БОЯД ПАЖӮҲИШГОҲИ СУЛҲИ ТОҶИКОН ТАЪСИС ДОДА ШАВАД

ЗАРУРАТҲОИ ҶАМЪБАСТИ НАЗАРИЯВИИ СУЛҲ ВА ТАҲКИМИ АМАЛИИ ВАҲДАТ ДАР ТОҶИКИСТОН

Ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ дар соли 1997 яке аз муҳимтарин ҳодисаҳои таърихи муосири Тоҷикистон ва оғози марҳилаи сифатан нави рушди миллат ва кишвар буд. Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки ҳамчун ҷашне ба ин муносибат муқаррар гашт, на танҳо рӯзи ёдоварии он сана, балки рӯзи бузургдошти худи ваҳдати миллӣ ҳамчун як арзиши бунёдии ҷомеа мебошад. Он ҳам ҷашн ва ҳам андешаву ҳӯшдору ҳӯшёрист. Яъне, ваҳдати миллӣ на танҳо боиси қатъи ҷанги шаҳрвандӣ, балки боиси наҷоти давлату миллати мо гардид.

Чун истилоҳоти “наҷоти давлат”-у “наҷоти миллат” имрӯз аз такрори мукаррар гоҳо чун ҳарфҳои умумии таблиғотӣ менамоянд, бо зикри як омори оддӣ метавон то чӣ ҳад воқеӣ будани онҳоро ёдрас ва рӯшан кард: Соли 1991 аҳолии Тоҷикистон ҳудуди 5,2 миллион нафарро ташкил мекард. Бо оғози ҷанги дохилӣ ҳудуди 1 миллион нафар ба хориҷа (Афғонистон ва кишварҳои ИДМ) гуреза шуданд, ки он наздик ба 20% аҳолист. Ҳудуди як миллиони дигар беҷошудагони дохилӣ буданд, ки он низ наздики 20 дарсади дигар аст. Яъне бо оғози ҷанг беш аз 40% аз аҳолӣ гурезаву беҷову пароканда шуда буд. Шумораи қурбониёни ҷанг то 180 ҳазор нафар расид, ки он ҳам 3-3,5% аз аҳолист! Ҳамин тавр, агар сулҳ барқарор намешуд, хатари дар парокандагӣ нобуд шудан ва дар ҷанг қир гаштани аксари аҳолӣ, яъне хатари нобудии физикию биологии миллат низ имкон дошт. Ин дигар идеология нест, балки омори як воқеият аст.

Дар бораи аҳаммияти ин санад дар сарнавишти тоҷикон ёдоварии як арзёбии ҷасуронаи Президенти кишвар муносиб мебуд, зеро акнун на танҳо сиёсатмадорон, балки муҳаққиқон низ барои чунин қиёс ҷуръат намекунанд: «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз аҳамияти бузурги худ бо Эъломияи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистанд. Агар Эъломия ба ҷумҳурии мо ба таври расмӣ истиқлолият ва соҳибихтиёриро дода бошад, пас Созишнома дар ватани мо сулҳу салоҳро таъмин намуд. Агар дар ватани мо бо шарофати Созишнома сулҳу салоҳ пойдор намегардид, хатари аз даст додани истиқлолият ба мо таҳдид мекард.»

Ин аст, ки рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҳақиқат ҷашни наҷоти давлату миллат, ҷашни ғалабаи хиради сулҳ бар ҷаҳолати ҷанг аст. Ҷашне фаротар аз як санаи таърихӣ, ҷашне, ки рӯҳия ва хостаҳои ониву ҷории сиёсии мо онро бояд тира накунад.

ЗАРУРАТИ ТАҒЙИРИ МУНОСИБАТИ АМАЛӢ БО ТАҶРИБАИ СУЛҲИ ТОҶИКОН

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон як таҷрибаи арзишманди амалӣ буда, мавҷудияти «модели тоҷикии сулҳ» ҳамчун равише бо хусусиятҳои хосаи худ дар доираҳои гуногуни илмию сиёсӣ пазируфта шудааст. Ин таҷриба аз ҷумла, дар барномаи Донишгоҳи сулҳи СММ дар Коста-Рика ҳамчун курси сулҳофарӣ барои дипломатҳо ва дар Донишгоҳи Давлатии Москва ҳамчун курси махсус барои магистрҳо таълим дода мешавад. Пажӯҳишгоҳи сулҳу амнияти САҲА дар шаҳри Ҳамбурги Олмон низ ин таҷрибаро дар доираи як барномаи чандсолаи илмӣ мавриди тадқиқ қарор додааст. Дабири кулли собиқи СММ Кофи Аннан таъкид намуда буд, ки “тоҷикон барои тамоми ҷаҳониён намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариро эҳдо намуданд”. Яъне дар будани таҷрибаи нодир ва модели тоҷикӣ шубҳае нест.

