САҲМ ВА САТҲИ ТОҶИКОН!

ДАР МАСЪАЛАИ МУҶАССАМАИ 4 БУЗУРГИ ТАМАДДУНИ МО ДАР НАЗДИ БИНОИ СММ

Дар чанд суҳбати ахири худ дар бораи муҷассамаи чор бузурги фарҳанги мо дар назди бинои қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид гуфтам. Баъзе дӯстон аз чигунагии он суол намудаанд.

Аз ин рӯ, дар поён маълумоти андак ва чанд тасвире аз ин муҷассамаро мегузорам, ки дар назди бинои қароргоҳи СММ дар Вена аз соли 2009 бунёд шудааст. Он бинои қароргоҳи расмии СММ ва аз марказҳои муҳимтарини дипломатияи ҷаҳонист.

Он муҷассама дар шакли чортоқест, ки айвону сутунҳояш бо сабки меъмории миллии замони ҳахоманишӣ сохта шуда, зери он аз чор сӯ пайкараи мармарини чор донишманди бузурги тамаддуни мо чун Буалии Сино, Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём ва Закариёи Розӣ нишастаанд.

Чаҳор сутуну пешоҳанги илму тамаддуни башарӣ, ки ҳамагӣ дар ҳудуди таърихии давлати Сомониён (Бухоро, Хоразм, Нишопур ва Рай) таваллуд шудаву зиста ва аз батни ҳамин сарзамин ва аз матни ҳамин фарҳангу ҳамин тамаддун бархостаанд.

Чаҳор нафаре, ки бо кашфу кору осори худ сатҳ ва таърихи илми башариро тағйир доданд, самти онро барои садсолаҳо муайян намуданд…

Ин муҷассама рамзе аз саҳми бузурги ниёгони мо дар рушди илму фарҳангу тамаддуни башарӣ ва эътирофи ҷаҳонии ин воқеият аст. Ин аст собиқаи ин миллат, саҳми ин миллат ва сатҳи ин миллат.

Пас, сазовори сатҳу асолати худ бошем…

(Дар ин боб дар шабакаи интернет низ маълумоти зарурӣ дастрас аст.)

Total Views: 91 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.