ЮНОН КУНАД ДАРВОЗРО …

Бо салому эҳтиром,

Ёддоште барои мутолиаи ороми рӯзи якшанбе

Ин ҳафта айёми хуше доштам, ки пас аз талошҳои фаровон таҳрири нави китоби «НУРЕСТ ДАР ҶАБИНИ БАДАХШОН» (нашри аввалаш 2016) комил шуд. Навиштае саршор аз ишқ, мавҷ, отифа, себ, зебоӣ, ватандорӣ. Саҳифае ҳама муҳаббат, оҳанг, асолат, лаъл, ростӣ, номус.

Аз ин миён, имрӯз ёддошти нави ДАРВОЗро мегузорам, ки пас аз боздиди тобистонӣ батамом навбинию навхонӣ шудааст.

Танҳо бояд дар назар дошт, ки ёддоштҳои ин китоб нақли ҷараёни сафар ё маълумотномаи маъмули он диёр нестанд, балки бозгӯи ҳунариву бадеӣ ва тасвири маънавию зебоишиносии таъриху табиату фарҳангу мардуми он сарзамин аст. Яъне, ин достону ихлосномаҳо таҷрибаи бо чашми ошиқона ва бо рӯҳи муштоқона дидани ҳар гӯшаи ватан ва эҳёи пайванди ҳиссиву вуҷудӣ дар вуҷуди хештан аст. Ин равиши хоссаи тасвиру баён аст, ки бояд ошиқона дида ва муштоқона шунида шавад, то вуҷуди моро дарку ифтихори бузурги ватандорӣ фаро гирад:

Ин ватанро «нигар ба чашми хирад»,

Ҷавҳари он басе бузургтар аст.

Аз фиреби харита бояд раст,

Тоҷикистон басе бузургтар аст.

***

Ёддошти чорум:

ДАРВОЗ, ҚАДАМГОҲИ БАЛАНДИ ПАДАРОН

ЯШТИ ВУРУДӢ

Чунон, ки ҳар хона аз остона ва ҳар шаҳр аз дарвоза оғоз шавад, сафари Бадахшони баланд низ аз мулки Дарвоз ҳусни оғоз мегирад. Хосса, ки Дарвоз оғозу анҷоми Бадахшон аст ва барои рафту омад бояд ду бор аз дарвозаи он гузашт.

Пас сазост, ки дар вурудии Дарвоз тоқе аз шукӯҳу мармар сохта шавад ва бар равоқи он лавҳе аз лаълу гавҳар афрохта шавад, то барои ҳар меҳмоне шинохта шавад, ки инак ба хиттаи поки Бадахшон, ба сарзамини ганҷи шойгон, ба ҳавзаи муҳаббати бепоён, ба водии яшму лоҷуварду имон ва ба дарвозаи тилоии Тоҷикистон пой гузоштааст. Ва достони Бадахшонро низ бояд аз таронаи Дарвоз оғоз кард.

Дуруд ба Дарвоз. Сарзамини анору афсона, қандили бурҷҳои баланди обӣ, зодбуми таронаи кабки дарӣ, хонаи мардуми некманзар, сояи шаҳчанори ҳазорсола, мазраъи киштзорони баланд, бистари рӯдҳои ширполо, марзи шаҳдрези анҷир, ошёни баланди тоҷик…

Дуруд ба Дарвоз. Обгинаи булурини таърих, осмоншаҳри биҳиштии Карон, савти абадии Борбад, кӯҳи маънавии иқтидор, лангари ҳафт хоҷаи сабзпӯш, хонақоҳи пири Сармасти Ишқ, Юнони ормону андеша, фикри гардунсойи Мавлоно Баҳрин…

Дуруд ба Дарвоз. Маҳфили маърифати азалӣ, хостгоҳи рӯҳи миллӣ, садои осмонии Акашарифи Ҷӯра, сухани ҷаҳонгири Муъмини Қаноат, фалаки борбадии Абдуллоҳи Назрӣ, бурҷи тамкини Акбаршоҳи Искандар, синфхонаи одамсози Олими Кабир, ирфони зиндаи устодам Худойии Шариф, пайкари маънавии Ҳайдаршоҳи Акбар, кӯйи хоксории Абдуллоҳи Дӯст…

Бале, вуруд ба хиттаи Дарвоз ва ба ин қаламрави эъҷоз, вуруд ба ин маъбади таъриху фарҳанги миллат ва ба ин ганҷури асрори табиат бояд ҳамин гуна муштоқонаву мутантан бошад. Зеро Дарвоз на танҳо як пораи мамлакат ва як пояи давлати мо, балки як қиблаи асолат ва як решаи миллати мост. Он ҳам табиату иқлим, ҳам сарнавишту таърих ва ҳам фарҳангу мардуми бисёр хоссаи худро дорад:

Дарвоз, эй таровати оғоз,

Дарвоз, эй ниҳояти парвоз,

Дарвоз, эй қаламрави эъҷоз,

Эъҷози аввалини Бадахшон.


ИЛМИ АНҶИР

Ин сарзамини меҳр ва ин тӯфони сеҳр ҳамеша дӯстони худро мафтуну меҳмони худро афсун мекард ва ҳамеша чунин хоҳад буд. Ҳанӯз Деҳотии гавҳаршинос ба ин равзаи ризвон дил супурда ва бо ҷаҳоне аз ишқу сипос достони меҳмонии Дарвозро суруда буд, ки хоса ин байт аз он байни пиру ҷавон вирди забон гаштааст:

Ба як сӯ барфу як сӯ пухта гелос,

Аҷаб фаслест тобистони Дарвоз!

Ва ҳамин манзараро, ки як сӯ тали тармаҳои барфӣ хобидаву сӯйи дигар хӯшаҳои гелоси ҷигарӣ расида, дар дараҳои тобистонии Дарвоз бо чашми сар хоҳед дид…

Бале, дар ин қаламрави файз аз себу ноку олу то олучаву гелосу шафтолу ва аз туту чормағзу ангур то муруду хурмову зардолу ҳосил медиҳанд, аммо рамзи дурахшони Дарвоз анор ва муъҷизаи шойгони он анҷир аст. Он диёрест, ки саҳни ҳар ҳавлию пеши ҳар хона қандилҳои фурӯзони анор бар шохаҳои наботи пурбор овезонанд ва мардум номи ҳар навъ ва хосияти ҳар шакли онро ҳифз медонанд.