Аммо дар самти омӯзишу гиромидошти ин таҷриба дар худи Тоҷикистон ва хусусан, дар масъалаи арзиш ва ниҳодина кардани он бояд давлат ва ҷомеа баъзе корҳои ҷиддитаре анҷом диҳанд:

1.Таҷрибаи сулҳи тоҷикон бояд ҷамъбасти илмию назариявӣ гардад. Ин таҷриба ҳануз аз назари илмӣ таҳқиқу таҳлилу ҷамъбасти лозима нагашта, ба илм, ба таҳлил, ба методология ва ба мактабу дониши қобили таълим ва интиқол табдил дода нашудааст. Корҳои фаровоне, ки дар ин самт анҷом шудаанд, асосан аз навиштани таъриху хронологияи раванди сулҳ, нашри ҳуҷҷату ёддоштҳо аз он ва тавсифҳои сиёсию идеологии он таъриху таҷриба иборат мебошанд.

Пас, ҳанӯз, ки бахше аз ширкатдорони раванди музокирот ва баъзе аз аъзои Комиссияи оштии миллӣ дар қайди ҳаётанд, зарур аст, ки бо ҷалби онҳо раванди комили сулҳи тоҷикон аз тарафи олимону муҳаққиқони босалоҳият таҳлил ва тадвин шавад. Яъне, илова бар навиштани рӯзу солу моҳу ҷой воқеаҳо, бояд бо истифода аз методҳои илмию байнисоҳавӣ таҳлилу арзёбии таърихӣ, равонӣ, фалсафӣ ва сиёсии ин таҷриба анҷом дода шавад. Зеро, барои дарку нашру бақои як таҷриба бисёр муҳим аст, ки он ҷамъбасти назариявӣ ёбад, ба илм ва ба низоми мафҳумию методӣ табдил шавад ва ба ин восита ба наслҳои дигар интиқол гардад.

2.Бояд пажӯҳишгоҳи махсуси сулҳи тоҷикон таъсис гардад. Басе зарур аст, ки бо ҳадафи омӯзиши ҳамаҷонибаи таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва устувор намудани ваҳдати миллӣ, дар шаҳри Душанбе бо сармоягузории ҷиддии давлатӣ дар сатҳи як институти бузурги миллӣ марказ ва ё пажӯҳишгоҳи сулҳи тоҷикон таъсис дода шавад. Ин ниҳод илова бар омӯхтан, ҷамъбасти илмию методологӣ ва ба назарияи илмӣ табдил додани таҷрибаи сулҳи тоҷикон, бояд ба омӯзиши васеи заминаву омилҳо ва раванду пайомадҳои ҷанги шаҳрвандӣ, вазъи имрӯз, хатару чолишҳо ва омилу роҳҳои таҳкими ваҳдати миллӣ, нашру таблиғу таълими таҷрибаи тоҷикон дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ ва ғайра машғул бошад. Шояд ҳоло баъзе марказу гӯшаҳои хурде бо чунин ному ҳадаф мавҷуданд, аммо ин ҷо сухан аз таъсиси як пажӯҳишгоҳи тому тавонманди давлатӣ меравад.

3.Зарурати гирдоварии бойгонии ягона ва таъсиси осорхонаи сулҳи тоҷикон. Бо мақсади барои наслҳои оянда ва барои олимону муҳаққиқони дохилӣ ва хориҷӣ пурра дастрас гаштани таҷриба, санадҳо ва ҳуҷҷатҳои раванди сулҳ ва фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ, зарур аст, ки бойгонии ягонаи раванди сулҳи тоҷикон ташкил шавад. Зеро, ҳоло қисми асосии санаду ҳуҷҷатҳои музокирот, фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ ва раванди сулҳсозӣ дар ихтиёри марказҳо, ниҳодҳо ва шахсони алоҳида ва иштирокчиёни ҷудогонаи ин раванд қарор дошта, эҳтимоли аз байн рафтани ин хазинаи барои таърихи миллат муҳим мавҷуд аст.

