КӮЧА-КӮЧА МЕҲРУБОНӢ…

Ёддоште манзум аз Тоҷикободи биҳиштӣ

 

Ҳаҷми сабзи бениҳоят, илтифоти бебаҳона,

Мушкбезии саҳаргаҳ, нурполои шабона,

 

Мева ширин, шева ширин, рӯйи гарми тоҷикона,

Марзи сангарҳои сангин, ҳикмати кӯҳи Сағона.

 

Дӯстат дорам чу гандум, хуша-хуша, дона-дона,

Тоҷикободи биҳиштӣ, Тоҷикободи ягона!

 

Қутби рӯҳонии мардум, лангари пири тариқат,

Дарки имонии Меҳан, шарҳи ирфонии ваҳдат,

 

Бостонитар зи ҳастӣ, нусхаи водии ҳайрат,

Ҷавҳару симои миллӣ, ҳамдаму ҳамноми миллат.

 

Зираву марҷони модар, муҳраи гарди хазона,

Тоҷикободи биҳиштӣ, Тоҷикободи ягона!

 

Каҳкашони кӯҳи лозур, Сурхкўли осмонӣ,

Бӯстони Дашти Регак, мунтаҳои бекаронӣ,

 

Ҷаннати Нӯшори Боло, шарҳи сабзи бехазонӣ,

Ҳалқа-ҳалқа пири ҳикмат, кӯча-кӯча меҳрубонӣ.

 

Дар муҳити ақли урфӣ зиндагии орифона,

Тоҷикободи биҳиштӣ, Тоҷикободи ягона!

 

Дастҳо нахли муҳаббат, боғҳо лабрези имон,

Дар ҳунармандӣ ҳунарвар, дар сухандонӣ сухандон,

 

Дар ватанхоҳӣ чу тундар, дар ватандорӣ чу тӯфон,

Шаддаи шаффофи шабнам, рўҳи сабзи Тоҷикистон.

 

Аз ҳунар оинабандӣ, аз адаб оинахона,

Тоҷикободи биҳиштӣ, Тоҷикободи ягона!

 

Сояи гелоси Акбар, соқаи симини шамшод,

Сури Иброҳими Кобул, ҷашни арарҳои озод,

 

Себи хубонӣ фурӯзон, оби ширин, ҷӯйи Фарҳод,

Кай равад ин манзар аз дил, кай равад ин қисса аз ёд?

 

Дастбӯсат ин тараннум, пойбӯсат ин тарона,

Тоҷикободи биҳиштӣ, Тоҷикободи ягона!

Total Views: 230 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.