ДУ ШЕЪРИ КӮТОҲ БАРОИ РӮЗИ ЯКШАНБЕ

1.ҲАДАФ

Паём дардро бузург мекунад,

Ва дард мардро бузург мекунад.

Раҳо шав аз набардҳои беҳадаф,

Ҳадаф набардро бузург мекунад.

Умеду эътимодро бузург дор,

Умед фардро бузург мекунад.

Чу зарра сӯи офтоб роҳ гир,

Ки ишқ гардро бузург мекунад.

Бинозам аз бузургии раҳи вафо,

Ки раҳнавардро бузург мекунад…

2.АГАР ИМОН МЕБУД…

Агар имон мебуд,

Зиндагӣ соддаву осон мебуд,

Чеҳраи халқ дурахшон мебуд,

Суфраи халқ пур аз нон мебуд,

Ин замин равзаи ризвон мебуд,

Агар имон мебуд.

Дастҳо мавҷи тараҳҳум мебуд,

Чашмҳо ғарқи табассум мебуд,

Кинаву бухлу ҳасад гум мебуд,

Ростӣ пешаи мардум мебуд,

Хок ҳам тахти Сулаймон мебуд,

Агар имон мебуд…

 256 – Мақоларо хонданд,  1 – Имрӯз хонданд

Total Views: 244 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.