Ҳифзи тамоми ҳуҷҷатҳои ин раванд дар оянда арзиши ҷиддии илмӣ, миллӣ ва таърихӣ пайдо мекунад. Ҳамчунин, хуб мебуд, ки дар канори пажӯҳишгоҳ ва бойгонӣ осорхонаи сулҳи тоҷикон низ ташкил шавад.

Барои анҷоми ин корҳо, яъне таъсиси пажӯҳишгоҳ, бойгонӣ ва осорхонаи сулҳи тоҷикон, муносиб аст, агар давлат бинои меҳмонхонаи «Вахш»-ро, ки солҳои 1997-2000 дар он Комиссияи оштии миллӣ фаъолият дошт, харидорӣ намуда, пас аз тармими комил, ниҳодҳои зикршударо дар он ҷой намояд. Майдони зебои назди он низ метавонад ба ин муносибат чун майдони сулҳ ё оштии миллӣ номгузорӣ шавад. Дар ин ҳолат ин бинои таърихӣ метавонад ба як рамз ва як маркази ваҳдат, огоҳӣ ва ҳувияти мо табдил гардад ва насли ҷавон аз он чун аз ҳарами сулҳу ваҳдат боздид намоянд ва дар ин рӯҳия тарбият ёбанд. Масъалаи сулҳ ва ваҳдат арзиши онро дорад, ки рӯи он сармоягузориҳои калони давлатӣ сурат гирад.

4.Зарурати муаррифии минтақавӣ ва байналмилалии таҷрибаи сулҳи тоҷикон. Таҷрибаи сулҳ метавонист яке аз муҳимтарин унсурҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва яке аз брендҳои асосии чеҳрасозии минтақавӣ ва байналмилалӣ барои кишвар бошад. Аммо то имрӯз ин имконият ба таври зарурӣ истифода нашудааст. Чун Консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон ташаккул ва муаррифии симои мусбат ва муосири кишварро яке аз вазифаҳои муҳимми дипломатияи тоҷик медонад, маҳз таҷрибаи сулҳ метавонист яке аз муаррификунандаҳои мусбати симои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бошад.

Ин таҷриба, ки то имрӯз ҳамчун маълумот ва ҳамчун таърих нашр шудааст, акнун бояд маҳз ҳамчун мактаб, методология ва роҳи муассири ҳалли низоъҳо дар сатҳи беруна низ таблиғу муаррифии шоиста шавад. Он метавонад бо нашри муаррифиномаҳо бо забонҳои гуногун, таҳияи филму наворҳои касбӣ, ташкили чорабиниҳои байналмилалии таҳлиливу сиёсӣ, баргузории намоишгоҳу ҷашнвораву мусобиқаҳо, ташкили давраҳои омӯзишӣ барои дипломатҳои хориҷӣ ва ғайра ба таври доимӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардад.

Хусусан, дар раванди печидатар шудани низоъҳо дар ҷаҳони имрӯз, таҷрибаи сулҳи тоҷикон арзиши муаррифии боз ҳам васеътар пайдо намудааст. Дар ин самт Тоҷикистон чун кишвраи соҳиби таҷрибаи амалии сулҳ метавонад барои дар шаҳри Душанбе таъсис шудани филиали Донишгоҳи сулҳи СММ ташаббус пеш гузорад.

