МУРАББИИ БАШАР

ё фишурдае андар мақоми баланди тоҷик дар тамаддуни башарӣ

(Порае аз китоби «МАНИШИ ТОҶИКӢ» барои мутолиаи рӯзи якшанбе гузошта мешавад. Бо ин таъкид, ки дар ин буҳрони арзишӣ ба ҳувияти устувори худ такя занем ва дар ин айёми камбинӣ худро ҳаргиз кам мабинем. Ва низ бо ин таъкид, ки ин матни таълимию тарбиявӣ ва ин яшти номусиву тамаддуниро бо фарзандони азизи худ фаро гирем. Хоса дар мулки ҳиҷрат, ки муҳити ҷамъиятии ташаккули фарзанд тоҷикӣ набошад.)

                                                                     ***

МУРАББИИ БАШАР

ё фишурдае андар мақоми баланди тоҷик дар тамаддуни башарӣ

Тоҷик, миллате бузургу бостонӣ, тозаву асилу нуронӣ, аз нажоди поки ориёӣ, бо рӯҳу хиради ҷовидонӣ.

Тоҷик, мардуме аз табори хурдеши гулгун, аз фарри Коваю Фаридун, аз ҷинси бурҷҳои домани гардун.

Тоҷик, халқе барҷаставу поксиришт, аз хамири ҳалолу аз зулоли об, аз боли симурғу аз чашми уқоб.

Тоҷик, миллате соҳиби шахсияту ҳувияти парварда, хислатҳои вораставу ҳамида, фарҳанги азими зотию ҷибиллӣ ва маниши бузурги миллӣ.

Тоҷик, миллате аз тухмаи озодагон, аз гавҳари тоҷу давлат, аз мақоми шукӯҳу иззат, аз андешаи ватандорию истиқлолу ваҳдат.

                                                                ***

Бале, номи тоҷик ҳамвора бо вожаҳои баланди фарҳангу тамаддуну ишқу офариниш ҳамрадиф будааст. Ин аст, ки баробари зикри калимаи тоҷик башари огоҳ маҳз як миллати бостониии асилу фарҳангиро пеши назар меорад. Миллати соҳиби тамаддуни азим!

Сабаби чунин шинохти неки ҷаҳонӣ аз тоҷикон дар он аст, ки мардуми тоҷик ба саҳнаи фарҳангу тамаддуни башарӣ бо дасту домани холӣ ворид нашудааст. Балки гузаштагони мо аз саҳмдорон ва бунёдгузорони асосии фарҳангу арзишҳои баланди инсонӣ ва аз муаллифони аслии тамаддуни имрӯзаи башар мебошанд.

Фарзанди бузурги ин миллат бо офаридану густардани таълиму ҳикмату андешаҳои ноб симои имрӯзаи башар ва тамаддуни муосири онро сохтаанд. Хатту паёми ҳастии тоҷикон ҳамеша бар нуру рӯшанӣ, некиву некӯкорӣ, покиву ахлоқ, ақлу хирад, илму маърифат, дӯстиву ваҳдат ва муҳаббату адолат бунёд ёфта, миллати мо дар кори пирӯзии нур бар зулмат, чирагии хирад бар ҷаҳолат ва инсонмеҳвару зебоипарвару ақлбовар шудани фарҳангу ҷаҳонбинии башар нақши бисёр муҳимм доштааст.

Ба гунае, ки агар дигарон аз худ заҳҳокию аҳриманӣ ба ҷой гузошта бошанд, тоҷикон барои башар ҳикмати ҷовидонаи «гуфтори нек, пиндори нек ва рафтори нек»-ро бахшидаанд.

Агар дигарон низомҳои зулму бардагию бардадориро халқ карда бошанд, тоҷикон барои инсоният асли адолат ва фарҳанги озодагиву ҳуқуқи башарро ба армуғон овардаанд.

Агар дигарон аз худ даҳшати куштору калламанор бар ҷой гузошта бошанд, тоҷикон хиради инсонии «чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт»-ро матраҳ кардаанд.

Агар дигарон асли «тафриқа андозу ҳукумат рон»-ро пеш андохта бошанд, тоҷикон паёми «мо барои васл кардан омадем»-ро садо додаанд.

