МАВЛОНО ДАР ХАТАР?!

Бо салому эҳтиром,

Бо дидани унвонҳои баланде чун «ОЗМУНИ ФАНҲОИ ДАҚИҚ АЗ ОЗМУНИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ» МУҲМТАР АСТ!» ва ғайра дар расонаю шабакаҳо, мехостам матни як суханронии худ дар Рӯзи Мавлоно дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро фақат бо чор нуктаи илова дар қавсайн барои хониши ороми рӯзи якшанбе пешкаши дӯстон намоям.

Меҳвари гуфтор ин аст, ки имрӯз на танҳо осори Мавлоно, балки тамоми мероси фарҳангӣ, адабӣ, ахлоқӣ ва миллии мо бо ду таҳдиди ҷиддӣ – «ифротгароии динӣ» ва «фиреби технологӣ» рӯбарӯ мебошад.

Умедворам, ки ин матн барои тафаккури бештар, ҳаракати огоҳона ва ҳифзи тавозуну эътидоли фикрию бақои миллии мо муфиду созанда бошад. Аз тӯли сухан узр, зеро мавзӯъ бузург ва нигаронӣ бузургтар аст.


МАВЛОНО ДАР ХАТАР?!

( Ё ТАҲДИДҲОИ НАВИН БА МЕРОСИ ФИКРИЮ ФАРҲАНГӢ ВА ПАЙОМАДҲОИ ОН БАРОИ ҲАСТИИ МИЛЛИИ МО)

Дӯстони азиз,

Устодони бузургвор.

Гиромидошти рӯзе бо номи «Рӯзи Мавлоно» нишонгари эҳтироми азими давлат ва мардуми Тоҷикистон ба осор ва афкори Мавлоно Ҷалолуддини Балхии Румӣ аст. Албатта, барои мардуми ин сарзамин ва аҳли ин фарҳанг ҳар рӯз Рӯзи Мавлоност, аммо ба таври рамзӣ рӯзеро махсуси ин абаршахсият қарор додан маънои таъкид бар аҳаммият ва ҷойгоҳи ӯ ва таъкид бар зарурати поси осору афкори ӯро дорад. Аҳаммияти мероси фикриву адабии Мавлоно дар чист, як баҳси бисёр бузурги дигар аст, аммо мавзӯе, ки мехостам имрӯз ба он таваҷҷуҳ намоем, ҳассосият ва таҳдидҳои пеш омада дар роҳи ҳифзу корбурду дурнамои ин осори арзишманд аст.

Имрӯз осори адабӣ ва ирфонии бузургони мо, аз ҷумла осори Мавлоно, бо чанд таҳдиди бисёр ҷиддӣ рӯбарӯ мебошад, ки ду намунаи ҷиддитарини онро баррасӣ менамоям.

1.ТАҲДИДИ АВВАЛ- маънавиятзудоӣ ва технологиягароии ифротӣ

Ин таҳдид рӯи ҷойгоҳи осори адабию ирфонии гузаштагон, аз ҷумла, осори Мавлонои Балхӣ, дар ҷомеаи мо ба ду шакл таъсири манфии худро мегузорад:

1.Монеаи рушди илмию технологии ҷомеа гумон ва эълон кардани маъанвият ва адабиёт.

2.«Шеър» пиндоштан ва дар натиҷа, тахайюл ва камарзиш донистани мероси фикрию ирфонии бузургони тамаддуни мо.

Моҳияти масъалаи якум ин аст, ки бе шубҳа, имрӯз мо ба омӯзиши фанҳои дақиқ ва рушди технологияи пешрафта эҳтиёҷи бузург дорем. Маҳз ба ҳамин хотир аз тарафи Роҳбарияти кишвар соли рушди фанҳои дақиқ (ва инак бистсолаи он) эълон гашта, барои таваҷҷуҳи ҷавонон ба ин самт дар сатҳи давлатӣ сармоягузориҳои ҷиддӣ карда мешавад, ки он бисёр муҳим аст.

