ҒАЗАЛИ ИН САҲАР

Тарк мекунам имшаб баҳси суду савдоро,

Қиссаи ду оламро, ҳасрати ду дунёро.


Аз дусар дар ин дафтар як алиф намемонад,

Эй, муаллими аввал, ҷамъ кун алифборо.


Олами худоӣ низ суннате аҷаб дорад,

Сужае дигар бояд ин набарду даъворо:


Санг мезанад умре ҷоҳилаш паямбарро,

Дор мекашад умре қайсараш Масеҳоро.


Ёди ёри гумгашта дар ду чашми ман ҷорист,

Ҷӯйи Мӯлиён шўяд ҳасрати Бухороро.


Як худой мебинӣ, як паём мегирӣ,

Гар ба чашми дил хонӣ Мусҳафу Авасторо.


Ишқи ончунонам деҳ, к-оташи ҷаҳонсӯзаш,

Гарди осиё созад Юсуфу Зулайхоро!


Эй замонаи номард, чун туро сано гўям,

Як ҳамин гуноҳат бас, пир мекунӣ моро.

Total Views: 32 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.