РӮЗНОМАИ МИЛЛАТ

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот аст ва расонаҳову аҳли расонаҳо унвону ҷоизаҳои сазовори худро дарёфт мекунанд. Барои ҳамагон табрик бод, ки шоистаи ону беҳтар аз онанд.

Дар ин рӯҳия мехостам эҳтироми таъкидии худро ба яке аз нашрияҳои озодаву зеҳнгарои кишвар — рӯзномаи «Миллат» изҳор намоям. Ҳафтаворе, ки тӯли солҳо ҳамчун минбари нашру ташаккули андешаи миллӣ барои ҳамагонӣ шудани рӯҳия ва арзишҳои фикрии миллат нақши хосаи худро дошт. Бо нигоҳе фарогуруҳӣ ва фаромарзӣ.

Расонае, ки як марҳилаи муҳимми растохези фикрии миллиро барои ҳамеша сабт намуд ва ояндагон аз шумораҳои он равандҳои фикрии замони моро хоҳанд шинохт. Рисолати азиме, ки иҷро шуд.

Паёму ҷоизае самимӣ аз номи хонандагон.

***

Тарҳи ноби миллӣ буд рӯзномаи «Миллат»,

Як расонаи миллӣ, як чакомаи миллат.

Ҳар набиштаи сабзаш як паёми рӯшан дошт,

Аз гузаштаи миллат, аз идомаи миллат.

Ҷабҳаи азиме буд дар набарди андеша,

Сафҳа сафҳаи миллӣ, хома хомаи миллат.

Гар ҳанӯз мелангӣ дар тафаккури миллӣ,

Як саҳифа «Миллат» хон, эй дубомаи миллат!

Ҳар сутуну сатраш буд минбари худогоҳӣ,

Баҳри хосаи миллат, баҳри омаи миллат.

Муҳру бойгонӣ кун ҳар шумораи онро,

Аз барои фардоҳо ҳамчу номаи миллат!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.