Агар дигарон шиори «инсон гурги инсон аст»-ро офарида бошанд, тоҷикон ҳикмати пайвандгари «бани Одам аъзои як пайкаранд»-ро сурудаанд. Чуноне, ки шайх Саъдии бузургвор фармудааст:

Бани одам азъои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

                                                              ***

Аз муҳимтрин сифатҳои тоҷикон ҳамин аст, ки онҳо дар таърихи тамаддуни башарӣ ҳамчун миллати инсоншинос, инсонгаро, инсонмеҳвар ва инсонсоз шинохта шудаанд. Ниёгони мо дар шинохти моҳияту рисолати инсон, дарки зарфияту ҷойгоҳи он, таҷаллии маънавию рӯҳонии башар ба сатҳе расиданд, ки инсонро чун «шамъи базми қудс» ба вуҷуде озодаву вораста ва меҳвари ҷаҳонӣ ҳастӣ табдил намуданд. Чуное, ки Мирзо Бедил бо ишорат ба тавону зарфияти бекарони инсон, дар канори олами ҳастӣ як чарх ё олами дигар будани ӯро чунин сурудааст:

Эй шамъи базми қудс, надонам чӣ гавҳарӣ?…

Худро агар иҳота кунӣ, чархи дигарӣ!

Ниёгони мо дар парвариши ахлоқи башарӣ, тазкияи нафс, касби рӯзии ҳалол ва сайқали имону тақво ба зинаҳое расиданд, ки ҷойгоҳи инсонро ба мақоми фариштагон наздик оварданд. Ва таъкид доштанд, ки агар инсон хубиву некиву адолату бахшоиш кунад, ӯ низ ба мартабаҳои баланди эҳтиром мерасад:

Фаридуни фаррух фаришта набуд,

Зи мушку зи анбар сиришта набуд.

Ба доду деҳиш ёфт ин некӯӣ,

Ту доду деҳиш кун, Фаридун туйӣ.

То ҷое, ки дуруғ, ҷанг, бадӣ, ҷоҳилӣ, ихтилоф, душманӣ, ранҷондани дил ва мардумозорӣ назди тоҷикон аз бузургтарин гуноҳони башарӣ ба ҳисоб рафта, баръакси он, ростӣ, сулҳ, некӣ, огоҳӣ, дӯстӣ, шод кардани дил ва некӯкорӣ дар ҳаққи мардум назди тоҷикон аз болотарин фазилатҳои инсонӣ шинохта мешуданд ва мешаванд:

То ҷое, ки аз камоли тақвою покизагӣ, зиндагии озода, хӯрдани луқмаи ҳалол ва обу ғизои пок ҳатто симои ин миллат чунин зебову нуронӣ гашт. Мардонаш ба қудрату фарру шукӯҳ Рустаму Суҳробу Сиёвушу Хуршедшоҳ ва занонаш ба ҳусну ҷамоли бемисол Рӯдобаву Рухшонаву Манижаву Фариштамоҳ шуданд.

Ҷамоли бемисоле, ки ҳанӯз дар асри 13-ум Шайх Саъдӣ чунин сурудаву сутуда буд:

Рӯйи тоҷиконаат бинмой, то доғи ҳабаш,

Осмон бар чеҳраи туркони яғмои кашад!   

                                                                ***

Дар масири таъриху тамаддуни дурахшони худ тоҷикон дар рушду ташаккули арзишҳои фикрию маънавӣ ва илмҳои инсонию ҷамъиятӣ ба ҳадде талош намуданд, ки ниме аз башар дар ин самт худро вомдору шогирдони ин миллат мешуморанд. Миллате, ки дар рушди фалсафа, мантиқ, равоншиносӣ, ҷомеашиносӣ, сиёсатшиносӣ, таърихнигорӣ, забоншиносӣ, илми ахлоқ, адабиёт, илоҳиёт, ирфон, тафсир ва илмҳои дигари башарӣ таҳаввули бузург ба вуҷуд оварда, пояҳои ҷаҳонбинии маънавию иҷтимоии башарро устувор намуд. Миллате, ки ҳазорон панднома, ахлоқнома, таърихнома, тӯтинома, синдбоднома, саёҳатнома, шоҳнома, сиёсатнома, марзнома, рӯзнома ва барнома офарид, то маърифати башарӣ шаклу низоми инсонӣ бигирад.

