МАҚОМИ ВАХЁ

Бо салому сипос аз бародари хушовоз Хуршеди Хоҷааҳмад, ки шеъри банда “Мақоми Вахё”-ро бо оҳанге маҳин сурудааст ва бо қадрдонӣ аз сомонаи фарҳангии “Рӯзгор”, ки ин эҷодро дастрасӣ дӯстон намудааст.
Матни комили шеър, ки соли 2018 зимни як сафар ба ин гӯшаи афсонавии кишвар ба поси бузургии мақоми ин диёр ва муҳаббати ин мардум эҷод шуда буд, чунин аст:
*****

 

Дубора аз алиф оғоз кардам ман Алифборо,

Варақгардон намудам шонздаҳ ҷилди Авасторо,

Пайи таъбир кардам вирд оёти муҷаллоро,

Ривоятҳои Мусорову таърихи Масеҳоро,

Ки дарёбам ва бинвисам мақоми мулки Вахёро.

 

Гаҳе ҷустам зи махзанҳои дерини Хуросонаш,

Гаҳе аз вожаномакҳои Суғду аҳди Сосонаш,

Гаҳе аз лобалои дафтари ховаршиносонаш,

Гаҳе зону задам дар маҳзари пирону хосонаш,

Ки шояд дар кушояд мушкили маънии осонаш.

 

Шукуфтам бо баҳори атргардони гули хораш,

Фишурдам аз муҳаббат панҷаи сабзи сафедораш,

Гиёҳи маърифат мехўрд нахчири фидокораш…

Сухан меларзад аз ҳайбат, ки то бошад сазовораш,

Ки гӯям достони Сангвору рӯҳи бедораш.

 

Дар он ҷо, рӯи айвони баланди гунбади гардун,

Фарози саргаҳи Хингобу лозури зумуррадгун,

Нишеман карда марде аз ҳаёҳуи хирад берун,

Ки рўҳаш обро бо рўшноӣ мекунад афсун,

Ва рўҳаш мешавад Норак, ва рўҳаш мешавад Роғун.

 

Бале, Вахё чунин як интихоби хосси Яздон аст,

Бале, Вахё чунин як сарзамини родмардон аст,

Ки ҳар бурҷи баландаш меҳвари гардуни гардон аст,

Агар маъвои Одам нест, пас маъвои Инсон аст,

Ки Вахё модари Вахшуру моми Тоҷикистон аст!

 226 – Мақоларо хонданд,  1 – Имрӯз хонданд

Total Views: 211 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.