БАЪЗЕ РУЙКАРДҲОИ БУНЁДӢ ДАР ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Дар айни замон, илова бар корҳои амалӣ дар самти ниҳодина ва пойдор кардани таҷрибаи сулҳ, имрӯз барои таҳкими ваҳдати миллӣ бояд ба баъзе рӯйкардҳои назарию бунёдӣ низ таваҷҷуҳ шавад. Чун бештари ин заруратҳоро дар навиштаҳои пешин шарҳ намудаем, ин ҷо бо зикри баъзе аз ҷанбаҳое, ки камтар мариди таваҷҷуҳ қарор мегиранд, кифоят мешавад:

1.Зарурати гузаштан аз ватандӯстии китобию иттилоотӣ ба ватандории ҳиссию вуҷудӣ

Яке аз рӯйкардҳои муҳим дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва заифсозии падидаи ваҳдатшикани маҳалгароӣ рушди ҳамдигаршиносии аҳолии кишвар аз тариқи рушди саёҳату омезиши дохилии мардум аст. Зеро воқеият ин аст, ки мо аз китобу рӯзнома ва расонаю шабакаҳо дар бораи минтақаҳои гуногун ва ҷойҳои таърихию табиии Тоҷи­кистон мехонему мегӯему мешунавем, аммо аксари аҳолӣ ин ҷойҳоро ҳаргиз надидааст. Аз ин рӯ, бисёр зарур аст, ки бо мақсади шинохти воқеитаре аз кишвар ва мардуми худ, аз ватандории китобию иттилоотию тасаввурӣ ба ватандории ҳиссию амаливу вуҷудӣ гузарем.

Ба таври мисол, тибқи натиҷаҳои пажӯҳише, ки чанд сол пеш анҷом дода будем, ба истиснои баъзе хизматчиёни давлатӣ, ки ба минтақаҳо сафарҳои корӣ доранд, беш аз 99% аз мар­думи оддии вилояти Суғд ҳаргиз Бадахшонро ва ё водии Раштро надидаанд. Ва низ то 95% аз сокинони одии Бадах­шон водии Зарафшон ва вилояти Суғдро надидаанд. Аксари мут­лақи мардуми минтақаҳои Ҳисору Хатлон низ Рашту Сангвору Бадах­шонро надидаанд. Агар дақиқ гирем, аксари кулли мардуми кишвар ҷойҳои зебову нодири Тоҷикистон, чун қуллаи Исмоили Сомонӣ, Искандаркӯл, Ҳафткӯл, Саразм, дараи Камаров, Сарихосор, Дарвозу Ванҷи Боло, Саре­зу Булункӯл, Чилучорчашма, чашмаи Бибифоти­маи Заҳ­ро, Қаратоғу Ширкент ва ҳатто Ромити Болоро надидаанд. Ин ҳолат фосилаҳои инсонию девораҳои равониро дар муҳити аҳолии кишвар ба таври устувор нигоҳ медорад.

Барои ислоҳи ин вазъият ва таҳкими ваҳдати миллӣ аз ин тариқ гзоштани чанд қадами ҷиддӣ муфид мебуд:

Аввал, бо таблиғу талошҳои арзишсозӣ, дар зеҳни мардум фарҳанги кишваршиносӣ ва саёҳати дохи­лӣ парвариш дода шаванд, то ҳар хонавода шавқманди он бошад, ки аз тамоми гӯшаву канори кишвар дидан намояд.

Дуюм, бо татбиқи як барномаи ҷиддии рушди саёҳии до­хи­лӣ, дар ин мавзеъҳо шароит ва зерсохтори шоис­таву дастрасу зарурӣ фароҳам гарданд.

Сеюм, бояд аз тариқи мақомоти маҳаллӣ, расона­ҳо ва созмонҳои ҷамъиятӣ барномаҳои таблиғию омма­вии боздиди мардум аз ин ҷойҳо ташкил шавад ва ё табодули гурӯҳҳо ва меҳ­монон байни минтақаҳо сурат гирад.

