АЛВИДОЪ, СИЁСАТ? Ё диди банда барои оянда

Тағйири самти кори идории банда ахиран мавриди баҳсҳои васеъ қарор гирифт. Дар канори арзёбиҳои мусбату манфӣ дар шабакаҳо, даҳҳо паёму паёмаки хусусӣ расид, ки табрик, савол, нороҳатӣ ё назар доштанд. Чун ҳанӯз корам фосилавист, ҳар бор ба коргоҳи нав равам, посбон низ мегӯяд, ки чанд журналист ба суроғи шумо омада буд. Саволи аксари онон ва дӯстони дигар ҳамин аст, ки чаро рафтед, куҷо рафтед ва чӣ хоҳед кард?

Аз ин рӯ, мехостам дар ёддошти кӯтоҳе биниши усулии худро дар боби ин таҳаввул ва дурнамои корам бо дӯстони алоқаманд дар миён гузорам.

ФУРСАТИ БОЗАНДЕШӢ

Якум, тағйири самти кори идорӣ ба давраи бисёр муҳимми зинадгии банда рост омад. Зеро соли 2021 барои ман соли 50-солагист. Ҳамагӣ пас аз 2 моҳи дигар.

Ин сана нуктаест, ки инсони оқил бояд кӯтоҳии фурсати боқиро дарк карда, баъд аз ин вақти андаки худро танҳо барои корҳои асосӣ ва мондагор равона созад. Яъне, ин воқеиятро бипазирад, ки панҷоҳи асосӣ рафтаву сухан аз панҷ рӯзи боқист, чӣ ба маънои маҷозӣ ва чӣ ба маънои ҳақиқӣ. Бинобар ин, акнун барнома низ бояд дархӯри ҳамин «панҷ рӯз» бошад.

Ва дар фурсати боқӣ хуб аст, ки аз баҳсу ҷавобу ихтилофҳои сабуку ҷузъию ҷории фазои маҷозӣ дуртар монда, барои арзишҳои бунёдӣ, корҳои арзишӣ ва фаъолиятҳои арзишманду мондагор вақти бештар гузорам. Умедворам, он дар вазъияти нав даст диҳад.

ЭҲТИРОМИ МУҲИТУ НИҲОД

Дуюм, муҳити адабӣ талабу адаби худро дорад, ки шояд баҳсҳои ҷузъию маҷозии сиёсӣ хоссаи он нест ва дар фазои иттилоотӣ низ риояти он адаб адаб аст.

Аммо, бо камоли сипосу эҳтиром ба назару нигарониҳои самимии дӯстон, барои банда кор дар соҳаи адабиёт ҷойи афсусу дареғ нест, балки ифтихор ва масъулияти бузург аст, зеро дар адабиёт низ метавон барои фарҳангу ҳувият ва ватану миллат хидматҳои ҷиддӣ анҷом дод. То ҷое, ки ду қаҳрамони бузургвори Тоҷикистон, Айниву Турсунзода, маҳз аз муҳити адабӣ бархостаанд. Пас, муҳим ин аст, ки шароит бошаду шахсият бошаду хидмату ҳимоят.

ҲАРГИЗ СИЁСАТМАДОР НАБУДАМ…

Сеюм, аз назари тарзи фикрӣ ва тахассусӣ низ дурии ман аз баҳсҳои сабуку хашини фазои маҷозӣ муносибтар аст, зеро банда ҳаргиз СИЁСАТМАДОР ё бозигари сиёсӣ набудаам ва ҳамеша ба раванд ҳамчун таҳлилгар, сиёсатшинос, зиёӣ ва ё идорӣ нисбат доштаам. Масири ҳаётии банда дар ин роҳ аз маърифат ба сиёсат буд, на баръакс. Нуктаи заъф ва нуктаи қуввати банда низ маҳз ҳамин буд.

Ва он чи мегӯяму менависам андешаҳои худи бандаанд дар шарҳу тафсири падидаҳо ва равандҳо, на андешаҳои хосаи гурӯҳе дар раванди муборизаҳо.

Ва низ мавқеи ватандорӣ, ҳимоят аз ваҳдату суботи кишвар, таъкид ба устувории давлат ва расидан ба тафаккури давлатмеҳвар хулосаи касбӣ ва мавқеи шаҳрвандии худи банда аст, ки дар ҳар ҳолат ҳифз хоҳад шуд.

Ҳатто ҳамин, ки андешаҳо, эҳсосот ва ҳолатҳои шахсии худро низ барои умум пайваста нашр мекунам, муҳимтарин далели СИЁСАТМАДОР НАБУДАНИ ман аст, зеро сиёсатмадорони воқеӣ дур аз шабакаҳову эҳсосот ва оромона ба корҳои бисёр ҷиддии худ машғуланд…

Ва низ онҳое, ки гоҳо маро чун душману сиёсии худ бо бераҳмӣ махсус мекуфтанд ва гумон доштанд, ки “ҳамкора ҳамин аст”, фақат аз надонистани ин зарофати сиёсат чунин мекарданд.

