ВАТАНДОРӢ…

СУҲБАТИ ХАБАРНИГОРИ «БОНУВОНИ ТОҶИКИСТОН» БО СИЁСАТШИНОС АБДУЛЛОҲ РАҲНАМО

– Мавзуи ватандорӣ бемуҳобот як мавзуи азаливу абадист. Дар таъриху адабиёт мехонем, ки одамон ҳамеша ба ватандўстӣ, ҳифзи Ватан ва арзишҳои он даъват шудаанд. Сарчашмаи ин ҷараёни давомдору беохир, ба фикратон, аз куҷо маншаъ мегирад?

– Раванди муқимӣ шудани башар марҳала ба марҳала сурат гирифтааст. Баъзе нажоду миллату қавмҳо хеле барвақт муқимӣ шудаанд. Зери мафҳуми «муқимӣ шудан» манзури мо ба як ҷуғрофиё пайваст ёфтани зиндагии қавму қабила аст. Бинобар ин, дар миллатҳое мисли мо – ориёиҳо, эрониҳо, тоҷикон, мафҳуми ватандорӣ нисбат ба қабилаҳое, ки дурудароз бодиянишин буданд, пештар шакл гирифт. Аз ин дидгоҳ, ватандорӣ мафҳумест, ки, пеш аз ҳама, миёни мардумони муқимиву шаҳрнишину таҳҷоӣ ба вуҷуд омадааст. Ин се ҷанба дорад:

Якум, аз назари манфиатӣ, яъне вақте одамон дар як ҷо муқим мегарданду хона месозанд, замин мекоранду боғдорӣ мекунанд, соҳиби дороӣ мешаванд, дар натиҷа манфиате ҳосил мешавад, ки он бояд ҳифзу ҳимоят гардад.

Дувум, дар ҳамон муҳит, дар ҳамон табиат зиндагӣ кардан, як навъ пайванди унсурӣ ва физиологии инсон бо муҳит ба вуҷуд меояд. Яъне, бо муҳит унси биологӣ мегирад.

Сеюм, ҳамзистӣ як силсила арзишҳое, мисли урфу одат, фарҳанг, тамаддунро ба вуҷуд меорад. Инҳо ҳам одамонро ба ҳамдигар муттаҳид месозанд ва онҳо умумияту манфиатҳоро танҳо дар ҳамзистӣ, дар як муҳити ҷуғрофӣ ёфтаву ҳифз карда метавонанд.

Инҳо ҳама дар якҷоягӣ арзишеро ба вуҷуд меоранд, ки барои инсон аҳамияти ҳаётӣ пайдо мекунад. Инсон берун аз он қариб аз ҳама чиз маҳрум мегардад: берун аз он ҳамон муҳитро пайдо карда наметавонад, амнияту арзишҳоро намебинад. Аз ҳамин хотир мегўянд: «Ватани ба ҷон баробар», «Ватан – ҳастии мо». Аммо, инҳо танҳо тасвирҳои романтикӣ ва адабӣ нестанд. Зеро, дар ҳақиқат, мафҳуми Ватан то ҳадде ба инсон мепайвандад, ки онро мешавад ба пайванди як организми зинда шабеҳ дод.

– Ҷое зикр карда будед, маълумоте мавҷуд будааст, ки ҳатто ҷараёни ҷон додани мардумони ғарибу муҳоҷир назар ба одамони дар ватанбуда сахттар сурат мегирифтааст…

