ИНТИХОБИ МАН ИН АСТ…

Медурахшам аз ваҳдат, офтоби ман ин аст,

Мешукуфам аз имон, инқилоби ман ин аст.

Дар муҳити бесомон, дар қаламрави тӯфон,

Меҳвари суботам ман, тарҳи ноби ман ин аст.

Рӯшаниву гармиро ҷавҳари сухан кардам,

Офтоб мехонам, шаҳкитоби ман ин аст.

Эй нигини зебойӣ, кишвари аҳуройӣ,

Як кафи пур аз хокат, интихоби ман ин аст!

Ҳикмату ману фарҳанг сахт решапайвандем,

Рўзи маҳшари таърих сарҳисоби ман ин аст.

Ринду ошиқу сода, сарбаланду озода,

Ҳам гуноҳи ман ин аст, ҳам савоби ман ин аст.

Баъди марги ҷисмонӣ, аз сарои зулмонӣ,

Нахли маърифат рӯям, бозтоби ман ин аст.

 236 – Мақоларо хонданд,  1 – Имрӯз хонданд

Total Views: 223 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.