ТАҲАВВУЛИИ МАФҲУМИИ ВАҲДАТ ВА ФАҲМИШИ НАВИНИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Оё ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ҳануз ба маънои ҳамзистии ҷонибҳои созишномаи соли 1997 аст? Маънои нави ваҳдати миллӣ чист? Чаро фаҳмиши маҳдуди ваҳдат 70% аҳолиро берун аз ваҳдат мегузорад? Ваҳдати миллиро аз рӯи чӣ меъёрҳое арзёбӣ кардан мумкин аст? Чарабиниҳои Рӯзи ваҳдат бояд чӣ гуна гузаранд? Чанд нуктаи мушоҳидавию таҳлилӣ дар остонаи Рӯзи ваҳдати миллӣ.

Бо наздик омадани Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки аз муҳимтарин ҷашнҳост, ниҳодҳои гуногуни кишвар нишасту ҳамоишҳоеро дар ин мавзуъ доир менамоянд, ки банда низ ҳамчун як собиқадори мавзуъ ба баъзе аз онҳо даъват мешавам. Чунин таваҷҷуҳ ба ин мавзӯи муҳим падидаи бисёр мусбат буда, иқдоми мизбонони муҳтарами чорабиниҳо қобили сипосу қадрдонист. Дар айни замон, аз ширкату мушоҳидаи ҳамарӯза дар ин мулоқотҳо ду нукта дар зеҳн давр мезанад, ки мехостам бо дӯстон дар миён гузорам.

АВВАЛӢ, ки кӯтоҳ аст, нигоҳе ба тарзу сиғаи баргузории худи нишастҳои ваҳдат аст. Зеро, новобаста аз он, ки мизбонон онҳоро «мизи гирд», «семинар», «конференсия», «конференсияи илмию назариявӣ», «симпозиум», «маҳфил», «чорабинӣ» ва ғайра ном мегузоранд, аксари онҳо шакли қолабии ҳисоботӣ гирифта, мазмуни онҳо ба ҳам бисёр монанд шудааст. Дар бештари онҳо, асосан моҳшумору солшумор ё хронологияи таърихи сулҳ ва тавсифу баҳодиҳии умумии сиёсию идеологии он ҳодисаҳо пешкаш шуда, ба таҳлилу баррасии омилу сабабҳо, вазъияту масъалаҳо, дурнамо, таҳдидҳои муосир ва роҳҳои таҳкими ваҳдат камтар таваҷҷуҳ мешавад. Гоҳо тасаввур мешавад, ки аксари суханронони сершумор нутқи ҳамдигарро айнан ё мазмунан такрор мекунанд.

Албатта чорабиниҳое, ки чун маҳфил ё ҷашн пешбинӣ мешаванд, хусусияти тафреҳию таблиғию маърифтии худро доранд, ки он табиист ва мавзуи мо нест. Аммо нишастҳое, ки мизи гирду семинару конфронси илмию назариявӣ ном доранд, бояд дар формати шоиста ва бо ҳадафи воқеии таҳлилу баррасии омилу сабаҳо, вазъу дурнамо, чолишҳо ва роҳҳои таҳкими ваҳдати миллӣ баргузор шуда, аз онҳо барои такмили мавзуъ хулосаву бардоштҳои дорои аҳаммияти назарӣ ё амалӣ гирифта шаванд. Зеро дар шароити ҳассоси феълӣ ин амал басе зарур аст.

***

АММО НУКТАИ ДУВВУМ дар боби маънои ваҳдати миллӣ, таҳаввули он ва зарурати истифодаи фаҳмиши навини он дар шароити нави Тоҷикистон аст, ки онро ба таври муфассал дар миён мегузорам.