Аммо гоҳо дар фазои иттилоотию муҳити ҷамиъиятӣ миёни ҷавонон чунин андеша ташвиқ мешавад, ки гӯё мо беш аз ҳадд ба шеъру адабиёт ва ба ахлоқу маънавиёт диққат дода, аз ҳамин сабаб(!) аз илму технология ва рушди иқтисодӣ қафо мондаем. Ва ба ин мазмун дар расонаҳо ҳатто даъватҳо мешавад, ки биёед, хондани адабиёту таърихро бас кунем, то кай адабиёту шеър, биёед ба фанҳои дақиқу илму технология рӯй оварем, зеро имрӯз замон замони илмҳои дақиқу асри текноложист!

Албатта, шакке нест, ки таваҷҷуҳ ба илмҳои дақиқ ва технологияи муосир як омили аслии рушд ва як зарурати миллист. Аммо аз сӯи баъзе муаллифон маҳз дар муқобили адабиёту маънавияту андеша ва дар ивази тарки захираҳои маънавии миллӣ матраҳ намудани онро як таблиғи нодуруст ё як «фиреби технологӣ» номидан мумкин аст.

(Барои он, ки гумон наравад, ки банда як шахси аз илмҳои дақиқ ва техникӣ дур ҳастам, ёдовар мешавам, ки банда риштаи муҳандисии механикиро бо дипломи аъло хатм кардаам ва таҳсилоти бунёдии ман дар ин соҳа аст. Ва низ банда ҳанӯз солҳои 90-ум ҳамчун мутахассиси ҷавон дар гурӯҳи тарроҳони барномаи автаматисозии хатти истеҳсолии маводи тобовари сохтумонӣ ширкат доштам. Ва низ муассиси литсейи дорои равияи фанҳои дақиқ (табиию риёзӣ) ҳастам, ки имрӯз дар он садҳо нафар мазҳ таълими бунёдии фанҳои дақиқ ва технологӣ мегиранд. Яъне, шахсан худам ба илмҳои дақиқ бисёр наздик буда, дар рушди онҳо ва дар татбиқи барномаҳои давлатии рушди фанҳои дақиқ пешоҳанг ва саҳмгузор мебошам ва аз ин рӯ, шояд заррае ҳуқуқи изҳори назар дар ин бобро дошта бошам. Яъне, садои ман фақат ба истилоҳ аз «ҷабҳаи филологҳо» нест.)

Барои исботи вуҷуд надошатни ҳеҷ тазодд байни маънавият ва рушди технологӣ ва дидани то чӣ андоза бар зиёни миллӣ будани инкори яке аз онҳо метавон ба чанд нукта таваҷҷуҳ намуд:

Нуктаи 1: Аввалан, бар хилофи тасаввури паҳншуда, ки гӯё мо беш аз ҳад адабиёту маънавият ва илмҳои ҷамъиятӣ мехонем, назари банда ина ст, ки мо онҳоро чандон намехонему чандон намедонем. Имрӯз дар ҷомеаи мо чанд дарсади мардум “Шоҳнома”, “Хамса”, “Маснавӣ”, “Гулистон” ё Ҳофизу Бедилу Иқболро пурра хондаанд? Кӣ онҳоро пурра аз худ кардааст ва бо ҳикмати онҳо амал кардааст ва дар натиҷаи он қафомонда шудааст? Шахсан, банда ҳатто миёни аҳли адабу фарҳанг солҳо касеро ҷустам, ки «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоноро бо ҳама шарҳу луғот ва маъниҳои ошкору ниҳонаш фаро гирифта бошад, то наздаш сабақе гирам… Ҳақиқат ин аст, ки мо осори бузурги адабию маънавии гузаштагони худро қариб нахондаем ва бо он қариб амал намекунем. Ва ин ҳаргиз хулосаи дуруст нест, ки гӯё мо ҳама ба адабиёту маънавият ғарқ шуда бошем… ва бо ҳамин сабаб аз илму технология қафо монда бошем.