Имрӯз, ки дар остонаи панҷоҳ нишастаам, эҳсоси ботиниям низ ҳамин аст, ки ҳар гоҳе дар нақши сиёсатмадор будаам, бо худ набудааму эҳсоси фараҳ надоштаам ва ҳар ҷое ба унвони сиёсатшинос будаам, дар худ будааму комёб. Пас, чи хуб мебуд, агар дар водии худ бошам, то мутмаину муфид бошам.

БАҲСИ СИЁСӢ ДАР ФАЗОИ МАҶОЗӢ АМАЛАН АЗ МИЁН РАФТААСТ

Чорум, соли охир баҳси сиёсии тоҷикӣ дар фазои маҷозӣ низ ба марзе расид, ки ҳузури як зиёӣ ё коршинос дар он амалан мушкил шуд. Аввалан, фарҳанги муколамаи сиёсӣ суқут карда, гуфтумон бештар шеваи таҳқиру таҳдиду хушунат гирифтааст ва фаҳми сиёсӣ дар ҳаддест, ки ҳатто тафовути назари сиёсӣ амалан ба маънои душмании шахсӣ арзёбӣ мегардад. Дар ин фазо дигар таҳлил бо таҳлил, мавқеъ бо мавқеъ, фикр бо фикр, андеша бо андеша посух намеёбад.

Ва фурӯтар аз ин, ахиран мавзӯи меҳварӣ ин шуд, ки кӣ бештар сирру асрору рози маҳрамонаи киро ифшо месозад ва кӣ киро бештар шарманда мекунад. Илова бар хосияти ғайриахлоқӣ, чунин баҳсҳо фурсатҳоро барои мубодилаи афкор ва баҳси солими сиёсӣ аз байн мебарад…

Дар чунин баҳс нақши таҳлилгару зиёӣ куҷост? Зеро ӯ на рози касе медонаду на маълумоти асрори касеро дорад ва на фарҳанги бозӣ бо розро. Ҳамин тавр, табодули андеша ва баҳси солими фикрии сиёсӣ дар фазои маҷозии тоҷикӣ амалан мурд. Он дигар баҳси сиёсӣ нест. Ин аст маънии асосии унвони «Алвидоъ, сиёсат?” Яъне фанои худи баҳси солими фикрию сиёсӣ дар ин фазо…

Зеро силоҳу абзори аҳли таҳлилу мунозираи фикрии сиёсӣ маҳз мантиқу таҳлилу андеша аст, аммо агар баҳс дигар фикрӣ набошаду ҷойи онро фошкунаку ҳақоратшапак гирифта бошад, барои ҳузур дар он ҳеҷ тавоне ва абзоре надорам.

(Ва агар касе дар ин масъала назари як СИЁСАТШИНОСро мепурсид, мехостам (боз ҳам на барои баҳсе дигар!) се тавсияи усулӣ ва самимонаи худро дар дохили қавс гузорам, ки шояд андеша рӯи он аз манфиат холӣ набошад:

1.Бинобар ҳолати зикршудаи пешомада дар баҳсҳои сиёси фазои маҷозӣ, вокунишу муҷодилаҳои баробари рӯзмара аз тарафи “давлат” зарурат ва суди зиёде надоранд. Давлат бояд ҳамчун давлат ва дар сатҳи давлат, бо камоли устуворӣ кору сиёсати тадвиншудаи худро пеш барад, зеро баъзан худи «вокуниши давлатӣ» метавонад ба ин ё он гурӯҳ машруъияти калони сиёсӣ ва иттилоотӣ бахшад.

2.Новобаста аз сабабҳои аввалию дохилии мухолифатҳо, дар мавриди пешомада миқёсгирии ин мушкила то 70% моҳияти геополитикӣ ва минатқавӣ дорад. Аз ин рӯ, дар ин самт бояд ба рушди фаъолияти дипломатии прагматикии дуҷониба ва бисёрҷониба ва низ, дарёфту ҳифзи тавозунҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ таваҷҷуҳи бештар равона шавад. Зеро, то замоне, ки масъалаҳои он сатҳ боқӣ бошад, ҳимоят ва ҳатто эҷоди нерӯи дигару дигару дигаре барои мухолифат метавонад ҳамчунон идома ёбад ва муқовимати танҳову мустақим дар тангнои геополитикӣ осон нахоҳад буд.

3.Ва дар канори инҳо, бояд таваҷҷуҳи боз ҳам бештар рӯи таҳкими маърифату огоҳии сиёсии аҳли зиё, хизматчиёни давлатӣ ва насли ҷавон ва ҳамчунин, таъмини волоияти қонун ва нармсозии масъалаҳои иҷтимоии қишрҳои осебпазир равона гардад, то ваҳдату устувории фикрию ризоияти иҷтимоии дохилӣ бехалал бимонад ва заминаи дохилии мухолифати иҷтимоӣ фароҳам нашавад. Он гоҳ низом ва ҷомеа дар баробари ин мушкилоти иттилоотӣ чандон осебпазир нахоҳанд буд.)

