МАНУ ЯК ҲАЙКАЛИ ЛЕНИН ТОҶИК!

Ёддоште хоса аз боздид аз хонаю синфхонаю гӯри устод Бозор Собир дар Амрико дар рўзи зодрўзу ёдбудӣ шоир.

                                                               ***

Ҳафтаи пешин дар рўзҳои 18-23-юми октябр дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони шаҳри Сиэтли иёлати Вашингтони ИМА конфронси солонаи «осиёимарказишиносон» доир гардид, ки дар он пажўҳишгарону алоқамандони мавзўъ аз саросари ҷаҳон ширкат доштанд. Бо даъвати ин донишгоҳ банда низ дар он ҳузур ёфтам.

Дар рўзи аввали конфронс ҳамроҳи муовини директори Институти шарқшиносии АИ Қазоқистон доктор Аширбек Мўъминов аз факултаи шарқшиносии донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон дидан кардем. Чун ў соле пеш ин ҷо чун устод таҷриба омўхта буду ҳамаро мешинохт, бандаро ба устодони ин бахш муаррифӣ кард, ки аз Тоҷикистон ҳастам. Мудири курсии забонҳои шарқ инро шунида бо хурсандӣ изҳор намуд, ки мо низ дар кафедра як устоди тоҷик дорем, номаш Бозор Собир…

Бо шунидани ин ном ба ҳайрату эҳсос афтода, ба мизбон пайиҳам савол медодам. Чун гуфтам, ки ин муаллими Шумо ҳаргиз шахсе маъмўлӣ нест ва яке аз машҳуртарин шоирон ва чеҳраҳои фарҳангию миллию сиёсии муосири Тоҷикистон аст, муаллимон дар ҳайрат шуданд, ки пас чаро ў ин ҷост ва ба шакли соатбай муаллимӣ мекунад? Албатта, ба ин саволи соддаи мураккаб ва дар он ҳузури ом ман ҳам посухе надоштам…

Дар пайи таваҷҷуҳи банда мудири курсӣ, ки хонуми хушмуомилае буд, дар варақе ҷадвали дарсҳои Бозор Собирро навишта дод: душанбе, чоршанбе, ҷумъа, соати 13:00 то 14:20, синфхонаи 315, гурўҳи забони тоҷикӣ.

Албатта дар Амрико будани устодро ҳамагӣ медонистем, аммо ҳаргиз гумон надоштам, ки дар ин шаҳри паҳновар ба ин осонӣ нишони Бозор Собирро дарёбам ва гўиё худи Худованд маро мустақиман ба коргоҳи ў оварда буд.

Рўзи дигар дар танаффуси конфронс, ки дар бинои паҳлўӣ мегузашт, аз барнома «гурехта» ба маҳалли дарси устод омадам, то бо чашми худ бубинам, ки вазъ чист ва шояд зиёрати ғайрирасмии эшон, ки он солҳо ҳамчун шоири исёну озодагӣ масъалаи бисёр ҳассоси сиёсӣ буд, муяссар шавад.

Чун дари синфхонаи 315-ро андак кубидаву кушодам, дар ҳақиқат устод миёни синфхона меистод! Ӯ чанд калимаи тоҷикиро дар тахта навишта, машғули фаҳмондани онҳо буд. Дар як назар дидам, ки аз ҷумла калимаҳои “дарун” ва “берун” бо ҳарфҳои калон-калон навишта шуда буданд..

Аҷиб ин буд, ки устод ҳамагӣ ба чор нафар донишҷў дарси забони тоҷикӣ мегуфтааст. Ва аҷибтар ин буд, ки барои он чор ҷавони амрикоӣ, ки 3 нафарашон духтарон буданд, Бозор Собир ҳамагӣ як муаллими оддии муҳоҷир аз як кишвари хурди дурдаст буд, ки ба онҳо ба таври соатбайъ дарси семинарӣ мегузашт. Вале банда дар дил ҳасад мебурдам, ки инак шояд 15 сол аст, ки дар ватани Бозор Собир ҳазорон нафар ба дидани дидору шунидани сухани ў муштоқанд, аммо инҳо ҳарфу алифбою хондану навиштану ҳиҷою калимаю ҷумлаи тоҷикӣ ва исму сифату ҷонишини тоҷикиро аз худи Бозор Собир, аз худи муаллифи ҳамосаи “Забони модарӣ” меомўзанд…

Онҳо ҳаргиз дарк намекарданд, ки чи истисное насибашон гаштааст!