ҲАТТО дар бораи осори бузургон бисёр сухан гуфтану бисёр шиор додан ва ё чанд маълумоту чанд сатр иқтибос доштан низ ҳанӯз маънои хондану фарогирии мазмуни худи он осорро надорад…

Барои исботи дурии мо аз таълимоти маънавию ахлоқии гузаштагони худ, як мисоли мушаххас кофист: Тибқи омори эълоншуда, дар ҷанги дохилии Тоҷикистон беш аз 150 000 нафар кушта шудаанд. Ин ҳамватанони азиз бо дасти худи мо ва гоҳо бо шеваҳои ваҳшатноку гӯшношунид кушта шудаанд… Ва ин ҳамдигаркушӣ ва инсонкушӣ аз сӯи мардуме сурат гирифт, ки мо гумон мекунем, ки дар ахлоқу шеъру адабиёту маънавият ғарқ шудааст; аз сӯи фарзандони миллате сар зад, ки гузаштагонаш ҳазорҳо девони пур аз панду насиҳат, пур аз некиву ахлоқ ва пур аз андешаи раҳму шафаққату одамият бар ҷой гузоштаанд…

Вале ҳеҷ имконпазир нест, ки инсоне, ки панди Рӯдакӣ, хиради Фирдавсӣ, ирфони Мавлоно ва ахлоқи Саъдиро фаро гирифта бошад, ё ақаллан чашида бошад, даст ба чунин амал занад. Ҳамон лаҳзае, ки тоҷик ба синаи ҳамдигар теғ мезад, «чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт» куҷо буд? Ҳамон соате, ки тоҷик сари ҳамдигар мебурид, «маёзор муре, ки донакаш аст» куҷо буд? «Сокини бутхона бошу мардумозорӣ макун» куҷо буд? Шояд аксари он камондору теғкашҳо дар мактаб аз мавзӯи «Панду ахлоқ дар осори Рӯдакӣ» ё «Андешаҳои инсондӯстии Саъдӣ» иншо навиштаву баҳои сею чор низ гирифта буданд, аммо онро ҳамчун арзиш ва ҳамчун фарҳанг фаро нагирифта буданд.…

Пас, хулосаи нуктаи аввал ин аст, ки мо дар амал чандон ҳам ғарқу баҳраманди он меросу маъанвияти бузург нестем, балки аз он бисёр дурем. Мушкилаи мо дар дур мондани мо аз он адабу маънавияти баланд аст, на дар омӯхтану пойбанд будан бар он.

Нуктаи 2: Таҳлили ҷомеаҳои пешрафтаи имрӯзи шарқию ғарбӣ нишон медиҳад, ки онҳо бо вуҷуди касби дастовардҳои бузург дар соҳаи илмҳои дақиқу технологияҳои навин ҳаргиз адабиёту маънавият ва илмҳои ҷамъятиро тарк накардаанд. Имрӯз дар Аврупои ба назари мо комилан технологӣ шомил шудан ба факултаҳои илмҳои ҷамъяитии донишгоҳҳои муътабар басе мушкилтар аз вуруд ба факултаҳои фанҳои дақиқ аст. Бар хилофи тасаввури мо, қишрҳои солими аврупоӣ ба таъриху арзишҳо ва ба анъанаву суннатҳои усулии худ бисёр пойбанд мондаанд. Таваҷҷуҳи он давлатҳо ба адабиёт, ҳунар, театр, мусиқии классикии касбӣ ва ғайра ба ҳадде баланд аст, ки ба ин соҳаҳо солона миллиардҳо доллар сармоягузорӣ мешавад.

Ҳамасола, дар ҳамон Ғарби технологӣ, ки ба пиндори мо, гӯё дигар ба адабиёт таваҷҷуҳе надорад, барои беҳтарин асари бадеӣ ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт дода мешавад, ки маблағи он як миллион доллар аст. Мо магар ҳозирем, ки барои як девони шеър ё як қиссаю роман ҳатто 1% чунин маблағро эҳдо намоем?

Дар Ҷопонии технологию Чини саноатӣ даҳҳо институти бисёр бузург ба омӯхтани таърихи алифбою хаттотӣ ва забону адабиёти миллӣ машӯғл аст, ки буҷаи онҳо аз буҷаи баъзе кишвраҳои Осиёи Марказӣ болотар аст…

(Ин аст, ки бо сарпарастию сармоягузорию пӯшиши васеи иттилоотии давлатӣ ба роҳ мондани озмуни китобхонии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст…» иқдоме бисёр муҳиме шуд ва умед аст идома ва фарогир шудани ин ҳаракати бузург моро аз вартаи тарки китобу маънавият наҷот бидиҳад. Ва тавре дар ҷамъбандии он раиси муҳтарами озмун бо овардани рақамҳо дуруст эълон дошт, ин теъдоди иштирокдорон дар муқоиса ба паҳнои ҷомеа ва заруратҳои фарҳангию маънавии он ҳануз хеле андак аст. )

