ТАРОНАИ БОД


Дирӯз миёни дафтаре қадим аксе аз ҷавонии худро пайдо кардам. Ҳудуди 22 солагӣ. Чӣ пуршӯр, чӣ пурифтихор, чӣ мушкил ва чӣ зуд гузашт ҷавонии мо…

Он аксро бо шеъре аз ҳамон дафтари донишҷӯӣ мегузорам. Шеъре бо эҳсосоти ҳамон рӯзҳо. Шеъре, ки соли 1992 устод Бозор Собир бо сарсухане ноб дар “Адабиёт ва санъат” ба чоп дода буданд ва он солҳо зиёд хонда мешуд…


ТАРОНАИ БОД

Ман аз барои хеш навиштам таронае,

Сар то ба пой замзамаи ишқи поки туст.

Шояд хаёли хеш фиристӣ ба кӯи ман

Ёд оварӣ, ки ошиқи поке ҳалоки туст.

Эй рух намо, ки чашм шавам, чашм, чашм, чашм.

Эй лаб кушо, ки гӯш шавам, гӯш, гӯш, гӯш.

Сад доду сад дареғ, ки ёдам намекунӣ,

Ман ҳӯш, ҳӯш, ҳӯшу ту пӯшидаву хамӯш.

Ман пой, пой, пояму сўи ту меравам,

Гум карда роҳ дар шаби мўят чу марди кур.

Ман бол, бол, боламу сўи ту мепарам,

Ту абрпораиву шавӣ дур, дур, дур.

Баъд аз ту дар сукути валангорҳои ман,

Ку дидае, ки ҳасрати мурдан намекунад?

Дар ман тамоми бодияҳо хушк мешавад,

Бар ман тамоми халқи Худо гиря мекунад.

Ман шеър, шеър, шеъраму такрор мешавам,

Такрори номи поки ту худ шеъри бебаҳост.

Ман шеъраму зи шеър нафас мекашам, нафас,

Шеъри сафеди номи ту ҳам боду ҳам ҳавост.

Ман аз барои хеш навиштам таронае,

Сар то ба по тараннуми номи накўи туст.

Хонам ба гўши боди сабо ин таронаам,

К-он ҳам ба ёди рўи ту сарсони кӯи туст.

Чун бишнавӣ зи боди сабо ин таронаам,

Аз дурдасти ишқ ба сўям кунӣ хурӯш…

Боз ову рух намо, ки шавам чашм, чашм, чашм,

Боз ову лаб кушо, ки шавам гӯш, гӯш, гӯш…

Total Views: 232 ,