Миллате, ки алломаҳои ҳамадонаш чун Абунасри Форобӣ наздики 200 рисола, Абуалии Сино беш аз 450 рисола, Абурайҳони Берунӣ беш аз 150 рисола, Абуҳомиди Ғазолӣ беш аз 200 рисола дар илмҳои гуногун навиштаанд, ки тавони илмию фикрии онҳо то имрӯз мавзӯи ҳайрати башар аст. Ҳамин гуна тоҷикон мактабҳои бузурги фикрию маънавию ахлоқӣ ва таълимоти азими сиёсию ҷамъиятиро ташаккул доданд, ки сатҳи ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии башарро ба куллӣ дигаргун сохт.

Дар канори ин, тоҷикон дар тӯли таърихи худ мактаби қудсии сухан ва адабиётеро офаридаанд, ки дар тамоми тамаддуни башарӣ ҳамтову монанди худро надорад. Ин адабиёти бузург ҳам бо ҳаҷму вусъат, ҳам ба мазмуну ҳикмат ва ҳам ба ҳунару санъат ба авҷи камоли худ расида, аз сӯи ҷаҳониён ҳамчун адабиёти баланди касбию меъёрӣ ё адабиёти классикӣ эътироф шудааст.

Башари огоҳу мутамаддин ҳануз ҳам дар ҳайрат аст, ки чӣ гуна Рӯдакии ин миллат дар бомдоди тамаддун беш аз як миллион байти осмонӣ сурудааст ва Фирдавсии ин фарҳанг ба танҳоӣ «Шоҳнома»-и азиму беназирро офарида. Ҳама то имрӯз ба ин саволанд, ки чӣ гуна Мавлоно Ҷалолуддин Балхии тоҷик асрори рӯҳро дарёфтаву «Маснавии маънавӣ»-и ҷовидониро халқ карда ва Низомии он асрори ниҳони ишқро кушодаву кардаву «Хамса»-и бегазандро ба ёдгор гузоштааст.

Башар ҳануз дар ҳайрат аст, ки магар ширинии сухани Саъдиву Ҳофизу Ҳилолӣ ё лутфи Камолу ҳикмати Бедил дар тавони инсон бошад ё аз олами ниҳон?

Ин аст, ки Гётеи бузурги олмонӣ бо арзёбии адабиёти ҷаҳонӣ эълон дошт, ки ҳафт ситораи бартари сухан дар таърихи башарӣ ҳамагӣ аз форсу тоҷиканд: Фирдавсӣ, Хаём, Анварӣ, Румӣ, Низомӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва Ҷомӣ.

Оре, бузургони адабиёти форсу тоҷик суханро ба ҳадде гуфтанд ва маъниро ба сатҳе суфтанд, ки аз ҳар назар болотар аз тавони башар менамуд ва аз ҳайрату ночорӣ ба каломи ғайб нисбат дода мешуд. Онҳо суханро беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ ва ҷони равони башар дониста, афсуни созандаю пайвандгари онро чун василаи ҳикмат, маърифат ва тарбият ҳамагонӣ сохтанд, ки он хидмати бузурге барои тамоми инсоният буд. Онҳо на танҳо ба нерӯи сухан бовар доштанд, балки худ сухани зиндаву нерӯманде гузоштанд, ки то имрӯз инсонро тағйир, тарбият ва такмил медиҳад:

Сухан бишканад минбару дорро,

Зи сурох берун кунад морро.

Дар баробари адабиёти оламгири меъёрӣ, адабиёти шифоҳии халқи тоҷик низ басе бузургу зебову ширину рангин аст, ки он аз латифаю ҳикоятҳои намакин то афсонаву ривоятҳои бузурги манзуму мансурро дар бар мегирад. Аз ин миён хоса матнҳои ривоиву ҳамосии «Самаки Айёр», «Ҳазору як шаб», «Чор дарвеш», «Тӯтинома» ва маҷмуаи ҷовидонии «Афсонаҳои халқи тоҷик» аз ҷумлаи осорест, ки рӯҳу равони ин миллати қудсию маънавиро бисёр амиқу зебо ифода мекунад.