Вале ҳамзамон аз ин хуш шудам, ки акнун он давраҳои оғозини муҳоҷирии устод гузашта ва ӯ ҳам тавре пештар матбуот менавишт, бекор, бехона, ниёзманд ё ҳатто боркаш набудааст, балки ба ҳар ҳол устоди донишгоҳ будааст…

Баробари дидани ман устод ҳам бисёр ҳайрону ҳаяҷонӣ шуда буду чӣ гуфтанашро намедонист ва пайиҳам бо сабки ширине мепурсид: Э бача, ту чи хел ин ҷо омадӣ? Э бача, ту чӣ хел ин ҷоро ёфтӣ?…

(Шояд як сабаби чунин ҳайрат дар он буд, ки агар дар шаҳрҳои Вашингтону Нюйорку Лос-Анҷелосу Чикаго дидани тоҷик ҳайратовар набуд, аммо дар шаҳри афсонавии Сиэтл, ки маркази гӯшатарин иёлати ИМА – штати Вашингтон буда, дар соҳили дури уқёнуси Ором дар шимолу ғарбии ИМА ва дар марзи Канада ҷойгир аст, дар он солҳо дидани як ҳамватан ҳодисае бисёр нодир ба шумор мерафт.)

Чун дарси устод ҳам поён меёфт, ў маро пурсишкунон ба қаҳвахонаи донишҷўии табақаи якум даъват карду дар рўбарўям нишасту ба суҳбат оғоз кард…

Мо дар давраи донишҷўӣ устодро борҳо дидаву мулоқот карда будем, аммо бо гузашти ҳудуди 20 соли надидан, тасаввури ман ин буд, ки Бозор Собири муҳоҷиру ҷарроҳишудаву ҳудудан 70 сола акнун пирамарде мўйсафеду афсурда бошад. Хусусан, дар зиндагии ғарибӣ, ки инак даҳсолаи дуввуми он мегузашт. Вале бар хилофи ин, ў басе солим ва сариҳол менамуд, пайваста мегуфту механдид ва ҳар боре, ки хандааш ба авҷ мерасид, боз худашро ором месохт, ки «эҳ, ба ман ин қадар ханда мумкин нест, дилам буридгист», яъне ишорат ба он ҷарроҳие мекард, ки чанде пештар дар қалбаш гузаронида буд. Чеҳраи ў комилан солим, рангу рўяш тоза ва фарбеҳ, ҳатто пўсти рўяш барои 70-сола бисёр ҷавон менамуд. Қоматаш рост ва сару либосаш низ басе хуштип буд. Мўяш ҳоло пурра сафед нашуда буд ва ҳамон кепии давраҳои ҳизбию демократиашро ҳануз дар сар дошт.

Устод гӯё бо тамоми Тоҷикистон рӯбарӯ нишаста бошад, шодии самимияш кӯдаквор аз вуҷудаш лабрез мешуду баъди ҳар чанд дақиқа мепурсид, ки дар Тоҷикистон чӣ хабар аст? Ину он шахсият дар чи ҳол аст? Ину онро мебинӣ, зинда аст, солим аст, кор мекунад?….

Вале ман бештар алоқаманди он будам, ки дар ў, дар зиндагӣ ва ашъор ва осори ў чӣ хабар аст. Ва хушбахтона ў ба таври табиӣ хотираҳо, андешаҳо ва хулосаҳои худро самимона мегуфт. Аз гуфтори ў барои ман ҷолиб буд, ки ў ҳама чизро дар ёд дошт, шаҳрҳо, деҳаҳо, дарахтон, дўстон, ошиқон, рақибон, ҳарифон, ҳатто зиндону зиндонбонҳову ҳамқаламони гузоришнавису сиёҳқаламашро…

Устод аз як соат суҳбати қаҳвахона қонеъ нашуда, таъйин намуд, ки ин хел намешавад ва пагоҳ истироҳатист ва ҳатман бояд дар хонаи ў меҳмон шавам.