Нуктаи 3: Модел ё намунаи шахсияти комил ва ҷомеъ дар таърихи фарҳанги мо тавре ташаккул ёфтааст, ки бузургони мо ҳамзамон аз ҳар ду ҷанбаи маърифати башарӣ, яъне ҳам аз рушди илмӣ ва ҳам аз рушди маънавӣ бархӯрдор будаанд. Шахсиятҳои «илмӣ»-и холӣ аз ахлоқу маънавиёт ё шахсиятҳои «фарҳангӣ»-и бадбин ба илмҳои дақиқу табиӣ ва ғайра хоссаи фарҳанги мо нестанд ва агар ҳам бошанд, бештар истисноанд. Шахсиятҳои «динӣ»-и дур аз дарки қонунмандиҳои ҷомеа ва табиат ва ё шахсиятҳои «дунявӣ»-и дур аз маърифату маънавият низ маҳсул ва намунаи комили фарҳанги миллии мо нестанд. Намунаи солими шахсияти комил дар фарҳанги мо ҳамеша шахсияти муътадил ва ҷомеъ будааст, ки фаротар аз ин гуна марзу тақсимҳои танг қарор доштааст: Абӯалӣ Ибни Сино – табиби бузург, файласуфи бузург, муфассири Қуръон ва шоири тавоно. Умари Хайём, риёзидону ситорашиноси бузург, шоир ва рубоисарои тавоно. Фирдавсӣ мутафаккири бузурги миллӣ ва низ шоири бузургтар.

Хулоса, нуктаҳои зикршуда нишон медиҳанд, ки андешаи зарурати тарки адабиёту маънавиёт барои фарогирии илмҳои дақиқ (ва ин навъ масъалагузорӣ!) дар воқеъ андешае солим набуда, таблиғи он аз ҳар назар ба зарари ҳастии маънавию миллии мо меанҷомад.

Описание: 🌡АГАР мо зери таъсири ин таблиғу андеша ба «фиреби технологӣ» дода шавем ва ҳамин андак таваҷҷуҳ ба адабиёту маънавияту илмҳои инсониро низ тарк намоем, пас бисёр чизҳоро аз даст медиҳем. Мо дар ниҳоят чун қавми холӣ аз худиву ҳувияту тафаккур ба кормандони фаннии созмонҳо ва ширкатҳои хориҷӣ ва ё ба тарҷумону масрафкунандагони андешаю арзишҳои онҳо табдил мешавем. Пас, таҷрибаи миллии мо нишон медиҳад, ки наҷоти мо маҳз дар риояти ин тавозун аст, дар риояти баланси маънавият ва фанҳои дақиқ, арзишҳои миллӣ ва тафаккури илмӣ, андеша ва тахассус.

Яъне, барои рушд дар соҳаи илмҳои дақиқ ва пешрафти технологӣ, ки яке аз беҳтарин барномаҳои роҳбарияти кишвари мост ва татбиқи дурусти он барои рушди кишвар бисёр муҳим ва зарур аст, ҳаргиз тарк кардани адабиёту маънавиёту тафаккури ҷамъяитӣ шарт нест, балки мо бояд ҳам ихтисоси баланд ва ҳам маънавияти баландро дар канори ҳам парварем. Дар ҳоле, ки дар адабиёту маънавияти гузаштаи мо дар боби ҳаркат, сахткӯшӣ, талош, созандагӣ, илмомӯзӣ, ҳадафмандӣ ва ғайра арзишу усулҳое бисёр судманду озмудае талқин шудаанд, ки истихроҷ ва омӯзиши дурусти онҳо метавонанд муҳаррики ботинии насли навраси мо ба омӯзиши илму технология ва ҳаракат ба сӯи рушд бошанд.

