ШИРУ ШАКАРИ ФАЙЗОБОД

23.03.2021 сол.

Бо салому эҳтиром,

      Рӯзи 20-уми март дар доираи дидори наврўзии адибон бо мардуми минатқаҳои кишвар маҳфили эҷодии банда ва устод Ато Ҳамдам дар ноҳияи Файзобод баргузор шуд.

      Ин базми омехта аз шеъру сухану созу овоз, ки номи рамзии «ширу шакар» дорад, бо дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳо доир шуда, навъе пайванди зиндаву отифии мардум бо адабиёту фарҳанг ва наздикии адибон бо мардумро эҳё ва тақвият менамояд.

  Роҳбарияти ноҳияи Файзобод аз сари масъулиятшиносӣ ва фарҳангпарварии худ маҳфилро дар баландтарин сатҳи имконпазир доир намуда, барои мардуми огоҳу суханпарвару адабшиноси ноҳия барномаи зебову пурмазмуни фарҳангию адабиро таҳия карда буданд.

     Толор низ на аз ҷалби маҷбурии хонандагони мактабҳо, ки таҷрибае бисёр ногувор аст, балки бештар аз ҳузури ахли фарҳангу ҳунари ноҳия, зиеиёну дӯстдорони шеьру сухан ва масъулону фаъолони маҳаллӣ лабрез ва фароҳам шуда буд, ки худ сатҳу истиқболи маҳфилро бисёр боло мебурд. Ба сухани Мавлоно:

Гар суханкаш бинам андар анҷуман,

Сад ҳазорон гул бирӯям дар чаман…

          Мову устод Ато Ҳамдам низ бо сипосу илҳом аз ин истиқболи гарми мардуми Файзобод, намунаҳои осори худро дар мазмунҳои ватандориву миллатдўстӣ, дўстиву рафоқат, ишқу муҳаббат ва илму маърифат қироату муаррифӣ намудем, ки мавриди истиқболи самимона қарор гирифт.

        Яке аз шигифтиҳои маҳфил барои банда ин буд, ки ба ин муносибат ҳунармандони хонаи фарҳанги ноҳия аз шеърҳои банда дастагули сурудҳои зебо сохта, оҳонро дар фосилаи шеъру сухани мо бо маҳорати баланду камоли касбӣ пешниҳод карданд. Ба ин восита аз омезаи шеъру суруд базми зебову пурмазмуну ёдмондание баргузор гашт.

Мулки Файзобод агар оростанд,

Шамс дар лавҳи қамар оростанд,

Тоқро бо симу зар оростанд,

Кохро то бому дар оростанд,

Нозанинон душу бар оростанд,

Ҳам ба шоли зар камар оростанд,

Мутрибон шӯре ба сар оростанд,

Соз бо хуни ҷигар оростанд,

Шоирон дурру гуҳар оростанд,

Базмро бо шеъри тар оростанд,

Шоми фарҳангу ҳунар оростанд,

Маҳфили “ширу шакар” оростанд!

       Аз тариқи ин ёддошт, мехостам некӯтарин эҳсос ва амиқтарин сипоси худро ба мардуми фарҳангпарвари Файзободи пурфайз, хоса раиси навтаъйину куҳантаҷрибаи ноҳия муҳтарам Бобишо Холзода, масъулони бузургвори бахши фарҳанг ва ҳунармандони азизи филармонияи мардумии ноҳия бирасонам, ки бо талоши ҷонӣ ва аз матои лутфу меҳрубонӣ чунин маҳфиле оростанд.

     Бешубҳа, истиқболу муомилати неки Шумо, низому тадбиру тартиби Шумо, маҳфилу сухану адабу оҳанги Шумо ҳамагӣ нишонгари сатҳи баланди худи Шумо, сатҳи баланди маърифати Шумо ва сатҳи баланди фарҳанги Шумо буд.

     Бале, отифаву муҳаббат ва сатҳу фарҳанги диёри хостгоҳи бузургони илму фарҳангу ҳунаре чун Ҳикмат Ризову Бозор Собиру Урватуллои Тоҳиру Боймурод Шарифу Муҳриддин Низомиву Усмон Шарифзодаву Дўстмурод Алию Нигина Рауфу Қиёмидин Чақалу Муҳаррама Шарифу садҳои дигар бояд маҳз чунин бошад. Чунин зебо, чунин баланд, чунин хоса, чунин нотакрор.

Бо орзӯи ободии ҳамешагии ин диёру ин мардум.

 60 – Мақоларо хонданд,  1 – Имрӯз хонданд

Total Views: 60 ,