Албатта, рушди сайёҳии дохилӣ дар аввал аз диди иқтисодӣ пурхарҷу камдаромад аст, аммо давлат бояд рӯи он ҳамчун як барномаи калони милатсозию ваҳдатсозӣ сармоягузории ҷиддӣ намояд. Зеро рушди саёҳии дохилӣ фақат як мавзӯи тафреҳию саёҳатӣ нест, балки он дар ташаккули ҳисси устувори ватандорӣ ва дар таҳкими ваҳдати миллӣ низ таъсири ҷиддӣ хоҳад гузошт. Вақте мардум ин паҳно, ин зебоӣ ва ин рангинии Ватанро бо чашми худ ме­би­нанд, он гоҳ ҳисси ватандорӣ ва ватандӯстии онҳо ба сатҳи комилан дигаре боло меравад. Вақте мардуми минтақаҳои кишвар бо ҳамдигар ва бо урфу одату меҳрубонии ҳамдигар ошно мешаванд, пай­ванд­ҳои мардумӣ дар сатҳи кишвар бисёр амиқтар мегар­данд. Он гоҳ ватаншиносии иттилоотии китобию расонаию телевизонӣ ба ватандории амалию ҳиссию вуҷудию айнӣ табдил мешавад. Пас имрӯз рушди саёҳатгарии дохилӣ ва ташак­кули ватан­шино­сии ҳиссию амалии мардум ҳам аҳаммияти фарҳангӣ ва ҳам иқтисодию иҷтимоӣ, ҳам аҳаммияти миллӣ ва ҳам аҳаммияти бузурги сиёсию давлатӣ дорад.

Он ваҳдати миллиро аз сатҳи назарию сиёсию идеологӣ ба умқи ҷомеа фароварда, ба сатҳи табиӣ ва инсонӣ мебарад. Он метавонад мифу тасаввурҳои ғайривоқеии мардуми минтақаҳои кишвар дар бораи ҳамдигарро аз байн бурда, деворҳои равониро аз миён бардорад. Ин сатҳи дигари ваҳдат, балки эҳсоси муштараки ватандорист.

2.Зарурати аз фаҳмиши созишномавӣ раҳо намудани ваҳдати миллӣ

Баррасии маҷмуаи дидгоҳҳо нишон медиҳанд, ки дар фазои фикриву иттилоотии мо мафҳуми ваҳдати миллӣ ҳануз дар доираи Созишномаи соли 1997, яъне тавофуқи тарафҳои ҷанги шаҳрвандӣ фаҳмида мешавад. Бо ин фаҳмиш, будан ё набудани сулҳу ваҳдат низ дар идома доштан ё надоштани ҳамон сиғаи муносибатҳои сиёсию идорӣ байни “ду ҷониб” шарҳ мегардад. Албатта, дар солҳои аввали баъдиҷангӣ ваҳдати миллӣ асосан ба ҳамин маъно буд, аммо ҳоло ин маънии ваҳдат дигар воқеияти ҷомеаи Тоҷикистонро ифода карда наметавонад.

Зарурати таҳаввул дар фаҳмиши ваҳдати миллӣ ҳоло дар он аст, ки аввлан, дар ин марҳила худи таркиби аҳолии кишвар ба таври ҷиддӣ тағйир ёфтааст. Насле, ки ҳоло 40-сола аст, соли 1997 ҳамагӣ 16-сола, яъне хонандагони синфҳои 9-10-уми мактаби миёна ва насли 30-солаи имрӯз он замон ҳамагӣ 6-сола ё кӯдаки кӯдакистон буданд. 25 солаҳо ҳамагӣ 1-сола ва 20-солаҳо ҳанӯз умуман ба дунё наомада буданд. Яъне, ин бахши аҳолӣ, ки ҳоло беш аз 70% аз шаҳрвандони Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, на дар ягон тарафи ҷанги шаҳрвандӣ ва на дар ягон ҷониби Созишномаи соли 1997 ҳузур ва нисбат надоштанд. Аз наслҳои калонтар ҳам на ҳамагӣ шомили он раванд буданд. Пас, агар имрӯз ваҳдати миллӣ ба маънои тавофуқ ва муносибати ду ҷониби Созишномаи сулҳи соли 1997 бошад, он дигар аксарияти кулли аҳолии кишварро фаро намегирад ва ба як мафҳуми таърихиву ҳошиявӣ табдил меёбад. Дар ҳоле, ки мо маҳз ба ваҳдати фарогир ниёз дорем.

Илова бар ин, дар ин 24 сол дар ҷомеаи Тоҷикистон даҳҳо ҳизбу ҳаракату ташкилотҳои сиёсӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои ғайридавлатию ҷамъиятӣ, гурӯҳҳои нави иҷтимоӣ ва арзишӣ, доираҳои нави мухолифу дигарандеш, иттиҳодияҳои нави касбию соҳавӣ, шахсиятҳои нави соҳибназару таъсиргузор ва ғайра ба вуҷуд омаданд, ки дар замони имзои Созишномаи сулҳи соли 1997 умуман вуҷуд надоштанд. Ин ҷо низ агар ваҳдати миллӣ ба маънои созишномаӣ бошад, ин қишру доираҳои имрӯз фаъолу муассири ҷомеаро дар бар намегирад.

