ОН ТАРАФИ ЭҲТИЁҶ Ё НИМТАФСИРИ ДУ БАЙТИ МАШҲУРИ АЗ ДУ БУЗУРГВОР


Рӯзи гузашта яке аз устодони донишгоҳиям Ҷамолиддин Шарипов, ки се даҳсола пештар бароямон дарси мантиқ гуфта буданд, дар саҳифаи худ саволе гузоштанд, ки «шахси беэҳтиёҷ кист?» Саволе басе муҳим, ки боби муҳокимаро боз кард, ба исботи ин ҳикмат, ки бузург онест, ки саволҳои бузург гузорад ва дигаронро ба андеша водорад. Ба эҳтироми ин саволи пуразамат чун донишҷӯи он синфхонаи ҳикмат назари худро дар мавзӯи эҳтиёҷ ва тафовути асосии инсону яздон навиштам. Умедворам, ки дӯстон аз канори он осон нагузаранд, зеро мақсад табодули таҷриба ва такмилу огоҳии ҳамдигарист.


Суханро аз ин байти Мавлоно оғоз мекунем, ки фармуд:

Он чи шеронро кунад рӯбаҳмизоҷ,

Эҳтиёҷ аст, эҳтиёҷ аст, эҳтиёҷ.

Зиндагии ҳамагон гувоҳ аст, ки масъалаи эҳтиёҷ мушкилаи меҳварии инсон буда, дар тамоми тӯли ҳаёт ӯро машғули худ медорад. Аз эҳтиёҷи тифл ба пистон то эҳтиёҷи пир ба дандон ва аз эҳтиёҷи ошиқ ба маъшуқ то эҳтиёҷи гурусна бар нон. Дар умум, эҳтиёҷи инсон ба маънои тамоми маҷмӯаи ниёзмандиҳои ӯ, дар ду сатҳ матраҳ аст: эҳтиёҷи иҷтимоӣ ва эҳтиёҷи вуҷудӣ.

Зери мафҳуми умумишудаи “эҳтиёҷи иҷтимоӣ” маҷмӯаи ниёзҳои моддиву маънавии инсон барои дар сатҳи таъмини заруратҳои биологӣ ва таъмини вазъи шоистаи иҷтимоӣ пеш бурдани зиндагӣ дар назар аст. Таъмини ин эҳтиёҷ муҳимтарин мушкилаест, ки тамоми замону тавони инсон сарфи он мегардад, магар дар ҳолатҳои бисёр истисноӣ ва инсонҳои якдонаи вораста, ки ҳалли “эҳтиёҷи иҷтимоӣ” барои онон аз назари ҷойгоҳ масалаи аввал нест. Гарчи то инсон зинда аст, ҳаргиз аз он эҳтиёҷ ба таври мутлақ бениёз намешавад ва агар касе ба зиндагӣ чунин даъвои раҳоии мутлақ кард, ба ростӣ, ки рост нагуфтааст.

Эҳтиёҷи иҷтимоӣ дар матнҳои ҳикмат бо ибораҳои “нон”, “дунё”, “рӯзгор”, “рӯзӣ” ва ғайра низ ишорат шудааст. Мисли ҳикмати маъруфи “рӯзгор оинаро муҳтоҷи хокистар кунад” ё «ки одам аз биҳишт омад бурун, то нон шавад ҳосил». Аммо “нон” фақат як ишорати истилоҳӣ буда, «эҳтиёҷи иҷтимоӣ»-и инсон басе фаротар аз он аст ва маҷмуаи ҳуқуқу озодиҳо, таъмини эҳсосоти манфию мусбат, ҳисси лаззат, ҳирси қудрат, ҳисси ғурур, ҳирси шуҳрат ва ғайраро низ дар бар мегирад, ки инсон табиатан барои расидан ба онҳо дар талош аст.

Ва маҳз ҳамин зарурати таъмини эҳтиёҷоти моддию маънавист, ки инсонро дар ҳаракати мудом нигоҳ доштаву дар масири такомул гузоштааст ва низ боз ҳамин эҳтиёҷ аст, ки инсони зотан шариф ва ба таъбири Бедил “шамъи базми қудс”-ро гоҳо вобастаи инсони дигар ё пойбанди шароити хос мекунаду гоҳо муҳтоҷу гоҳо шарафи ӯро низ поймол медорад ва гоҳо ӯро маҷбур месозад, ки аз баҳри арзишҳои номусии худ низ гузарад. Ва дардо, ки талхтарин соат ва хортарин ҳолати зиндагии як инсон маҳз ҳамин аст. Яъне, пойбандӣ ба эҳтиёҷ ба ҳадде муассир аст, ки метавонад моҳият ва рисолати инсонии инсонро низ тағйир дода, ба таъбири болоии Мавлоно шерро дар ҷойгоҳи рӯбоҳ қарор диҳад. Ҳам аз рӯи хислат ва ҳам аз рӯи ҳолат. Ва ин ҳақиқат ҳамон қадаре, ки мазаммат шудааст, боз ҳамон қадар воқеият ёфтааст.