Хоса шоҳасари “Афсонаҳои халқи тоҷик” мардумитарин китобест, ки тӯли ҳазорсолаҳо аз сӯи худи халқ эҷод шуда, ҷаҳони зебои ботинӣ, тахайюли рангину офаранда ва ормону омоли ҷовидонаи тоҷиконро дар худ гирд овардааст. Он барои мо аввал забони содаву равони тоҷикиро меомӯзад, сипас озоду зебо баён кардани андешаю эҷоди худро ёд медиҳад ва пас аз он моро бо бузургиву ҷовидонагии ормонҳои мардум мепайвандад. Ин китоб саршор аз некиву меҳрубонӣ, дӯстиву рафоқат, ишқу муҳаббат, далерию паҳлавонӣ ва ҳамкориву ҳамоҳангии инсону табиат аст. Агар он дар марҳилаи дуруст ва бо равиши дуруст хонда шавад, барои ташаккули ҷаҳонбинии зебо ва пӯёи як тоҷик бисёр муҳим аст.

Пас, шоиста аст, ки ҳар тоҷики асил ин китобҳоро бихонад ва ба фарзандонаш бихононад, то дар ӯ забону равони ноби тоҷикӣ шакл гирад.

                                                       ***

Тоҷикон пеш аз омадани ислом низ пайрави дини тавҳидии якхудоӣ, аҳли имону китоб ва соҳиби китобҳои муқаддасе чун «Авасто» буданд. Таърихи ин динномаи бостонӣ аз панҷ ҳазор сол гузашта, аввалин китоби навишта дар таъриху тамаддуни башарӣ ба шумор меравад. Худи калимаи «дин» вожаи асили тоҷикӣ буда, дар забони арабӣ ва дини ислом низ ҳамин тавр пазируфта шудааст. Тоҷикон соҳиби дини тавҳидие буданд, ки хирадро бар ҷаҳолат бартар мешумурд ва нуру рӯшаниро аз торикӣ авлотар медонист, ҳамон гунае, ки Фирдавсӣ дар баёни он гуфтааст:

Мапиндор, к-оташпарастон буданд,

Парастандаи пок Яздон буданд.

Аммо бо зуҳуру расидани ислом ба минтақа, тоҷикон дар густариши он ва китобиву бунёдӣ шудани илмҳои исломӣ саҳми басе бузург гузоштанд. Садҳо фарзандони халқи тоҷик ҳамчун имомон, муҳадисон, фақеҳон, муфассирон, мутакаллимон, орифон, забондонон, муфтиён ва мубаллиғони барҷастаи исломӣ улуми исломиро ба авҷи худ расонида, дар таърихи тамаддуни исломӣ ҳамчун устодон ва бунёдгузорони ин илмҳо сабт гаштаанд. Ин қудрату зарфияти азими илмии мардуми форсу тоҷик аз сӯи худи Паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад(с) эътироф ва пешгӯи шуда буд, ки эшон фармуданд: Агар илм дар авҷи осмонҳо бошад, мардуми форс онро ба даст меоранд.

Фарзанди халқи тоҷик Имом Муҳаммад Исмоили Бухорӣ нахустин касе буд, ки бо истифода аз равиши дақиқтарини илмию ахлоқӣ ҳадисҳои Паёмбари исломро ҷамъоварӣ намуда, китоби “Саҳеҳ”-и Бухориро тадвин кард. Китобе, ки сарчашмаи асосии дарки суннат гашта, пас аз Қуръон дуввумин китоби муътабари мусулмонон ба ҳисоб меравад.

Сипас тоҷикони бузургвори дигар чун Имом Тирмизӣ, Имом Байҳақӣ ва дигарон ин суннатро идома доданд ва имрӯз аз шаш маҷмуаи ҳадисҳои набавӣ муаллифи панҷ китоби он маҳз тоҷиконанд!

Фарзанди бузурги халқи тоҷик Имом Абуҳанифа ибни Нуъмон ибни Марозбон бо таҳлилу фарогирии Қуръону Суннат бузургтарин низоми фиқҳию ҳуқуқии исломиро танзим намуд, ки аксари мусулмонони ҷаҳон ҳамчун шеваи солими зиндагӣ аз он пайравӣ менамоянд. Имрӯз мактаби фиқҳии ӯ чун “мазҳаби ҳанафӣ” ва шахсияти бузурги ӯ чун “Имоми Аъзам” шинохта мешавад.