Аз ин рӯ, андешаи солим ва муфид ин мебуд, ки имрӯз ваҳдати миллӣ аз фаҳмиши қарордодӣ раҳо шуда, маҳз ба маънои фарогири умумимиллӣ фаҳмида шавад. Он бояд, пеш аз ҳама дар асоси нишондиҳандаҳое чун дар атрофи мафҳумҳои асосии сиёсӣ, ҳуқуқӣ, арзишӣ, давлатӣ ва дар тарофи худи ниҳоди давлат муттаҳид будани аксарияти кулли мардум, ҳамзистии осоиштаи намояндагони тамоми халқу миллатҳо ва дину эътиқодҳо, ҳамзистии минтақаҳо ва маҳалҳои кишвар, ҳамсӯии ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар чорчӯби усулҳои асосии сиёсӣ, низоми давлатдорӣ ва арзишҳои давлатдории миллӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ ва заминаи он фароҳам будани ризоияти иҷтимоии аксарияти аҳолӣ аз сиёсатҳои давлатӣ, ба сатҳи як арзишу тафаккури умумимиллӣ ва як фарҳанги фарогири ҷомеа таҳаввул ёфтани мафҳуми ваҳдат ва ғайра арзёбӣ ва андозагирӣ шавад. Зербинои арзишию ҳуқуқии чунин ваҳдати миллии фарогирро акнун на созишномаи муайян, балки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишу меъёрҳои пазируфтаи умумимиллӣ ва манфиатҳои миллӣ ташкил диҳанд.

Наслҳои нави мо бояд аз насле, ки сулҳу ваҳдатро барқарор намуд, ҳамеша сипосгузору миннатдор бошад ва корномаи бузурги онро ҳамчун бахши муҳимме аз таърихи миллат пос дорад. Аммо онҳо набояд беохир гаравгони он тақсимот монда, худро яке аз ҷонибҳои ҷанг ё сулҳ ё созишномаи он насл тасаввур кунад, балки ба мафҳуми ваҳдати миллӣ дар матни воқеияти имрӯзи ҷомеа андешад. Дар сатҳи расмии идеологӣ низ чунин таҳаввули мафҳум ва фаҳмиш аз ҳар назар ҷавобгӯи таҳкими ваҳдат ва манфиатҳои миллист.

3.Зарурати роҳ надодан ба ихтилофҳои мазҳабӣ ва ҳифзу таҳкими низоми дунявии давлатдорӣ

Дар шароите, ки ҷомеаи мо аз чанд самт бо таҳдидҳои фикрию мазҳабию идеологӣ рӯбарӯст, яке аз масъалаҳои ҳаётии ҳифзу таҳкими ваҳдати миллӣ роҳ надодан ба ихтилофи мазҳабӣ ва ҳифзи низоми дунявии давлатдорӣ мебошад. Дар чунин шароит, хусусан варианти тоҷикии ин низоми давлатдорӣ, ки дар он дунявият маънои эътиқодӣ надошта, пеш аз ҳама як силсила меъёрҳои ҳуқуқӣ барои аз таъсири дин озод нигоҳ доштани майдони фаъолияти сиёсӣ ва идоракунии давлатиро дар бар мегирад, метавонад яке аз заминаҳои ҳифз ва таъмини суботу амният ва Ваҳдати миллӣ бошад. Моҳияти чунин андешаро метавон дар нуктаҳои зерин пай бурд:

