амал менамояд. Он наметавонад барномаро бо барнома ва андешаеро бо андеша рад кунад, пас ногузир шахсияти соҳиби қудрат ё соҳиби андешаро ҳадаф қарор медиҳад ва ба ин восита оромиши равонӣ меёбад…

                                           СИЁСАТМАДОРӢ Ё НАЙСАВОРӢ?

БУНБАСТИ СЕЮМИ гуфтумони фикрию сиёсӣ дар фазои иттилоотии тоҷикӣ бумбасти салоҳиятӣ ва ихтисосӣ ё комилан ибтидоӣ, примитивӣ ва ғайрикасбӣ шудани он аст. Сатҳу мазмуни мавод, барнома, навор ва шарҳҳое, ки ҳамарӯза ба ин фазо мерезанд, нишон медиҳанд, ки дар ин фазо соҳаи мушкилу тахассусие чун сиёсату таҳлилу сиёсатшиносӣ ҳолати комилан ғайрикасбӣ ва авомона гирифтааст. Ҳоло ба як таҳлилу масъалагузории касбӣ ё маводи тахассусии ҷамъиятӣ ё сиёсӣ дар ин фазо метавонад тоҷире, муллобаче, варзишгаре, хиштчине, мошинфурӯше, боевике ва ғайра шарҳ ё «посух» диҳанд. Шарҳу ҷавоби таҳқирӣ дар жанри дашномпосух, писхандҷавоб ё таҳдидтаҳлил. Албатта, мо бояд ба ҳамаи касбу ихтисосҳо арзишу эҳтиром қоил бошем, аммо онҳо бояд дар самти худу ҷойи худ корбурд ёбанд.

Дар фазои маҷозии тоҷикӣ ҳар рӯзу ҳар соат метавон дид, ки чӣ гуна дӯстоне, ки аз моҳияти мафҳумҳои мураккабе чун сиёсат, давлат, миллат, ҳукумат, идеология, манфиатҳои миллӣ, амнияти миллӣ, сиёсати хориҷӣ, геополитика, равандҳои байналмилалӣ ва ғайра ҳеҷ тасаввури касбӣ ё умумие надоранд, тамоми рӯз дар бораи ин мафҳуму равандҳо сухан мегӯянд ва ҳамчун соҳибназар вазъиятро барои мардум «шарҳ” мекунанд. Ва вақте мебинед, ки як «фаъоли сиёсӣ»-и тоҷик бе камтарин шинохту ташхис аз манфиатҳои миллӣ ва салоҳи ҷомеа ва бе ҳеҷ ҳисси масъулият дар баробари сарнавишти инсонҳо бебокона сухан меронанду таблиғу даъват мекунад, дар баробари сарнавишти ояндаи ин давлату ин миллат вуҷуди касро ҳисси даҳшат фаро мегирад. Чунин мавқеъ ва амали ин дӯстон ҳатто агар аз нияти бад набошад, яқинан аз набудани салоҳияти касбӣ дар ин масъалаҳои ҳассос аст.

Умуман, ғайрикасбӣ шудани гуфтумони сиёсӣ дар фазои иттилоотӣ низ зарбаи ҷиддие ба раванди фикрии миллист. Барои қиёс, зиёни мушаххаси ин ҳолат барои миллат мисли он аст, ки баҳсҳои касбии тиббию муҳандисӣ ҳамагониву оммавию ғайрикасбӣ шаванд. Ба масал, рӯзе агар тоҷиру шоиру муллову варзишгар, ҳамон гунае, ки имрӯз бебокона ба баҳсҳои сиёсӣ мепардозанд, дар бораи роҳҳои табобати бемориҳо сухан гӯянд ва барои беморон нусхаву дору таъйин кунанд, бегумон аксари беморон ё шифо намеёбанд ё мемиранд. Аммо ин дӯстони муҳтарам бе доштани камтарин таҷриба ё тахассуси сиёсӣ, бе гузаштани ҳатто як соат дарси сиёсӣ ҳамин фоҷеаву бераҳмиро имрӯз раво медоранд. Бале, иштироку назарпардозиву мавқеъгирии ноогоҳонаву ғайрикасбӣ дар масъалаҳои сиёсӣ бераҳмии бузург дар ҳаққи ин миллат ва бозӣ бо амният ва ҷони инсонҳост, ки бо фоҷеаҳо меанҷомад.

                                              ЧАРО МАН МАҒЛУБ МЕШАВАМ?