Масъалаи дуюм ин аст, ки дар таърихнависию фарҳангшиносии мо дар аҳди Шӯравӣ осори бузурги илмию маънавю фикрие, ки гузаштагони мо дар шакли манзум боқӣ гузоштанд, ҳамагӣ барои насли нав ҳамчун «шеър» муаррифӣ гашт ва он шахсиятҳои азими илмию фикрию маънаве, ки мо дар таъриху фарҳанги гузаштаи худ доштем, аксаран, ҳамчун «шоир» муаррифӣ ва шинохта шуданд ва мо ҳам онҳоро ҳамин гуна пазируфтаем. Шояд он вақт чунин муаррифии «беозор»-и онҳо зарур буд, ки он баҳсест дигар…

Аммо аз он ҷо, ки шеъру шоирӣ ба мафҳумҳое чун эҳсосу тахайюл ва такаллуфу сухансозию суханбозӣ пайванди наздик дошта, пеши ҷомеа гоҳо падидае ғайриҷиддӣ дониста мешавад, тамоми осори бузурги зикршудаи гузаштаи мо зери сояи ин тасаввур қарор мегирад. Аз ин рӯ, кор то ҷое расида, ки ҳар гуна ёдоварӣ ва иқтибос аз ин осор чун «шеърхонӣ» қабул гашта, ҳамчун ҳарфи ғайриҷиддӣ ва ғайриилмӣ пазируфта мешуд ва мешавад. Ин ҳолат шояд яке аз мушкилтарин масъалаҳои шинохти дурусти осори илмию фикрии гузаштагони мо бошад.

Албатта, дар осори гузаштаи миллии мо шеър ва шоирӣ ҷойгоҳи бисёр вижа доштааст ва бисёре аз бузургони фарҳанги мо аз сари завқу зебоишиносии баланд ба сухани суфта ва ороста пайванди наздик доштаанд ва бахши ҷиддие аз осори гузаштаи моро маҳз адабиёт ва офаридаҳои бадеӣ ташкил медиҳад. Вале зери номи «шеър» аз гардиши илмию фикрии имрӯз берун андохтани он ҳаҷми бузурги осору андешаи ҷиддие, ки дар шакли манзум баён шудааст, на танҳо дур аз инсоф мебуд, балки зиёни бузурге ба захираи тамаддунӣ ва пояҳои худшиносии мо ворид мекард.

Зеро дар бахше аз ин осор шеър ё назм қолаби баён ва шакли ифодаи фикр буда, дар қолаби назм баён кардани афкори ҷиддӣ ва таълимоти мукаммал як суннати роиҷи фарҳанги гузаштаи мо будааст. Пас, агар ҷойе барои тақвияти андеша аз осори фикрии манзуми гузаштагон мисолу иқтибосҳо оварда мешаванд, он «шеърхонӣ» нест, балки иқтибоси як андеша ва як назари ҷиддии озмудаи онҳост. Ҳамон гуна, ки мо аз осори насрии ин ё он мутафаккир иқтибосу мисолҳо меорем. Ва мақоми ҳикмат аз баёни манзуму мавзун коҳиш намеёбад.

Ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки бахше аз ин бузургон худро ба маънои касбии ин истилоҳ «шоир» намегуфтанд ва ҳатто шоириро интиқод мекарданд. Чуноне, ки Мавлоно гуфта буд, «пӯст бувад, пӯст бувад, дархӯри мағзи шуаро» ва Иқболи Лоҳурӣ шоирӣ, яъне танҳо барои завқ ва ҳунар шеър гуфтанро дар ҳаққи худ «туҳмат» номида буд ва касонеро, ки ӯро шоир мепиндоранд ва паёми воқеии ӯро намегиранд, ҳатто дуои бад карда буд.

Пас, то замоне, ки ҳамин муносибати ҷиддӣ ва ақлониро ба осори бузургони фарҳангамон эҳё накунем, истифодаи муфид аз он рӯз аз рӯз коҳиш меёбад. Ва дар миёнмуддат ин мероси бузург, аз ҷумла, осори адабию ирфонии Мавлоно, бо хатари инзиво ва таркшавии оммавӣ рӯбарӯ мемонад. Имрӯз аввалин натиҷаҳои ин раванд дар фарҳанги ҷавонони мо ба рӯшанӣ мушоҳида мешавад.