Вале анҷир назди дарвозиён чизе фаротар аз мева аст, балки бахше аз зиндагӣ ва рамзе аз фарҳанги онҳост. Ин ҷо натанҳо рӯи ҳавлию тарфи боғҳо анҷир доранд, балки сари роҳу доманаи кӯҳҳо низ анҷирзоранд. Ин ҷо ҳам тағйири фаслҳову ҳам мизони сармо, ҳам гардиши табиату ҳам сатҳи рутубат, ҳам хосияти солу ҳам дурнамои аҳвол ва ҳам гармии миҷозу ҳам соати намоз маҳз бо анҷир андозагирӣ мешавад. Пирони Дарвоз огоҳанд, ки агар дови анҷир шакл гирад, он мусовӣ бо бича кардани нахчир дар кӯҳистон ва фарорасии оғози тобистон аст ва агар сайд ё қосидаки анҷир ранг оварад, баъд аз ду ҳафта меваи он мерасад. Агар зимистон анҷирро сармо занад, сол бехосият аст ва чорворо ҳам сармо хоҳад гирифт; аммо агар анҷир бори фаровон орад, болои ҳама долу дарахт ва молу ҳол афзоишу баракат меборад. Ин ҷо ҳатто марзи анҷир рӯшан аст ва охирин анҷири Дарвоз дар бари кӯҳе шарқтар аз деҳаи Пошхарв қарор дорад, ки болотар аз он анҷир намерӯяд. Ба масал, назди пирони рӯзгор анҷир ҳам соат аст, ҳам дастгоҳ, ҳам меъёр аст, ҳам ҷадвал, ҳам набз аст, ҳам рӯзнома ва ҳам қутбнамо. Ҳатто дастнорасии чизеро чунин ишорат кунанд, ки “гули анҷиро кас надидааст”.

Аммо фанни таъбир ва илми анҷир дар Дарвоз ба ҳамин хатм намешавад: модарон медонанд, ки меваи он, пӯсти он, донаи он, мавизи он, баргу решаи он чӣ дардеро давою чӣ мушкилеро шифост. Ва бузургтарин фазилати махсуси анҷир ин аст, ки мизоҷи гарму хосияти офтоби тобистонро дар худ захира мекунад, то дар сармои зимистон сарчашмаи гармию нерӯи инсон бошад…

Оре, анҷир, он неъмати биҳиштӣ, ки худи Худованд онро сутудаву ба он савганди “ват-тин” ёд кардааст, ин ҷо то чунин ҷойгоҳи гиромӣ рӯйидааст. Оре, ин дарахт чун дафтари сабзи ёддоштҳо садсолаҳои таҷрибаву фарҳанги ин диёрро маҳфуз доштааст, таҷрибае, ки аз ҳазорон озмуни рӯзгор гузаштаву дареғ мебуд, ки фаромӯш гардад.

Дар боби анҷир бояд ин ҳикмат низ афзуда шавад, ки рӯйидану борвариву шаҳдбандии ин дарахти пурноз дар хитаи Дарвоз нишонгари эътидоли комили иқлиму табиати он аст, ки на гармои шадид дорад, ки бисӯзонад ва на сармои мадид, ки бихушконад. Зеро гоҳо аз тағйири шадиди ҳарорати ҳаво, ин нозпарварро ҳатто дар Ҳисору Бохтари гамсер ҳар чанд сол боре сармо мерабояд, аммо дар Дарвоз ин ҳодиса басе нодир пеш меояд.


ОБШОРОНИ БАЛАНД

Достони ҷорию пурмавҷи обҳои Дарвоз низ зебову мусаффост. Ин диёр аз азал дар ҳавзаи Панҷ доман густарда, маҳз бар меҳвари об ташаккул ёфтааст. Аммо илова бар ин, Дарвоз беш аз бист рӯдхонаи дохилии худро дорад, ки ҳар яке софу гуворо ва мавҷпӯшу ширполост. Рӯдҳои шитобони Сариову Паткуноб, Пошхарвову Курговадов, Жакову Шкевов, Ячову Ҷорфов, Висхарвову Ёгедов, Зиғарову Тоғмай, Ғаробу Сайдон ва ғайра ҳар яке ба авҷи покӣ ва мавҷи бебокӣ аз ҳам пештозу зеботаранд.

Аммо ганҷинаи Дарвоз ҳамоно рӯди хушнамуди Хумбов аст, ки дар дили Дарвоз, дар шаҳраки Қалъаи Хумб ба дарёи Панҷ мерезад. Мардуми соҳил баршумурдаанд, ки дар фаслҳои сол ва соатҳои рӯз Хумбов ҳафт гуна шикасти ранг дорад, ки ҳар яке мазҳари зебоиву боиси дилрабоист. Албатта, ин рӯдҳои равон танҳо таровату зебоӣ нестанд, балки сарчашмаи рӯшноӣ низ ҳастанд, ки аз ҳар яке метавон нур кашиду Дарвозро дурахши бештар бахшид.

Ва чунон ки рӯи замини Дарвоз ҳама нозу неъмат дамидааст, зери замини он низ ҳавзаҳои ганҷу сарват орамидааст. Дар ин ганҷури бепоён захираҳои азими шойгон интизори кашфу коркарданд.


В-АРНА ЮНОН БУРДААНД ХОКИСТАРИ ДАРВОЗРО

Мулки Дарвоз дар таъриху фарҳанги дирӯзу имрӯзи мо бисёр сутуда шудааст, ки барҳақ сутуданист. Тӯли садсолаҳои пешин шуҳрати фарзонагони ин сарзамин ба тамоми қаламрави таъриху забони мо, балки фаротар аз он расида буд ва ин диёрро бо сатҳи баланди илмӣ, муҳити поки маънавӣ, ҳавзаи фарогири адабӣ ва мактаби ноби ҳунарӣ мешинохтанд.

