ТӮФОНИ ВАҲДАТ:Ё саҳнае, ки ба тасвир наоварданаш гуноҳ буд…

 

Ин ёддошти манзум тасвирест аз манзараи ваҳдати тӯфониву беназири миллӣ дар ин рӯзҳои номусу ватандорӣ дар атрофи буҳрони марзӣ.

Саҳанае, ки мардуми сарбаланди кишвар ба ҳеҷ тафриқа тан надоду аз ҳар хонаву ҳар гўша бархосту чун миллати воҳид дар атрофи марзу Ватану давлату ормонҳои миллӣ якпорча шуд. Ва бори дигар бедориву шукӯҳу шаҳомати азалии миллатро ба номоиш гузошт.

Саҳнае, ки ба тасвир наовардани он гуноҳ буд…

***

Не ҳизби «бистучор»-аму не ҳизби «наҳзат»-ам,

Не «ҷониби мухолиф»-у узви «ҳукумат»-ам,

Болотар аз ҷиноҳу гурӯҳу сиёсатам,

Як давлату як анҷуману як ҳақиқатам!

Ман миллати ягонаи номусу ваҳдатам!

 

Даври гурӯҳбандиву хории ман гузашт,

Вақти гурезагиву фирории ман гузашт,

Бо ихтилоф номбарории ман гузашт,

Як байт, як таронаи сабзи муҳаббатам,

Ман миллати ягонаи номусу ваҳдатам!

 

Аз Ванҷу Панҷу Рашту Зарафшон Ватан шудам,

Аз даҳрию «маҷус»-у мусулмон Ватан шудам,

Аз ҳизбу кизбҳои парешон Ватан шудам,

Қавму қабила нестам, имрӯз миллатам!

Ман миллати ягонаи номусу ваҳдатам!

 

Гаҳ нармтар зи хокаму гаҳ сахттар зи санг,

Дар рўзи нанг нангаму дар рўзи ҷанг ҷанг,

Рўзи набарди Воруху буҳрони Исфаранг,

Дидӣ шукўҳи ғайрату кўҳи шаҳоматам?!

Ман миллати ягонаи номусу ваҳдатам!

 

Сели наҳангу баҳри хурӯшон ҳамин манам,

Шери Худову Рустами Дастон ҳамин манам,

Эй дев ҳӯш дор, Сулаймон ҳамин манам!

Дар ваҳдат аст рози бузургиву қудратам,

Ман миллати ягонаи номусу ваҳдатам!

 

Ман кимиёи васл шуданро шинохтам,

Бозии ин ҷаҳони куҳанро шинохтам,

Мафҳуми давлатии Ватанро шинохтам,

Рўҳи Ватан нишаста ба хуну табиатам,

Ман миллати ягонаи номусу ваҳдатам!

 

Ман тоҷики ягонаи номусу ваҳдатам!

 209 – Мақоларо хонданд,  1 – Имрӯз хонданд

Total Views: 193 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.