АСОЯТРО РАҲО КУН!!!

 (Нутқи манзум)

Ин ҳафта бо ташаббуси ҳукумати шаҳри Ҳисор дар кохи фарҳанги он ҷашни бошукӯҳи 75-умин солгарди устод Ато Ҳамдам баргузор шуд, ки дар он нутқи табрикии манзуме доштам.

Ва гуфтанд, ки вақти қироати он устоди соҳибҷашн рӯзгори печидаву пурифтихори худро пеши руй овардаву ашк мерехт.

Умедворам, ки ашки шодӣ буда бошад ..

                                                                ****

Ҳисори Шодмон, эй боргоҳи Ҳазрати Одам,

Ки ҳар кўҳи ту кӯҳи Тӯру ҳар як чашмаат Зам-зам,

Шукӯҳи шаҳчанори қоматат ҳаргиз мабодо кам.

Ба табрики Атои Ҳамдамат ҳарфе намеёбам,

Ки Турсунзода дар табрики ӯ гуфтаст:

«Фарзандам, Ато Ҳамдам!»

 

Гаҳе ҳамчун муҳаррир нури чашми анҷуман будӣ,

Гаҳе ҳамчун вакили халқ маҳбуби Ватан будӣ,

Гаҳе ҳамчун вазир устоди фарҳанги куҳан будӣ,

Гаҳе ҳамчун мушовир раҳбаронро ройзан будӣ.

Канори Пешвои миллат андар зери як парчам,

Зи дарди халқи худ ғофил набудӣ ҳеҷ гаҳ, як дам,

Ато Ҳамдам, Ато Ҳамдам!

 

Шикасту рези ин дунёи бесомон туро нашкаст,

Фишору фитнаву ҳангомаи даврон туро нашкаст,

Ҷафою носипосиҳои номардон туро нашкаст,

Кулуху сангпартоии ину он туро нашкаст.

Зиҳӣ рӯҳи матину, ҷони сахту, ҷисми мустаҳкам!

Ато Ҳамдам.

Илоҳо чашми сабзи лоҷувардият набинад нам!

Ато Ҳамдам,

Аз ин пас ҳам сари болои ту ҳаргиз мабодо хам!

Ато Ҳамдам, Ато Ҳамдам…

 

Ҳамоно кӯҳи побарҷову дарёи равонӣ ту,

Ҳамоно гавҳари маънии баҳри бекаронӣ ту,

Муборак бод ин ҷашни ҷавоният, ҷавонӣ ту,

Ҷавонӣ, бе асо ҳам роҳ рафтан метавонӣ ту!

Асоятро раҳо кун, хезу бар рақс о,

тарам-рам-рам,

Ато Ҳамдам!

Дар ин рӯзи бузургии ту алкӯтоҳу алмӯъҷам:

Зи гарди зиндагӣ мӯйи сафедатро набошад ғам!

Ато Ҳамдам, Ато Ҳамдам!

 

Total Views: 39 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.