Рўзи дигар ў ҳамроҳи писари хурдиаш Ромиз ба меҳмонхона омада, бо мошини худашон маро ба хона бурд. Дар роҳ аз паҳлўи гўристони бисёр бузурге мегузаштем, ки шояд чанд километр тўл дошт. Гўристоне зебо, замину тепаҳояш яксар сабз ва дарахтони баланди сарву санавбар онро ба боғе хушманзар табдил дода. Сангҳои сафеди мармарии рўи қабрҳо дар замини сабзи гўристон бо як тартиби ҳандасӣ чида шуда буданд. Ва ногоҳ устод, ки дар курсии пеши мошин менишаст, ба банда рў оварда бо ишора ба сангҳои рўи мазорҳо гуфт: Ҳамон сангҳою қуттиҳоро дидӣ, ман ҳам барои худам яке интихоб кардам, ҷои ман ҳам дар ҳамин қабристон мешавад. Магар аз ин зеботар ҷое ҳаст?… Ин ҷо ҳамин хел, қабратро пешакӣ мехарӣ, вагарна мурдаат дар кӯча мемонад…

Ман намедонистам, ки ин суханаш то куҷо ҷиддӣ буд, вале гуфтам, ки «Не, Шумо ҳоло ба Тоҷикистон бармегардед…». Ў посух дод: «Нодирпур дар Калифорниё, Сиёвуши Касроӣ дар Лос-Анҷелос, мо дар Сиэтл мешавем… Чӣ айб дорад?» Дигар нахостам ин мавзўи ҳассосро идома диҳам…

Хонаи устод дар маҳаллаи Ричмэни Сиэтл дар табақаи дуввуми як бинои камошёнаи амрикоисохт буд. Манзиле васеъ ва бо наққошиҳои зебои писараш Манучеҳр бисёр босалиқа ороста…

Устод бо каме гила гуфтанд, ки хонаҳои инҳо мисли чӯбӣ аст ва агар ягон раъду барқ шавад, гӯӣё тамоми бино меларзад….

Меҳмонии устод чанд соат давом кард, ин қадар тоҷикона, чой, чойник, пиёла, мусиқии тоҷикӣ. Ҳатто ҳамсарашон бону Гулчеҳра оши палав низ пухта буданд… Оши палави тоҷикӣ дар шаҳри Сиэтл, ки аз дурдасттарин шаҳрҳои Амрикост…

Вале он чӣ муҳимм буд, тамоми ин чанд соат ў пайваста хотира гуфту андеша ронду шеър хонд. Тамоми адибу зиёии тоҷикро як-як мепурсид ё ёд мекард. Ман дар ҳайрат будам, ки дар чунин синну сол чӣ қадар қавӣ ва хушҳофиза ва пурэнержӣ буд. Ва чанд нукта аз ин сўҳбатҳо бардошт кардам:

Якум,

Бозор Собир мисли дарёе аз шеър ва ёдҳои адабӣ буд. Ў шояд садҳо шоҳбайти бамаврид аз ашъори гузаштагон, шоирони русу аврупоӣ, шоирони муосири Ирону Афғонистон, шоирони шўравии тоҷик ва ғайра хонд. Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Мавлоно, Низомӣ, Пушкин, Нодирпур, Симин, Турсунзода, Миршакар… Сари ҳар сухан мисоле аз касе меовард ва гўё ҳамаи мисраву байту ғазалҳои зебои адабиёти гузаштаву имрўзаро дар ҳофизааш гулчин карда буд… Ман бори дигар бовар кардам, ки шеъри ў дар заминаи холӣ ба бор наёмада, балки синаи ў хазинаи беинтиҳое аз шеъри ноби ҳифзшуда будааст…

Дуюм,

Бозор Собир басе нақлу хотира дошт. Хотироти нодире аз зиндагии бузургони фарҳангу адаб ва шоирони тоҷику иронии садаи бистум. Аз Турсунзодаю Миршакару Боқӣ Раҳимзода, аз Қаноату Лоиқу Гулрухсору дигарон… Хусусан аз лаҳзаҳои нодир ва гуфторҳои зариф ва ҳазлҳои шоиронаи адибони шўрави тоҷик даҳҳо нуктаю латифаҳое мегуфт, ки то ин замон ҷое нашунида будам…