Ба имзо расидани «Созишномаи умумӣ оид ба истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» дар рӯзи 27-уми июни соли 1997 дар ҳақиқат оғози як марҳилаи муҳимми таърихӣ дар сарнавишти давлату миллати мо буда, рӯзи қабули он ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ ёдоварӣ ва ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн на танҳо рӯзи бузургдошти худи он санаи таърихӣ, балки рӯзи бузургдошти худи ин арзиши меҳварӣ, яъне ваҳдати миллӣ мебошад. Ин аст, ки Рӯзи ваҳдат барои мо бояд ҳам рӯзи ҷашну хушиву ёдовариву қадрдонӣ бошад ва ҳам рӯзи андешаву арзёбиву ҳӯшдору ҳӯшёрӣ.

Аммо баррасии маҷмуаи дидгоҳҳо дар бораи ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ва сатҳи амалии он нишон медиҳанд, ки ҳоло дар фазои фикриву иттилоотӣ ду фаҳмиши ин мафҳум корбурд дорад ва вазъияти он аз ду назар арзёбӣ мегардад.

ФАҲМИШИ АВВАЛ мафҳуми ваҳдатро дар доираи ҳамон Созишномаи умумии сулҳи соли 1997, яъне тавофуқи тарафҳои ҷанги шаҳрвандӣ фаҳмида, будан ё набудани сулҳу ваҳдатро дар идома доштан ё надоштани ҳамон сиғаи муносибатҳои сиёсию идорӣ медонад. Албатта, дар солҳои аввали баъдиҷангӣ ваҳдат асосан ба ҳамин маъно фаҳмида шуда, маҳз ҳамзистии ҷонибҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки нерӯҳои бонуфӯзтарини сиёсию низомии он марҳила буданд, чигунагии вазъияти сиёсию ҷамъиятӣ ва амниятии кишварро дар он давра муайян мекард. Бинобар ин, дар он марҳила маҳз ба ҳамон маъно фаҳмидани ваҳдати миллӣ дуруст ва воқеъбинона буд, зеро ташаннуҷи муносибати ду ҷониби он ихтилоф метавонист боиси ташаннуҷи вазъияти сиёсию амниятии тамоми кишвар гардад. Аммо имрӯз ба ин маъно фаҳмидани мафҳуми ваҳдат дигар аз бисёр ҷиҳат воқеияти ҷомеаи Тоҷикистонро ифода карда наметавонад.

ФАҲМИШИ ДУВВУМ, яъне фаҳмиши фарогиртари ваҳдати миллӣ ба он маъност, ки дар ин 24 соли пас аз имзо ва татбиқи Созишномаи сулҳи соли 1997 мафҳуми ваҳдат дар Тоҷикистон ба таври бунёдӣ таҳаввул ёфта, акнун на танҳо ба маънои муносибати ду тарафи он санади таърихӣ, балки ба маънои муттаҳидии умумии аксари аҳли ҷомеа дар атрофи арзишҳо, мафҳумҳо ва манфиатҳои умумимиллӣ истифода мешавад.

Зарурати истифодаи чунин фаҳмиши васеъ ва фарогири мафҳуми ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама аз он бармеояд, ки дар тӯли ин 24 сол дар кишвар баъзе таҳаввулотҳои амиқе ба вуҷуд омаданд, ки дар назар нагирифтани онҳо худфиребии маҳз мебуд.

АВВАЛАН, дар ин марҳила, яъне 24 соли охир, худи таркиби аҳолии кишвар ба таври ҷиддӣ тағйир ёфтааст. Масалан, дар муқоиса бо соли 1997, насле, ки ҳоло 40-сола аст, он вақт ҳамагӣ 16-сола, яъне хонандагони синфҳои 9-10-уми мактаби миёна буданд. Насле, ки имрӯз 30-солаанд, он вақт ҳамагӣ 6-сола, яъне тарбиятгирандагони боғчаҳои кӯдакон буданд. 25 солаҳо ҳамагӣ 1-сола ва 20-солаҳо ҳанӯз умуман ба дунё наомада буданд.

