ОЗМУНИ ИСТИҚЛОЛ

Ё баррасии моҳият ва аҳаммияти мавқеи Роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба таҳаввулоти ахири Афғонистон

ШАРҲ

Вақте бахши аввали ин ёддошти муфасал ба номи «Вокуниши миллӣ» ба нашр расид, баъзе аз дӯстону хонандагон дар баробари истиқболи гарм ба ду мушкилаи он ишора фармуданд, ки аввал, дар он навишта мавқеи ҳукумат ва роҳбарияти кишвар арзёбии зарурӣ нашудааст ва дуюм, риску пайомадҳои эҳтимолии як вокуниши миллию арзишӣ барои давлати мо ба таври боиста баррасӣ ва баён нагаштааст.

Барои рӯшанӣ бояд гуфт, ки бахши аввали ёддошт маҳз баррасии умумии вокуниши қишрҳои гуногуни ҷомеа ба ин таҳаввулотро дар бар мегирифт ва арзёбии мавқеи роҳбарияти кишвар дар бахши ҷудогонаи зерин оварда мешавад.

Аммо нисбат ба нуктаи дуюм бояд гуфт, ки дар ҳақиқат моҳият, хусусият ва дурнамои мавқеи роҳбарияти кишвар ба ин таҳаввулот як масъалаи муҳимму ҳассос буда, ба шинохту баррасии ҷиддии тахассусӣ ва сиёсатшиносӣ ниёз дорад.

Вале бо сабаби камии фурсати андеша дар чунин муҳити эҳсосбунёди ҷорӣ ва низ, бо сабаби маслиҳатандешӣ дар ҳимояту тақвияти мавқеи давлатӣ ва рӯҳияи миллӣ дар чунин шароити ҳассоси сиёсию таърихӣ, ироаи оммавии ин гуна баҳсу таҳлилҳо мувофиқи мақсад нест. Бинобар ин, ҷанбаҳои ҳассостари ин масъала низ баррасӣ гашта, ба тариқаҳои корию хидматӣ пешниҳод мегарданд.

Аз ин рӯ, навиштаи ҳозир маҳз арзёбии арзишӣ ва баррасии кушодаву расонаии вокуниши Роҳбарияти Тоҷикистон нисбат ба таҳаввулоти ахири Афғонистон мебошад. Зери мафҳуми «арзёбии арзишӣ» бештар баррасии моҳият ва аҳаммияти миллӣ, идеологӣ, равонӣ, самтдиҳанда, рӯшангарона ва сиёсатсозии (политтехнологии) мавзӯъ дар назар дошта мешавад.

                                                          ***

Сиёсати усулӣ ва мушаххаси давлати Тоҷикистон ва хоса мавқеи қатъии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба таҳаввулоти ахир дар Афғонистони ҳамсоя таваҷҷуҳи васеи доираҳои сиёсӣ, таҳлилӣ ва иттилоотии дохилӣ ва хориҷиро ҷалб намуда, дар ҳафтаҳои охир дар атрофи он шарҳу назарҳои гуногун ба миён омадаанд.

Мазмун ва моҳияти мавқеи роҳбарияти кишвар дар ин самт дар ду моҳи охир давра ба давра ба таври муфассал муаррифӣ ва расонаӣ шуда, ҷомеаи кишвар ва ҷаҳон аз он огоҳии комил доранд. Бинобар ин, дар ёддошти зерин бе муаррифии такрории мазмуни он, ба баррасии бевоситаи ин мавзӯъ пардохта мешавад.

Барои дарки аҳаммияту моҳияти воқеии сиёсат ва мавқеи роҳбарияти олии Тоҷикистон нисбат ба таҳаввулот ва буҳрони ахири Афғонистони ҳамсоя бояд ба нуктаҳои зерин таваҷҷуҳ шавад:

1.МОҲИЯТ ВА АҲАММИЯТИ АМНИЯТИИ МАВҚЪГИРИИ РОҲБАРИЯТИ ТОҶИКИСТОН

Мавқеи Роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хоса назари эъломшудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қиболи ҳодисаҳои ахири Афғонистон ва рӯи кор омадани гурӯҳи ифротии «Толибон», пеш аз ҳама моҳият ва аҳаммияти амниятӣ ва умумиминтақавӣ дорад. Он дар заминаи дарки тавозуну равандҳои амниятии минтақа, таҳдидҳои эҳтимолию мушаххаси он барои ҳамаи кишварҳо, ҷойгоҳи Тоҷикистон дар низоми амниятии минтақавӣ ва арзёбии сатҳи осебпазирии амниятии кишвар аз ин самт ба вуҷуд омадааст. Аз ин назар, он вокуниши табиӣ ва зурурӣ буда, ҳаҷму сатҳи баланди нигарониҳои як давлат ва ҷомеа нисбат ба ин таҳдиди воқеиро ифода мекунад.

