БАР МАЗОРИ МО ҒАРИБОН, НЕ ЧАРОҒЕ, НЕ ГУЛЕ…

Оё касе оромгоҳи Зебуннисо ё Махфиро дидааст?

Мизбонон лутф фармудану бо хоҳиши мо ҳайатро аз Исломобод ба зиёрати якрӯзаи оромгоҳу хонаи Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ оварданд, (ки аксҳое аз он боздидро ҳафтае пеш гузоштам).

Пас аз тамошои осори бешумори таърихии Лоҳур банда исрор намудам, ки ин сафар як фурсати нодир аст ва мо оромгоҳи шахсияти назди тоҷикон машҳуру маҳбуб, шоираи парданишину париваш Зебуннисоро низ бубинем, зеро бештари сарчашмаҳо онро ба ҳамин шаҳр мансуб донистаанд. Донишманди гиромӣ устод Абдурраҳмони Қурбон, ки ҳамсафари мо буданд, низ ин пешниҳодро ҷонибдорӣ карданд ва “гап якто шуд”.

Мизбонон нахуст аз ин хоҳиш дар ҳайрат шуданд, ки ҳеҷ меҳмоне то кунун чунин дархосте накарда буд. Аммо чун ҳайат расмию гиромӣ буд, аз сари меҳмоннавозӣ фавран пайи иҷрои он гаштанд. Онҳо ба ниҳодҳои гуногуни фарҳангию саёҳатии шаҳр занг мезаданд, ки оромгоҳи шоҳдухтару шоирае бо номи Зебуннисо дар куҷои Лоҳур бошад? Ва ниҳоят нишоние ба даст омаду сӯи он роҳ гирифтем.

Гарчӣ шоҳдухт, адиб, олим, ҳунарманд, наққош ва хаттоти машҳур Зебуннисо ё ҳамон шоираи ширинкаломи мо Махфӣ (1639-1702) асосан дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон зистааст, аммо тибқи васияташ оромгоҳи ӯ дар чорбоғе дар ҳошияҳои пуриздиҳоми шаҳри Лоҳури Покистон ҷойгир мебошад, ки он вақт бахше аз қаламрав ва пойтахти дуюми темуриёни Ҳинд буд. Хоса бобои шоира дар ҳамин шаҳр таваллуд шуда, бахше аз ҳукуматашро маҳз аз Лоҳур рондааст ва маҷмааи боғҳои ҳазордарахт кохҳои оинабандии салтанатии хонадони онҳо ҳамчунон барҷост.

Ва чун ин абаршаҳри бекарона садҳо чунин ёдгориҳои таърихиро дар худ дорад, аксари мардуми он дақиқ намедонистанд, ки шахсияти соҳиби ин мақбара кист. Танҳо баъзеҳо ин ҷойро чун оромгоҳи як шоҳдухти хонадони темуриёни Ҳинд ё яке аз духтарони Аврангзеби Оламгир муаррифӣ мекарданд. Чун забони форсӣ ҳам, ки акнун ин ҷо роиҷ нест, аз шеъру шоирии Зебуннисо низ атрофиён огоҳӣ надоштанд.

(Албатта фарзияҳои заифе дар боби дар Деҳлӣ гумном шудани мақбараи шоира низ ҳастанд, ки онро ба таърихдонон мегузорем. Хоса бо ин ишорат, ки соли вафоти шоҳдухт дар лавҳи оромгоҳ саҳеҳ наменамояд.)

Чун ба саҳни оромгоҳ расидем, маро ҳисси омехтае аз шодиву ғам фаро гирифта буд: шодӣ аз ин, ки яке аз маконҳои бисёр нодир ва ғайриинтизор, оромгоҳи бонуи бузурги адаб ва рамзи ишқу иффату зебоӣ дар фарҳанги мо – Зебуннисоро медидам; ғам аз он, ки мазор ва дахмаи бузурги он ҳолати нимаободу парешону фаромӯшӣ дошт. Лавҳи чӯбин шикаставу хишти куҳан рехтаву зинаҳо ҳамвор…

Хоса бо тафовут аз оромгоҳи ободу ороставу пурҷамъияти Аллома Иқбол, ки чанд лаҳза пеш он ҷо будем, боғу гулҳои оромгоҳи Зебуннисо ҳамагӣ хушку хазон, фазояш сокиту холиву вайрон ва мазораш танҳову ҳайрон буд.