Таваҷҷуҳи мардуми Дарвоз ба таҳсили илму ирфон ба ҳадде фаровон будааст, ки тибқи анъана ҳар хонавода як писарро назри илм менамудааст: ӯро аз заҳмати хонаву боғу саҳрову чорво озод карда, шароити шоиста фароҳам месохтанд, то толибу соҳиби илм гардад. Ин буд, ки доираи илмию ирфонии Дарвоз суннатҳои чандсадсолае дошта ва ба ривояти сарчашмаҳо, сатҳи илму фатво ин ҷо аз Бухоро камтар набудаву сатҳи зуҳду тақво болотар аз он. Аз устураҳои таълимии ин диёр номи Мавлоно Нурулҳақ Баҳрини Дарвозӣ, ки умри азизро сарфи тарбияти мардум кардааст, ҳанӯз пеши ҳамагон соҳиби эҳтиром аст ва оромгоҳи ӯ дар Сангевни Дарвоз зиёратгоҳи хосу ом.

Сарчашмаҳо гӯянд, ки бахши азиме аз толибилмони дарвозӣ барои такмили илм ба Бухорову марказҳои дигар рафта, ба қишрҳои зиёиву рӯҳониву маъмурону дарбориёну девондорони шаҳрҳо мепайвастанд.

Осори устод Айнӣ ва сарчашмаҳои дигари таърихӣ гувоҳанд, ки бахши чашмгире аз толибону устодони мадрасаҳои Бухоро ва бахше аз рӯҳониёну коргузорони муътабари аморат маҳз аз ҷумлаи дарвозиёни хушсавод хушистеъдод будаанд. Чун сухан аз Айнӣ рафт, бояд гуфт, ки ба ривояте ҳам имоми деҳаи Соктареи Бухоро ва ҳам мударриси мадрасаи занонаи Бибихалифа дар замони таҳсили ибтидоии устод аслан аз дарвозиён будаанд ва аз ин тариқ Айнӣ аз хурдӣ бо мардуму фарҳанги ин диёр ошно буда, нисбати он таваҷҷуҳи хоса доштаст.

Дар дарбори шоҳони Афғонистон низ мақоми фарзандони Дарвоз баланд буда, силсилае аз онон бар маснади дабирию вазирию сафирӣ нишаста буданд. Дар ин радиф метавон аз шахсияти бузурги таърихии Афғонистон, вазири корҳои хориҷаи даврони Амонуллохон ва яке аз падарони дипломатияи муосири ин кишвар генерал Муҳаммадвалихони Дарвозӣ ёдовар шуд, ки ҳатто чанд муддат ба унвони “вакили салтанат” вазифаи роҳбарии давлати Афғонистонро низ иҷро мекард.

Дар таърихи андешаи Дарвоз нуктае ҷолиб аст, ки бузургони ин диёр меъёри камолро на Бухорову ҳатто на Бағдод, балки бештар худи Юнон қарор додаанд ва пеши онон мизони вусъати назар ва намоди андешаи башар маҳз Юнон будааст. Ва ин қиёс на аз парвози хаёл ё тасаввури муҳол, балки аз баландии назар ва диди дурнигар хабар медиҳанд. Чуноне, ки ин байтҳои машҳури Мавлоно Баҳрину Фитрати Дарвозӣ гувоҳанд:

Баҳрин зи фикру ройи ту умедворам баъд аз ин,

К-ин табъи гардунсойи ту Юнон кунад Дарвозро.

***

Фитрат аз рӯи адаб изҳори нодонӣ кунад,

В-арна Юнон бурдаанд хокистари Дарвозро.

***

ЛАНГАРИ ҲАФТ ХОҶАИ САБЗПӮШ

Албатта, дар пайи таҳаввулоти “солҳои бистуму сиюм” ҳавзаи илмию доираи динии Дарвоз ҳамчун ниҳоди суннатӣ барҷой намонд, балки дар он тӯфони замон гурӯҳ-гурӯҳ аз уламо куштаву табъиду дарбадар ва хирман-хирман китоб сӯхтаву хокистар гашт. Бобои Баҳром аз деҳаи Сангевн ба бозмондагон шаҳодат додааст, ки он замон ӯ халта-халта китобҳои илмию динии уламоро шабона ба оғуши Панҷ мерехт, то китобҳо аз оташ ва соҳибонашон аз таъқибу марг наҷот ёбанд. Яъне, кӯҳи китоби Бухорои аввал дар оташ месӯхту бурҷи китоби “Бухорои сонӣ” ба об мерафт ва хазинаҳои фарҳангу таъриху тамаддунро ба бениҳояти дарё мебурд. Ё пас аз даҳсолаҳо ғори болои рустои Умаракро пур аз китоб ёфтанд, ки аз ҷабри замон ва боду борон хоку хокдон шуда буд.

Аммо бо вуҷуди чунин захми замон муҳити Дарвоз ҳамоно маънавию имонист ва шояд канори ҳар деҳаи он зиёратгоҳу мазоре ва оромгоҳи бузургворест, ки мавриди эҳтироми амиқи мардум аст. Хоса Дарвоз сарзамини ҳафт хоҷаи сабзпӯш аст, ки чун Қурбон Муҳаммади Валӣ дар гӯшаҳои гуногуни он шаҳди шаҳодат чашидаву чодари абад кашидаанд.