Сеюм,

Бозор Собир ҳоло ба баъзе арзишҳо ва хотироти даврони Шўравӣ руҷўъ карда буд. Шояд ин бахш аз андешаи имрўзи ў барои банда, ки асосан дар давраи истиқлолият ва бо таъсири афкори истиқлолталаби миллии касоне чун худи устод рўидаам, то ҷое номафҳум буд, вале ў бисёр самимона ва бисёр ҷиддӣ аз Шўравӣ ёдовар мешуд: аз Ленин, Сталин, Кремл, байрақи сурх, баробарӣ, бародарӣ, адолат, фаровонӣ, осудагӣ…

Ва яке аз шеърҳи тозаи худро дар ин мавзўъ хонд, ки банди охираш чунин садо медод:

Шўравӣ, эй Шўравӣ, баргард, муштоқи туем,

Рўзу шаб дар ҳасрати покии ахлоқи туем.

Ошиқи досу чакуши сурху байроқи туем,

Эй худои камбағалҳо, Сталинро зинда кун!

Он рўз ҳангоми убур аз яке аз кўчаҳои Сиэтл ў ҳатто ҳайкали Ленинро нишон дод, ки дар ин шаҳри ғарибӣ акнун барояш маънои рамзие пайдо кардааст ва гуфт: Ана дар бораи ҳамин ҳайкал навиштаам:

Мо надорем дар ин шаҳр қарин,

Мо надорем дар ин шаҳр рафиқ.

Ману як ҳайкали Ленин наздик,

Ману як ҳайкали Ленин тоҷик.

Ва бо як гилаи амиқ илова кард: Наход ҳайкали ҳамин мардаки бузургро мо дар Душанбе чапа кардем?…

Дар ҳақиқат танҳо чизе, ки дар Сиэтли дурдаст аз Тоҷикистони замони Шӯравӣ ёдовар мешавад, ҳамин ҳайкали Ленин будааст. Гарчӣ Ленини ин ҷо мисли Ленинҳои мо калону поядору бошукуҳ набуд, аммо худи дар ин шаҳри “капиталистӣ” будани ин муҷассама як достон буд. Ва устод ҳам ин муҷассамаро “бародархон” гирифта буд…

Ростӣ, дар ин сафар ман натавонистам ин дидгоҳҳои шўравигароӣ ва русгароиро, ки дар он марҳила дар устод ба шиддат эҳё шуда буд, ба дурустӣ дарк намоям ва бипазирам, аммо рўшан буд, ки эшон басе ҷиддӣ ва басе самимӣ бар ин меандешид…

Чорум,

Бозор Собир ҳануз дар камоли эҷодӣ буд. Вай як даста шеъри нави худро оварда дар сари миз хонд. Ҳама шеърҳои тоза, бо ҳунари тоза, бо нигоҳи тоза. Ҳар шеъри ў бори дигар рўшантар мегуфт, ки ў мактаби худ, сабки худ ва биниши хоссаи худро дорад. Ва рўшан буд, ки ў имрўз низ ҳамчун шоир, шоири дараҷаи аввал аст ва каси дигаре ва чизи дигареро аз шеъри имрўзи мо бо ў қиёс кардан мушкил аст …

Аз ҷумла ин шеъри машҳурашон дар бораи русҳоро дар ин даста буд:

Ҳар кӣ бе гуфтугӯ чу ҳамсари рус,

Сари худро ниҳад ба бистари рус…

(Ин ёддошт ва он дастаи шеърҳо ҳамон сол дар рӯзномаи “Миллат” ба чоп расида буд, ки умед аст дар бойгониҳо маҳфуз бошад.)

Панҷум,

Бозор Собир басе озод буд. Шояд бахше аз озодии ў аз он аст, ки ҳоло дар ҷомеае орӣ аз қолабҳо ба сар мебарад. Вале ба назар мерасад, ки озодандешии ў бештар пояҳои дарунӣ дорад, яъне як озодагии ҷавҳарист. Ин ҷанбаи дидгоҳҳои ў низ бо касе аз шоирону фарҳангиёни дарунии кишвар қобили муқоиса набуд. Ў бебокона ҳамаро нақд мекард, сиёсатҳои ҷаҳониро, сармоядориро, амриркоро, Бушро, моро, равандҳоро, шеърҳоро, шоиронро, андешаҳоро…