Гӯиё Махфӣ, ки ҳаётеро дар парда зист, боз ҳам аз башар рамидаву дар ин ҳошияи назарҳо махфӣ шудааст. Шояд барои пешгирии харобӣ ё таъмири оянда болои худи мақбара чодари азими сабзе кашида буданд, ки оромгоҳи абадии Зебуннисоро чун муҳити “сокинони ҳарами сатру ифофи малакут” аз чашмҳо пинҳон медошт…

Гӯиё худи шоира дар байте мансуб ба ӯ (ва ё маликаи дарбор Нурҷаҳон) ҳамин манзараро пешбинӣ карда буд:

Бар мазори мо ғарибон не чароғе, не гуле,

Не пари парвона сӯзад, не садои булбуле…

Аммо як навиди хуш ин буд, ки мақомоти шаҳри Лоҳур тарҳи ободонии оромгоҳ ва боғи онро рӯи даст доштаанд, ки шояд то имрӯз оғоз ё анҷом шуда бошад. Хушбахтона, бинои асосӣ ва сандуқи мармарии қабр ҳифз шудаанд ва оромгоҳ бо барқарории андак ба тартиб меояд.

Баробари вуруд ба ин муҳити отифӣ ва дидани лавҳи хокбарсари мазори Махфӣ беихтиёр бо садои баланд мехондам:

Биё, ки зулфи каҷу чашми сурмасо ин ҷост,

Нигоҳи гарму адоҳои дилрабо ин ҷост.

Карашма теғу мижа ханҷару нигоҳ алмос,

Шаҳодат ар талаби дашти Карбало инҷост…

Закоти умр агар медиҳӣ барои Худо,

Биё, ки Зебунисо ҳамчу ман гадо ин ҷост.

Гарчи мизбонон барои «расидан ба зиёфати расмӣ» ба боздиди ин оромгоҳ ҳамагӣ 5 дақиқа вақт гузоштанд, банда ихтиёр аз даст додаву ба ишораҳои онон таваҷҷуҳе намекардам ва шояд ним соате болои ин мазор ҳарчӣ аз китоби мактабӣ то имрӯз аз Зебуннисо медонистам, бо садо мехондам:

То боди саборо ба гулистон гузаре ҳаст,

Мурғони чаманро ба рухи гул назаре ҳаст…

Бедод макун ин ҳамаро дар дили Махфӣ,

Андеша намо, ғайри ту ҳам додгаре ҳаст.

Мехондаму аз сари эҳсосости омехта садо меларзиду гоҳо ашк ҷорӣ мешуд:

Меравам, имшаб туро бедор хоҳам карду рафт,

Нақди ҷонро сарфи як дидор хоҳам карду рафт.

Баски гирям дар фироқат ҳамчу абри навбаҳор,

Водии ҳиҷрон гулу гулзор хоҳам карду рафт….

Ва:

Гарчи ман лайлиасосам, дил чу Маҷнун дар ҳавост,

Сар ба саҳро мезанам, лекин ҳаё занҷири пост…

Духтари шоҳам, валекин рӯ ба фақр овардаам,

Зебу зиннат бас ҳаминам, номи ман Зебунисост.

Ва:

Дур бод аз тан саре, к-ороиши доре нашуд,

Бишканад дасте, ки хам бар гардани ёре нашуд…

Ҳар матоеро харидорест дар бозори даҳр,

Пир шуд Зебуннисо, ӯро харидоре нашуд…

Ва…

Ва…

Меҳмондорони мо дар тааҷҷуб буданд, ки ин шоҳдухтари “муғули ҳиндӣ” кӣ буда ва чаро тоҷикон зиёрати оромгоҳи ӯро хостанд ва чаро аз омадан ба ин ҷо чунин эҳсосӣ шуданд ва чи гуна аст, ки соатест инон аз ӯ шеъри тоҷикӣ аз ёд мехонад?!…

Аммо мо дақиқ медонистем, ки Зебуннисо кист ва ҷойгоҳи ӯ кадом аст ва аз сари ӯ чӣ гузашта ва сухану ҳунару ишқу эҳсосу ҳаёву фоҷеаи ӯ бо дилу эҳсосу андешаи мардуми мо чӣ кардааст. То ҷое, ки шояд тоҷике набошад, ки дар соати мушкил зери лаб нагуфта бошад ё дигареро таскин надода бошад, ки:

Навмед набояд шудан аз гардиши айём,

Ҳар шом, ки ояд, зи пайи он саҳаре ҳаст…

Ва сабаби дигари чунин шӯру эҳсосу шеърхонии банда сари он мазор таъсирпазирии амиқ аз ҳолати ғарибу бекаси оромгоҳи Махфӣ буд. Парии замон ва маликаи даврон, шоҳбонуи сухан ва булбули анҷуман, ки инак дар гӯшае аз ёдҳо фармӯш ва пардаи хок бар дӯш орамида буд. Гӯиё он ҷабру танҳоӣ, ки ӯ як умр дар муҳити беҳиссӣ кашидаву бо хуни дил навишта буд, ҳамоно дар бистари таърих бо ҳамон бемеҳрӣ идома дошт…

Банда бо қироати фарёдгунаи ашъори ӯ гӯё соате бо шоираи якто ба гуфтугӯ ва мушоира нишаста будам ва мехостам рӯҳи ӯро аз ин сукуту танҳоии амиқ берун кашам.