Аммо қалби маънавии Дарвоз ҳамоно оромгоҳи Хоҷа Фатҳуллоҳи Сармасти Ишқ аст. Марқади ин азиз, ки рӯзгораш ҳанӯз ба садри ислом бармегардад, наздики деҳаи Дуробак, дар худи соҳили Панҷ ҷой гирифта, пойгаҳи онро мавҷҳои маҳини дарё мешӯянд ва муҳити онро ҳазор шаҳчанори ҳазорсола соябонӣ мекунанд. Достони ин чанорҳои азим, ки даври баъзе аз чиҳил метр гузаштааст, низ як устураи имону эътиқод аст. Зеро назди мардуми кӯҳистон ду чиз ҳамеша қимати гарон ва арзиши ҷон доштааст, ки аввалӣ гандум ва дигарӣ ҳезум аст, чун аввалӣ муҷиби серию ҳаёт аст ва дуввумӣ боиси гармию наҷот. Аммо солҳои сахтӣ мардум аз сардии сармо мемурдаанд, аммо шохе аз мазор барои ҳезум намебурданад.

Ҷавонмарди соҳибнанг ва посдори обу фарҳанг Ҳоҷӣ Олими Санг, ки аз рози ҳар санг ва аз достони ҳар чанори ин мазор огоҳ аст, акнун ин муҳитро обод фармудаву ба макони зиёрату оромиши мардум табдил намудааст. Ӯ аз муъҷизаи банди обе мегӯяд, ки аз саҳни майдон бархоставу муҳити оромгоҳро шодоб мекунад ва дар пойи мазор ба Панҷи беқарор меомезад. Ин оби шифо синаи кӯҳро шикофта, аз кӯҳи яшм полоиши табиӣ ёфта, на танҳо покиву лаззати хоса, балки хосияти беҳдоштиву поксозӣ мегирад. Ин аст, ки ҳоло он зарфгирии саноатӣ шуда, дар радифи поктарин обҳои дунё то худи қораи Аврупо содир мегардад. Яъне, обе ки то имрӯз неъмати табиат буд, акнун бо ҳиммати ободгарони Дарвоз ба кору сарват табдил мешавад.

Ва ҳамин лаҳза гурӯҳе занон бо хайле кӯдакон дар он соҳили Панҷ пайдо мешаванд ва рӯи замин менишинанд ва рӯ ҷониби ин мазор дуо мекунанд ва пас аз лаҳзае сукут ба роҳи худ идома медиҳанд. Бале, азамати ин боргоҳ чунин аст, ки роҳгузарони он сӯи марз низ лаҳзае таваққуф мекунанд, савораҳо лаҳзае пиёда мешаванд, эҳтироми бузургворро ба ҷой меоранд ва боз роҳ мегирад. Оре, рӯҳ сарҳад намешиносад, эътиқод марз надорад…


ЛАВҲИ МАЪРИФАТ ВА КОНУНИ ҲИКМАТ

Аммо фурӯпошии ҳавзаи суннатии илмию адабию динӣ поёни роҳи фарҳангии Дарвоз нест, зеро ин решаҳои амиқ аз нав шоху барг кашида, ҷойгоҳи асили худро бозмеёбад. Ба масал, агар имрӯз сайре дар муҳити илмию фарҳангии кишвар дошта бошем, дар ҳар пажӯҳишгоҳу ҳар донишгоҳ, дар ҳар маркази тадқиқию маҳфили фикрӣ, дар ҳар иттиҳоди эҷодию дастаи ҳунарӣ, дар ҳар идораи рӯзномаву ҳайати нашрия, дар ҳар факултаву кафедраи илмӣ ва дар ҳар мактабу муассисаи таълимӣ ҳатман фарзандони ин мулки фарзонапаравар ҳузур доранд.

Гӯйи ҳар тахтасанги Дарвоз лавҳи маърифат бошад ва ҳар хонадони он конуни ҳикмат, ки аз дили ин кӯҳсор фавҷ-фавҷ ҳакиму файласуфу олиму муаллим мерӯяд. Ва гӯӣ ҳар рӯди Давроз дарёи ҳунар бошаду ҳар чашмаи он сарчашмаи шеъри тар, ки аз синаи ин сарзамин мавҷ-мавҷ шоиру суханвар ва мутрибу хунёгар бармехезад.

Агар ин ҷо соате пойи суҳбати бузургвороне чун Сулаймони Абдурраҳмон ё Ҳайдршоҳи Акбар нишинем, мафҳумҳои ормоние чун қомуси зинда, фарҳанги ҷорӣ ва дарёи донишро дар амал мебинем. Ва чи ифтихор буд, ки замони бознависии ин саҳифа хабар расид, ки аз фарзонагони ҷавони ин сарзамин доктор Додихудои Қадамшоҳ дар Лондон ба мақоми устоди донишгоҳ расидаву рӯшанфикри миллӣ Аҷамҳош дар Олмон рисолаи докторӣ дифоъ карда! Ин дурахши ҷаҳонии андешаи азалӣ бешак як ифтихори миллӣ ва низ, ишорате ба ормони Фитрат дар боби ба Юнон расидани Дарвоз аст.

Яъне, ҳамон гуна, ки дар таърих будааст, Дарвоз имрӯз низ як коргоҳи фанонопазири парвариши аҳли фарҳангу зиёст ва ҳузури он дар илму андешаву ҳунари миллии мо як ҳузури устувору босазост. Хоса ҳузуре бо суннату асолат ва посдори шукӯҳу арзишҳои зотии миллат…


ТОРАИ НУРЕ АЗ БОРБАД ТО АЛИМУҲАММАД

Бале, дар диёре, ки рӯд оҳангсозу бод ҳамовоз аст ва дар сарзамине, ки шеър «қудрати ҷонофарин»-у сухан «вазну тамкини замин» дорад, рӯҳи мардум низ бо фарҳангу оҳанг омезиши амиқ мегирад. Ин аст, ки бештари аҳли Дарвоз аз мусиқиву овоз ва аз пардаҳои роз огоҳӣ дошта, ба ривояти таърих, ҳатто шоҳони ин диёр дар маҳфилҳои дарбор бо мутрибон ҳамнаво ва бо ҳофизон ҳамсадо будаанд. Ин аст, ки аз батни ин муҳит офарандаи пардаҳои самойӣ, падари савтҳои ориёӣ, «нахустустоди устодони хунё» ва «Рӯдакии санъати мо», муғаннии номвар Борбади ромишгар бархоста, оҳангу фарҳанги тоҷикро дар бомдоди таърих барои абад танинандоз кардааст. Ин аст, ки аз матни ин муҳит соҳиби сози ҷаҳонгир ва падари санъати муосир Акашарифи Ҷура бархоста, мактаби навини мусиқии миллиро эҳёву бино намудааст. Ва ин аст, ки аз шохи ин чаман булбули шайдои ватан Абдуллоҳи Назрӣ бархоста, маҳфили савти абадӣ оростааст.