Фарзанди бузурги халқи тоҷик Имом Муҳаммад Ҷарири Табарӣ таърихи ҷомеи ислом, араб ва аҷамро навишт, ки имрӯз низ муътабартарин таърихнома дар тамаддуни исломӣ ба шумор меояд.

Фарзандони бузурги халқи тоҷик чун Сибивайҳ, Ибни Сино, Ғазолӣ, Насафӣ, Байҳақӣ, Мотуридӣ, Марғелонӣ ва ғайра самтҳои гуногуни улуми исломиро ба мактабҳои комили илмӣ табдил доданд.

Аммо нақши тоҷикон дар рушди ирфони исломӣ ва дарки маърифатию шуҳудии Офаридагор бисёр бузургтар мебошад. Шахсиятҳои ирфонӣ ва орифони раббоние чун Шайх Саноӣ, Шайх Аттор, Шамсуддини Табрезӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Хоҷа Саъдуддини Қошғарӣ, Хоҷа Аҳрори Валӣ, Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ва ҳазорони дигар ишқи Худованд ва илми ҳолро ба камол расонида, барои васли инсон аз асли хештан миёни рӯҳи башар ва вуҷуди Худованд пайванди зиндаи ошиқона эҷод намуданд.

Ду фарзонаи бузургвори тоҷик Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд ва Абдулқодири Гелонӣ ду мактаби бузурги таҷрибию ифрфонӣ – тариқатҳои нақшбандия ва қодирияро бунёд гузоштанд, ки ҳоло садҳо миллион нафар мусулмонон дар тамоми ҷаҳон аз онҳо мухлисона пайравӣ менамоянд. Аҳаммияту бузургии мактаби нақшбандия дар он буд, ки ин тариқат тазоди байни кору ибодат ва дину дунёро дар зеҳни инсон бартараф намуда, имону диндориро на ҳамчун узлату дунёбезорӣ, балки ҳамун бахше аз зиндагии зиндаи башар пешкаш кард. Равишҳои нодири ирфонию амалии ин тариқат чун “дил ба Ёру даст ба кор”, “дил ба Ҳаққу рӯ ба халқ”, “сафар дар Ватану хилват дар анҷуман” ва ғайра дар замири миллионҳо пайравони ислом шеваи дурусту ақлонии диндварзию дунёдориро тарбият карданд.

Ин аст, ки агар ҳар ҷое ва ҳар вақте сухан аз илму фарҳангу тамаддуни исломӣ равад, саҳми беқиёси ниёкони мардуми тоҷик дар рушду густариши он чун ахтари тобноке бар тораки ин тамаддуни бузург медурахшад. Саҳми мардуме, ки бо зарфиати бузурги ақлию илмию имонии худ ин дини осмониро ба як тамаддуни ҷаҳонӣ мубаддал сохтанд.     

                                                       ***

Дар канори илмҳои ҷамъиятиву самтҳои маънавӣ, тоҷикон дар тӯли таърихи худ мактабҳои бузурги фарҳангу ҳунарҳои нафисро низ бунёд гузоштаанд, ки осору намунаҳои он боиси ҳайрати башаранд. Деворнигораҳои Суғду Бохтари бостон, меъмории беназири Самарқанду Бухорову Исфаҳон ва наққошиву хушнависии ҳазорон тоқу гумбаду айвон гувоҳи онанд, ки санъати рассомию наққошии хаттотии тоҷик суннатҳои бузурги дерина дошта, аз ҷамъи ҳунару рангу зарофату мазмун нигораҳои беназир офаридааст. Ҳанӯз дар аҳди бостон фарзанди арҷманди тоҷикон Монии афсунгар нигористони “Аржанг”-ро офарида ва дар асрҳои миёна Камолиддини Беҳзод ё Монии сонӣ дар Ҳирот доди ҳунари миниётуру чеҳранигориро дода буд.

Тоҷикон аз азал дар ҳунарҳои нафисаи дастӣ чун заргарӣ, мисгарӣ, сангтарошӣ, кандакорӣ, кулолӣ, шишапазӣ, булуркорӣ, ҷомсозӣ ва ғайра маҳорати тамом доштаанд, ки осори нодиру беназири «Хазинаи Амударё» дар осорхонаи Лондон ва ҳазорон бозёфти нафиси аҳди бостон намунаи барҷастаи он аст.