Дар чунин фазои носолим як коршинос, таҳлилгар ё зиёӣ ногузир дар баҳсҳо «мағлуб» мешавад. Дар мусобиқае, ки кӣ туҳмати сахттар мекунад, кӣ дашному таҳқири обдортар мепартояд, кӣ бо овози баландтар дод мезанад, кӣ дурӯғи бузургтар мегӯяд, ки киро «боб мекунад», як коршинос ё зиёӣ ҳатман “мағлуб” мешаванд. Зеро ӯ ин чизҳоро надорад, бо чунин чизҳо мусалалҳ нест.

Ё дар мусобиқаи ифшои сирру асрору зиндагии маҳрамонаи дигарон як таҳлилгару коршиносу зиёӣ ҳатман мағлуб мешавад, зеро ӯ на сирри касеро медонад, на навори махфӣ аз бистари касе дорад ва агар дошта бошад, боз фарҳангу арзишҳои ӯ иҷозат намедиҳанд, ки онро зидди дигаре истифода кунад ва ё дар фазои иттилоотӣ ба миён гузорад.

Ҳамин тавр, таҳлилгар, коршинос ва ё зиёие, ки дар ин баҳсҳои фаҳш ва дар ин мусобиқаҳои ҳақоратшап ғалаба кунад, ӯ худ дигар коршинос ва зиёӣ нест. Зеро, агар ӯ коршиносу зиёии воқеӣ бошад, дар чунин фазо ҳатман «мағлуб» мешавад. Дар бораи дигарон ҳукм кардан раво нест, аммо ҳар боре, ки шабакаву расонаҳо худи маро барои ширкат дар чунин баҳсҳои “рӯ ба рӯ” даъват мекунанд, банда ногузир аз он худдорӣ мекунам, зеро дар худ қудрати иштирок дар баҳси ғайритахассусӣ бо равишҳои хашини зикршударо намебинам ва мутаассифона, овозам низ паст аст.

Бале, дар чунин баҳсҳои маҷозӣ касе «ғолиб» мешавад, ки ҳилаи бештар дошта, захираи дашномаш ғанитару мизони шарму адабаш поинтар бошад. Аммо пирӯзии як шахс ва ё як тараф дар чунин баҳсҳои дашномию таҳқирӣ ё ҳатто дар чунин набардҳо маънои ҳақ будани ӯро надорад. Ҳамон гуна, ки толибони ҳамсоя имрӯз ғолибанд, аммо боз ҳам толибанд, қудратанд, аммо ҳамоно ҷаҳолатанд, ҳукумат ёфтаанд, аммо ҳақиқат ҳисоб намеёбанд.

                                             РИСОЛАТИ ХОССИ БАНДА ЧИСТ?

Албатта ҳоло банда ҳеҷ масъулияти расмие барои иштирок ва таъсиргузорӣ дар фазои гуфтумони ҷамъиятиву сиёсӣ надорам. Аммо масъулияти милливу шаҳрвандӣ ва рисолати касбӣ тақозо дорад, ки дар баробари сарнавишти ватану миллат ва суботу амнияти ҷомеа бетафовуту беҳаракат набошам. Пас, дар ин шароит рисолати банда чист?

Таърифу дарке, ки дар ин вазъият аз рисолати худ ё ҳар зиёиву коршиноси дигар дорам, ин аст, ки:

– бояд ба фаъолиятҳои ҷиддитару бунёдитар машғул гашта, ба корҳое чун тақвияти зеҳнии худ(1), тақвияти зеҳнии таҳлилгарону андешамандону фазосозони миллӣ(2), ба тақвияту нашри арзишҳои бунёдии миллию давлативу сиёсӣ(3) вақти бештар гузорам. Зеро, ба ташхиси банда, эҳтиёҷи ҷиддӣ ва нуктаи заъфи ин миллату ин ҷомеа бештар дар ҳамин самт аст;

-барои он талош намоям, ки муҳити гуфтумони сиёсии тоҷикӣ дар фазои маҷозию иттилоотӣ солим ва касбӣ гардад, дар он андеша матраҳ шаваду бо андеша посух ё ҳимоят ёбад, дар он ба ҷойи муаллифону шахсиятҳо мавқеъ ва андешаҳо матраҳ ва муҳокима шаванд, дар он нақди солими андеша дуруст пазируфта шавад;

-шояд басе муфидтар бошад, ки ба ҷои ҷавоби маҷозии тунд ба тундгӯе, ба масъалаву чолишҳои муҳимтари раванди миллӣ ва сиёсӣ ҷавоб ҷӯям (ҷӯем), ҳарчи бештар маводи созанда, ватандорӣ, ислоҳгар, ваҳдатофар ва давлатмеҳвар биофарам (биофарем), фазои маҷозиву иттилоотиро саршор аз муҳаббат, пайванд, эҳтиром, ахлоқ намоем, муҳити фикриро пур аз Ватан, миллат, давлат, ваҳдат, истиқлол, субот, пайванд, ифтихор, боварӣ, созандагӣ ва фардо созем;