Ва ахиран ин шеваи овоз ва ин суннати Дарвоз дар шукуфтани ғунчаи навини ҳунари оламгир Алимуҳаммади Фақир бозтавлид гаштааст, ки нишони рӯшане аз побарҷойӣ ва беинтиҳойии ин мактаби ҷорист…


ЯК ДИЛ ДАР ДУ СОҲИЛ ВА ЯК ПАЙКАР ДАР ДУ КИШВАР

Сарзамини Маҳистон ё Дарвози бостон дар умри бениҳояти худ ноҳия ҳам будааст, вилоят ҳам будааст, пойтахт ҳам будааст, мулк ҳам будааст, шоҳигарӣ ҳам будааст ва давлат ҳам будааст, аммо ҳамеша тоҷикзамину тоҷикнишину тоҷикзабон будааст. Ин диёр таъриху суннату худҷавҳарию худмеҳварии хоссаи худро дорад, ки он бахши нобе аз таъриху фарҳанги тоҷикону Тоҷикистон аст.

Дар тавсифи тамаддуни дерини Дарвоз ёдоварии достони фирори маликаи он самти Афғонистон бисёр рамзӣ мебуд. Ба нақли сарчашмаҳо, дар асри 14 ё 15 дар ҳодисае шоҳи Дарвоз кушта шуд ва ҳамсару фарзандонаш ба умқи Афғонистони имрӯза фирорӣ шуда, аз сӯи хонҳои маҳаллӣ эҳтиром ёфта, аввал дар Панҷшер ва сипас дар Кописо ҷой гирифтанд. Маликаи фирорӣ дар ин мавзеъ хонаҳои хуштарҳ сохта, ба мардуми маҳаллӣ санъати обёрӣ, пиллаварӣ, кашидани равғани шир ва ғайраро омӯхт, ки хоса достони таълими пиллапарварию абрешимгарии малика Гулбаҳор он ҷо ҳанӯз қисса мешавд.

Абатта, Дарвози имрӯзи мо фақат бахше аз он диёри таърихист ва ҳоло бахши бузурги он дар он сӯи Панҷ монда, қаламрави кишвари ҳамсоя хонда мешавад. Бо шамшери қудрат ду пора кардани як пайкар ва бо қалами сиёсат аҳли ду давлат сохтани фарзандони як модар, ки беш аз сад сол пештар дар сарнавишти Дарвоз пеш омадааст, рӯшантарин осори истеъмор рӯи таъриху фарҳанги ин диёр аст. То ҷое, ки ду бародар аз ду сӯи рӯд ҳар субҳгоҳ ҷониби ҳамдигар даст афшонанд ва ду хоҳар ба ёди якдигар дар ду соҳил ҳар бегоҳ ашк резонанд, вале аз зиндаҷудоӣ ҳаргиз ҳамдигарро ба оғуш гирифтан натвонанд… Оре, як дил дар ду соҳил ва як пайкар дар ду кишвар.

Аммо то имрӯз низ дар ду сӯи дарё ҳофизаи муштарак, ифтихороти воҳид ва фарҳангу арзишҳои ҳамсон ҷорист. Ин ҷо деҳаҳо ҳамном, кӯҳҳо ҳамқад, рӯдҳо ҳамсадо, кабкҳо ҳамнаво, чеҳраҳо ҳамгун, мардумон ҳамхун, ҳамагӣ ҳамтабору ҳамзабону ҳамлаҳҷаанд. Лаҳҷаи нобу нотаркрори дарвозӣ, ки ҳам шир доранду ҳам шакар, ҳам шеър дораду ҳам оҳанг; гӯише, ки тӯли садсолаҳо бо навои рӯди Панҷ ба пардаи мусиқӣ баста шудааст. Ва дар ду сӯи рӯд ҳанӯз насли куҳансол ба насли ҷавон бо ҳамин лаҳҷа аз хешу табору хоҳару бародари худ дар он сӯи об қиссаву ёднома мегӯянд. Ин ҷо қаробату шабоҳати фарҳангӣ нест, ин ҷо ҳамагӣ як таърих, як мардум ва як фарҳанг аст…

Рӯи ин хатти тақсим ва пеши ин ҳастии дуним бе ихтиёр ба ваҳдати офтоб, ки барои ҳар ду соҳил рӯшан буд, ба қурси моҳтоб, ки рӯи ҳар ду соҳил нур мерехт ва ба растагории бод, ки дарахтони ду соҳилро менавохт, ҳасад мебурдам. Ва низ ба бузургии кӯҳҳо, ки сояҳошон марз намешинохту саҳар ин сӯй ва шом сӯйи дигар мегузашт. Ба парандаҳои озод, ки гоҳ ин сӯй ва гоҳ сӯйи дигари Панҷ дар парвоз буданд. Зеро барои онҳо Дарвоз ҳамеша як Дарвоз, Бадахшон ҳамеша як Бадахшон, замин ҳамеша як замин ва фазо ҳамеша як фазост. Зеро танҳо инсон аст, ки хат мекашаду марз мебофаду дар ниҳоят худро дар он гирифтор месозад. Бале, танҳо инсон аст, ки марз меофрад, танҳо истеъмор аст, ки ҷудоӣ меоварад, танҳо сиёст аст, ки ҳудуд мегузорад ва танҳо манфиат аст, ки сарҳад мешуморад…