Дар шарҳи ин масъала метавон гуфт, ки моҳияти сиёсӣ, идеологӣ ва амалкарди террористии гурӯҳи «Толибон» барои тамоми кишварҳои минтақа мушаххас буда, дар сиёсати хориҷию дифоии ҳамаи онҳо толибон ҳамчун таҳдиде барои амнияти минтақа ва ҳар як кишвари алоҳидаи он таъриф мешуд. Қарору рӯйхатҳои дастаҷамъии зиддитеррористии кишварҳои минтақа ва созмонҳои минтақавӣ низ гувоҳи ҳамин воқеият ва ҳамин шинохти онҳо аз гурӯҳи ифротии «Толибон» мебошанд. Аз ин рӯ, ба қудрат расидан ва ба чунин имкониятҳои васеи сиёсӣ ва низомӣ даст ёфтани ин гурӯҳ сатҳи таҳдиди минтақавиро якбора бисёр боло мебарад. Бинобар ин, вокуниши як кишвари минтақа дар ин масъала на танҳо табиӣ, балки зарурӣ буд.

Аз сӯи дигар, Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои марзи тӯлонӣ бо Афғонистон дар хати пеши ҷабҳаи муборизаи минтақавӣ ва байналмилалӣ бо терроризм қарор гирифта, дар архитектураи амниятии минтақа мақоми махсусан муҳим дорад. Дар айни замон, ҷойгиршавии ҷуғрофӣ, зарфияти ҳабию иқтисодӣ ва самтгирии сиёсию идеологии кишвари мо онро дар баробари таҳдидҳои террористӣ боз ҳам осебпазиртар менамояд. Дар ин мубориза марзӣ давлатӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон аҳаммияти басе бештар аз хатти ҷудокунандаи ҳудуди ду давлат дошта, он марзе миёни суботу бесуботӣ, амнияту ноамнӣ, эътидолу ифрот, таҳаммулу таассуб, низомҳои сиёсии муосиру режимҳои идеологӣ ва марзи миёни ҳуқуқу озодиҳои инсонӣ ва ҷаҳолату маҳдудиятҳо мебошад. Ин вазъият ва нақш, ки дар шаклгирии моҳиятии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон таъсири муайянкунанда дорад, тақозо мекунад, ки Тоҷикистон ҳамчун сипари амниятии минтақавӣ дар баробари чунин тағйирдиҳии бунёдии тавозуни амниятии минтақа бонги хатарро ба садо дароварад.

Албатта, аксари кишварҳои минтақа манфиатҳои махсуси худро дар авлавият қарор дода, бо таҳдиди террористӣ муомилаи манфиатӣ намуданд ва Тоҷикистон бо ин мавқеи қатъии худ дар ибтидо танҳо монд. Нуктаи дардовари рафтори чунин қудратҳои бузург дар он буд, ки онҳо бо вуҷуди солҳо иддаои мубориза бо терроризм акнун Афғонистон ва минтақаро бо дасти худ ба коми гурӯҳҳои террористии байналхалқӣ партофта, амнияти минтақа ва ҳар кишвари онро бо хатари бузурги амалӣ рӯбарӯ сохтанд. Аз ин назар, ин давлатҳо амалан ба амнияти минтақа ва кишварҳои он, аз ҷумла ба амнияту манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хиёнат намуданд. Бинобар ин, дар мавқеъгирии қатъии Тоҷикистон навъе эътирози ҷиддӣ нисбати ин амали аҳдшиканона ва ғайримасъулона нисбати амнияти минтақавӣ ва байналмилаӣ низ мушоҳида мешавад.