– Ин маъниро хеле зиёд дар китобҳои илмӣ пайдо кардан мумкин аст, агар инсон дар Ватан хотири ҷамъ дорад, на танҳо зиндагии ў осон мешавад, балки маргаш ҳам осон хоҳад буд. Маргшиносону равоншиносон таҳқиқ кардаанд, ки касоне муҳоҷиранд, маргашон нисбат ба мардуми ватанӣ хеле печидаву мушкилтару тулонитар мекашад. Дар ин бобат байти машҳури Камоли Хуҷандӣ ҳаст: «Дар ғарибӣ ҷон ба сахтӣ медиҳад, мискин Камол, во ғарибӣ, во ғарибӣ, во ғарибо, во ғариб…». Дар ҷавонӣ ба ин ҷараён ва ин байти машҳур он қадар аҳамият надода будам. Вақте матолиби илмиро дар ин бора хондам, баъд фаҳмидам, ки маънои ин ғазал чӣ будааст. Бубинед, дар ин ҷо шоир нагуфт, ки дар ғарибӣ ҷон медиҳад, балки «ҷон ба сахтӣ медиҳад» гуфт. Яъне, марги як ғариб чӣ қадар мушкил аст, ки Камол мушоҳида кардааст. Гурезаҳои мо дар Афғонистон солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ нақл кардаанд, ки мўсафедону кампирон ҳангоми маргашон чандин рўзу шаб азият мекашиданд, ба истилоҳ ҷон меканданд. Аз ин хулоса кардан мумкин аст, ки мушкил будани марги ғарибон нишонаи чӣ қадар пайванд будани ҳисси ҷисмиву равонии онҳо ба сарзаминашон аст. Ватандўстӣ танҳо идеология нест. Он вақте арзиши қудратманд мешавад, ки мо ватандўстиро на ҳамчун идеология матраҳ кунем, балки инсонро ба дараҷае оварда расонем, ки ў манфиати худ ва манфиати Ватанро якҷо бинад, пайванди хешро бо Ватан эҳсос кунад.

– Дар баробари мафҳуми «ватандўстӣ» дар адабиёт баъзе маъниҳои дигарро ҳам вохўрдан мумкин, мисли «Ватан, он ҷо, ки озорат набошад…». Ба фикратон, ин як навъ андешаҳои зиддиидеологӣ буданд ё гуфтан мумкин, ин оғози як навъ ҷаҳонишавиро маънӣ медиҳад?

– Агар ба забони имрўз гўем, таъмини шароит барои зиндагии шоиста, як бахши муҳими ватансозист. Чаро гоҳ-гоҳ ин хел масъалаҳо ба вуҷуд меоянд? Маълум аст, ки он ҷанбаи иҷтимоӣ дорад. Агар хоҳем, ки ватандории мардумро қавӣ гардонем, яке аз барномаҳои қавӣ дар қатори корҳои идеологӣ ва фарҳангиву таълимӣ, фароҳам кардани ҳадди ақалли шароит барои зиндагии шоистаи инсон аст. Бубинед, ҳоло мо аз назари амнияти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ воқеан беҳтарин шароитро таъмин кардем. Акнун навбати ин аст, ки амнияти иҷтимоиву иқтисодии инсон ҳам дар ҳадде бошад, ки ў Ватанро ҳамчун паноҳгоҳу ҷои амн эҳсос намояд. Имрўзҳо қавмҳои берешашуда яке аз омилҳои беамнӣ дар тамоми ҷаҳонанд. Ин қишр то ҷои худро меёбад, якчанд насл мегузарад ва баъди садсолаҳо дар ҷои дигар бо тамаддунҳои дигар ба вуҷуд меоянд. Вале тоҷик ба ҳамин маънову низоми арзишҳо ва ҳувият, ки ҳоло ҳаст, танҳо дар ҳамин ҷо метавонад бақояшро таъмин созад. Тоҷик дар фазои иттилоотиву маҷозӣ наметавонад дарозмуддат ҳастии худро таъмин созад, фақат ҷузъи ҳамин ҳастӣ мегардад, лекин он чӣ, ки бақои моро таъмин месозад, пеш аз ҳама, ҷуғрофиё ва муҳити зиндагии миллист. Барои ҳамин мо имрўз мафҳуми Ватанро бо мафҳуми давлату давлатдорӣ аз назари амалӣ бисёр пайванд мекунем…

– Воқеан, имсол Тоҷикистон ҳамчун як давлат 100-сола мешавад. Ба фикри Шумо, дар садсолаи аввал кадом масъалаҳоро ҳал кард ва барои ҳадди ақал даҳсолаи баъдӣ бояд чӣ корҳои муҳимро амалӣ намояд?