(Натиҷаи нахустини ин гуна таблиғу муқобилгузорию маънавиятзудоиро соле пеш дар гузоришҳои расонаӣ пас аз ҳамоиши Бедил дар толори АМИ ҶТ дидем. Дар ҳошияи он даҳҳо ҷавони донишҷӯю унвонҷӯ бо ибораҳои «Бедил ба ман чӣ даркор аст?», «Бедил ягон чиз ихтироъ кардааст?!», «Бедил ба будҷет ягон тин фоида овардааст?!», «Бедил моро нон намедиҳад ку…» ва ғ. он биниши нави шаклгирифтаро дақиқан ифода карданд ва бахши дигар нисбати Бедил дар шабакаҳо таҳқиру дашномҳои қабеҳро истифода намуданд, ки тибқи хабарҳо, дар ниҳоят ба моҷарои маъмурӣ анҷомид…)

2.ТАҲДИДИ ҶИДДИИ ДУЮМ ба мероси ирфонӣ ва адабии мо густараши тафаккури ифротгароии нави динӣ дар ҷомеа мебошад

Мавҷи нави ифротгароии динии муосир, ки аз Ховари Миёна бархостааст, аз чанд ҷиҳат ба ирфону адаб, аз ҷумла ба осори Мавлонои Балхӣ ва тамоми осори адабию ирфонии мо таҳдиди ҷиддӣ офаридааст. Ин таҳдид низ дар ду самт бисёр рӯшан аст:

Аввал, мухолифати ин тафаккур бо таъриху фарҳанги ориёиву иронӣ, дар маънои куллии он.

Дуввум, мухолифати ин тафаккур ба осори ирфону тасаввуф, аз ҷумла ба мероси адабиёти классикии ирфонбунёди мо батаври хос.

Дар масъалаи аввал бояд гуфт, ки аксари назариясозони ҳаракати ифротгароии динӣ идомадиҳандаи баҳси таърихии “арабу аҷам” буда, ба нажоду фарҳанги аҷамию иронӣ ҳамчун ба рақиби таърихии арабҳо нафрати бисёр амиқ доранд. Мутаассифона, имрӯз низ он рақобати таърихии “арабу аҷам” дар сатҳҳои гуногун идома дошта, гоҳо зери шиорҳои миллӣ, гоҳо зери шиорҳои мазҳабӣ ва гоҳи дигар зери шиорҳои сиёсию геополитикӣ зуҳур мекунад.

Аммо агар ба таркиби фарҳангии ҳувияти тоҷикон аз нигоҳи тазодди «арабу аҷам» нигарем, мардуми мо аз назари таърихию нажодию фарҳангӣ аз ҷумлаи мардумони ориёӣ, иронитабор ва “аҳли аҷам” буда, аксари арзишҳо ва ифтихороти таърихию миллию фарҳангии “аҷамӣ” ва “иронӣ” арзишу ифтихорҳои миллии тоҷикон низ мебошанд. Хусусан, номҳои асили бостонӣ, шахсиятҳои таърихии тоисломӣ, таърихи давлатдории куҳани Хуросону Иронзамин, расму оину ҷашнҳои миллии ориёиасл, забони форсии тоҷикӣ ва ғайра ҷузъи ҷудонашавандаи арзишҳои ҳувиятсози миллати тоҷик буда, ҳувияти миллии тоҷиконро бидуни онҳо тасаввур кардан мушкил аст.

Масалан, вақте, ки ифротгароёни нави динӣ бо нафрати амиқ забони форсии тоҷикиро «забони дӯзахиён» хонда, номҳои асили миллии моро “номҳои маҷусӣ” ва ғайримусулмонӣ эълон карда, ҷашнҳои ҳувиятсози тоҷиконро «ҷашни маҷусиён» меноманд, ин ба маънои ошкоро инкор намудани муҳимтарин пояҳои фарҳангу асолати тоҷикон, яъне таҳдиде ба ҳастии фарҳангии миллати тоҷик мебошад. Дар солҳои охир зери таъсири чунин ақидаҳо ҳатто баъзе рӯҳониёни маҳаллии тоҷик низ масъалаи иваз кардани номҳои тоҷикие чун Коваю Рустаму Суҳробу Ҷамшеду Сиёвушро ба миён гузоштанд, ки ин ҳолат бори дигар исботи моҳияти ин ҷараён аст.

(Аммо дар фарҳанги мо ин арзишҳо ба таври мавзун омезиш ёфта, канори ҳам буданд ва ҳастанд, чуноне, ки Мавлоно мефармояд:

З-ин ҳамраҳони сустаносир шудам малул,

Шери Худову Рустами дастонам орзуст.