Аммо гузашти беш аз ду моҳ нишон дод, ки дар муҳити шарикони амниятии мо низ дарки миқёсҳои воқеии ин таҳдид ҳосил шуда, он хушбинии аввал нисбат ба ҳукуматсозию ҳукуматдории толибон ба эҳтиёткорӣ ва канораҷӯии ошкор табдил шуда истодааст. Рафт ва эъломияи ниҳоии нишасти ахири Москав (20-21 октябри соли 2021) низ нишон дод, ки акнун аксари кишварҳои минтақа ба ҳамон шартҳои қатъии Тоҷикистон дар мавриди эҷоди муносибат бо гурӯҳи «Толибон» расидаанд. Кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон ҳам, ки то имрӯз бо гурӯҳи «Толибон» робитаҳои амалӣ барқарор карда буд, ахиран (23.10.2021) дар сатҳи вазири корҳои хориҷии худ эълон намуд, ки эътирофи расмии толибон фақат дар сурати таъмини кафолати амнияти минатқавӣ аз тарафи ин гурӯҳ имконпазир мебошад. Ҳамин тавр, дурустии мавқеи эълоннамудаи роҳбарияти олии Тоҷикистон ба тадриҷ исбот шуда, дар миёни шартҳои эътирофи расмии толибон аз тарафи кишварҳои хориҷӣ кафолати амнияти минтақавӣ мақоми асосӣ мегирад.

Сафари комёби аврупоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ нишон дод, ки ин мавқеи қатъӣ ва нигарониҳои амниятии Тоҷикистон фаротар аз минтақа низ дарк гашта, ҷонибдории васеъ пайдо мекунад. Пешбинӣ мешавад, ки моҳият ва аҳаммияти амниятии ин мавқеъ дар оянда дарки бештар ёфта, кишварҳои бештаре ба ин ҷабҳа мепайванданд. Гурӯҳи «Толибон» низ барои таъмини бақои ҳокимияти худ аз пазируфтани ин шарт канор рафта наметавонад. Зеро то замоне, ки кишварҳои минтақа ин гурӯҳро ҳамчун таҳдиди миллӣ ва минтақавӣ таъриф кунанд ва кафолати амнияти худро аз ин самт надошта бошанд, эътирофи расмии ҳокимияти толибон дар сатҳи минтақа мушкил аст. Илова бар ин, ин вазъи таҳдидӣ ва нармиш нишон надодани «Толибон» дар ин самт метавонад ҳатто боиси дубора рӯзмара шудани масъалаи вокуниши дастаҷамъии низомии минтақавӣ ё байналмилалӣ дар баробари онҳо гардад.

2.МОҲИЯТ ВА АҲАММИЯТИ ҲУҚУҚИИ МАВҚЕИ РОҲБАРИЯТИ ТОҶИКИСТОН

Мавқеъгирии Роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҳодисаҳои ахири Афғонистон аз назари ҳуқуқи байналмилалӣ низ қобили таваҷҷуҳ буда, он ҳам ба матн ва ҳам ба мазмуни ҳуқуқи байналмилалӣ комилан ҷавобгӯ мебошад. Тамоми қонунҳо, конвенсияҳо ва шартномаҳои байналмилалӣ, ки кишварҳо ва созмонҳои минтақавию байналхалқӣ қабул кардаанд, аслҳое чун мубориза бо терроризму ифротгароӣ, инкори хушунат, риояти ҳуқуқҳои бунёдии инсон, роҳ надодан ба ғасби зӯроваронаи ҳокимият ва ғайраро пешбинӣ намуда, кишварҳои ҷаҳонро барои риояти ин меъёрҳо даъват ва вазифадор менамояд.

Аз ин рӯ, ба ҳокимият расидани гурӯҳи расман терористӣ эътирофшуда, ҳукмрон гаштани хушунати ошкори саросарӣ, нақзи бунёдии ҳуқуқҳои инсон ва ғасби ҳокимияти сиёсӣ, ки ахиран дар Афғонистони ҳамсоя рух дод, мутобиқи талаботи ҳуқуқи байналмилалӣ бояд аз тарафи ҳамаи кишварҳои ҷаҳон маҳкум ва инкор мешуд. Аммо, бо камоли таассуф, бисёре аз кишварҳо манфиатҳои худро аз меъёрҳои пазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ болотар гузошта, ҳокимияти гурӯҳи террористиро амалан пазируфтанд. Табиист, ки ин гурӯҳ, ки дар тӯли даҳсолаҳо ба мудҳиштарин амалҳои террористӣ машғул буда, то имрӯз аз тарафи ин кишварҳо расман гурӯҳи террористӣ эътироф мешавад ва тамоми роҳбарони он дар рӯйхатҳои миллӣ ва байналмилалии террористон қарор доранд, дар як рӯз ба гурӯҳи беозори қонунии қобили қабул табдил намеёбад. Аз ин назар ба ҳокимият расидани гурӯҳи «Толибон» аз ба ҳокимият расидани гурӯҳҳои ифротгарои дигаре чун ДОИШ, Алқоида, Ихвон ё Ҳизби таҳрир моҳиятан фарқе надорад.