Он лаҳзаҳо мехостам сари мазори бекасии ӯ фарёд бардорам, ки ҷое, кишваре, миллате ҳаст, ки туро медонанд, мешиносанд, мепарастанд, мехонанд, месароянд, дӯст медоранд…

Миллате ҳаст, ки аз муҳаббати ту ними занону духтаронаш Зебуннисо ном дорад…

Миллате ҳаст, ки ишқу эҳсосу дарду таскини худро бо забони туву байтҳои ту баён мекунанд:

Рӯзи навмедӣ, ки ояд, ошно душман шавад,

Ғам ҷудо, шодӣ ҷудо, давлат ҷудо душман шавад…

Сарзамине ҳаст, ки базму шодмонии худро бо сурудаҳои ту месароянд.

Ва он ҷо Тоҷикистон аст…

Ва гӯиё Махфии маҳҷур аз ин ғазали машҳур ва шояд бо садои Муқаддаси пуршӯр ҷавоб мегуфт:

Биншин нафасе булбули шӯрида, ки имрӯз,

Бо нолаи зори дили ман ҳам асаре ҳаст…

Чашмам ба раҳи қофилаи бӯи висолат,

Дар кӯи ту аз боди сабо то хабаре ҳаст…

Шояд ӯ солҳо чашмбароҳ буд, ки касоне меоянд ва тамоми ишқу шӯру дарду фоҷеаи танҳоии ӯро болои санги сарди мазораш бо забону баёни худаш инчунин месароянд. Зеро ӯ умедро инчунин ҷовидона карда буд, ки:

То боди саборо ба гулистон гузаре ҳаст,

Мурғони чаманро ба рухи гул назаре ҳаст…

Ин ҷо ба ин маънӣ, ки то замоне, ки боди сабо мевазаду офтоби саҳар медамад, то замоне, ки ҳаёт ҳасту сухан ҳасту забон ҳасту форсӣ зиндааст, боз касоне хоҳанд буд, ки ӯро ба ёд хоҳанд овард ва шеъри уро хоҳанд хонд ва розҳояшро хоҳанд суруд…

Ва банда низ он соат хостам тамоми гармию рангинии эҳсосоти наҷиби ҳар як ошиқу шӯридаву ғамдидаву мухлису ҳаводору бедори тоҷикро чун сабади рангини ихлос пеши мақоми болои ӯ гузошта бошам:

Китобхонаи олам варақ-варақ гаштам,

Хати ту дидаму гуфтам, ки муддао инҷост…

Ва шояд он чанд лаҳза рӯҳи латифи ӯ болида буд…

Ва банда низ гӯё қарзи азимеро аз дӯш фурӯ ниҳода бошам, якбора оромишу сабукиеро эҳсос мекардам ва шояд то бегоҳ ба мизбонону ҳамроҳон аз ин шахсияту ин боздиду ин эҳсосот мегуфтам…

Ҳамин тавр, гарчӣ ҳадафи аслии сафари Лоҳур зиёрати оромгоҳу мақоми Муҳаммад Иқбол буд, аммо ба ростӣ эҳсос доштам, ки ҳолату бардошти отифие, ки аз боздиди оромгоҳи Махфӣ доштам, басе амиқтару поктару шӯридатар буд…

Бале, ман аз ҷавонӣ қариб ҳофизи девони Аллома Иқбол будам ва имрӯз ҳам мухлиси ин бузургворам ва ҷойгоҳи азими ӯ дар сухану андешаи мо беқиёс аст.

Аммо боз ҳам ҷою ҷойгоҳи Зебуннисо барои мо, барои ҳамаи аҳли ишқ, зебоӣ, ҳаё, сабр, эҳсос, дард ва фоҷеа бисёр дигар аст. Бо он латофату иффату каромату шуҷоату зебоӣ:

Дар сухан пинҳон шудам чун бӯи гул дар барги гул,

Ҳар кӣ дорад майли дидан, дар сухан бинад маро…

Ёди азизаш ба хайр ва хотири латифаш шод бод!

Total Views: 343 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.