САБАҚИ УКРАИНА

Рӯйдодҳои имрӯзи Белорусро дида, бисёр нигаронам, ки дар кашокаши дохиливу хориҷӣ ин мулки нозанинро ҳам Украина накунанд. Яъне бо кумаки ду қутби бузург, нимеш “демократӣ”-ю ними дигараш “ҷудоиталаб” нашавад.
Соли 2014 дар авҷи бӯҳрону тақсими Украин ин шеърро навишта будам, ки гарчӣ дар боби Украин аст, аммо имрӯз низ манзара ҳамин аст.

***

Борони ашк бошад борони Украина,

Буҳрони аср бошад, буҳрони Украина.

Назми нави ҷаҳонӣ, ҷанги нави равонӣ,

Таърихро рақам зад тӯфони Украина.

Мулке, ки аз табассум гул мефурӯхт мардум,

Виҷдони Шуравӣ буд виҷдони Украина.

Ҳар фард пос дорад шири сафеди меҳраш,

Ҳар мард ёд дорад хубони Украина.

Як халқ ҳамдигарро инак асир гирад,

Пур шуд аз украинӣ зиндони Украина.

Мазлуму хор давлат, як мулку чор давлат,

Ҳар ҳизбу ҳар қумандон султони Украина.

Дар маҳшари сиёсат, дар каш-каши раёсат,

Бишкаст ҳамчу давлат аркони Украина.

Ку шаҳди инқилобаш, ку орзуи нобаш?

Шуд пора-пора-пора армони Украина.

Ку қудрати атомӣ, ку он диёри номӣ?

Акнун ба дасти ғайр аст фармони Украина.

Дигар аз ӯ напурсанд тақдири сулҳу ҷангаш,

Русу Фаранг бандад паймони Украина.

Гум гашт қутбу мизон дар ҳою ҳӯи Майдон,

Майдони қутбҳо шуд «Майдон»-и Украина.

Эй ҳайфи ҳамтаборӣ, эй ҳайфи ҳамҷаворӣ,

Бо танк шуд таҷовуз кардони* Украина.

Эй тоҷики ватандор, бикшой чашми бедор,

Дарсе азим дорад бурҳони Украина.

Ваҳдат шуд интихобам дар фасли интихобот,

То мулки мо нагардад ҳамсони Украина.

*Кардон – сарҳад (ба забони украинӣ)

 115 – Мақоларо хонданд,  1 – Имрӯз хонданд

Total Views: 109 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.