Ин ҷо агар Шери Худо, яъне ҳазрати Алӣ як шахсияте аз фарҳанги динии мо бошад, Рустами Дастон чеҳрае аз фарҳанги миллии мост. Аммо Мавлоно ҳардуи онро чун арзишҳои наздики худ дар як мисраъ канори ҳам мегузорад ва ба таври мавзун истифода менамояд.

Ё Шайх Саъдӣ, ки ҳама аз адлу хиради Фаридуну Анӯшервон мегӯяд, бо эътиқоди динии исломии худ дар тазод қарор надорад. )

Аммо нуктаи дуюм ин аст, ки тафаккури нави ифротгароӣ ба тасаввуфу ирфон назари шадидан манфӣ дошта, онро дар умум эътироф надорад. Хусусан, фаъолони равияи салафияи такфирӣ тасаввуфу ирфон ва адабиёту осори онро “бидъат” ва пайравӣ аз пирони тариқатро навъе “ширк” ҳисоб мекунанд.

Чӣ будани ҳукми тасаввуф аз назари шариати исломӣ баҳси калонест, ки мақсади мо нест. Вале барои мо саволи муҳимтар ин аст, ки ба муҳити фикрию фарҳангию ҷамъиятии Тоҷикистони муосир ворид шудани ин тафаккури бадбинӣ нисбати тасаввуф чӣ натиҷаи амалӣ хоҳад дошт? Барои посухи дуруст ба ин савол бояд ба нуктаҳои зерин таваҷҷуҳ шавад:

Нуктаи якум: Тасаввуф ва ҷаҳонбинии ирфонӣ дар тӯли садсолаҳо дар тафаккури динии мардуми тоҷик ҷойгоҳи амиқ пайдо карда, имрӯз низ чун бахше аз фарҳанги ҷорӣ амал мекунад. Тоҷикон ба дин бештар аз назари тасаввуфӣ нигариста, ҷойгоҳи арзишҳо, рамзҳо ва пешвоёни тасаввуфӣ дар фарҳанги мо ниҳоят муҳтарам мебошад. Ҳатто пешвои мазҳаби ҳанафӣ Имом Абуҳанифа миёни тоҷикон чун «сӯфии куфӣ» ёд мешавад. Аз ин рӯ, ҳуҷуми мавҷи навини тафаккури ифротгароёни динӣ ба ин низоми устуворшудаи эътиқодии мардум боиси бӯҳрони амиқи фикрию динӣ дар ҷомеа шуда, пайомадҳои ногувор хоҳад дошт.

Нуктаи дуюм: Вале масъалаи ба мавзӯи мо наздиктар, ҷойгоҳи имрӯзии бузургони ирфону тасаввуф ва осори онҳо дар таркиби фарҳангу ҳувияти миллии тоҷикон аст. Дар тӯли садсолаҳо адибону мутафаккирони классикии форсу тоҷик, ки аксаран аз аҳли тасаввуфанд, дар зеҳни мардуми тоҷик ҷойгоҳи муҳимм ва рамзӣ пайдо кардаанд. То ҷое, ки мардуми мо бахше аз арзишҳои эътиқодӣ ва миллии худро маҳз ба воситаи осори адабию ирфонии шахсиятҳое чун Аттору Саноиву Мавлавӣ, Саъдию Ҳофизу Ҷомӣ, Бедилу Иқбол ва ғайра шинохта ва ҳифз намудааст.

Аз сӯи дигар, дар сиёсати давлатӣ ва идеологияи милии тоҷикон низ имрӯз маҳз шахсият ва осори ин бузургон ҳамчун яке аз пояҳои асосии фарҳангу ҳувияти миллӣ матраҳ мешаванд. Дар натиҷа, худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ҳувияти миллии мо бар меҳвари ному осори ин шахсиятҳо бунёд ёфта, бидуни онҳо тасаввур кардани ҷаҳони маънавии имрӯзи тоҷикон имконпазир нест. Пас, агар дидгоҳи ифротгароии ирфонгурезу тасаввуфситез вориди муҳити фикрии Тоҷикистон шавад ва бар пояи он шахсиятҳои ирфонӣ «бидъаткор»-у «мушрик» эълон шуда, осори онҳо «бидъат» ва «гумроҳӣ» дониста шавад, дар фазои фарҳангию маънавии ҷомеаи мо чӣ тағйирот пеш меояд? Посух рӯшан аст:

Аввалан, агар рамзҳо, арзишҳо, шахсиятҳо ва боварҳои динию тасаввуфии мардум якбора ботил ва беарзиш эълон шаванд, он боиси холигии эътиқодӣ ва саргумии маънавии мардум мегардад. Он гоҳ ҷойи имону ахлоқу маънавиятро таассубу ифроту идеология мегирад. Чунин холигию беназмии эътиқодӣ заминаи ҷиддии бунёдгароии оммавии динӣ ва ифротгароии авомонаи саросариро дар кишвар ба вуҷуд меоварад, ки он метавонад боиси худкушии фарҳангӣ ва миллии мо гардад.

Дуюм, агар мавҷи нави тафаккури ифротгароӣ дар ҷомеаи мо рушд ёфта, ба мардум талқин кунад, ки бузургони фарҳангу адабиёти класикии шумо, яъне Аттору Мавлавию Саноиву Саъдию Ҳофиз ва Ҷомию Бедилу Иқболу ғайраҳо ҳамагӣ гароиши тасаввуфӣ доштанд ва «бидъаткор» будаанд ва осори онҳо гумроҳӣ буда, хондани онҳо «куфр» аст, он гоҳ тамоми низоми арзишии ҷомеа ва бофти имрӯзаи ҳувиятии мо барҳам хоҳад хӯрд. Он гоҳ мардуми мо аз назари арзишӣ ва ҳувиятӣ низ комилан холӣ ва урён хоҳанд гашт, ки он тамоми назми фарҳангу адабу маънавияту тарбияти ҳазорсолаи моро барҳам зада, як ҳолати ваҳшонияти фарҳангиро пеш меоварад. Дар сурати паҳн шудани назарияи ифротгароии динӣ, насли ояндаи мо метавонад осори таърихию фарҳангӣ, офаридаҳои илмию маънавӣ, осори ҷаҳоншумули адабиёти классикӣ, шоҳкориҳои мактаби ахлоқию тарбиятии миллӣ ва ифтихороту арзишҳои миллиро бо дасти худаш ҳамчун «осори куфру бидъат» нобуд созад.

Нуктаи сеюм: Албатта, дар таърихи мавҷудияти худ баъзе фирқаҳои сӯфия аз асли тасаввуф, ки покии нафс ва шинохти амалии Худованд буд, хориҷ шуда, дучори инҳирофҳо гаштаанд. Дар баъзе шохаҳои тасаввуфӣ парастиши мақоми пир ва мазорҳои онҳо ба дараҷаи ифрот расида, дар баъзеи дигар дунёбезорӣ то марзи рӯҳбоният расида буд, ки он низ берун аз таълимоти усулии худи ислом аст. Аз ин рӯ, танқиди амалҳои инҳирофии сӯфиён дар фарҳанги мо масъалаи нав нест ва худи «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно пур аз танқиди сӯфиёни дурӯғин аст.

Вале дар ин миён, ҷудо кардани шахсиятҳои фикрию фарҳангӣ ва шинохти ҷанбаҳои инсонсози ахлоқӣ ва пешқадаму созандаи таълимоти онҳо, ки дар таърихи тамаддуни мо хидматҳои бузург доштаанд, бисёр зарур аст. Зеро ирфону тасаввуф дар шакли солими он яке аз муҳимтарин равияҳои фикрӣ ва таҷрибӣ дар таърихи мо буда, аз назари тамаддунӣ ва фарҳангшиносӣ боиси ба вуҷуд омадани беҳтарин осори фикрию адабию ҳунарӣ гаштааст.

Бинобар ин, тафаккури ифротгароии динии муосир ба тамоми осори адабию ирфонии мо, аз ҷумла ба осори гаронбаҳои адабию ирфонии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ таҳдиди ҷиддӣ меофарад. Пас муқобилаи огоҳона бо ин таҳоҷуми фикрии воридотӣ ва зиддифарҳангӣ як масъалаи наҷоти фарҳангӣ ва як масъалаи ҳастии миллии мо мебошад. Бале, ин ҷо сухан на танҳо аз таҳдид ба осори Мавлоно, балки сухан аз таҳдиди ҷиддӣ ба тамоми арзишҳо ва ҳастию ҳувияти миллӣ меравад.

Total Views: 246 ,