Яъне аҳолии зери 40-солаи кишвар, ки имрӯз беш аз 70% аз шаҳрвандони Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, он вақт на дар ягон тарафи ҷанги шаҳрвандӣ ва на дар ягон ҷониби Созишномаи сулҳи соли 1997 ҳузур ва нисбат надоштанд.

Пас, агар мо имрӯз ҳам ваҳдати миллиро ба маънои тавофуқи ду тарафи ҷанги шаҳрвандӣ ё ҳамзистии ду ҷониби Созишномаи сулҳи соли 1997 фаҳмем, он дигар аксарияти кулли аҳолии кишвар, яъне беш аз 70% аз мардуми Тоҷикистонро фаро намегирад. Он вақт он на ба ваҳдати умумимиллӣ, балки ба як мафҳуми маҳдуди таърихиву ҳошиявӣ табдил меёбад. Дар ҳоле, ки мо маҳз ба ваҳдати фарогир ниёз дорем.

СОНИЯН, дар 24 соли охир дар ҷомеаи Тоҷикистон даҳҳо ҳизбу ҳаракату ташкилотҳои сиёсӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои ғайридавлатию ҷамъиятӣ, гурӯҳҳои нави иҷтимоӣ ва арзишӣ, доираҳои нави мухолифу дигарандеш, иттиҳодияҳои нави касбию соҳавӣ, шахсиятҳои нави соҳибназару таъсиргузор ва ғайра ба вуҷуд омаданд, ки дар замони имзои Созишномаи сулҳи соли 1997 умуман дар саҳна ҳузур ё вуҷуд надоштанд. Аз ин назар низ, агар ҳоло ҳам дар бораи ваҳдат дар чорчӯби тақсимоти соли 1997 андешем, пас ҷойи ин насли нави нерӯҳои сиёсию иҷтимоӣ, ки имрӯз дар ҷомеа мавқеи аксарият ва муайянкунанда доранд, дар мафҳуми ваҳдати миллӣ дар куҷост? Ин ҷо низ рӯшан аст, ки чунин фаҳмиши ваҳдат, ки аксарияти мутлақи ҷомеаи сиёсию маданиро канор гузорад, дигар амалгароёна ва воқеъбинона нест.

ПАС, вақте имрӯз дар Тоҷикистон дар бораи ваҳдати миллӣ сухан меравад, маҳз ҳамин маънои васеъ ва фарогир ва мафҳуми воқеъбинонаи он истифода мегардад ё бояд истифода гардад.

Ба таври мушаххас, имрӯз зери мафҳуми ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ҳолат ва нишондиҳандаҳои зерин дар назар дошта мешавад:

-дар атрофи мафҳумҳои асосии сиёсӣ, ҳуқуқӣ, арзишӣ, давлатӣ ва дар тарофи худи ниҳоди давлат муттаҳид будани аксарияти кулли мардум, гурӯҳҳои синнӣ, қишрҳои иҷтимоӣ, доираҳои фикрӣ ва нерӯҳои сиёсии кишвар;

-ваҳдат ва ҳамзистии осоиштаи намояндагони тамоми халқу миллатҳо ва ақаллиятҳои милливу этникӣ дар сатҳи ҷомеа;

-ваҳдат, ҳамзистии осоишта ва таҳаммулпазирии намояндагони дину мазҳабҳо ва эътиқодҳои гуногун дар кишвар;

-ваҳдат ва ҳамзистии минтақаҳо ва маҳалҳои кишвар, аз ҷумла ҳамфаъолиятии нухбагони маҳалливу минатқавӣ;

-ваҳдату ҳамзистӣ ва ҳамсӯии ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар чорчӯби усулҳои асосии сиёсӣ, низоми давлатдорӣ ва арзишҳои давлатдории миллӣ;

-ҷонибдории аксарияти мардуми кишвар аз самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, хусусан аз мавқеъ, фаъолият ва сиёсатҳои роҳбарияти олии кишвар;

-таъмини адолати иҷтимоӣ ва ё таъмини эҳсоси он ва дар ин замина фароҳам будани ризоияти иҷтимоии аксарияти аҳолӣ аз сиёсатҳои иҷтимоии давлат;

-аз сатҳи қарордодӣ ба сатҳи як арзишу тафаккури умумимиллӣ ва як фарҳанги фарогири ҷомеа таҳаввул ёфтани мафҳуми ваҳдат.