Дар канори арзиши фарҳангӣ, решапайванд ва отифаи муштараки ду сӯи Панҷ имрӯз аҳаммияти бузурги сиёсию амниятӣ низ дорад. Зеро ин омил барои осудагии марзҳои ду кишвари ҳамсояву дӯст дар ин минтақаи ҳассоси кӯҳӣ хеле муҳим аст. Яъне, агар бегонае ин ҷо кина наоварад ва фитна наофарад, тоҷик барои тоҷик, бадахшонӣ барои бадахшонӣ ва дарвозӣ барои дарвозӣ ва бародар барои бародар ҳаргиз таҳдид нест. Ва агар тӯли зиёд ва печидагии хатти марзи миёни ду кишвар дар қитъаи Дарвозро пеши рӯй оварем, бе ҳеҷ шакке, эътимоду пайванду дӯстии мардумони маҳаллӣ як омили муҳимми таъмини амнияти марзҳои давлатист…


ОСМОНШАҲРИ БИҲИШТИИ КАРОН АСТ ИН ҶО…

Гарчи пойгоҳи охирини шоҳони Дарвоз – дижи Қалъаи Хумб ҳоло барҷой нест, аммо ахиран ба тоҷи пуршукӯҳи Дарвоз нигини навине афзуда шуд. Бозёфту рӯнамоии шаҳри бостонии Карон саҳифаи тозаеро на танҳо дар таърихи ин диёр, балки дар таърихи тоҷикон ва таърихи башар кушод. Карон, ки онро огоҳон ба маънои «шаҳри марзӣ» (аз вожаи карон, гӯша ва марз) ё «шаҳри бузургон» (аз решаи «кар», ба маънои бузургӣ чун «карнай» ва «каргас» ва ё ба маънои тоҷ (ҳамрешаи «корона») таъбир намудаанд, воқеиятест, ки гиреҳи муаммоҳои деринро мекушояду дари баҳсҳои садсоларо мебандад. Зеро ба ҷуз тоҷик ҳеҷ таборе натавониста, ки ин ҷо пой гузошта бошад ва касе наметавонад даъвои соҳибии Каронро дошта бошад ва ин осмоншаҳрро низ ба худ нисбат диҳад…

Карон ба ҳадде баланд аст, ки ба ҷуз тоҷик қомати касе бар он нарасад ва ба ҳадде қадим аст, ки ба ҷуз тоҷик решаи касе то он накашад. Бале, ҷуз қомати баланд ва таърихи азалии тоҷик…

Бостоншиноси огоҳ, академик Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ бо тими муҳаққиқони ҳамроҳ ин нигини таърихи диёрро солҳо аз дили хок зарра-зарра берун оварда ва осоршиносони номвари Русияву Ирону Аврупо таъриху корбурди онро омӯхтаву таъйид кардаанд. Ин шаҳри бостонӣ, ки беш аз 4000 сол таърихи баршумурда дорад, дар гардишгоҳе канори Панҷи пуртуғён миёни рустоҳои Рузвай ва Кеврон ва рӯбарӯи Ҷавайдараи имрӯзи Афғонистон ба гунае бунёд ёфта, ки аз он метавон тамоми атрофро назорат ва тамоми шаҳрро ҳимоят кард. Тибқи ривоёти таърихӣ маҳз дар ҳамин қалъа шоҳи устуравии Қаҳқаҳа менишаста ва бо ҳамтои худ шоҳи Шаҳаҳа дар қалъаи Ишкошим дар иртибот будааст.

Чун вориди ҳавзаи Карон мешудам, гӯиё пой ба водии зиндаи таърих мениҳодам ва гӯиё аз муъҷизаи «чархи замон» меҳмони хонадони аҷдоди бузургвори худ мегаштам. Чи маъбади об, чи лавҳи китоб, чи дижи шоҳи пурҷалол, чи лӯлуҳои оби кулол, чи хиштҳои пухтаву устувор, чи расадхонаи пурасрор, чи сангҳои осиёби пурсоиш ва чӣ майдони фарохи размоиш ҳамагӣ тамаддуни бостонӣ ва фарҳанги ҷовидонии мардуми моро дар ин боми сурайё бо чунин забони гӯё баён менамуданд. Аз муъҷизаҳои дигари Карон кашидани об то ин баландӣ ва тақсими дубораи он ба тамоми бахшҳои ин шаҳри осмонӣ аст, ки ҳатто бо имкониятҳои имрӯза номумкин менамояд. Ва танҳо аз ҳисоби таҳсангҳои азими боқӣ метавон гуфт, ки дар ин мавзеъ беш аз 30 дастгоҳ осиёб гардон будааст, ки худ як корхонаи азими ордкашист.

Фарзонаи фарҳангпарвар устод Ҳайдаршоҳи Акбар, ки бозёбии ин ганҷина ва рӯнамоии ин хазинаро мудирият мекард, ҳар пораи сафол ва ҳар косаи кулол, ҳар тахтаи санг ва ҳар нақши ин фарҳангро ба меҳмонон ошно карда, бо эҳсоси баланд ва бо ҳисси решапайванди худ набзи таърихи бостон ва рӯҳи бузурги ниёгонро ба вуҷуди ҳар бинанда интиқол медиҳад. Устод дар тан либоси палангини сарбозӣ пӯшида, зери офтоби рӯшан кори худро чунон самимона анҷом медиҳад, ки дар назар ҳамчун як сарбози Ватан, сарбози таърих ва сарбози фарҳанги ин миллат ҷилва менамояд. Бале, ин марди наҷиб ба ростӣ сарбози фидоии таърих ва фарҳанги тоҷикон аст… На, чӣ сарбоз, ки ин гурди палангинапӯш як сарҳанги ин фарҳанг аст…

Аммо бахши бузурги Карон ҳанӯз зери бору овор ва мунтазири сармоягузору таърихнигор аст. Гарчи то имрӯз бо сармояи азими хусусӣ он ҷо корҳои бузурги умумӣ анҷом шудаанд, аммо фақат ҳимояти ҷиддии давлатӣ метавонад азамати ин маконро бозкушоӣ намуда, ба осорхонаи бози таърихи бостон ва макони таваҷҷуҳи сайёҳу меҳмон табдил созад.