ЯК МУБОРИЗАИ ДИГАР НИЗ ВОҶИБ ОМАДА…

Ва панҷум, зарурати дигар барои ин тасмим саломатии банда аст, ки ду соли охир сари як ришта овезон аст. Хоса соли 2020 зинда мондани ман худ як муъҷиза буд. Аммо акнун вақти он аст, ки худро нафиребаму дар пайи илоҷ шавам. Ва ин масири эҳёи ҷисмию рӯҳӣ ба оромиши зеҳнӣ ниёз дорад, ки дар муҳити идомаи баҳсҳои фарсоишиву носолими сиёсию маҷозӣ ҳаргиз ба даст намеояд…

ПАС, ДАР ОЯНДА ЧӢ ХОҲАМ КАРД?

Акнун бояд аз пурсиши асосии дӯстон бигӯем, ки дар оянда чӣ кор хоҳам кард? Ҳамин тавр, бисёр мехостам, ки пас аз панҷоҳ аз се кор дӯрӣ ҷӯяму дар се кор ҷиддӣ бошам.

Он се кори аввал ин аст, ки:

1.Дар баҳсу муҷодилаҳои сабуку ҷузъии сиёсии фазои маҷозӣ ҳузур наёбам, балки дар сурати лозим, андешаҳои худро дар масъалаҳои усулӣ дар доираи ихтисоси худ оромона тадвин намуда, дар хидмати ҷомеа гузорам.

2.Ҷое дарс нагӯяму дар маҳфилу нишастҳои зиёд ҳузур наёбаму бисёр суханпароканӣ накунам. (Албатта ин нукта на ба асли арзишии ин фаъолиятҳо, балки бештар ба вазъи моҳияти имрӯзаи муҳити ин гуна корҳо марбут аст.)

3.Барои гирифтани масъулияти идорӣ ва кори иҷроии дафтарӣ талош накунаму дар пайи дарёфти унвону дараҷаҳо сарф нашавам.

Ва агар дар оянда дар яке аз ин корҳо ҳузур ёфтам, яқин аст, ки он аз хостаи қалбӣ ва роҳати рӯҳии ман набудааст.

Аммо он се коре, ки агар насиб ояд, бояд бақияи умрро бар он гузорам, ин аст:

1.ДАР САМТИ МАЪРИФАТ ВА АДАБИЁТ: Тақвияти фаъолияти эҷодию адабӣ ва маънавию фарҳангӣ, аз ҷумла танзиму такмили осори парешони адабию бадеии худ, хоса шарҳу бардоштҳои зеҳнгарову созандае, ки солҳо аз намунаҳои беҳтарини матнҳои асили адабӣ анҷом дода будам ва ҳадафи онҳо ахлоқу рушду рӯшаниву маърифат буд ва низ идомаи пажӯҳиш ва эҷод дар ин самт.

2.ДАР САМТИ СИЁСАТШИНОСӢ: Ҷамъбандию тадвини илмии афкори миллию сиёсӣ, хоса дар боби эҳё ва тақвияти арзишҳои миллӣ(1), ташаккули тафаккури давлатмеҳвар (2), ҷамъбасти таҷрибаи давлатдории миллӣ(3) ва низ, омӯзиши касбии равандҳои калони минтақавӣ аз нигоҳи манфиатҳои миллӣ(4). Зеро, то имрӯз дар муҳити мо чунин ҷамъбастҳои бунёдии назариявӣ бо равиши илми сиёсатшиносӣ камтар анҷом мешаванд ва гоҳо эҳсосам ин аст, ки агар банда бар он напардозам, ин холигӣ ҳамчунон боқӣ хоҳад буд.

3.ДАР САМТИ МАОРИФ:

Такмили фаъолияти маорифпарварӣ, аз ҷумла эҷоди намунаи мактаби муосири миллии тоҷикӣ ва пешкаши он барои корбурди ҳамагонӣ. Мактабе, ки ҷавҳари он аз омезиши мавзуни ҷаҳонбинии илмӣ, донишҳои муосир, арзишҳои миллию ватанӣ ва тавозуни ахлоқу дониш иборат бошад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва буҳрони ҳувиятӣ, ин кор ва умумият ёфтани он барои бақои сазовори миллии мо дар оянда муҳим хоҳад буд.


Пас, дурӣ аз баҳси сабуки шабакавии сиёсӣ ба маънои тарки мутлақи фаъолияти фикрӣ, илмӣ ва эҷодӣ набуда, балки агар муяссар шавад, дар назар дорам, ки дар идомаи умр барои татбиқи ҳадафҳои сегонаи боло талош кунам. Ҳадафҳое, ки татбиқи онҳо ба тақвияти зарфияти зеҳниву маърифатии ҷомеа(1), эҳёву муосирсозии ҳувият ва арзишҳои миллӣ(2), таҳкими донишу ҳувияту ахлоқи насли навин(3), дарки дурусту таҳкими амнияту манфиатҳои миллӣ(4) ва таҳкими назарияву амалияи давлатдории миллӣ(5) мусоидат хоҳад кард. Корҳои бузургтару мондагортар аз баҳсҳои ҷорию ҷузъии фазои маҷозӣ.

Бо инояти Худованд ва ҳимояти дӯстони арҷманд.

 224 – Мақоларо хонданд,  1 – Имрӯз хонданд

Total Views: 216 ,