Оҳангу мусиқии миллии тоҷикӣ низ аз суннатҳои хусравонии Борбади Марвазӣ давом гирифта, дар тӯли садсолаҳо дар шакли мактабҳои ҷовидонии “Шашмақом”, “Фалак”, “Наът”, “Мадо”, “Шаҳд”, “Базмӣ” ва ғайра танинандоз мондааст. Ин ҳунари малакутии миллиро дар замони нав саромадони ҳунар Содирхони Ҳофиз, Шоҳназар Соҳиб, Акашариф Ҷӯра, Боймуҳаммад Ниёз, Зафар Нозим, Одина Ҳошим, Ҷурабек Мурод, Давлатманди Хол ва шогирдону пайравони онон ҳамчунон сурудаву зинда доштаанд. Бо ҳам ҷамъ омадани матну мазмуни баланд, оҳанги равон ва ҳунару овози хушу гуворо мусиқии тоҷикро ҳам таровати тафреҳӣ, ҳам арзиши бадеиву ҳунарӣ ва ҳам хосияти маънавию тарбиятӣ додааст. Сатҳ ва мактабе, ки суннатҳои бузургу баланди он бояд аз даст наравад.

Ва дар кулл, сухан, адабиёт, арзишҳои маъанвӣ, ҳунар, меъморӣ, хушнависӣ, наққошӣ, мусиқӣ, либос, хонадорӣ, дастурхон ва эҷоди дастиву шифоҳии мардуми тоҷик нишон медиҳад, ки тоҷикон ҳамеша чун миллати ашрофӣ сатҳу завқи баланди меъёрӣ, ҷаҳонбинии рӯшани башарӣ ва тамаддуни ворастаи шод, озода, зариф, зебоиписанд ва барҷаста доштаанд.

Ин аст, ки ҳар тоҷики асил бояд ҳамин мактаб, ҳамин фарҳанг ва ҳамин сатҳро касб намояд, идома диҳад ва ҳифзу муаррифӣ намояд.

Ин аст, ки ҳеҷ тоҷики асил бояд нисбати ин фарҳангу арзишҳо хиёнат накунад, аз ин сатҳи ашрофии ниёгони худ поинтар наояд, то бақои миллию арзишии мо таъмин гардад.

Ва шоистаи зикр аст, ки маҳз ҳамин илму донишу ҳунару фарҳангу тамаддун боис гашт, то тоҷикон барои аҳлӣ шудани таборҳои ваҳшӣ, инсонӣ шудани тамаддуни башарӣ ва фарҳангию арзишӣ шудани ҷомеаҳои инсонӣ нақши бузург гузоштаанд. Гузаштагони тоҷикон дар роҳи илму имону фарҳангу ахлоқ тамаддун муаллиму мураббии башарият будаанд…

                                                             ***

Тоҷикон аз аввал ҷаҳонбинии илмӣ, табиӣ ва ақлонӣ доштанд ва дар ташаккули илмҳои дақиқу башарӣ ва илмию ақлонӣ шудани ҷаҳонбинии инсоният низ саҳме басе бузург гузоштанд. Тоҷикон Наврӯзро барои башар додаанд, ки дар он ҳанӯз ҳазорон сол пеш лаҳзаи дақиқи гардиши офтобу эътидоли шабу рӯзи замин ва лаҳзаи фарорасии соли нави табиӣ ба таври муъҷизавӣ ҳисоб карда шудааст. Ҳисобе, ки имрӯз асбобу устурлобҳои навтарини муосир дурустии онро тасдиқ кардаанд…

Ва бузургии Наврӯзи тоҷикон дар ин аст, ки Наврӯз дин нест, хурофот нест, сиёсат нест, идеология нест, соли нави сохтаву рамзӣ нест. Балки Наврӯз илм аст, хирад аст, табиат аст, таърих аст, тамаддун аст, нуктаи пайванди тамоми башар аст. Ва он як шиносномаи тоҷикон ва саҳми бузурги тоҷикон дар рушди тамаддуни башарист.