Аз ин рӯ, эътирофи амалии ҳукумати гурӯҳи «Толибон» дар Афғонистон ва барақарории ҳамкориҳо бо онҳо фоҳиштарин шакли нақзи ҳуқуқи байналмилалӣ буда, тамоми меъёрҳои байналхалқии дар тӯли даҳсолаҳо шаклгирифта дар ин самтро барҳам мезанад. Баъд аз ин ҳодисаҳо низоми муносибатҳои байналмилалӣ, ки бар риояти асли ҳифзи суботу амният ва мубориза бо терроризм бунёд ёфта буд, ба бумбасти ҳуқуқӣ ва буҳрони мафҳумӣ рӯбарӯ гаштааст, зеро паёми эътироф шудани ҳукумати «Толибон» ин хоҳад буд, ки агар як гурӯҳи террористӣ дар як кишвар ғолиб ояд, он дигар гурӯҳи террористӣ набуда, расмият ёфта, ҳамчун давлат пазируфта ва эътироф мешавад. Ин ҳолат рӯҳия ва фаъолияти гурӯҳҳои террористиро якбора боло бурда, мавқеи муттаҳид ва оштинопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ дар масъалаи мухолифат бо терроризмро пурра зери савол мебарад.

Мавқеи роҳбарияти Тоҷикистон дар ин масъала бо мазмуни тамоми санаду тавофуқҳои раванди музокироти сулҳи Афғонистон дар Доҳаи Қатар низ мутобиқ аст. Зеро ҳадафи ниҳоӣ ва эъломшудаи ин музокирот низ маҳз ташкили ҳукумати ҳамашумул ва таъмини кафолати амнияти минтақавӣ буд. Яъне, аз ин назар низ баъзе кишварҳои манфиатдор тамоми мувофиқаву дастоврадҳои ин музокироти дусолаи байналмилалӣ ва байниафғонро сарфи назар карда, ба ғасби ҳокимият аз тарафи толибон, ки бар хилофи тамоми ин тавофуқҳост, созиш кардан мехоҳанд. Ин ҷо низ мавқеи Тоҷикистон мантиқӣ ва посухгӯи мазмуну натиҷаҳои он раванди фарогири музокироти сулҳи Афғонистон аст.

Дар умум, агар меъёрҳи ҳуқуқи байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва радди хушунатро асос қарор диҳем, бо боварии комил метавон гуфт, ки дар ин масъала маҳз Тоҷикистон ба ин меъёрҳо пойбанд ва вафодор мондааст. Ин аст, ки баръакси мавқеи Тоҷикистон, мавқеи кишварҳои дигаре, ки ғалабаи гурӯҳи террористиро эътироф карда, бо он шаклҳои гуногуни робитаю ҳамкориҳоро ба роҳ гузоштаанд, қобили нақди ҷиддии ҳуқуқӣ мебошад. Чунин кишварҳо дигар ҳатто ҳуқуқи маънавии сухан гуфтан дар бораи мубориза бо терроризмро надоранд. Дар арзёбии ҳуқуқӣ, аз назари ҳуқуқи байналмилалӣ, чунин кишварҳоро ҳамчун кишварҳои ҳамкор бо терроризми байналхалқӣ ҳатто ба додгоҳ кашидан ё мавриди таҳримҳои байналмилалӣ қарор додан мумкин аст.

Аммо ҳақиқати талху исботёфта ин аст, ки сиёсати имрӯзи ҷаҳонӣ на бар пояи риояти ҳатмии ҳуқуқи байналмилалӣ ва ё эътирофи меъёрҳои пазируфтаи ахлоқию арзишӣ, балки маҳз бар асоси манфиатҳои давлатҳои бонуфӯз шакл мегирад. Муносибати аксари кишвраҳои минтақа ва ҷаҳон ба ҳукуматёбии гурӯҳи террористии толибон дар Афғонистон ин воқеиятро бори дигар нишон дод.

