ИМРЎЗИ МУСАЛМОНОН

Ӯ «Бихон!» гуфту мо намехонем,

З-ин сабаб тӯдаҳои нодонем.

Ӯ «Бубин!» гуфту мо намебинем,

Ва ба ҷаҳли амиииқ мемонем.

Ӯ ба Ҳарфу Қалам қасам гӯяд,

Мо зи дарсу қалам гурезонем.

Ӯ ба Вақту Замон хӯрад савганд,

Мо куҷо қадри вақт медонем?

Ӯ дусад бор «Илм» фармояд,

Мо хурофот пеш меронем.

Ӯ дусад бор «Фикр» мегӯяд,

Мо ба эҳсоси худ хурӯшонем.

Ҳукми ӯ ваҳдату ухувват буд,

Лек мо пораву парешонем.

Ҳукми ӯ поси аҳду паймон буд,

Лек мо сахт сустпаймонем.

Ӯ «Бихезед!» гуфту дар хобем,

Ӯ «Бисозед!» гуфту вайронем,

Кай амал кардаем бар ҳукмаш?

Ки кунун аз амал пушаймонем?…

Ӯ бифармуд покии виҷдон,

Мо магар қавми поквиҷдонем?

Ӯ бифармуд гавҳари имон,

Мо чӣ миқдор банди имонем?…

Дини мо мазҳари тараҳҳум буд,

Мо чаро гурги тездандонем?

Дини мо нуру рӯшноӣ буд,

Мо чаро тираву гаронҷонем?

Бо ду дасти тиҳӣ ҳамефахрем,

Ки ба миқдор мо фаровонем!

Бо чунин шеваи мусалмонӣ,

Обрўи башар бирезонем.

Ӯ «Бубин!» гуфту мо намебинем,

Ӯ «Бихон!» гуфту мо намехонем…

Ва муаммои асри мо ин аст,

Ки мусалмону номусалмонем…

 103 – Мақоларо хонданд,  1 – Имрӯз хонданд

Total Views: 97 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.