Абдуллоҳи Раҳнамо, сиёсатшинос ва ходими илмию ҷамъиятии Тоҷикистон, “Сиёсатшиноси соли 2020” эълон шуд.

       Раиси Ассотсиатсияи миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон профессор Сайфулло Сафаров дар маросими супоридани диплом ва ҷоизаи мазкур, ки дар доираи мизи мудаввари “Дидгоҳи давлатмеҳвар ва масъалаҳои таҳкими истиқлоли давлатӣ” доир шуд, эълон кард, ки унвони “Сиёсатшиноси сол” ба беҳтарин мутахассисон ва таҳлилгарони соҳаи сиёсатшиносии кишвар дода мешавад.

      Дар қарори дахлдори Ассотсиатсияи миллии сиёсатшиносони кишвар зикр шудааст, ки Абдуллоҳи Раҳнамо дар як соли гузашта ҳам дар самти сиёсташиносии назариявӣ ва ҳам дар соҳаи сиёсатшиносии амалӣ яке аз фаъолтарин олимони тоҷик буда, бо осору афкори худ дар ташаккули муҳити фикрии ҷомеа нақшу таъсири хоссае доштааст.
 

 84 – Мақоларо хонданд,  1 – Имрӯз хонданд

Total Views: 84 ,