Вақте, ки чунин сатҳи озодию ворастагии Бозор Собирро мушоҳида кардам, маро андаке даҳшат фаро гирифт. Аз ин рў, бо вуҷуди он, ки дар аввали суҳбат чанд бор бозгашти ў ба Тоҷикистонро хоста будам, лаҳзае аз ин андеша баргаштам… Зеро он ҳадди озодию ворастагиеро, ки акнун Бозор Собир дорад, андешаи қолабии мо шояд таҳаммул нахоҳад кард. Рўшан аст, ки агар ў баргардад, чун як шоири зиндаи иҷтимоӣ ҳатман мебинад ва мегўяд ва менависад… Обро, барқро, наррхҳоро, фақрро, муҳоҷиронро, фасодро… Ва таҳаммули ў шояд осон нахоҳад буд… Ҳамин тавр, хулоса кардам, ки шояд ў дигар дар мо намегунҷад, ў ба фазои бисёр ва бисёр бозтаре одат гирифта …

Вақти гусел устод аз рафи ҷевонаш 6 лифофаро оварда, таъкид кард, ки дар ҳар яке 50 доллар гузоштааст ва бояд онҳоро ба Душанбе расонам. Рўйи ҳар кадоме номи ин ё он шоиру олими машҳури кишвар навишта шуда буд, ки устод тасмим дошт барои онҳо кумаки молиявӣ расонад. Номи ин устодони азиз, ки миёнашон як устоди ДМТ, як корманди АИ ҶТ ва чор шоир буданд, низ ҷолиб аст, аммо беҳтар аст ин амонат маҳфуз бошад.

Гарчи дар он солҳо ин кумак барои устодони дохил андак набуд, аммо муҳимтар ин буд, ки устод дар бораи ҳар яке чанд ҷумлаи дилсўзӣ ва чанд хотира сипос гуфта, аз маоши муҳоҷирии худ ба онҳо кумак мефиристод… Ин паҳлўи шахсияти эшонро ҳатто тасаввур намекардам…

Барои банда низ устод як халта тўҳфа омода карда буд…

Ва ҳангоми бозгашт аз хонаи Бозор Собир дубора аз паҳлўи ҳамон гўристон гузаштем. Таваҷҷуҳу дилбастагии ў ба ин мавзеъ чунон шадид буд, ки бори дигар ба манзараҳои яксар сабзи гўристони Сиэтл нигариста, бо ишора ба нобоварии ман ба писараш гуфт: Ин бовар намекунад, ки ман ин ҷо ҷои қабри худамро кайҳо интихоб кардам. Магар ҷои бад аст? Бубин, чӣ қадар сабз… Ва устод ба самте аз гўристон ишора карда, маҳалли қабри ояндаи худро дақиқтар фаҳмонданӣ мешуд…

Ин бор бовар кардам. Ва бовар кардам, ки ў чӣ қадар аз ҷомеаи мо озурда аст ва чӣ хароши амиқе дар синаи шоиронаи худ дорад… То ҷое, ки умед аз ватан кандаву дар зиндагӣ гўрашро дар ғарибӣ муайян кардааст…

Ва маро даҳшат фаро мегирифт, ки наход як бузурги дигари мо дар ғарибӣ гузарад? Наход касе, ки ба насли мо забону миллату ватан омӯхтааст, худ дур аз ватан бимирад?!…

Ва аз бозгашти дубораи устод ба ин мавзўъ ба назарам чунин расид, ки агар соли оянда ҷашни 70-солагии Бозор Собир дар шаҳри Душанбе дар сатҳи миллӣ ва бо ҳузури худи ў баргузор нашавад, шояд ин доғ аз чеҳраи мо то абад шуста нагардад…

Ва агар баъд аз ин низ ў ҳар рўз бо умеди дарёфти манзили охират ва осудагии ниҳоӣ сўи чаманҳои сабзу мармарҳои сафеди гўристони Сиэтл дида дўзад, шояд ҳамаи мо ҳаргиз аз ин хиҷолат берун наоем…

Ба шарте ки агар мо дар ҳақиқат, чуноне ки ҳар рўз аз забони ў месароем, «аз хуни Сиёвуш» бошем…

                                                                                                                            Сиэтл-Душанбе,

                                                                                                                      октябри соли 2007

(Акси устод бо ҳамон ҳайкали Ленин дар Амрико ва аксҳое аз лаҳзаҳои ба хок супоридани пайкари устод. Хушбахтона на дар гӯристони Сиэтл, балки дар оромгоҳи Лучоби Душанбе)

Total Views: 182 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.