НАБОТИ БАЧЧАГӢ

Бо салому эҳтиром,

Ду шеъри отифию тасвирӣ аз соли аввали донишҷўйиро мегузорам, ки шамими насими он рӯзҳои тилойӣ доранд.


НАБОТИ БАЧЧАГӢ

Набот бастаанд шохаҳои себ

Зи барфи рӯбарӯи шаб.

Ба гӯш пахта кардаанд бомгӯшаҳо

Зи ҳуштаки гулӯи шаб.

Хаёлам ин шаби ман истиораест

Зи бачагии ҷомапӯши ман.

Даҳони мо ба шири нав сафед мекунад,

Ба сад мурод моми фаллаҷӯши ман.

Набот бастаанд шохаҳои себ.

Наботчои кўдакии мо чӣ гуна буд?

Талошҳои кўдакии мо чӣ гуна буд?

Гаҳе мағал намуда аз барои шохаи набот,

Гаҳе барои як пиёла чояки кабуд.

Зиҳӣ бародарӣ, бародарӣ,

Гаҳе расидаем аз ғазаб ба ҷони ҳамдигар,

Гаҳе зи бесарӣ рабудаем нони ҳамдигар,

Ва ёд бод рӯзҳои сарди чиллае,

Ки даст гарм кардаем дар даҳони ҳамдигар.

Падар, падар,

Ҳанўз дар ҷувозхонаӣ, баро,

Баро, ки шом мешавад қазо

Ту бўи рӯғани зағер мекунӣ,

Ба бўи худ маро ту сер мекунӣ.

Набот бастаанд шохаҳои себ…

Ва сар ба шиша мезанам зи васваси хаёлҳо,

Ки баччагӣ ба пушти шишаҳост,

Валек шиша тира мешавад зи ҳавли ҷон,

Ки баччагӣ ба пушти шиша нест.

Ки баччагит дури дури дур,

Басе, басе, басест…


НОСУРУДА

Барг бикшо, эй ҳамоҳанги ҷавонӣ,

К-аз ғами рўидан озодат набинам.

Чун гиё дар раҳгузори бўсаҳоят,

Менишинам, менишинам, менишинам.

Бар сафои ман сафедорон гувоҳанд,

Кардаем имсол бо ҳам баргрезӣ.

Лек чашмонат намерезад ба чашмам,

Мегурезӣ, мегурезӣ, мегурезӣ.

Боз шом афсонаҳои тор дорад,

Марди танҳоест дар афсонаҳоям.

Боз дар доми сукути интизорӣ,

Бесадоям, бесадоям, бесадоям.

Ёд бод он орзуҳои баландам,

Меравам бо ҷони аз ғамҳо зудуда,

Меравам, дардо, ки мемонад сурудам,

Носуруда, носуруда, носуруда.

 178 – Мақоларо хонданд,  1 – Имрӯз хонданд

Total Views: 167 ,