АЗ ДИДГОҲИ ДАВЛАТ…
ҶАШНИ ТАНТАНАИ ДАВЛАТДОРӢ —
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ГИРОМӢ БОД!
Ҳамчун ҳабиби давлат, ҳамчун сипоҳи давлат,
Қарзе азим дорам, дар пешгоҳи давлат.
***
Асрори мулкдорӣ «тафсири ин ду ҳарф аст»:
Давлат паноҳи мардум, мардум паноҳи давлат.
***
Давлат ҳамин ману ту, ин марзу ин диёр аст,
Ҳар санг лаъл бошад андар нигоҳи давлат.
***
Ҳар фард як ҷаҳон аст, як узви хонадон аст,
Гар бингарӣ ба мардум аз дидгоҳи давлат.
***
Андешаи ғуломӣ бояд фурӯ гузорад,
Қавме, ки мегузорад бар сар кулоҳи давлат.
***
Бе пойгоҳи давлат миллат бақо надорад,
Таърих худ гувоҳ аст аз ҷойгоҳи давлат.
***
Болотар аз раёсат, болотар аз сиёсат,
Болотар аз ҳукумат бошад салоҳи давлат…
***
Як тора шамъ гаштам, як пора рўшноӣ,
То ҳеҷ гаҳ набинам рӯзи сиёҳи давлат.