Аввал, дар ҷаҳони имрӯз аксари ҷомеаҳо ҳолати чанддинӣ ва чандмазҳабӣ дошта, “низоми динӣ” дар онҳо ҳатман дар асоси фаҳмиши яке аз мазҳабҳо ё равияҳо хоҳад буд. Ҳатто он давлатҳое, ки имрӯз «исломӣ» ном доранд, дар асл дар асоси ин ё он мазҳаби мушаххас бунёд шудаанд. Бинобар ин, дар низомҳои идеологию динӣ “мазҳаби ғолиб”, ки ба ҳокимияти сиёсӣ табдил мешавад, мазҳаби тобеъро дар фазои берун аз машруияти идеологӣ ва ҳуқуқӣ қарор медиҳад ва “мазҳаби мағлуб” моҳиятан ба мухолифи “ҳукумат” табдил мешавад. Ҳамин тавр, дар шароити ҷомеаи чандмазҳабӣ чунин модели идорӣ моҳияти ваҳдатшикан мегирад. Баръакси ин, модели дунявӣ иҷозат намедиҳад, ки яке аз мазҳабҳо ба «ҳукумат” табдил шавад ё яке аз фаҳмишҳои динӣ дар фазои сиёсӣ ғолиб ояд ва фаҳмишҳои дигарро саркуб кунад ё ба ҳошия ронад.

Дуюм, баъзе ҳодисаву низоъҳои ҷаҳони ислом нишон медиҳанд, ки вақте ҳизбу мазҳабу равияҳои динӣ дар фазои сиёсӣ муқобили ҳам дар ҷанги қудрату манфиат қарор мегиранд, пояҳои суботу ваҳдати ҷомеа барҳам мехӯранд. Зеро, онҳо дар баробари ҳамдигар бо фатвоҳои инкорӣ мусаллаҳ буда, аксаран ба ғайр аз ҳазфи рақибон ба варианти дигар розӣ намешаванд. Қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ низ аз чунин ихтилофҳо манфиат ҷуста, аз гурӯҳҳои сиёсии дингаро ҳамчун як воситаи расидан ба мақсадҳои худ ба таври васеъ истифода мекунанд. Ҳамин тавр, низои динӣ ба ихтилофи дохилӣ ҷанбаи ҳалнашавандаи минтақавию байналмилалӣ низ мебахшад.

Сеюм, Тоҷикистон дар мисоли робитаи неки пайравони мактабҳои ҳанафӣ ва исмоилӣ таҷрибаи устувори ҳамзистии динии аҳолиро дорад. Бинобар ин, динию идеологӣ шудани фазои сиёсӣ ва иттилоотӣ, пеш омадани низоъҳои мазҳабӣ ва ворид шудани ақидаҳои ифротии динӣ ба муҳити ҷамъиятии кишвар, аз ҷумла ба ин таҷрибаи нодири ҳамзистӣ зарбаи сахт мезанад. Табиист, ки чунин ҳолат ба ваҳдату суботу амният ва ҳатто ягонагии Тоҷикистон таҳдиди ҷиддӣ меофарад. Моҳҳои охир баҳсу набардҳои мазҳабию фирқавӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои иттилоотии тоҷикӣ низ авҷ гирифтаанд, ки густариши он метавонад ин таҷрибаи арзишманди Тоҷикистонро халалдор намояд.

Дар чунин вазъият, бартарии низоми дунявии давлатдорӣ ҳамчун механизми ҳуқуқию сиёсии танзими ин масъалаҳо намудор мешавад, зеро дар шакли солим ва ғайриидеологии низоми дунявӣ фазои сиёсии давлатӣ аз таъсири бевоситаи дин озод монда, дар айни замон, ҳуқуқу озодиҳои динию шаҳрвандии аҳолӣ таъмин мегарданд. Пас, дар шароити ҳассоси дохилию таърихӣ ва дар муҳити печидаи минтақавӣ ва байналхалқӣ, ҳифзи тарзи дунявии давлатдорӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин омилҳои таъмини ваҳдат, амният ва истиқлолияти миллӣ ба ҳисоб меравад.

4.Таҳкими адолати иҷтимоӣ ва болобарии саводи аҳолӣ чун пояҳои ваҳдати миллӣ

Дар ниҳоят, устуворию пойдории ваҳдати миллӣ ба ду омили муҳимми дигар низ вобаста мебошад:

1.Адолати иҷтимоӣ. Адолати иҷтимоӣ ҳамчун як арзиши бунёдӣ, пеш аз ҳама ҳолатҳое чун баробарии шаҳрвандон назди қонун, таъмини ҳуқуқу озодиҳои бунёдӣ, эҳсоси амнияти шахсию ҷамъӣ, доштани шароит ва зиндагии шоиста ва ғайраро дар бар мегирад. Он муҳимтарин омили шаклдиҳандаи муносибатҳои амалии ҷомеа, аз ҷумла муносибати шаҳрванд бо низоми сиёсӣ ва давлат мебошад. Илова бар ин, тибқи таҳлилҳои равоншиносии ҷамъиятӣ, худи эҳсоси будани адолати иҷтимоӣ, яъне ҳолати равонии ҷомеа низ ҳамчун омили мустақил дар ин самт таъсири ҷиддӣ дорад.

