Литсейи Раҳнамо

Муассисаи хусусии таълимии «Литсейи Раҳнамо» бо мақсади пешниҳоди маълумоти миёнаи умумӣ дар сатҳи ҳозиразамон таъсис шуда, аз соли 2010 ба фаъолият оғоз намудааст. Раванди таълим дар литсей дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Литсей зери назорати доимии мақомоти соҳаи маориф ва дар ҳамкории наздик бо бахшҳои дахлдори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Идеяи асосии таъсисии «Литсейи Раҳнамо» дастгирии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳмгузорӣ дар ташаккули мактаби миёнаи тоҷикӣ дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Мақсади фаъолияти ин мактаб фароҳам овардани шароити сазовор барои кори муаллимон, таъмини дониши хуб барои ҳамаи хонандагон, роҳ надодан ба ҳеҷ гуна гароишҳои сиёсию идеологӣ дар муҳити таълимӣ, ба вуҷуд овардани тафаккури созанда дар хонандагон ва ғайра мебошад.

Дар солҳои охир дохилшавии хатмкунандагони литсей ба мактабҳои олӣ 100%-ро ташкил намудааст, яъне ҳамаи хатмкунандагони литсей бо муваффақият ба ихтисосҳои беҳтарини мактабҳои олӣ дохил шудаанд, ки ин яке аз нишондиҳандаҳои баландтарин дар ҷумҳурӣ мебошад. «Литсейи Раҳнамо»  ҳамчун яке аз беҳтарин муассисаҳои типи нави ҷумҳурӣ бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гаштааст.

«Литсейи Раҳнамо» 22 афзалияти ба худ хосро доро мебошад:

  1. Таҳсил аз рӯи низоми байналхалқии садхола ба роҳ монда шудааст, ки имконияти таҳсил дар хориҷаро бештар месозад;
  2. Санҷишҳо бо усули тестӣ доир мешаванд, ки хонандагон барои дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ пурра омода мегарданд;
  3. Забонҳои русӣ ва англисӣ аз синфи 1-ум то 11-ум васеъ омӯзонида мешавад ва хамткунандагон бояд ду забонро озодона донанд;
  4. Кор бо компютер, технологияи информатсионӣ ва интернет аз синфи 5-ум то синфи 11-ум таълим дода мешавад;
  5. Аз синфи 7-ум таълим аз рӯи гароиши фанҳои дақиқ (математика, физика, химия, биология, информатика, география) сурат мегирад;
  6. Дар синфҳо 20-22 талаба мехонанд, ки ин гарави сифати таълим аст.
  7. Муаллимон фақат бо маълумоти олӣ ва аз рӯи ихтисос, дар асоси озмуни шаффоф ба кор қабул карда шудаанд.
  8. Нархи таҳсил дар муқоиса бо литсейҳои ҳамин сатҳ хеле арзон мебошад.
  9. Нақлиёти литсей ба хонандагон аз рӯи хатти «аз хона то литсей – аз литсей то хона» хизмат мерасонад.
  10. Литсей дар маркази шаҳри Душанбе ҷойгир буда, хатсайрҳои №2,4,8,13,16,18,25,44,37,67 ва ғайра аз канори он мегузаранд.
  11. Хонандагон тамоми сол бо хӯроки гарми дастрас таъмин мешаванд.
  12. Ба хонандагони синфҳои якум, илова ба хӯроки нисфирӯзӣ, ба таври ройгон субҳонаи гарм дода мешавад.
  13. Синфхонаҳо бо камераҳои назорати ҷиҳозонида шуда, волидайн имкон доранд, ки раванди дарсҳоро аз утоқи назоратӣ мушоҳида намоянд.
  14. Таҳсил ба реҷаи бардавом, аз соати 08:00 то 15:00 бо дарсҳои иловагӣ, бозиҳои фикрӣ, маҳфилҳо сурат мегирад.
  15. Фазои солими ахлоқӣ бо кӯмаки мураббиёни касбӣ, мушовир-равоншинос, волидайн ва кор бо ҳар як хонанда таъмин мешавад.
  16. Бо назорати доимии духтури литсей, тарбияи фарҳанги ҳаёти солим ва таъмини муҳити санитарию гигиенӣ ба роҳ монда шуда, ёрии аввалияи тиббӣ ройгон аст.
  17. Ҳар хонанда имкон дорад, ки ҷевонҳои шахсӣ барои нигоҳдории лавозимоти шахсии худ истифода кунад.
  18. Китобҳои дарсӣ аз тарафи худи литсей ройгон таъмин мешавад.
  19. Бачаҳои болаёқат бо стипендия таъмин мегарданд.
  20. Хатмкунандагони литсей ҳама ба мактабҳои олӣ дохил мешаванд.
  21. Тамоми дарсҳои иловагӣ ройгон мебошад.
  22. Бинои литсей ба шабакаи гармидиҳии умумишаҳрӣ пайваст мебошад.

 250 – Мақоларо хонданд,  1 – Имрӯз хонданд

Total Views: 228 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.