ЗИҲӢ ДИЛ, ОФАРИН ДИЛ!

                                                                  ***

МЕЪЁРИ ШОИРӢ

Шояд аз таъсири фасли ғубор буд ё фишори пайвастаи рӯзгор, ки дил бетобӣ карду даҳ рӯзи гузаштаро дар шуъбаи дармони қалби бемористони Қарияи Боло сипарӣ кардам. Табибон пешаи маро дониста, пайваста таъкид мекарданд, ки дар ин ҷо фалону фалону фалон устодону бузургони илму адаб хобидаанду табобат гирифтаанд. Хоса устод Лоиқ муддатҳо меҳмони ҳамин даргоҳ будаанд.

Чун мудири бахши назми Иттифоқи нависандагон, шоири ҷавон Толиби Луқмон ба аёдат омад, қадамҷойи устодон будани ин даргоҳро қисса карда, бо ифтихор хулоса кардам, ки акнун банда низ шоири ҳақиқӣ шудам! Зеро маълум мешавад, ки шоире, ки кораш як бор ба шуъбаи кардиология накашида бошад, ҳанӯз шоири ҳақиқӣ нест…))))

Илми роҳи Ҳаққу илми манзилаш,

Соҳиби дил донад ӯро бо дилаш.

Ҳамин тавр дили хастаро лаҳзае хуш кардем ва орзу намудем, ки ҳеҷ шоире ҳаргиз дарди дилу бемористони дилро набинад…

Нашуд як лаҳза аз ёдат ҷудо дил,

Зиҳӣ дил, офарин дил, бовафо дил!

Зи дасташ як дам осоиш надорам,

Мусибат дил, фалокат дил, бало дил!

                                                              ***

ДИЛ ОБ ШУД, БИРЕХТ…

Чун сухан аз дарди дил рафт, қавле аз устоди донишгоҳиямон ёд омад, ки аввал ҷарроҳи дил буду, акнун бо маълумоти дуввум аз адабиёт дарс мегуфт. Вақти шарҳи байтҳои бузургон ў таъкид мекард, ки ибораҳои машҳуре чун «доғи дил», «доғи ҷигар», «дил об шуд», «дил пора шуд», «дилафгор шудан», «ҷигарам рехт», «ҷигарам сӯхт» ва ғайра танҳо тахайюли шоирона ё баёни бадеии эҳсос нестанд. Балки, ҳар боре шахсони дардманд, фироқдида, ғуссадор ё сахтрӯзгореро ҷарроҳӣ мекунем, ман дақиқан мушоҳида мекунам, ки рўи дилашон ё шушашон ё ҷигарашон доғу захму безҳои калон-калон доранд ё долончаҳои дилашон сиёҳ шуда, ё ҷой-ҷойи матои дилу ҷигарашон об шудаву зардоб гирифтааст…

Чун ғунча агар синаи тангам бишикофӣ,

Донӣ, ки касе нест дилафгортар аз ман…

Ва мегуфт, пас беихтиёр пеши рўй меовардам, ки он тавсифу тасвирҳои бузургони мо ҳаргиз бепоя набудааст, балки маънии ростии ҷисмонӣ низ доштаанд. Дар ҳақиқат аз оташи ишқу зӯрии дарду бузургии ғам дил доғ мегирифтаасту шиш ғалбер мегаштаасту ҷигар об мешудааст!

Зи чӣ ҷавҳар офаридӣ дили доғдори моро?

Ки ҳазор лола пӯшад пас аз он мазори моро!

                                                           ***

ДИЛ БА ДАСТ ОВАР…

Албатта беморони бахши дил танҳо шоирон набуданд. Утоқҳои ҳамаи табақаҳо, аз вазнинхона то шўъбаи эҳё, пур-пури касоне буданд, ки мушкили дил доштанд. Миёни онҳо хоса ҳузури барҷастаи се қишр андешиданӣ буд:

Аввалан, бештари беморони дил занону модарони азиз буданд, дилҳои зебову наҳифе, ки ҳазор ғусаву ташвишу фироқро таҳаммул кардаву дар ниҳоят аз тавон уфтодаанд.

Дуввум, миёни беморон ҷавонон низ кам набуданд: падидае, ки гўё пештар нодир ҳисоб шуда, солҳои охир бисёр оддӣ шудааст. Севум, бахши чашмгири беморони дил мансабдорону сарватмандони собиқу ҳозир буданд: то ҷое, ки шогирдону фарзандон баъзеро бо замбару баъзеро бо аробаву баъзеро бо такяву асобағал то утоқи табобат мерасониданд.

Зи дасти дидаву дил ҳар ду фарёд,

Ки ҳар чи дида бинад, дил кунад ед!

Ҳар яке аз ин ҳолату мушоҳидаҳо паёму ҳикмате дошт, ки ҳар соҳибдил бояд рўйи он биандешид. Ва муҳимтарин паёми он ин аст, ки дилҳои худро бисёр эҳтиёт кунед! Дили дўстону атрофиёни худро низ!

Дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи акбар аст,

Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст.

                                                        ***

САТРИ СИПОС

Ва ниҳоят, чун беморони дил басе ранҷуру нозуктабиатанд, табиист, ки табибони ин бахш низ бояд бисёр ҳалиму меҳрубон бошанд. Хушбахтона, дар тӯли ин рўзҳо дарёфтам, ки дар ин даргоҳ табибони ҳабибе гирд омадаанд, ки шоиставу сазовори хидматгузорӣ ба аҳли диланд. Дар айни интизому назофати низомӣ, фазои ин даргоҳро тавону тахассусу таваҷҷуҳу меҳрубонӣ низ фаро гирифтааст. Ин табибон чӣ дили бузурге доранд, ки ин ҳама дили дардманду афсурдаву саркашу савдоиро таҳаммулу дармон мебахшанд:

Дилро ба кафи ҳар кӣ ниҳам, боз пас овард,

Кас тоби нигаҳдории девона надорад!!!

Аз ин рӯ, ҳоло, ки бо диле эҳёшуда ба хона омадам, мехостам ташаккури самимонаи худро ба тамоми табибону кормандони ин даргоҳ, хоса ба сарвари бузургвори он, табиби шинохтаи кишвар ва минтақа муҳтарам Музаффар Раҷабов, табиби ҳабиби муолиҷ муҳтарам Гулнора Сафаралиева, ҳамшираҳои меҳрубони тиббӣ Лутфиябону ва Манзурахонум ва тамоми меҳрубонони хидматрасони ин ошёни табобату муҳаббат тақдим намоям:

Саломати ҳама офоқ дар саломати туст,

Ба ҳеҷ ҳодиса ҷисми ту дардманд мабод!

Total Views: 47 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.