УСТОДЕ, КИ ФАРҲАНГ МЕХОНД…

Зодрӯзи устоди бузургвор, инсони сазовор ва хориқаи рӯзгор Рустами Ваҳҳоб хуҷаста бод!

Даврони донишҷӯии мо дар риштаи адаб устод “муаллими ҷавон”-е буданд, ки бо диди тоза вориди муҳити донишгоҳ шуда ва шояд аз камтарин устодоне буданд, ки дар баробари таълими фанни адабиёт, худ низ бо рӯҳи адабиёт ва хусусан, бо маънавияти амиқи адабиёти бузурги миллии мо пайванд доштанд.

Устоде, ки на танҳо соли таваллуд ва тарҷумаи ҳоли адибонро медонистанд, балки маънию маънавияти осори онҳоро низ фаро гирифтаву бо ҳикмату ирфон низ ошноӣ доштанд.

Бинобар ин, устод Рустам барои шогирдон на танҳо устоди фанни таълимӣ, балки устоди ахлоқу маънӣ ва раҳнамои сулуку зиндагӣ низ буданд. Устоде, ки бо боварӣ метавонистем маънии ирфонии як байти “Маснавӣ” ё тафсири рӯҳонии як ғазали Ҳофизро бипурсем ва ин чиз он вақтҳо бисёр нодир буд…

Ва ҳеҷ ёд намеравад, ки вақте аз бародарашон Суҳроб, ки аз ҳамдавраҳои беҳтарини мо буданд, бо таҳайюр мепурсидем, ки “ҳамин устод дар хона чӣ мехонанд”, мегуфт, ки намедонам, шабҳои дароз Фарҳанг мехонанд. Манзур ҳамон дуҷилдаи бузурги “Фарҳанги забони тоҷикӣ”…

Шояд ҳамин аст, ки дар ниҳоят устод худ ба як фарҳанги зинда, ба як маънии равон ба як муҷассамаи забон ва ба як устураи адабиёт табдил шуданд…

Дар канори ин, дар нақди адабиёти муосири тоҷик низ дасти болое доштанду дар он бештар асолати милливу рӯҳи истиқлолро пайгирӣ мекарданд. Шояд аз сӯҳбатҳои онвақти эшон дарёфта будем, ки Айниву Турсунзода на танҳо шоиру нависанда, балки қаҳрамонони таърихию сиёсии давлатсозу миллатсози моянд ва Қаноату Лоиқу Бозору Гулрухсор на танҳо шоир, балки басе фаротар аз ин, сутунҳои арзишмеҳвари рӯҳи миллии мо мебошанд…

Дар ин рӯзи муборак ин шеъргунаро, ки ҳанӯз соли 2014 дар маҷмуаи “Ту дар гуфтан намеойӣ…” ба нашр расида буд, чун арзи ихлос ба устоди фарҳангсолор бори дигар тақдим менамоям.

                                                                 *****

Гарчӣ Рустам будану ваҳҳоб будан саҳл нест,

Рустами ваҳҳобро дидем дар симои ту.

Як ватан меҳанпарастӣ бар фарози шонаат,

Як ҷаҳон бахшандагӣ дар назми ҷонбахшоӣ ту.

Нусхаи аслӣ адабро аз куҷо омӯхтӣ?

Ё зи насли мустақими Одаму Ҳаввои ту?

Водии огоҳиву ҳодии худсозӣ туӣ,

“Маснавӣ”-ро насли мо бикшод бо фатвои ту.

Гар маро пурсанд оё ҳаст “маънии равон”?

Дорам ангушти ишорат ҷониби болои ту.

Гар маро пурсанд худ симурғ оё зинда аст,

Руй меорам ба Қофи хилвати анқои ту.

Аз “Абасто” то Қаноат ҳамнишинӣ доштӣ,

Вазну тамкини замин ҷорист дар маънои ту.

Порсию порсоӣ боз эҳё мешавад,

Гар ба мактаб роҳ ёбад мактаби эҳеи ту.

Носипосиҳои моро бар дили нозат магир,

Талхтар буд қиссаи ҷадди ману обои ту.

Ақли пуртадбир бар муят сапедӣ мезанад,

Ишқи туфонхез мешӯяд дили дарёи ту…

Total Views: 209 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.