ҒАЗАЛИ ИМШАБ, 03.00

Ҳама андешаву ангезаву ишқу ҳавасам,

Фақат афсус, ки дар панҷаи диқи нафасам.

Ва чунон дар дами тангии нафас мепечам,

Ки гумон мекунам имрӯз ба фардо нарасам.

Мард ҳарчанд тавонманд бувад, мискин аст,

Гоҳ муҳтоҷ ба як сояи боли магасам.

Орзуҳои наҷибам чу хазон мерезад,

Бизан он хирмани оташ, ки ҳама хору хасам.

Чи гарон меравад ин қофилаи навмедӣ,

Худам аз пешу ҳадафҳои бузургам зи пасам.

Ҳамагонӣ нашуд андешаи давлатмеҳвар,

Гоҳ хун мехӯрам аз саъю талоши абасам.

Чашмҳоро бикушоед, ки нури саҳарам,

Гӯшҳоро бикушоед, ки бонги ҷарасам.

Магарам дӯст биёмурзадам имрӯз, ки ман,

Ба тариқат ҳама поку ба шариат наҷасам.

Ба бузургии ғами халқи бузургам савганд,

Ки ба мизони бузургии шумо ҳеҷ касам…

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.