ВАХОН. ВУРУДИИ ДОЛОНИ МАШҲУРИ ВАХОН.

ДИЁРИ БИҲИШТӢ.

МАРДУМЕ ФАРИШТАХИСОЛ.

                                                                ***

Шаб ришта-ришта аст дар водии Вахон,

Одам фаришта аст дар водии Вахон.

Наврӯзи ҳафтранг дар тахтаҳои санг,

Фирдавс киштааст дар водии Вахон.

 

Ҳар шеваи сухан, чашму лабу даҳан,

Аз гул сириштааст дар водии Вахон.

Номуси марду зан дар қальаи куҳан,

Бо хун набиштааст дар водии Вахон.

 

Дар нури моҳтоб, дар мавҷпӯши об,

Шаб ришта-ришта аст дар водии Вахон.

Бо рӯҳи содааш, рӯйи кушодааш,

Одам фариштааст дар водии Вахон…

Total Views: 43 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.