ХУДОЁ, ТОҶИКИСТОНРО НИГАҲ ДОР!

 (Андешаи манзум дар ҳошияи ахбори рӯз)


“Яман бори дигар шуд бомбаборон.”

“Ду киштӣ ғарқ шуд дар баҳри Уммон.”

“Ба Покистон ҳуҷум оварда Эрон.”

“Қиёмат шуд ҷанубу ғарби Лубнон…”

Дигар метарсам аз сархатти ахбор,

Худоё, Тоҷикистонро нигаҳ дор!


“Ба марзи Мисру Исроил оташ”,

“Ба баҳри Сурху рӯди Нил оташ”,

“Ба Курдистону дар Арбил оташ”…,

Ҳама барномаву таҳлил оташ.

Ҷаҳон месӯзад андар оташи нор,

Худоё, Тоҷикистонро нигаҳ дор!


“Пас аз Турку Ироқу Шому Урдун,

Саъудию Қатар пайваста акнун”…

“Ҳамос”-у “Хусӣ”-ю “Ихвон”-у “Тайфун”..,

Зи ҳар ҷониб шабехунҳои пурхун…

Муҳити бисту се кишвар валангор!!!

Худоё, Тоҷикистонро нигаҳ дор!


Ба хоку хун баробар шуд Фаластин,

(Ба таърихи тамаддун доғи нангин!)

Хуросонро гирифт ифроту нафрин,

Аз он соҳил нигаҳ дорад ба дурбин…

Дар ин ҳангномаи бисёр душвор,

Худоё, Тоҷикистонро нигаҳ дор!


“Ба Тайван новгони амрикоӣ,

Ҳимоят дорад аз тарҳи ҷудоӣ.

Ва Ландан карда ӯро раҳнамоӣ…

Ва Пекин карда таҳдиди ҳавоӣ…”

“Ду Куриё ба ҷони ҳам гирифтор…”

Худоё, Тоҷикистонро нигаҳ дор!


Ҷаҳоне ҷабҳа-ҷабҳа, даста даста,

Низоми ваҳдати олам шикаста,

Гулӯгоҳи халиҷи Форс баста.

Ва русу украин аз ҷанг хаста…

Дуоят мекунам такрору такрор,

Худоё, Тоҷикистонро нигаҳ дор!

Total Views: 41 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.