Яъне, барои ифодаи ваҳдати миллӣ ва арзёбию андозагирии он дар ҷомаи муосири мо бояд акнун маҳз ин нишондиҳандаҳои зикршуда дар назар гирифта шаванд. Будан ё набудани ваҳдати миллӣ дар як ҷомеа ва сатҳи устувории он низ аз будану набудани ин нишондиҳандаҳо ва сатҳи устувории онҳо арзёбӣ мегардад.

Аз назари ҳуқуқию сиёсӣ бошад, зербинои арзишию ҳуқуқии чунин ваҳдати миллии фарогирро акнун на созишномаи муайян, балки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишу меъёрҳои пазируфтаи умумимиллӣ ва манфиатҳои миллӣ ташкил мекунанд.

***

ВА ДАР НИҲОЯТ, дар шарҳи зарурати корбурди ин маънои ваҳдати миллӣ ва аҳаммияти дарки ин таҳаввул, таваҷҷуҳ ба ин нуктаҳои ҷамъбастӣ муфид мебуд:

1.Тавре зикр ва собит шуд, фаҳмиши пешини ваҳдат ба маънои маҳдуди «созишу ҳамзистии тарафҳои ҷанги шаҳрвандӣ» дигар воқеияти имрӯзаи Тоҷикистонро на аз назари таркиби аҳолӣ ва на аз диди таносуби нерӯҳои сиёсию ҷамъиятӣ ифода карда наметавонад. Пас идомаи таъкид бар фаҳми пешину созишномавии ваҳдати миллӣ ва ҳануз бо он меъёр арзёбӣ намудани будан ё набудани ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон на танҳо диди ғайривоқеӣ, балки навъе худфиребӣ низ мебуд.

2.Истифодаи фаҳмиши ваҳдат ба маънои «созишу ҳамзистии тарафҳои ҷанги шаҳрвандӣ» худи ҳамин мафҳум, балки худи ҳамин хатти тақсим ва худи ҳамин ҷабҳабандиро дар зеҳни ҷомеа зинда нигоҳ медорад. Бо гузашти даҳсолаҳо ин фаҳмиш ҷомеаи моро, аз ҷумла наслҳои комилан нави онро, ки ба он ҳодисаҳо ҳеҷ нисбате надоштаанд, то имрӯз амалан гаравгони мафҳумуму тақсиму қолабҳои ҳамон давра ва ҳамон насл қарор медиҳад.

3.Бо таваҷҷуҳ ба ин, бояд наслҳои нави мо ба мафҳуми ваҳдати миллӣ нигоҳи наву фарогир ва воқеъбинона ва васеътар аз он қолабу тақсимҳо доша бошанд. Наслҳои нав бояд аз насли қаҳрамоне, ки сулҳу ваҳдатро ба даст овард, ҳамеша сипосгузору миннатдор бошад ва корномаи бузурги онро ҳамчун бахши муҳимме аз таърихи миллат пос дорад. Аммо он худро бояд беохир яке аз ҷонибҳои ҷанг ё сулҳ ё созишномаи он насл тасаввур накунад, балки ба мафҳуми ваҳдати миллӣ дар матни воқеияти имрӯзи ҷомеа ва кишвар андешад.

