ДИДЕ АЗ РАШТОНЗАМИН

Сарбаландӣ суннати деринаи Раштонзамин,

Осмон рафтан тавон бо зинаи Раштонзамин.


Порсойӣ рӯйи одамро мунаввар мекунад,

Дидаам ин роз дар оинаи Раштонзамин.


Дил агар биншаст, ҳаргиз барнахезад аз бараш,

Сеҳр дорад мардуми бекинаи Раштонзамин.


Аз бузургии муҳаббат Оби хингу Оби сурх,

Мешавад пайванд андар синаи Раштонзамин.


Ҳар қадам ҷойи қадамгоҳи бузургони Худо,

Ҳафт водии сафо пешинаи Раштонзамин.


Аз ҳузури мусафедон нурборон мешавад,

Растаҳои ҷумъайи одинаи Раштонзамин.


Ҷаннати атри зилолу ҷаннати оби зулол,

Себи хубон гавҳари ганҷинаи Раштонзамин.


Баҳри таъмири замон фарзандҳо пар мекашанд,

Бо дуои модари оминаи Раштонзамин…

Total Views: 68 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.