Бо чунин бинишу суннатҳои илмию ақлонӣ, тоҷикон дар таъриху рушди илмҳои дақиқу бунёдӣ дар ҷаҳон саҳми азиме гузоштаанд. Онҳо, аз ҷумла дар рушди табиатшиносӣ, нуҷум, риёзӣ, ҳандаса, оптика, кимиё, ҷуғрофиё, зироату обёрӣ, меъморӣ, тибб ва ғ. пешсафони башар буда, кашфу ихтирои як силсила дастовардҳои илмию фанни инсоният ба номи тоҷикон марбут аст. Аз он миён, мафҳуму падидаҳое чун алгоритм, алгебра, тригонометрия, расадхона, карантин, наркоз, линза, алкул, асид, ишқор, ҳавокаш, корезу обёрӣ, почта, бемористон ва ғ. маҳз аз сӯи олимони тоҷик кашф шуда, мавриди истифодаи башар қарор гирифтааст.

Имрӯз низ номи фарзандони барӯманди халқи мо чун Хоразмӣ, Берунӣ, Сино, Розӣ, Хаём, Тусӣ, Қӯшчӣ, Абуҳомиди Хуҷандӣ ва ғайра, ки дар рушди илмҳои дақиқу табиӣ нақши бузургу бунёдӣ гузоштаанд, аз сӯи башарияти мутамаддин чун сарону падарони ин равияҳои илмӣ шинохтаву эҳиром мегарданд.

Аз ҷумла, дар саҳни қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Венаи кишвари Утриш, ки идораҳои сиёсии СММ дар он ҷойгиранд, чортоқест, ки дар чор сӯи он пайкараи чор бузурги тамаддуни башарӣ гузошта шудааст. Чор нафаре, ки дар ташаккули илму фарҳанги имрӯзи олам ва хоса ҷаҳонбинии илмию ақлонии инсоният нақши бунёдӣ гузоштаанд: якум, бунёдгузори тибби муосири ҷаҳонӣ Абуалии Сино, дувум бунёдгузори дорусозиву шимиёи навин Закариёи Розӣ, сеюм, падари ҷуғрофиёву табиатшиносии илмӣ Абурайҳони Берунӣ ва чаҳорум, падари кайҳоншиносиву тақвими навин Умари Хайём.

Ва нуктаи ифтихор аст, ки ҳар чаҳори ин бузургон тоҷик ва фарзанди ин миллат мебошанд. Ҳар чаҳори онҳо форсизабон ва аз чор шаҳри машҳури ҳудуди давлати Соммониён буданд, ки онро тоҷикон бунёд гузоштаанд. Сино аз Балху Бухоро, Берунӣ аз Хоразм, Розӣ аз Рай ва Хайём аз Нишопур. Чор нафаре, ки аз ин сарзамин бархоставу бунёдҳои тамадудни имрӯзаи башариро шакл додаанд.

Пас, ин аст сатҳи тоҷик, ин аст саҳми тоҷик, ин аст ҷойгоҳи тоҷик, ин аст тавону зарфияти тоҷик, ин аст бузургони тоҷик, ин аст фарзандони тоҷик, ин аст меъёри арзёбии фарҳангу тамаддуни ин миллат. Сатҳе, ки ҷаҳон онро шинохтааст, фарзандоне, ки башар эътироф намудааст…

                                                                ***

Гарчи тамоми мардумони ҷаҳон барои мо азизу шарифанд, аммо дар сарчашмаҳои таърихӣ аз тавону истеъдодҳои хосаву бартари зеҳниву ҷисмонии тоҷикон маълумотҳои зиёде оварда шудаанд. Ин намунаҳои зиндаву мушаххас аз ҳамтаборони мо нишон медиҳанд, ки агар шароиту парвариши дуруст фароҳам бошад, ҳар як тоҷик дар вуҷуди худ чунин зарфияту истеъдод дошта метавонад.

Сарчашмаҳо меоранд, ки бунёдгузори адабиёти форсӣ устод Абуабдуллоҳи Рудакӣ ҳанӯз дар ҳаштсолагӣ Қуръонро пурра аз бар карда буда ва дар тӯли умраш як миллиону сесад ҳазор байт шеъри олӣ гуфтааст, ки аз назари сатҳу миқдор фаротар аз тасаввуру тавони як инсон аст. Ба ҳадде, ки ба ҳисоби умри эҷодӣ ҳар сол як маснавии панҷоҳҳазормисраӣ суруда бошад! Ин аст дили дарёву табъи равони тоҷик!

