ХОТИРАИ ДАШТИҶУМ
Таърихҳо нуҳуфта дар айёми Даштиҷум,
Устураҳо ниҳон шуда дар номи Даштиҷум.
Ҷовид дар хаёли фалак нақш бастааст,
Тасвири Ҷам дар ойинаи ҷоми Даштиҷум.
Хушному хушкалому хушандому хушнаво,
Хушгавҳар аст мардуми хушкоми Даштиҷум.
Боди сабо мусаввири фасли шукуфтанаш,
Кабки дарӣ муаллифи пайғоми Даштиҷум.
Як равза аз биҳишти заминии Кирдгор,
Гулпӯш бод дашту дару боми Даштиҷум.
«Бошад, ки марди пир бад-он гаҳ шавад ҷавон»,
Андар канори рӯди дилороми Даштиҷум.
Сад лолазор сар ба тамошо кашидааст,
Гулгашти гулрухони гуландоми Даштиҷум.
Лабрез аз муҳаббату саршор аз сипос,
Гуфтем ин тарона ба илҳоми Даштиҷум.