Албатта ҳатто ин воқеияти талхи муносибатҳои байналмилалӣ низ аҳаммияти мутобиқати мавқеи Тоҷикистон бо меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқиро коҳиш намедиҳад.

3.МОҲИЯТ ВА АҲАММИЯТИ ТАМАДДУНИИ ВОКУНИШ ВА МАВҚЕИ РОҲБАРИЯТИ ТОҶИКИСТОН

Мавқеъгирии роҳбарияти Тоҷикистон ва хоса мавқеи Пешвои миллати мо дар мавриди буҳрони ахири Афғонистонро метавон аз диди арзишӣ ва тамаддунӣ низ арзёбӣ намуд. Зеро дар пайи ба ҳукумат расидани толибон дар Афғонистон тамоми маҷмуаи арзишҳои фарҳангиву тамаддунии башарӣ дар ин кишвар ва минтақа бо хатари ҷиддӣ рӯбарӯ шуд. Ин гурӯҳ ҳам ба арзишҳои моддӣ ва ҳам ба арзишҳои маънавии тамаддуни башарӣ таҳдид офарида, дар муқобили илму дониш, таҳсилу маориф, санъату ҳунар, ҷаҳонбинии илмӣ ва дунявӣ, озодию ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи занон, озодии сухан, андеша ва виҷдон қарор гирифтааст. Аз ин рӯ, эътирофи толибон ба маънои ба пойи онҳо рехтани тамоми ин арзишу дастовардҳои башарӣ буда, таслим шудан дар баробари ҷаҳолату торикӣ мебошад.

Бинобар ин, истодагии роҳбарияти Тоҷикистон дар муқобили ин раванд ба рамзӣ истодагӣ дар ҳимояти тамоми арзишҳои фарҳангию тамаддунӣ ва ҳуқуқу озодиҳои башарӣ дар ин кишвар ва ин минтақа табдил шуд. Таслим нашудани Тоҷикистон дар баробари суқути арзишу ҳуқуқу дастовардҳои тамаддунии башарӣ нишон дод, ки ҳама чиз бо сиёсату манфиат андозагирӣ намешавад ва арзишу тамаддунҳои башарӣ низ ҳануз ҷонибдорони худро доранд. Маҳз ҳамин ҷанбаи мавқеи роҳбарияти Тоҷикистон аз тарафи баъзе доираҳои байналмилалӣ ва кишварҳои бештар арзишмеҳвару тамаддунпарвари ғарбӣ мисли Франсия, Канада, Белгия ва ғайра ҳамовозӣ пайдо кард.

Бо ин мавқеи қатъии худ дар баробари ҷаҳолату торикӣ, Тоҷикистон садои рӯшани ҷонибдорони арзишҳо ва тамаддунро дар тамоми ҷаҳон сар дод. Дар ин баҳс аслан муҳим нест, ки Тоҷикистон кишвари хурд ё калон ва ё заиф ё қавӣ бошад, балки муҳим аст, ки он дар ҷабҳаи рӯшанӣ, дар ҷабҳаи арзишҳои пешқадами инсонӣ ва тамаддунӣ қарор гирифт. Тоҷикистон ба арзишҳои башарӣ ва тамаддунӣ хиёнат накард ва дар баробари ин таҳдид истод. Ин ҳолат низ як ҷанбаи ифтихорбарангези мавқеи Роҳбарияти Тоҷикистон дар ин масъала мебошад, ки боварӣ дорам дар оянда арзёбии сазовори худро пайдо мекунад.