Дар китобҳо омадааст, ки Буалии Сино ҳанӯз дар 16 солагӣ тамоми илми тибро аз худ карда, дар муддати ду сол тамоми китобхонаи азими Сомониёнро фаро гирифта будааст. То ҷое, ки вақте ин китобхона аз сӯи аҷнабиён сӯхта шуд, Синои ҷавон изҳор дошт, ки агар рангу қалам фароҳам кунанд, метавонад тамоми он китобхонаи бузургро аз зеҳнаш барқарор намояд. Ин аст қудрати ҳофизаи тоҷик!

Абурайҳони Берунӣ ҳанӯз дар асри 9 таносуби байни баландии кӯҳ ва сатҳи заминро қиёс карда, курашакл будани заминро муайян намуд ва бо формулаи эҷоди худаш радиуси сайёраи Заминро чен кард! Ба андозае, ки имрӯз низ ҳамаи асбобҳои муосир дурустии онро тасдиқ менамоянд. Ин аст қудрати ақлу мантиқи тоҷик!

Ҳаким Умари Хайём ҳанӯз бо асбобу устурлобҳои он замон қонунмандии гардиши моҳу хуршед ва ситораву сайёраҳоро кашф карда, лаҳзаи баробаршавии рӯзу шаби замин, фарорасии Наврӯз ва оғози соли нави хуршедиро ба таври дақиқ мушаххас намудааст. Ба ҳадде, ки марказҳову асбобҳои навтарини кайҳоншиносӣ дар он танҳо 11 сония тафовут ёфтаанд. Ин аст диққати ақлу мантиқи тоҷик!

Мирзо Абдулқодири Бедил он қадар зеҳни тезу чашми фарогир доштааст, ки кӯчаву боғҳоро дар ҳофизааш ба навор мегирифтааст ва вақти гузштан ишорат менамудааст, ки фалон дарахт дирӯз фалон миқдор барг дошту имрӯз фалон миқдор зиёд ё кам шудааст ё фалон шайъи хурдтарин дирӯз ин ҷо набуду имрӯз пайдо гаштааст. Дар канори ин, ҳамаи сарчашмаҳо овардаанд, ки ӯ дар давидан аз аспҳои тозӣ пеш мегузаштааст.

Ин аст зеҳну зарфияту истеъдоди тоҷик!

***

Ин аст, ки “тоҷик” танҳо як вожа нест, он як аслу як асолат аст.

Ин аст, ки “тоҷик” танҳо як вожа нест, он фарҳангу ҳувият аст.

Ин аст, ки “тоҷик” танҳо як вожа нест, он таъриху тамаддун аст.

Ин аст, ки “тоҷик” танҳо як ном нест, он ҷавҳари миллист.

Ин аст, ки “тоҷик” танҳо як ном нест, он як сиришту як маниш аст.

Ин аст, ки он иваз намешавад, зеро он худи миллат аст.

Пас, дуруд бар тоҷики соҳибтамаддун, ки ифтихори башар аст!

Меситоем озодагиву озодманиширо, ки гавҳари зотии тоҷикон аст!

Ситоиш ростиву озодиро, ки маниши ҷавҳарии ҳар тоҷик мебошад!

                                                                      ***

Бувад озод аз бунёд тоҷик,

Надорад бардагиро ёд тоҷик.

Ҷаҳон орост бо мелоди фарҳанг,

Ҳазорон сол то мелод тоҷик.

Сари болои ӯ аз санги сабр аст,

Шикаста теғи сад ҷаллод тоҷик.

Зи фазлу фан ҷаҳон обод дорад,

Ба истеъдоди модарзод тоҷик…

Ба ҳар қавме, ки шоир ё ҳакимест,

Бувад бешак, варо устод тоҷик.

Ҳидоят мекунад аҳли башарро,

Чу Хизр аст аз пайи иршод тоҷик…

Дили мӯре агар озурда созанд,

Бихезад аз пайи имдод тоҷик.

Ба по истода бошад ҳамчу куҳест,

Шавад дарё, агар уфтод тоҷик…

Ба авсофаш ҷаҳон шоҳид, ки бошад,

Ҷавонмарду ҷаводу род тоҷик.*

(*Шеъри охир аз Устод Рустами Ваҳҳоб)

Total Views: 69 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.