Дар паҳнои бошукӯҳи Карон, дар қадамгоҳи баланди падарон рӯҳи ин осмоншаҳри бостон, балки рӯҳи таърихи бузурги ниёгон ҳастии маро фаро гирифта буд ва беихтиёр ин сатрҳо аз вуҷудам лабрез гаштанд:

Қадри ҳар санг чу фарҳанг гарон аст ин ҷо,

Чашми ҳар хишт чу модар нигарон аст ин ҷо,

Ва қадамгоҳи баланди падарон аст ин ҷо…

Шаҳре дар ин баландо, кӯҳе болои кӯҳ, интихобе чунин баланд! Дару девони баланде, ки падарони баландтабору баландэътибори мо бар фарқи Боми Ҷаҳон бунёд гузоштаанд, бо ҳамон андешаи баланд, ки «ошён гар мегузорӣ, дар баландиҳо гузор»…

Ҳар сангу хишти Карон ва ҳар тоқу айвону пиллаи он дар зеҳнам нақш баста буду роҳ ба роҳ ин манзумаро сатр рӯи сатр такмил менамуд, ки аз азамати ин шаҳри сангу оҳан матину сангину мутантан садо медод:

Қадри ҳар санг чу фарҳанг гарон аст ин ҷо,

Чашми ҳар хишт чу модар нигарон аст ин ҷо,

Чи азиму чи қадиму чи ҷавон аст ин ҷо,

Ва қадамгоҳи баланди падарон аст ин ҷо,

Осмоншаҳри биҳиштии Карон аст ин ҷо!

Асрҳо буд башар маҳди Авасто меҷуст,

Асари қиблаи Зардушт ба ҳар ҷо меҷуст,

Ба дили хоки сияҳ ҳалли муаммо меҷуст,

Варақи аввали таърих аён аст ин ҷо,

Осмоншаҳри биҳиштии Карон аст ин ҷо!

Хасм мехост, ки таърихи ту кӯтоҳ кунад,

Ҷойгоҳи ту ба худ нисбату ҳамроҳ кунад,

Ва башарро ба чунин васваса гумроҳ кунад,

Радди ҳар фитнаи ин фитнагарон аст ин ҷо,

Осмоншаҳри биҳиштии Карон аст ин ҷо!

Дӯш аллома Қаноат, ки бузург он бошад,

Гуфт маънии Карон «шаҳри бузургон» бошад,

Решаи карнайу каргас ҳам аз ин сон бошад…

Санади фарру бузурги Каён аст ин ҷо,

Осмоншаҳри биҳиштии Карон аст ин ҷо.

Дошт тоҷик аз аввал хату унвони баланд,

Ватанаш шаҳри баланду дару девони баланд,

Кӯҳ бар кӯҳ ниҳоданд ниёгони баланд!

На ба таъбир, ба ҳақ, Боми Ҷаҳон аст ин ҷо,

Осмоншаҳри биҳиштии Карон аст ин ҷо.


ПАРВОЗИ НАВИ ДАВРОЗИ НАВ

Дарвози таърих, Дарвози фарҳанг ва Дарвози маъниро сурудем.

Дарвози анор, Дарвози яшм ва Дарвози обро сутудем.

Аммо парвози навини Дарвози навин қиссаи дигар аст. Зеро дар даҳсолаҳои ахир ин мулки куҳан шоҳиди эҳёи навинест, ки шояд дар ҳеҷ марҳилаи таърихи он собиқа надорад. Баробари вуруд ба марзи он эҳсос мешавад, ки рӯҳи ободию фазои созандагӣ ҳама ҷойи Дарвозро фаро гирифтааст. Хиёбонҳои оростаи чароғон, ободиҳои хуштарҳи фаровон, биноҳои навини баландошён, меҳмонсарои панҷситораи «Карон», чорбоғи афсонавии «Чорчаман», размгоҳи навини «Вастан», растаҳои гули хиёбонӣ, варзишгоҳи муҷаҳҳази инзамонӣ, чамани оростаи марказ, мактабҳои хуштарҳи муҷаҳҳаз, корхонаи навини мармар, кохи оинабандии намоишу ҳунар, нерӯгоҳи барқи обӣ, парки технологию офтобӣ ва ғайраю ғайраи дигар шароити Дарвози дурдастро ба як шаҳри муосир ҳамтироз сохтаанд.

Хоса тарфи бӯстон ва равзаи ризвон, атри гулоб ва рашки моҳтоб, Чорчамани фароғатии Паткуноб, ки дар ҳамдастии мавзуни инсону Яздон зиннат ёфтааст, саҳнаи бемисле аз тавозуни ранг бо эъҷоз ва омезиши ҳақиқат бо маҷоз, ҳамтирозии рӯҳ бо кӯҳ ва ҳамнишинии завқ бо шукӯҳ, таслими санг бар инсон ва пайванди имрӯз бо бостон, оштии табиат бо фановарӣ ва тавони одам дар ҳуснофариро пешкаши меҳмон медорад. Агар шаберо дар ин нишемани шоҳона ва дар ин дурдасти обу анору афсона ба сар баред, шак нест, ки хумори онро умре ба дил мепарваред. Пас, хушо ба ҳоли касоне, ки умреро дар ин биҳишт сипарӣ доранд…

Навтарин намунаи рушд ин диёр бунёди чорбоғи фановарист, ки ҳафт коргоҳи саноатиро фаро гирифта, фасли нави эҳё ва насли нави илму технологияро вориди диёри кӯҳсор кардааст: хатти лазерии тавлиди ниқоби тиббӣ, хатти ҳӯшманди истеҳсоли маҳлули зиддиуфунӣ, хатти худкори зарфгирии оби нӯшиданӣ, хатти бастабандии асали ноби кӯҳистон, гармхонаи ҳӯшманди сабзавот ва хаймабоғи офтобгири меваҷот. Агар ҷойҳои дигар мардум дар пайи кор бошанд, ин ҷо кор ба суроғи мардум омадааст…

Дар канори ин ободиҳои Дарвоз, инак ободгарони диёр тарҳи обёрии Дашти Луҷро оғоз ниҳодаанд, ки бар замини кӯҳистони камзамин 400 гектар киштзори обӣ меафзояд. Ҷаҳише, ки ҳам амнияти ғизоӣ ва ҳам қудрати кишоварзии Дарвозро якбора боло хоҳад бурд. Агар ба он сӯи об нигарем, ки «дарвозиҳои убарӣ» ҳатто дар як ваҷаб замини сангчини кӯҳсор бо гову шудгору юуғу испор гандум мекоранд, аҳаммияту неъмати майдони фарохе чун Дашти Луҷ барои ин иқлим ба худии худ рӯшан мегардад.

