ДӮСТ ДОР ЗИСТАН!

Салому эҳтиром,

 дўстони гиромӣ,

Пас аз соле сангину пурбим, дар соли навини тақвим ба ҳамаи Шумо нафасе осуда, таҳаввули вуҷуд, рафъи ғубор, зиндагии тоза, сари баланд ва уфуқи рўшан орзумандам. Бо ин таронаи гарми эҳёи вуҷудӣ, ба он маъно, ки рӯзгоратон беҳтар аз пор бош


Доғи лола дар ниҳон чун баҳор зистан,

Ҳалқа -ҳалқа хуни дил, чун анор зистан,

Пушти хандаҳои маст сӯгвор зистан,

Сар ба санги бесадо, обшор зистан,

Зиндагии мурдаро чун мазор зистан…

Баъд аз ин наметавон мисли пор зистан.

Аз таассуби амиқ дар мағор зистан,

Бе чароғи маърифат, шоми тор зистан.

Аз таҳаввули ҷаҳон дар канор зистан,

Аз ҳақиқати худӣ дар фирор зистан,

Рӯ ба раҳми осмон, чашми чор зистан…

Баъд аз ин наметавон мисли пор зистан.

Эй, ту соҳиби ватан, ёд ор зистан,

Ифтихор доштан, ифтихор зистан,

Бо сари баланди худ ошкор зистан,

Дар фазои ростӣ растагор зистан,

Дар шукӯҳи шаҳри худ шаҳриёр зистан…

Баъд аз ин наметавон мисли пор зистан.

Ҷўш зан, тарона шав, дўст дор зистан,

Бо ғурур зистан, бо виқор зистан,

Рӯи эътимод худ кўҳсор зистан,

Бе дурўғ зистан, бе ғубор зистан,

Баъд аз ин наметавон бо шиор зистан…

Баъд аз ин наметавон мисли пор зистан.

Total Views: 123 ,