ЯК ШАҲОДАТИ ТАЪРИХ…

Дирӯз рӯзи ҷаҳонии забони модарӣ буд. Ба ин муносибат дар зер нусхаи асли ду ҳуҷҷати нодири таърихӣ – аввалин қарорҳои Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон ( = Ҳукумати аввалини Тоҷикистон) бо роҳбарии Нусратулло Махсум дар бораи ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ШУДАНИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ВА БА ТОҶИКӢ ГУЗАРОНИДАНИ ТАМОМИ КОРГУЗОРИИ ДАВЛАТӢ дар Тоҷикистони навтаъсис гузошта мешавад.

Қарори аввал (Қарори #12 -и Ревкоми ҶМШСТ) 10-уми апрели соли 1925, яъне пас аз 25 рӯзи эълони расмии Тоҷикистон (15.03.1925) қабул шуда, банди аввали он забони тоҷикиро ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ эълон мекунад ва бандҳои 3, 4 ва 5-уми он аз тамоми ниҳодҳои марказию маҳаллӣ қатъиян талаб мекунад, ки ҳамаи коргузории давлатӣ ва муошират бо мардум танҳо “бо забони аҳолии таҳҷоӣ”, яъне ба тоҷикӣ сурат гирад.

Бояд таваҷҷуҳ намуд, ки дар ин қарори таърихӣ нисбат ба мақоми забони тоҷикӣ маҳз истилоҳи “ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ” (государственный язык) истифода шудааст, ки он ишораи дақиқ ба рӯҳи истиқлолхоҳӣ ва таърихӣ ин мафҳум ва ин мубориза дорад. Зеро дар он марҳила Тоҷикистон ҳанӯз ҷумҳурии автономӣ дар таркиби ҷумҳурии ҳамсоя ва он ҳам худ як ҷумҳурии таркиби Иттиҳоди Шӯравист, аммо ин қарор Тоҷикистонро ҳамчун ДАВЛАТ ва забони тоҷикиро чун забони давлатӣ эътироф менамояд.

Қобили таваҷҷуҳ аст, ки банди 2-юми ин Қарор дар ҳамон замон нақши забони русиро танҳо ҳамчун “ёридиҳанда” (вспомогательный) муайян мекунад. Сабаби дар банди 1-ум дар канори тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ зикр шудани забони “узбекӣ” низ як талаботи расмият буда, дар он аст, ки он замон ҶМШС Тоҷикистон ҳанӯз дар таркиби он кишвар буд. Аммо бандҳои амалии Қарор (3, 4, 5) маҳз забони амалии давлат, давлатдорӣ ва коргузорӣ шудани забони тоҷикиро таъмин мекунанд, ки моҳияти аслии иқдом низ ҳамин аст.

Ҳуҷҷати дуввум (Қарори #21- и Ревкоми ҶМШСТ) чаҳор моҳ пас аз қарори аввал, яъне 5-уми августи соли 1925 қабул шуда, зарурату ҳатмият ва роҳҳои татбиқи қарори якумро ба таври бисёр қатъӣ муайян мекунад.

Зарурати қабули қарори иловагии дуввум дар он буд, ки аксари хидматчиёни давлатӣ аз “марказҳо” омада, забони аҳолии маҳаллиро намедонистанд ва ба осонӣ ба коргузории тоҷикӣ намегузаштанд ва ё гузаштан намехостанд. Бо ин Қарори ниҳочт сахтгирона онҳо амалан маҷбур карда мешаванд, ки забони мардуми таҳҷоиро омӯзанд ва ҳатман ба тоҷикӣ муошират ва коргузорӣ намоянд ва дар ин бора ба комиссияи махсус ва Кумитаи инқилобии Тоҷикистон пайваста ҲИСОБОТ ДИҲАНД!

Ин Қарор ҳамчунин ҳатмияти ба ҳамаи идораҳои давлатӣ ба кор гирифтани аҳолии таҳҷоии маҳаллӣ, яъне тоҷиконро ҷорӣ месозад, ки низ дар он марҳила мавзуи бисёр ҳассос буд.

Масъалаи забони давлатӣ ва коргузорӣ яке аз ҳассостарин мавзуъҳои он давра ба ҳисоб рафта, қабули чунин қарорҳои қатъӣ яке аз далеронатарин иқдомҳои Раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС (ҳукумати муваққатӣ) Тоҷикистон Нусратулло Махсум буд. Маҳз дар натиҷаи ин қарорҳо 30 нафар аз фиристодагони ғайритоҷик бо мактуби эътирозӣ ба Вазири корҳои хориҷии СССР ва ҳамзамон масъули комиссияи миллатҳои ИҶШС Г.В.Чичерин муроҷиат карда, шикоят карданд, ки гӯиё роҳбари Тоҷикистон Нусратулло Махсум як шахсияти миллатгаро буда, ин ҷо моро маҷбур дорад, ки ҳама бо тоҷикӣ муошират ва корбарӣ кунем. Ҳамин нома дар асл аввалин саҳифаи парвандаи ҳукм ва қатли Нусратулло Махсум гашт. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, пеш аз ҳама шаҳиди роҳи барқарории ҳувияти миллӣ ва зиндадории забони модарӣ мебошад.

РӮЗИ ҶАҲОНИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ГИРОМӢ БОД!

Total Views: 35 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.