АММО воқеияти дигари табиати инсонӣ ин аст, ки агарчӣ барои пешбурди зиндагии шоистаи моддию маънавӣ ҳадди муайяни имконот кофист, аммо нафсу эҳсоси инсон талаботи бисёр бештар аз эҳтиёҷи воқеӣ пеш мегузорад ва маҳз ин ҳолат ҳирсу талоши афзударо ба вуҷуд меорад, ки модари ҳама мушкилоту ихтилофу тазодҳост. Ин мафҳум дар фарҳанги пешини мо гоҳо бо истилоҳҳои “нафс” ва “ҳавою ҳавас” мазаммат шудааст. Аммо барои ифодаи бекинояи он ин ҷо иборати “хостаҳои афзуда”-ро ба кор гирифтем, ки ба маънои иешгузории талаботи фаротар аз эҳтиёҷоти воқеии инсон барои зиндагии шоиста аст. Талаботе, ки бе баровардани он низ зиндагии моддию маънавии инсон халал намебинад. Дар муҳити ҳукмронии хостаҳои афзуда, гоҳо шикоятҳо, набардҳо, талошҳо ва мухолифату муборизаҳо низ на аз сари эҳтиёҷи воқеию ногузир, балки бештар дар заминаи ҳамин талаботи фаротар аз эҳтиёҷ пеш меоянд.

Дар асри ҳозир бошад, яке аз бераҳмтарин қонунмандиҳои бозор ин аст, ки барои фурӯши васеи мол ё хадамоти муайян ба таври сунъӣ «фарҳангсозӣ» мешавад ё ба иборати дигар, аз тариқи таблиғи зебову талқини ҳадфманди расонаиву маҷозӣ дар зеҳни инсонҳо хостаи афзуда ё ҳатто вобастагӣ ба молу хадамоти мушаххас шакл дода мешавад. То ҷое, ки инсони оддӣ дучори гумони қавии эҳтиёҷ ба он молу он хадамот гашта, тамоми замону тавони худро сарфи он ва дар асл, сарфи соҳибони он мекунад. Ҳоло метавон дид, ки аз муду намуди либос то бренди телефону нӯшобаҳо ва аз моделҳои рафтор то шеваҳои гуфтор бардагони ихтиёрии худро дорад, ки на дар пайи эҳтиёҷи ҳаётиву воқеӣ, балки дар натиҷаи таблиғот, қурбонии ҳамон “фарҳангсозӣ”-и тиҷорӣ шудаанд. Дар ҳоле, ки бе он масраф низ на эҳтиёҷи иҷтимоишон халал меёфту не каромати инсонишон.

Дар технологияи муосири сиёсӣ низ дар атрофи арзишҳои барои доираҳои муайян зарурӣ аз роҳи таблиғот ҳисси бовару эҳтиёҷ талқин карда мешавад, то тӯдаҳо бо гумони аҳаммияту тасаввури зарурати он ба суди муҳандисон ба ҳаракат дароянд. Чунин технология гоҳо истифодаи созанда ва гоҳо корбурди сӯзанда меёбад.

Агар ба масъалаи «эҳтиёҷи иҷтимоӣ» нигоҳи амиқтар андозем, мебинем, ки дар аксари ҳолатҳо мо ё ҷабрдидаи хостаҳои афзудаи худ ва ё қурбонии талаботи фароэҳтиёҷии дигарон ҳастем. Гоҳо хонаҳои бисёр бузурги мо таҷассуми бехонагии ҳазорони дигар ва зиндагию тафреҳҳои гарони мо ҳосили маҳрумии ҳазорони дигаранд; ё гоҳо қудрати фарогири мо таҷаллии заифии ҳазорони дигар ва ҳуқуқи мутлақи мо акси беҳуқуқии ҳазорони дигар мебошад. Ба масал, дар сатҳи калонтар, фақат дороии маликаи Британиё баробари ҳудуди 50 соли буҷаи Тоҷикистон аст ва дар сатҳи хурдтар, дороии як сарватмандони дохилии мо баробари маоши 100 солаи як омӯзгор мебошад. Гарчӣ онҳо дар таълимоту таблиғот “аъзои як пайкар” ва “дар офариниш зи як гавҳаранд”.