4.Аҳаммияти дигари масъала дар он аст, ки ба маънои васеъ ва имрӯз фаҳмидан ва корбурди сиёсию амалӣ ёфтани мафҳуми ваҳдати миллӣ боис мегардад, ки аксари кулли шаҳрвандон, намояндагони қишрҳои гуногуни фикрию сиёсию иҷтимоӣ, намояндагони доираҳои гуногуни қавмию маҳаллию эътиқодии ҷомеа ва ғайра шомили ин мафҳум ва шомили ин раванди амалӣ гашта, пайванду ягонагии аксарияти кулли ҷомеаро бар меҳвари ваҳдати миллӣ таъмин намоянд.

Он гоҳ бо каноргирии фард ё гурӯҳи ҷудогонае аз раванди умумимиллӣ, ки бо ин ё он сабаб пеш меояд, на мафҳум ва на воқеияти ваҳдати миллӣ чун ҳолати иттиҳоди аксарияти кулли ҷомеа халали ҷиддӣ намеёбад. Аммо дар сурати аксарияти ҷомеаро истиснокунанда будани мафҳум, он наметавонад ба амалияи устувор табдил шавад.

5.Бале, воқеияти имрӯзи мо ин аст, ки ҳоло ҷомеаи мо дар аксари масъалаҳо ваҳдат дорад ва низ, ба таври табиӣ дар баъзе нуктаҳо ихтилоф низ дорад. Аммо новобаста аз вазъияти имрӯзи ваҳдати миллӣ, ки баҳси мустақил аст, ҳоло, бо гузашти чоряки аср аз замони имзои Созишномаи соли 1997, дигар на ин ваҳдат он ваҳдат аст ва на ин ихтилоф он ихтилоф. Ҳамон гуна, ки ҳоло заминаи ваҳдату ширкатдорони ин мафҳуму ин раванд таҳаввул ёфтаанд, аксари хатҳои ихтилофу қишру доираҳои дигарандеш низ падидаҳои нави давраи наванд.

6.Чун сулҳу ваҳдати миллӣ гоҳо мавзўи доғи фазои сиёсию иттилоотии тоҷикист, бисёр дареғ мебуд, ки боз ҳам касе аз фаъолону ҷонибиандешон аз ин шарҳ низ бардошти сиёсӣ кунад ва онро посухгў ё муқобили бинишу манфиату «тараф»-и худ дарёбад ва мо боз ҳам вориди баҳсҳои сиёсии манфиатӣ шавем ва аз ҳадафи ин навишта дур равем. Дар ҳоле, ки он як шарҳи мушоҳидавию методологӣ барои рафъи як пиндори устувор ва рўшан шудани як воқеияти ошкор аст, ки дарки он барои ҳамаи ширкатдорони раванди сиёсии иттилоотӣ муфид мебуд.

7.Ва ниҳоят, чунин фаҳмиши наву фарогири мафҳуми ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ҳаргиз ба маънои камаҳаммият донистани сулҳи тоҷикон, созишномаи умумии сулҳ ё корномаи мардони сулҳофар нест. Бе ягон шубҳа, сулҳи соли 1997 ва созишномаи он санади наҷоти миллии мо буда, он бузургтарин дастовради таърихи муосири мо пас аз истиқлоли давлатист. Ин аст, ки маҳз ба нишони бузургдошти ин рӯйдоди таърихӣ санаи имзои он ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ ва рӯзи аҷргузорӣ ба ин мафҳум ва ин неъмат таҷлил мегардад.

Аммо мақсад ин буд, ки он рӯйдоди бузург, он санади таърихӣ ва он фаҳми созишномавии ваҳдати миллӣ нақшу рисолати худро анҷом дода, ҷомеаи моро ба марҳилаи сифатан нави рушди сиёсӣ, иҷтимоӣ, таърихӣ ва ҷамъиятии худ бароварданд. Марҳилае, ки дар он мафҳуми ваҳдати миллӣ акнун маънои басе фарогиртари ҷамъиятӣ ва сиёсӣ касб кардааст.

Фарорасии Рӯзи ваҳдати миллӣ хуҷаста бод!

 321 – Мақоларо хонданд,  2 – Имрӯз хонданд

Total Views: 306 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.