-дар чунин марҳила барои он талош кунам, ки ҷомеаи мо ва хосса иштирокдорони равандҳои ҷамъиятиву сиёсии мо низ тавонанд ба масъалаҳо ва мушкилоти ҷомеа фаротар аз баҳси маҳдуду сунъии «ҳукумат ва мухолифин» нигарад, нигоҳи калони миллӣ дошта бошад, мавқеъ ва андешаи худро бо мантиқи дуруст ва забони солим баён кунад, дар фазои иттилоотӣ ва раванди сиёсӣ низ аз арзишҳои милливу ахлоқӣ дур набошад, аз дашному таҳқиру туҳмати ҳамдигар хушҳол нашавад, дар ҳама ҳолат наҷиб монданро омӯзад;

-ва ниҳоят, барои он талош кунам, ки худи миллат, худи давлат, худи манфиатҳои миллӣ ва масъалаи бақои миллӣ дар маркази андеша ва фаъолияти сиёсии ҳамагон қарор гиранд, як фаъоли ҷамъиятию сиёсии тоҷик тавонад, ки манфиати миллию давлатиро шиносад ва дар фаъолияташ аз манфиати шахсиву гурӯҳию идеологии худ болотар гузорад;

-ва яке аз муҳимтарин ҳадафҳо ё шояд рисолати асосии банда дар он аст, ки бо офаридани осори бештари фикрӣ дар ин самт, давлатро ҳамчун арзиши марказӣ дар зеҳни ин ҷомеа матраҳ намоям, онро дар низоми арзишҳои миллӣ, дар тафаккуру ҳувияти миллии ҳар тоҷик бояд ҳамчун арзиши марказӣ, ҳаётӣ ва номусӣ мақом диҳам. Ҳамаро, чӣ ҳукумат, чӣ хизматчиёни давлатӣ, чӣ аҳли илму зиё, чӣ ҷомеаи шаҳрвандӣ, чӣ доираҳои дигарандеш ва чӣ ҳар шаҳрванди кишварро ба таври хастагинопазир ба мавқеи калони милливу давлатмеҳвар даъват намоям. Зеро мо миллати бузурги куҳанбунёди арзишмеҳваре ҳастем, ки ҳувияти арзишии мо дар сатҳи болое ташаккул ёфтааст, аммо эҳсосу таҷрибаи таърихии мо ҳамчун миллати сиёсӣ ва ҳамчун миллати давлатдору давлатмеҳвар хом шудааст. Он бояд барқарор ва устувор шавад.

Мо, чун миллати арзишмеҳвар, омодаем, ки барои ватан, миллат, забон, таърих, фарҳанг, ҳамсар, аврат, оила ва сарзамини худ ҳамчун арзишҳои ҳувиятӣ ва номусӣ бигӯём, баҳс кунем, бархезем ва гулӯи таҳдидро бигирем ё ҷон бидиҳем, аммо ҳанӯз барои давлат андешидану барои давлат ба баҳс бархостану барои давлат набард карданро наомӯхтаем. Зеро он таҷрибаи тӯлонии миллатҳои сиёсӣ ва соҳибдавлатест, ки мо дар ҳоли дубора фаро гирифтани он ҳастем…

                                              ХУЛОСА Ё ЯК НАМУНАИ КОР

Дар ин росто яке аз корҳои бунёдии анҷомшуда таҳия ва пешниҳоди консепсияи фикрию сиёсии дидгоҳи давлатмеҳвар мебошад, ки дар шакли китоби ҷудогона (Душанбе, «ЭР-граф», 2021) пешкаш шуд. Он масъалаи нақшу ҷойгоҳи давлат дар ҳифзу наҷоти миллатро дар марҳилаи навини таърихи тоҷикон ба таври консептуалӣ ё усулӣ ба миён мегузорад. Табиист, ки он бояд ҳануз такмил шавад, аммо ҳоло муҳим ин аст, ки бунёди тарҳ гузоштаву рехта шудааст.