АЗ ИН РӮ, инсони фалсафӣ дар саҳнаи зиндагӣ ҳамзамон дар ду ҷабҳа дар муборизаи мушкил қарор дода мешавад: яке ҷабҳаи таъмини эҳтиёҷоти зарурӣ, дигари ҷабҳаи назорату маҳори нафси саркаш, ки талаботи бисёр ва бисёр болотар аз эҳтиёҷоти воқеӣ дорад. Яъне ҷабҳаи аввал ин аст, ки инсон бояд барои таъмини зиндагии шоистаи худ ҳамвора дар талош бошад, то на аз диди моддӣ ва на аз диди маънавӣ муҳтоҷу осебпазир набошад. Аммо ҳамзамон бояд дар ҷабҳаи қаноат ва назорати нафс низ ба ҳадде талош дошта бошад, ки қурбонии заруратҳои ғайризарурӣ ё ҳамон ҳавою ҳавас нашавад. Зеро гоҳо маҳз талош барои хостаҳои афзуда моро қурбонӣ мекунад, мисли талош дар пайи сарвату шуҳрату қудрати бештаре, ки барои зиндагии шоистаи инсонӣ зарурати ҳаётӣ надоранд. Яъне дар сурати таъмини талаботи зарурии моддию маъанвӣ, бе доштани он ҳаҷми онҳо низ метавон инсонвор зиндагӣ кард.

Бинобар ин, муборизаи инсон дар ҳар ду ҷабҳа зарурист ва эътидоли зиндагии ин дунёӣ ба комёбии инсон дар ин ду ҷабҳа бисёр вобаста аст. Агар инсон дар яке аз ин ду шикаст хӯрд, комёбӣ дар дигаре саодати томро таъмин намекунад.

Зеро агар қаноат ҳосил нагардаду тамоми нерӯ барои баровардани эҳтиёҷҳои заруриву афзуда сарф шавад, инсон ба ҳолати парешонӣ ва ба самти қутбӣ ҳайвонӣ меравад ва баръакси ин, агар тамоми ҳастӣ сарфи мубориза бо нафс гардад, инсон ба ҳолати инзиво ва ба қутби фаришта майл мекунад. Аммо ҳар ду ҳолат муносиби табиати сириштаи инсон нест, зеро инсон чошнии ҳардуро дар бар мегирад ва аммо дар мақоми ҳеҷ яке аз онҳо қарор намегирад. Бузургӣ ва фоҷеаи инсон дар ҳамин аст.


АММО Абулмаъонии Бедил дар боби марзи эҳтиёҷ ва моҳияти эҳтиёҷи вуҷудӣ сухани усулие дорад, ки он қиёматест дигар:

Он тарафи эҳтиёҷ анҷумани кибриёст,

Чун зи талаб даргузашт, банда Худо мешавад.

Яъне, инсон ҳамчун мавҷуди зинда моҳиятан ҳамеша дар эҳтиёҷ хоҳад буд, ҳатто агар бар фарз, тамоми эҳтиёҷоти ҷории моддию маънавии ӯ ё ҳамон «эҳтиёҷи иҷтимоӣ» дар сатҳи тамом бароварда гардад, боз ҳам ӯ эҳтиёҷ ба нафас ё эҳтиёҷ ба вуҷуд доштан хоҳад дошт, ки ҳалли он болотар аз тавони худи инсон аст.

Дар ҳикмати шарқӣ маҳз ҳамин мушкиларо “фақри вуҷуд”, яъне фақир ё маҳрум будани инсон аз қудрати таъмини вуҷуд доштани худ, гуфтаанд ва ба он маъност, ки худи вуҷуд доштану худи зинда мондан эҳтиёҷи асосиест, ки инсон ҳамеша ба он ниёз хоҳад дошт ва кафолату таъмини он фавқи тавон ва ихтиёри ӯст.

Пас муҳимтарин фарқи инсон аз Худованд маҳз ҳамин эҳтиёҷ ба вуҷуд доштан аст. Бар фарз, агар эҳтиёҷ (талаб) ба куллӣ аз байн мерафт ва инсон низ мавҷуди худкифои мутлақ ё боз ба таъбири ҳакимони мо “қоими биз-зот” (истода рӯи пои худ ё мавҷуд аз ҳисоби худ) мешуд, он гоҳ ӯ ҳам моҳиятан Худо мебуд, ки ин номумкин аст.

Ин аст, ки Бедил малеҳу сареҳ мегӯяд, ки «чун зи талаб даргузашт, банда Худо мешавад», яъне агар инсон низ дигар ҳеҷ эҳтиёҷе намедошт ва болотар аз талаб, аз ҷумла болотар аз «фақри вуҷуд» қарор мегирифт, дигар ӯ низ инсон набуд, балки Худой буд. Ҳолате, ки муҳол аст.