Дар сурати коҳиш ёфтани адолати иҷтимоӣ ё набудани эҳсоси он дар ҷомеа, эътимоду ҳамбастагии мардум бо давлат заиф гашта, ҳолати бегонашавии тадриҷӣ аз низоми сиёсӣ ба вуҷуд меояд; қишрбандӣ ва ташаннуҷи иҷтимоӣ шакл гирифта, арзишҳои бунёдии нигоҳдорандаи ваҳдати ҷомеа кор намекунанд ва таъсиргузории сиёсату идеологияи расмӣ низ заиф мегардад. Пас, барои нигаҳдории ваҳдати миллӣ таваҷҷуҳ ба таъмини адолати иҷтимоӣ як масъалаи ҳаётист.

Таҷрибаи аксари ҷомеаҳо нишон медиҳад, ки шояд бештари шаҳрвандон ба ин ё он навъи мушкилот ё маҳдудияти сиёсӣ таваҷҷуҳе накунанд, аммо дар сурати таъмин набудани адолати иҷтимоӣ, онро дар зиндагии худ бевосита эҳсос намуда, вокуниш нишон медиҳанд. Бинобар ин, илова бар кори амалӣ дар ин самт, бисёр муҳим аст, ки дар шароити ҳуҷумҳои иттилоотии ваҳдатшикан дастгоҳи идеологию таблиғотии давлат бо муосиртарин равишу воситаҳо эҳсоси адолати иҷтимоиро низ дар ҷомеа боло нигоҳ дорад.

2.Сатҳи саводи аҳолӣ. Дар замони муосир сатҳи саводи аҳолӣ на танҳо як масъалаи илмию фарҳангӣ, балки як мавзӯи муҳимми иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятӣ низ мебошад. Дар раванди ҷаҳонишавӣ ҷомеаҳои огоҳу босавод метавонанд рӯҳи замон ва моҳияти фурсатҳо ва таҳдидҳоро дуруст дарк карда, рушду бақои худро ҳифз намоянд. Аз ин назар, ҳоло соҳаи маориф яке аз пояҳои амнияти миллии кишвар ба ҳисоб меравад.

Дар айни замон, пастравии сатҳи саводи аҳолӣ таҳдиде ба амният ва ваҳдати миллӣ мебошад. Гармии бозори равнаду гуфтумонҳои хашину ифротие, ки ҳоло дар фазои иттилоотии мо мушоҳида мешаванд, ҳӯшдор медиҳад, ки барои ҳифзи суботу ваҳдат мо бояд ба мазумну сифати саводи наслҳои нави ҷомеа таваҷҷуҳи ҷиддӣ намоем. Бояд ин савол ҳамчун бонги изтироб садо диҳад, ки чи гуна ҷавонеро, ки низоми таълимии кишвар бо заҳматҳои зиёд даҳҳо сол тарбият мекунад, метавон дар чанд дақиқа инҳирофи сиёсӣ ё ақидатӣ доду ба ину он самт кашид?

Хулоса, маҳз ҷомеаи огоҳ ва дорои зиракии сиёсӣ метавонад мафҳумҳои баланде чун истиқлолият, худшиносӣ, манфиатҳои миллӣ ва ваҳдатро дарк намуда, онҳоро ҳамчун омили бақои худ ҳифз намояд. Ҷомеаи бесводу ноогоҳ метавонад ба осонӣ қурбонии фитнаҳои сиёсӣ, домҳои фикрӣ ва рахнаҳои идеологию иттилоотии дохиливу берунӣ гашта, заминаи низоъ, парокандагӣ ва нобудии худро фароҳам созад.

Бо умеди ваҳдати миллии фарогир, устувор ва огоҳона.

 414 – Мақоларо хонданд,  3 – Имрӯз хонданд

Total Views: 395 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.