Албатта, наметавон сарфи назар намуд, ки дар муҳити имрӯзаи ҷомеа ва дар фазои иттилоотиву маҷозӣ дарку пазириши дидгоҳи давлатмеҳвар бо се монеаи ҷиддӣ рӯбарӯст:

ЯКУМ, бештари аҳли фикру зиёи мо тафаккури идеологӣ ва ё арзишмеҳварӣ дошта, дар сатҳи андешаи ниҳодгароёна (институтсионалистӣ) қарор надоранд. Аз ин рӯ, онҳо худ ва давлатро дар ду фазои гуногун ва гоҳо дар ду ҷабҳаи гуногун эҳсос менамоянд. Бинобар ин, дар зеҳнияти аксари онҳо давлат ҳамчун ниҳоди меҳварӣ ҳануз арзиши аввали фикрию ҳаётӣ ҳисоб нашуда, он бештар ҳамчун ҳукумат ва қудрат таҷаллӣ мекунад. Ин аст, ки чунин аҳли зиё ба дидгоҳи давлатмеҳвар на ҳамчун дидгоҳи илмиву милливу наҷотӣ, балки бештар ҳамчун як назарияи сиёсии ҳукуматгаро менигаранд.

ДУВВУМ, дар шароити мураккабии иҷтимоӣ, баъзе барномаву амалҳои масъулини мушаххаси ҳукумат дар ҷомеа маҳбубияти кофӣ надоранд, ки он низ боиси истиқболи васеи қишрҳои эҳсосии ҷомеа аз даъватҳои харобиовар шуда, ҳамзамон боиси истиқболи зарурӣ наёфтани дидгоҳҳои суботсоз мегардад. Аз ин рӯ, дидгоҳи давлатмеҳвар низ ҳамчун назарияи муттаҳидкунандаву суботофар гоҳо чунин арзёбӣ мегардад, ки ҳадафи асосии он низ тавҷеҳ ва ё таъмини истиқрору бардавомии вазъияти мураккаби иҷтимоии феълӣ бошад.

СЕВУМ, бинобар се бумбасти зикршудае, ки дар гуфтумони сиёсӣ пеш омадааст, бештари шахсу фаъолу доираҳои дигарандеш ва мухолиф бо сиёсати ҳукумат ба ҳар тарҳу фикру андешае, ки дар дохили кишвар шакл гираду ба ваҳдату суботи ҷомеа ё устувории давлатдорӣ даъват намояд, аз диди маҳдуди «муборизаи ҳукумат ва мухолифин» нигариста, ба он тамғаи ҷонибдорӣ аз режим зада, ба моҳияти он таваҷҷуҳи зарурӣ намекунанд. Баръакси ин, аз маводи шабакаву расонаҳо метавон дид, ки ин шахсу фаъолу доираҳо бо тамоми тавон ва бо усулҳои зикршуда барои мардуду шикаста шудани чунин назарияҳои созанда талош менамоянд.

Ҳамин тавр, аз як сӯ фазои иттилоотии дашномиву таҳқирӣ (1) ва муҳити гуфтумони ғайрикасбӣ(2) ва аз сӯи дигар, сӯитафоҳум дар моҳият ва ҳадафи ин гуна дидгоҳи созанда(3) идомаи фаъолият дар самти ТАҲКИМИ ҶОЙГОҲИ ДАВЛАТ ДАР НИЗОМИ АРЗИШИИ МИЛЛАТро мушкил мегардонад. Аммо чун новобаста аз чинин назару монеаҳо, дар дурустии худи ин дидгоҳ ва дар зарурати худи ин рисолат шубҳае нест, бо тамоми масъулияти милливу шаҳрвандӣ бояд кору гуфтану навиштан дар ҳамин самтро идома дод.

Бовар дорам, ки дар баробари мавзӯъҳои сабуки ихтилофу фаҳшу таҳқиру дашном, ки ҳоло пурбинандаанд, мавзӯи арзишҳои олии бунёдиву ниҳодсози миллӣ ва андешаҳои пайвандгару давлатмеҳвар низ ҳатман хонандаи худро меёбад. Чуноне ки имрӯз ҳам бехонанда нестанд.

Идомаи пайгиронаи ин мавзӯъ ва рисолат ҳамчун як кори миллӣ хеле муҳим аст, зеро то замоне, ки масъалаи давлат дар тафаккури сиёсии мо ба таври ниҳоӣ ҳал нагардад ва то замоне, ки ҷойгоҳи давлат дар низоми арзишҳои миллӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва фардии мо ҳамчун арзиши меҳварӣ, шохиси ҳувиятиву номусӣ, манфиати ҳаётии умумӣ ва нуктаи пайванди ҳамагонӣ ҷойгоҳ наёбад, ихтилофу буҳрону осебпазирии мо идома хоҳад дошт.

Total Views: 62 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.