4.МОҲИЯТ ВА АҲАММИЯТИ ИНСОНӢ ВА БАШАРДӮСТОНАИ ВОКУНИШИ ТОҶИКИСТОН

Мавқеи ахири Пешвои миллати мо дар мавриди таҳаввулоти Афғонистони ҳамсоя аз назари инсонӣ ва инсондӯстӣ низ аҳаммияти вижа дорад. Зеро ҳамагон шоҳид буданд, ки ҳукуматёбии гурӯҳи ифротии «Толибон» дар Афғонистон боиси фоҷеаи бузурги инсоние гашт, ки ҳаёти миллионҳо нафарро бо хатар рӯбарӯ сохт. Беҷошавии миллионҳо нафар дар дохили кишвар, фирори садҳо ҳазор нафар ба хориҷа, кушторҳои ҷамъию гӯрҳои дастаҷамъӣ, ҳамлаи хунин ба Панҷшер, бо баҳонаҳои қавмию мазҳабию сиёсӣ кушта ё таҳдид шудани ҳазорон нафар, фарорасии фақру гуруснагии ом ва амалан ба зиндони бузурги аҳолӣ табдил шудани Афғонистон худ бузургтарин фоҷеаи инсонӣ буд. Танҳо фарёду фоҷеаҳои инсонии фурӯдгоҳи Кобул кофӣ буд, ки ҷаҳон ба ларза ояд ва ба зидди ин вазъият садо баланд кунад.

Аммо дар чунин ҳолат танҳо Роҳбарияти Тоҷикистон мавқеъгирии қатъӣ карда, ҷаҳонро ба радди ин фоҷеа ва маҳкумсозии омилони он даъват намуд. Бо ин амал, Тоҷикистон кореро анҷом дод, ки бояд тамоми созмонҳои байналмилалии даъвогари ҳуқуқи башар қотеона ва бо як овоз анҷом медоданд.

Ин аст, ки мавқеъгирии Тоҷикистон нисбат ба ин таҳавулот ва ин фоҷеа аҳаммияти махсуси башардӯстона дошт.

5.МОҲИЯТ ВА АҲАММИЯТИ МИЛЛИВУ АРЗИШИИ ВОКУНИШИ ТОҶИКИСТОН

Чунин мавқеъгирии Роҳбарияти Тоҷикистон нисбати ҳодисаҳои зикршудаи Афғонистон моҳият ва аҳаммияти хоссаи миллӣ ва арзишӣ низ дорад. Зеро низои Афғонистон дар баробари ҷанбаҳои дигараш дар батни худ ҷанбаи қавмӣ низ дошта, таҳаввулоти ахир моҳияти қавмии онро боз ҳам бештар сохт. Дар ин таҳаввулот на танҳо ҷойгоҳи сиёсию ҷамъиятӣ, балки сарнавишти таърихии тоҷикони Афғонистон низ бо таҳдид рӯбарӯ шуд. Илова бар ин, бо пирӯзии як гурӯҳи маҳдудандеши қавмӣ дурнамои ҳифз ва рушди забону фарҳанги тоҷикӣ ва ҳавзаи бузурги таърихию тамаддунии мо низ зери саволи ҷиддӣ рафт. Ин пешомади фоҷеавӣ барои ҳамтаборон ва фарҳангу арзишҳои муштараки мо дар минтақа яке аз заминаҳои дигари шаклгирии вокуниши зикршудаи Тоҷикистон ба ин вазъият аст.

Зеро Тоҷикистон ҳамчун давлати миллӣ ва тоҷикон ҳамчун миллат наметавонистанд дар нисбати ин фоҷеаи ошкоро нисбати ҳамтаборон бетафовут бошанд.

Илова бар ин, омадани фоҷеаи қавмӣ болои тоҷикони Афғонистон ва арзишҳои миллию таърихию фарҳангии онҳо тақозо мекард, ки мақоми пурифтихори Пешвои тоҷикони ҷаҳон, ки Роҳбари давлати мо ба он эътироф шудааст, нисбат ба он вокуниши худро дошта бошад. Зеро ҳамагон ба таври табиӣ интизор доштанд, ки дар ин лаҳзаи фоҷеаи миллӣ болои тоҷикони Афғонистон Пешвои тоҷикони ҷаҳон чӣ вокунише хоҳад дошт? Мавқеи қатъию ҷасуронаи Эмомалӣ Раҳмон дар ин масъала ва танҳо нагузоштани ҳамтаборон дар ин фоҷеа бори дигар ба он мақоми ифтихорию эҳтиромӣ мазмуни рӯшани амалӣ бахшид.

Албатта, дар ин масъала тоҷикони Панҷшер, ки ба муқовимат бархостанд, тамоми тоҷикони Афғонистон набуда, ҳамагӣ ҳудудан 1% аз онҳоро ташкил мекунанд. Зеро ҳавзаҳои бисёр бузургтари сукунати тоҷикони Афғонистон Кобулу Балху Бадахшон ва Ҳироту Тахору Қундузу Парвон ва бахшҳои дигари Афғонистонанд, ки аз онҳо камтар ном мебарем. Аммо дар ин қазия Панҷшер ба рамзи мубориза ва муқовимат табдил шуда, ҳимоят аз он рамз ва маънои ҳимоят аз тамоми тоҷикони Афғонистонро гирифт.

