МАЪНИИ ЯЗГУЛОМ

Ёддоште мавзун аз водии озодагон

Не бандаву на чокару не бардаю ғулом,

Озодагист мазҳаби мардони Язгулом!

Тӯфони ғайрат асту фақат ҷӯи об нест,

Дарёи мавҷхези хурӯшони Язгулом!

Бар сангҳо катибаи имон навиштаанд,

Бо эътиқоди пок ниёгони Язгулом.

Бар обҳо дуои кушоиш дамидаанд,

Пирони ҳафт водии ирфони Язгулом.

Олучабандаки ҷигарӣ тавқи гарданаш,

Тути музаффарӣ гули айвони Язгулом.

Маҳтоб бар нагисаи бомаш нишастааст,

Хуршед шамъи базми чароғони Язгулом.

Девори даври хонаи ӯ шиғи сода аст,

Ин ҳам зиёдатист ба мизони Язгулом.

Дар Язгулом мард фақат мард мешавад,

Ин аст ҳукми суннату аркони Язгулом!

Ҷонро миёни хони зиёфат ниҳодаанд,

Шӯри дил аст дар намаки хони Язгулом.

Ҳаргиз зи лавҳи хотири меҳмон намеравад,

Дар ширчой лаззати талқони Язгулом.

Чун кӯҳ дар дифои Ватан саф кашидаанд,

Суҳроби гурду Рустами дастони Язгулом.

Як корвон китобаму як осмон дуо,

Дар роҳи маърифат ба ҷавонони Язгулом.

Шояд сазост, к-аз дили софи бародарӣ,

Ёд оварам зи мушкили урёни Язгулом.

Бо номи дину қавму забон фитна метанад,

Ҳар гоҳ-гоҳ душмани пинҳони Язгулом.

Ё Раб, зи фитнаҳои сиёсат нигоҳ дор,

Хушбовар аст халқи мусулмони Язгулом.

Чун Язгулом сангари озодагони мост,

Озодавор ҷони ману ҷони Язгулом!…

Гарчанд Язгулом фақат ҳафт деҳа аст,

Дар ҳафт мулк қиссаи эҳсони Язгулом.

Ин халқ ҳар куҷо, ки бувад халқи яктан аст,

Пайванд бод ҷамъи парешони Язгулом.

Маънии Язгулом, ки Яздони пок буд,

Яздони пок бод нигаҳбони Язгулом!

 151 – Мақоларо хонданд,  1 – Имрӯз хонданд

Total Views: 137 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.