СУХАН МЕЛАРЗАД АЗ ҲАЙБАТ…

Бо салому эҳтиром,

Дуруст се сол пеш аз ин, 10-уми моҳи январи соли 2018, бори аввал ба ноҳияи Сангвор, ба водии Вахёи бузургвор сафар доштам. Дар авҷи зимистон ба умқи куҳистон.

Ин оғози ошноии банда бо ин диёри маънавӣ ва бо ин биҳишти афсонавӣ буд, бо ин бистари кӯҳ ва бо ин сарзамини шукӯҳ, бо ин устураи ноби куҳан ва бо ин гӯшаи бемисли ватан. Пас аз он ҷодуи Вахё маро ҳамвора сӯи худ мехонд ва дар ин миён чанд сафари дигар низ пеш омад, ки натиҷаи он ин ду шеър ва як дафтар ёддошти адабию бадеӣ шуд. Шеърҳоро имрӯз мегузорам ва ёддоштҳоро ҳанӯз зери таҳрир дорам, зеро тасвири ин беназир осон нест:

Сухан меларзад аз ҳайбат, ки то бошад сазовораш,

Ки гӯям достони Сангвору рӯҳи бедораш.

Шеъри аввал тасвиру сипос аст, ба поси он ҳама меҳрубонӣ ва шеъри дуввум маърифату ихлос аст, дар шинохти он диёри осмонӣ. Аввалӣ назмест осону музайян дар сурати Вахё ва дуввумӣ руҷӯест сангину мутантан дар азамати Вахё.

ФАЗОИ САНГВОР

Сими борон дар фазои Сангвор,

Пири Лайрон раҳнамои Сангвор.

Тири арар дар камони Рустамаш,

Кӯҳи мармар муттакои Сангвор.

Ибтидояш гар бувад Ҳавзи Кабуд,

Ҳавзи Кавсар интиҳои Сангвор.

Дар замин бошад ва ё дар осмон?

Ин қадар болост ҷойи Сангвор!

Орифу шайху шаҳиду авлиё,

Хуфта дар ҳар хонақои Сангвор.

Бурхи Сармасти Валии сабзпӯш,

Даргаҳи мушкилкушои Сангвор.

Косаи чинии ширинии тут,

Лаҳҷаи аҳли зиёи Сангвор.

Меҳрубону меҳрубону меҳрубон,

Мардуми рамзошнои Сангвор.

Дар мақоми ҳиммату хони карам,

Ҳотами Тойӣ гадойи Сангвор.

Тифлро шири шуҷоат медиҳанд,

Модарони авлиёи Сангвор.

Оби Хингобаш ба таҷвиди равон,

То саҳар хонад дуои Сангвор.

Вахш ҳам бо он ҳама паҳноварӣ,

Сар гузорад пеши пои Сангвор.

Як саду як дардро бошад даво,

Чашмаи оби шифои Сангвор.

Хок дар пеши назар зар мешавад,

Пас чӣ гӯям дар санои Сангвор?

Сангари фарҳангу имону адаб,

Дар табассум кимиёи Сангвор…

Чун сипоси меҳрубонии Шумо,

Ин ғазал гуфтам барои Сангвор.

МАҚОМИ ВАХЁ

Дубора аз алиф оғоз кардам ман алифборо,

Варақгардон намудам чордаҳ ҷилди Авасторо,

Пайи таъбир кардам вирд оёти муҷаллоро,

Ривоятҳои Мусорову таърихи Масеҳоро,

Ки дарёбам ва бинвисам мақоми мулки Вахёро.

Гаҳе ҷустам зи махзанҳои дерини Хуросонаш,

Гаҳе аз вожаномакҳои Суғду аҳди Сосонаш,

Гаҳе аз лобалои дафтари ховаршиносонаш,

Гаҳе зону задам дар маҳзари пирону хосонаш,

Ки шояд дар кушояд мушкили маънии осонаш.

Шукуфтам бо шукуфтанҳои мавзуни гули хораш,

Фишурдам аз муҳаббат панҷаи сабзи сафедораш,

Гиёҳи маърифат мехӯрд нахчири фидокораш…

Сухан меларзад аз ҳайбат, ки то бошад сазовораш,

Ки гӯям достони Сангвору рӯҳи бедораш.

Замини ҳикмату таъриху асрори ниҳон ин ҷост,

Ки ҳар санге саре аз як шаҳиду қаҳрамон ин ҷост,

Ниҳоди қуллаи Исмоили Сомониён ин ҷост,

Сароғози тулӯи офтоби ховарон ин ҷост,

Ба эъҷозе, ки пиндорӣ, ки оғози ҷаҳон ин ҷост.

Дар ин ҷо аз булури дастҳо файзи саҳар хезад,

Дар ин ҷо аз қиёми лолаҳо мавҷи шарар хезад,

Дар ин ҷо бо гули ҳар бом фарҳангу ҳунар хезад,

Дар ин ҷо қад-қади рӯди равон аз рег зар хезад,

Зи ҳар як шона номуси ватан хезад, зафар хезад.

Дар он ҷо, рӯи айвони баланди гунбади гардун,

Фарози саргаҳи Хингобу лозури зумуррадгун,

Нишеман карда марде аз ҳаёҳӯи хирад берун,

Ки рӯҳаш обро бо рӯшноӣ мекунад афсун,

Ва рӯҳаш мешавад Норак, ва рӯҳаш мешавад Роғун…

Бале, Вахё чунин як интихоби хоси Яздон аст,

Бале, Вахё чунин як сарзамини родмардон аст,

Ки ҳар бурҷи баландаш меҳвари гардуни гардон аст,

Биҳишти аввали Одам, мадори рӯҳи Инсон аст,

Ки Вахё модари Вахшуру моми Тоҷикистон аст!

Total Views: 196 ,