Вале нуктаи муҳимтар ин буд, ки мавқеъгирии расмӣ, масъалагузорӣ ва истодагии қатъии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи ҳуқуқу ҷойгоҳи тоҷикон дар Афғонистон бори аввал ба ин масъала расмияти ҷиддӣ берунӣ дода, онро ба мавзӯи баҳсҳои калони байналмилалӣ табдил намуд. Мавқеи Пешвои миллати мо боис шуд, ки аз ҷумла омори шумораи тоҷикон мавзӯият ва эътирофи байналхалқӣ ёбад. Ин аст, ки Президенти Федератсияи Россия ахиран ба нақши тоҷикон дар равандҳои Афғонистон ишора намуда, ба таври ошкоро эълон кард, ки тоҷикон аз 40 то 47 дарсади аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд. Чунин гардиши дидгоҳҳо ва эътирофи воқеиятҳо дар сатҳи байналмилалӣ таърихи тоҷикони Афғонистон аҳаммитяи бисёр муҳим дорад.

(Аз сабабе, ки моҳият ва хусусиятҳои миллии вокуниши Тоҷикистон ба буҳрони ахири Афғонистон ахиран дар маводи ҷудогонаи муаллиф бо номи «Вокуниши миллӣ» ба таври муфассал шарҳ ёфта буд, ин ҷо аз баррасии такрории он худдорӣ мешавад.)

6.МОҲИЯТИ ҶАСУРОНАИ СИЁСӢ ВА ШАХСИИ МАВҚЕИ РОҲБАРИЯТИ ТОҶИКИСТОН

Аз назари моҳияти тавозунҳои сиёсӣ ва равандҳои минтақавию байналмилалӣ низ мавқеъгирии ахири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр ҷасурона ва масъулона буд. Зеро аз диди таҳлили сиёсӣ чунин мавзеъгирӣ дар баробари як мавҷи бисёр муқтадири геополитикӣ дар канори моҳияти одилонаву пурифтихораш метавонист риску пайомадҳои ҷиддии сиёсӣ ва амниятӣ низ дошта бошад. Ҳатто бисёре аз коршиносон бовар надоштанд ва бовар накарданд, ки Тоҷикистон бо ин зарфияту мавқеияти худ маҳз чунин мавқеъгирӣ намояд. Аз ин рӯ, гирифтани чунин мавқеъ эътимоди ҷиддӣ ва ҷасорати махсуси лидери пуртаҷрибаи сиёсиро тақозо дошт, ки пас аз тааммулу андешаву баррасиҳои тӯлонӣ дар ин шакл эълон гардад.

Албатта, баҳсу шарҳи оммавии баъзе пайомадҳои эҳтимолии чунин мавқеъгирӣ барои Тоҷикистон дар шароит ва фазои феълии шаклгирифта дур аз манфиати сиёсӣ ва маслиҳати миллӣ мебуд. Аммо ба таври мухтасар метавон гуфт, ки пушти он таҳаввулоте, ки ахиран дар Афғонистон рух дод, бе ҳеҷ шубҳа, доираҳои қавитарини амниятию истихборотӣ, қудратҳои бузурги сиёсию низомӣ, манфиатҳои азими геополитикӣ, ҳадафҳои бузурги идеологӣ ва зарфиятҳои бисёр бузурги молиявию иқтисодӣ истода буданд ва ҳастанд. Он дар асл гардиши куллии сиёсию амниятию идеологию иқтисодӣ дар минтақа ва фаротар аз он буд, ки тасаввур мешуд касе дар баробараш ҷуръати мухолифат нахоҳад кард. Танҳо худи риску эҳтимол осеб дидани муносибатҳо бо қудратҳои минтақавӣ ва шарикони ситатегӣ кофӣ буд, ки давлатҳои осебпазир аз тарс дар муқобили ин ҷараён мавқеъ нагиранд. Бо вуҷуди ин, роҳбарияти Тоҷикистон дар баробари чунин қимори ноодилона ва бераҳмонаи минтақавӣ огоҳона истод ва садои эътирози худро ба таври қатъӣ баён кард.