Чун ин навишта зиндаву таҷрибист, бо узри зиёд аз ҳоли ҳамин ҳолои худ мисоле меорам. Ҳамин лаҳзаҳо, ки банда ин ёддоштро менависам, рӯйи тахти басе нарму гароне қарор дорам, ки миёни утоқи васеъу рӯшану барҳаво истодааст. Нӯшу неъматҳои дунё пешкаш асту табибон низ дар хидмату машаварат. Пушти тиреза чамани гулзору мошинҳои интизору дӯстони хидматгузор. На мушкили сарвату на буҳрони шуҳрат. Гӯйӣ дигар эҳтиёҷе нест. Аммо, аммо, аммо… Вақте ки рӯзе як ё ду бор нафас танг меояд, ин ҳама имконот дар назар ҳеҷ менамояд ва он лаҳза аз дасти касе чизе намеояд. Чун мурғаки дар об задаву ларзон пеши Худованд танҳо илтиҷои инсон ин мешавад, ки ин нафаси охирин набошаду боз андаке фурсат диҳад…

Ин соати таслими мутлақи инсон ва эътирофи мутлақи Яздон аст, ки ҳеҷ будани ҳама чизу ҳеҷкора будани ҳама касро ба намоиш мегузорад. Ин лаҳзаи идроки «фақри вуҷуд», саҳнаи эҳтиёҷи мутлақи инсон, соати таҷаллии қудрати мулақи Офаридагор аст ё лаҳзаи шинохти бепардаи соҳиби қаламраве, ки танҳо дар ҳукми Ӯст.

Ин аст, ки бо ҳама бузургиву имкон ва зарфияти бепоён ва бо ин ҳама қудрату ихтиёр ва талошу корзор марзи эҳтиёҷ ва марзи тавоноии инсон барои таъмини эҳтиёҷ бисёр мушаххас аст. Гарчӣ ҳама олами ҳастӣ қаламрави Худост, аммо боз ҳавзаҳое ҳаст, ки фаротари инсон ва хоссаи болост. Ва таъкиди осмонӣ ба Паёмбар низ ҳамин будааст, ки агар туро аз моҳияти рӯҳи зиндадор бипурсанд, бигӯй, ки (донишу идораи он) махсуси Парвардигор аст…


Ва барои навмед нашудани ҷавонони азиз, ки ҳамеша мунодии онон ба талошу созандагӣ ҳастам, бояд афзуд, ки тамоми даъватҳои бузургони мо ба талошу худкифоӣ ва озодиву озодагии инсон маҳз дар самти ҳалли шоиста ё раҳоии боиста аз «эҳтиёҷи иҷтимоист», ки маҷмӯаи талаботи моддию маънавии инсонро дар тӯли зиндагӣ бар мегирад. Яъне дастёбӣ ба истиқлолу ворастагии моддю маънавӣ ва озодагии ҳуқуқиву сиёсӣ, ки дар ин рӯзгор барои ҳар инсони сазовор фарз аст.

Аммо дар айни замон, “фақри вуҷуд” ё эҳтиёҷи рафънопазири инсон ба вуҷуд доштан, аслест, ки бо дарки воқеияти он барои ҳар мавҷуди зинда, ҳеҷ огоҳе вазифаи ҳалли он ё талоши гузаштан аз онро назди инсон ба миён намегузорад ва ба мақоми “ҳаййи лоямут” ё зиндаи намиранда даъво намекунад. Магар китобҳои афсона ё файласуфони ҷудогона, ки онро дар сатҳи ормон матраҳ кардаанд. Ё баъзе муҳаққиқони қадиму навин, ки дар пайи дарёфти формулаи иксири бемаргӣ будаанд ё ҳастанд…

Хулоса, муҳимтарин марзи худоиву инсонӣ дар ҳамин ҳақиқати “фақри вуҷуд” рӯшан аст ва дар таълимоти динӣ низ ишораи сареҳи ояи «ҳамаи зиндагон маргро хоҳанд чашид, магар худи Ӯ» низ бар ин аст.

ВА НИҲОЯТ, агар зарурати ҳалли “эҳтиёҷи иҷтимоӣ” ва таъмини зиндагии шоиста дар инсон ҳаракату рушду беқарорӣ оварад, идроки марзи буду “фақри вуҷуд” покиву оромишу устуворӣ меофарад. Ба масал агар аввалӣ дар нақши муҳаррики зиндагию талоши инсон бошад, дуввуми чун тормузи ин дастгоҳи кайҳонсуръат аст. Пас, чи мушкилу зебост сайру эътидоли инсон миёни ин мумкину ин муҳол ва чи хатарнок мебуд, агар ин мошин тормузе намедошт.

Total Views: 228 ,