ДАР КАМИНИ ҲАМДИГАР…

Чун камон биншаста мардум дар камини ҳамдигар,

Мешуморад хатти ожанги ҷабини ҳамдигар.


Остинкўтоҳ мегардам, ки аҳли ин замон,

Мехазад чун мор андар остини ҳамдигар.


Шод бош, эй душмани дерина, к-ин қавми шикаст,

Ҳар яке бошад рақиби аввалини ҳамдигар.


Ҳамчу Азроил мепоянд инак одамон,

Ҳамдигарро дар хиёбонҳои кини ҳамдигар.


Ҳар яке қозию муфтию муфаттиш гаштаанд,

Дар пайи тафтишу ҳукми фикру дини ҳамдигар.


Миллати “Ахлоқи муҳсинӣ”-ву қавми “Маснавӣ”,

Мебарад лаззат зи таҳқири хашини якдигар.


Дастҳоро барнамедоранд аз шалвори ҳам,

То ба даст ояд навори … нуқтачини ҳамдигар…


Кош рўзе ҳамчу як миллат азизи ҳам шавем,

Ҳамчу нури дидаву нақши нигини ҳамдигар.


Боиси озори ҳамдигар магар мо нестем?

Шармамон бодо зи симои ҳазини ҳамдигар!

Total Views: 105 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.