Аз ин рӯ, чунин мавқеъ дар чунин буҳрони бузурги минтақавӣ бешубҳа бисёр ҷасурона буда, он танҳо дар заминаи ба ҳам омадани сифатҳои шахсию номусӣ, эътимод ба худ ва таҷрибаи амалии сиёсии як пешвои миллӣ ва шахсияти сиёсӣ шакл гирифта метавонад. Шарҳу арзёбии бештари онро таърих хоҳад гуфт.

ХУЛОСА Ё ОЗМУНЕ БАРОИ ИСТИҚЛОЛ

Бо баррасии умумии сиёсат ва мавқеъгирии давлати Тоҷикистон ва хусусан, арзёбии мавқеи устувори Пешвои миллати мо нисбат ба таҳаввулоти ахири Афғонистон метавон гуфт, ки ин буҳрон барои Тоҷикистон ба озмун ё имтиҳони ҷиддии истиқлоли давлатӣ ва худсолории сиёсӣ табдил шуд.

Ин буҳрон бори дигар дар баробари давлати мо чунин саволҳои усулиро пеш гузошт, ки оё Тоҷикистон сиёсат ва мавқеи дар ҳақиқат мустақили минтақавӣ ва байналхалқӣ дорад? Ин буҳрон аз мо пурсид, ки оё давлати мо дар ҳақиқат ба сиёсати хориҷии мустақил расидааст? Ин буҳрон, ки хоса ба рӯзҳои ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии мо рост омада буд, тамоми ин 30 соли истиқлолиятро ба чолиш кашид, ки оё мо дар соати зарурӣ ҳамчун давлат қудрати вокуниши мустақилона дорем?

Аз ин рӯ, эълони чунин мавқеи худсолоронаи давлатию сиёсӣ ва пайгирии пайгиронаи он дар сатҳи олию миқёси байналхалқӣ бори дигар Тоҷикистонро ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва дорои сиёсати хориҷӣ ва мавқеи байналмилалии мустақил муаррифӣ намуд. Моҳҳои охир ироаи ҷасурона ва ҳимояи қотеонаи ин мавқеи мустақили Тоҷикистон аз тарафи худи Пешвои миллат дар мулоқотҳои дуҷониба ва нишастҳои байналмилалӣ, аз ҷумла нишасти сарони СҲШ ва СПАД дар Душанбе, нишасти солонаи Маҷмаи умумии СММ ва дар мулоқотҳо бо роҳбарони кишварҳо ва созмонҳои Аврупоӣ симои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дорои мавқеи мушаххасу мустақил дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ муаррифӣ намуд.

Ин ҳолат нишон дод, ки Тоҷикистон на танҳо манфиат ва мавқеи худро дорад, балки маҳорату ҷасорати ҳимояти ин мавқеъ ва нақши амалии худро дар низоми сиёсию амниятии минтақа низ соҳиб аст. Дар ин раванд шахсияти Пешвои миллат низ бори дигар ҳамчун сиёсатмадори соҳибмавқеъ ва лидери сиёсии эътирофшудаи сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ намоён гардид.

Дар айни замон, ин мавқеъгирӣ ва пайгирии устувори он аз тарафи роҳбарияти кишвар тамоми он гумонҳои таблиғотиро, ки гӯё дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон «ҳар чӣ фалону фалон шарикҳои стратегӣ гӯянд, ҳамон мешавад», фурӯ резонд. Он нишон дод, ки вақте сухан аз манфиатҳои усулии миллӣ ва ҳимояи арзишҳои ҳаётии миллат меравад, Роҳбарияти Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муҳтарами миллат ҳатто бо пазируфтани мушкилоту пайомадҳо маҳз бар пояи манфитаҳои миллию давлатӣ амал хоҳад кард. Ин ҳолат як имтиҳони муҳимми Истиқлоли миллию давлатӣ ва яке аз муҳимтарин паёмҳои таҳавулоти ахири минтақавӣ барои ҷомеаи дохилӣ ва хориҷӣ буд. Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки дар ин буҳрони печида Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол бори дигар аз озмуни душвори худмеҳварию истиқлолият гузашт.

Дар қадамҳои баъдӣ муаррифию пайгирии хастагинопазир ва татбиқи амалгароёнаи ин мавқеи устувор барои давлату миллати мо аҳаммияти сарнавиштсоз хоҳад дошт.

Total Views: 232 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.