Аммо Луҷ як саҳрои оддӣ нест, балки он низ мисли ҳар ҷойи дигари Дарвоз ривояту хосияте дорад. Огоҳон гӯянд, ки Луҷ ҳамрешаи «луж»-и ҳиндуаврупоӣ, яъне марғзор аст, ки дар русӣ низ дар вожаҳои «луга» ва «лужайка» корбурд дорад. Ва аз хосиятҳои ин дашт ҳамин аст, ки эътидоли фазою ҳавои баланди он барои рафъи бемории тангии нафас бисёр муфид аст.

Ва аз ободиҳои навину дилнишини Дарвоз боғи кӯдаконаи Вумар аст, ки дар он нусхаҳои зебое аз диданиҳои дунё қомат афрохтаанд: кӯдакон ин ҷо ҳам нусхаи бурҷи Эйфали Порисро мебинанду ҳам бар пойи муҷассамаи Озодии Амрико менишинанд, ҳам рӯи девори Чин мераванду ҳам аз набзи соати Лондон огаҳ мешаванд. Ва аз ин қадамҳои кучак роҳи бузурги кӯдак ба паҳнои зиндагонӣ ва шоҳроҳи бузурги ҷаҳонӣ оғоз мегирад.

Аммо миёни ободиҳои навин пеши мардуми ватанпарвару давлатмеҳвари Дарвоз бурҷҳои бовиқори Парчами миллӣ ва Нишони давлатӣ маънои хосаи худро доранд. Зеро дар як ноҳияи марзӣ, ки дар он мафҳуми худсолорӣ ва рӯҳи ватандорӣ ҷойгоҳу аҳаммияти махсус мепазиранд, ҷилваи парчами кишвар ва дурахши нишони давлат рамзу ифтихори хосса мегиранд.


ЮНОН КУНАД ДАРВОЗРО…

Ин ҷо ҳамагон дар эътирофанд, ки дар ин диёри кӯҳсор дар татбиқи барномаи давлатии рушди устувор нақши ободгари беназир Шералии Кабир меҳварист. Ӯ ҳамчун муҳандиси Дарвози навин худи рӯҳи ободиву фарҳанги созандагиро бар ин муҳит ҷорӣ карда, ин диёрро ба як саҳнаву намунаи созандагӣ табдил намудааст. Аз ободиҳои бемисли Дарвоз ва андешаи созандаи фарзанди огоҳи он ба мулоҳиза фурӯ меравем, ки кош ҳама сарватмандони мо шефтаю дилбастаи созандагӣ бошанд. Зеро ин марди ободгар зарфияти худро сарфи созандагӣ намуда, барои рушди диёр тарҳҳои мондагоре амалӣ кардааст. Ин аст, ки шахсияти ӯ ба орзӯи ҳар минтақа ва ба улгӯи ҳар ҷавон табдил гаштааст.

Тавре пештар ишорат рафт, яке аз орзуҳои ҳамешагии пешиниёни Дарвоз то сатҳи Юнон расидани ин сарзамин буд. Бо дидани ободиҳои Дарвози навин метавон гуфт, ки мавҷи нави эҳё он ормони ҳазорсоларо амалӣ намуда, Дарвози кӯҳистониро то сатҳи кишварҳои муосир рушд медиҳад ва дар ниҳоят, фикри созандаву гардунсойи фарзандонаш Дарвозро ба Юнони дигар табдил менамояд. Бо ин андеша, назираи кӯтоҳе бар байти машҳури Мавлоно Баҳрини Дарвозӣ эҷод шуд, ки ишорате ба парвози навини Дарвози бостон ва ҳиммати фарзандони созандаи он аст:

Рӯзе, ки пири Борбад бинвохт ин оғозро,

Бар рӯҳи кӯҳистон дамид ин лаззати парвозро.

Дар мавҷҳо таҳрир шуд андешаи ҷоришудан,

Бо осмон пайванд зад ин бурҷҳои розро.

Эй набзи гарми зиндагӣ, эй меҳвари созандагӣ,

Бори дигар таъбир кун фарҳанги одамсозро.

Рӯҳи Қаноатро бихон аз киштзорони баланд,

То боз ошиқтар кунад дар лола ҳусни нозро.

Мулки кӯҳистон шаҳр шуд, сангаш нигини даҳр шуд,

То тарҳи дигар рехтӣ ин мулки хушпардозро.

Бар лавҳи ҳар санги ватан нақши тамаддун коштӣ,

«Ин табъи гардунсойи ту Юнон кунад Дарвозро!»

Хулоса, Дарвози навин шаҳре муосир ва тоқе дилпазир дар бари рӯди равон ва дар дили мулки кӯҳистон аст. Аз диди рушду ободиву созандагӣ ҳоло он на танҳо аз Дарвози бостон, балки аз Дарвози шӯравӣ низ бисёр пештар истодааст. Ва зарфияту бартариҳое чун убури шоҳроҳи фаромиллӣ, ҷойгирии муҳимми марзӣ, вуҷуди рӯдхонаҳои ҷорӣ, иқлими муътадили кишоварзӣ, сарватҳои фаровони табиӣ, имкониятҳои азими сайёҳӣ ва таъриху фарҳанги бостонӣ ҳамагӣ аз ояндаи рӯшани Дарвоз гувоҳӣ медиҳанд. Ва албатта, мардуми баландҳиммату соҳибмаърифат, ки инак боби нави эҳё кушодаву азм бар созандагӣ ниҳодааст.

Total Views: 130 ,