– Садсолаи гузашта барои мо ҳам фоҷиа дошт, ҳам бурд… Бо боварӣ метавон гуфт, ки Тоҷикистон охирин ҷоест, ки тоҷик ҳамчун миллат, ба таври расмӣ давлат дорад, забон, фарҳанг, арзишҳову манфиатҳои худро расман ҳимоя карда метавонад. Агар ба дастовардҳои садсола назар андозем, бузургтарин дастоварди ин давра соҳиби давлати мустақил шудан аст. Дар бобати даҳ соли оянда назари ман ин аст, ки шаҳрвандони мо бояд акнун давлатро ҳамчун омили ҳаётӣ дар канори дигар арзишҳояшон ҳис кунанд. Яъне, мо бояд фаҳмем, ки ба марҳалаи ватандори соҳибдавлат гузаштаем. Соҳибдавлатӣ бояд бахши муҳими тафаккури ҷомеа шавад, чунки танҳо давлат метавонад бақои миллиро таъмин намояд…

– Пешвои миллат дар як суханронии худ гуфтанд, ки ҳар яки мо бояд минбаъд мафҳумҳои «ватандўстӣ» ва «рушд»-ро шиори фаъолияти ҳаррўзаи худ қарор диҳем…

– Дуруст ҳам ҳаст. Ба фикри ман, барои бақои Тоҷикистон чор шарт зарур аст. Якум, ҳифзи истиқлоли сиёсӣ. Дуюм, ҳифз шудани моҳияти миллии давлат. Сеюм, рушди ҳатмии иқтисодию иҷтимоии кишвар. Чорум, қудрати низомию технологӣ.

– Шумо қудрати низомию технологӣ гуфта, артишро дар назар доред?

– Таҷрибаи қариб ҳамаи давлатҳои дар ҳоли рушд нишон медиҳад, ки артиш яке аз омилҳои асосии на танҳо амнияти берунӣ, балки омили ҳифзи давлатҳо низ ҳаст. Бинобар ин, бояд мо дар саф ва дар даруни қувваҳои мусаллаҳ арзишҳову манфиати миллиро аз ҳама бештар тарғиб кунем. Артиш қисми ватандўсттарини ҷомеа аст. Ба артиш бояд ҳамчун рамзи субот, рамзи ҳифзи давлат нигарист, то дигарон бо ҳавас ба афсарони ватандўст нигоҳ кунанд. Бубинед, ҳатто бархе кишварҳои аврупоӣ, ки пештар артиши худро барҳам зада буданд, акнун узвияти худро дар Иттиҳоди Аврупо таъмин карданд, то аз тариқи НАТО худро ҳифз карда тавонанд.

– Мо дар арафаи Рўзи артиши миллӣ қарор дорем. Шумо зимни як сафари хеш гуфта будед, ки дар роҳи Бадахшон якчанд сарбозони тоҷикро дидеду ҳамроҳашон суҳбат доштед. Онҳо бисёр боҳарорат аз боби ватандўстӣ мегуфтанд…

– Хушбахтона, мо дар сохтани артиш ҳамчун неруи физикӣ хеле муваффақ гардидем. Чунки нисбат ба давраҳои аввали истиқлолияту ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дигар артиши муҳтоҷу заиф надорем. Қувваҳои Мусаллаҳи мо таҷрибадидаанду бисёр хуб шакл гирифтаанд. Акнун дар назди мо ду вазифа истодааст: яке рушди технологии таъминоти артиш, чунки силоҳҳои анъанавӣ дар ҷангҳои муосир на ҳамеша коромаду ҳалкунанда мешаванд.

Бубинед, аллакай кишварҳои минтақаи Осиё ба насли нави силоҳҳои ҷангиву дифоӣ гузаштанд.

Дуюм,артишро бояд аз назари зеҳнӣ ҳам тақвият бахшем… Як раванди хушро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон зикр карданд. Соҳибкорони ватанӣ дар ду соли охир 75 дидбонгоҳ (застава)-и ҳарбии сарҳадӣ сохтанд. Ин як таҳаввули азим дар масъалаи ватандориву тафаккури соҳибкорони мост. Одатан, то ин вақт мешунидем, ки соҳибкор дар қисмҳои ҳарбӣ хайрия ё дигар корҳо мекунад. Ин як марҳалаи ибтидоии шаклгирии соҳибкории ватанӣ буд. Акнун мебинем, ки соҳибкор, дар баробари хайрия, боз сарҳад месозад, давлату Ватан месозад. Пайванди қишри соҳибкору сарҳадбону артиш яке аз намунаҳои олии ватандорист.

– Ташаккур барои суҳбати пурмуҳтаво дар арафаи Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ.

– Муваффақ бошед

Total Views: 35 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.