РӮЗГОРОНИ ҲИСОР

Навиштаанд, ки имрӯз рӯзи шаҳри Ҳисор аст. Чун шодбош, ғазале дар тасвири ин диёри файзбор аз маҷмуаи “Ту дар гуфтан намеойӣ…”, 2015.

Шаҳсутуни арш бошад кӯҳсорони Ҳисор,

Кокули хуршед бошад обшорони Ҳисор.

Баски рӯи гарм дорад мардуми бекинааш,

Файз меборад ба рӯи рузгорони Ҳисор.

Дар кафи нозаш Душанберо чу ҷон мепарварад,

Бӯи Турсунзода дорад атри борони Ҳисор.

Чун нишони пойдорӣ пойдор истодааст,

Бурҷи таърихи баланди шаҳриёрони Ҳисор.

Рӯди Алмосӣ биёвардаст то Кофарниҳон,

Накҳати мушки насими кӯҳи торони Ҳисор.

Моҳ хирман мезанад дар даштҳои Хирманак,

Шир меполад ба тӯри киштзорони Ҳисор.

Хоки Охунди Шарифу хоки Эшони Калон,

Осмон паст аст пеши хоксорони Ҳисор.

Бо гули наврӯз ороянд дар наврӯзгоҳ,

Ёли симини саманди шаҳсаворони Ҳисор.

Дар дили аҳли дилу дар синаи аҳли сафо,

Сабт бошад номи неки номдорони Ҳисор.

Total Views: 182 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.