ТО ЗАМОНЕ, КИ НОМИ ҲАМДИГАРРО ХАТ МЕЗАНЕМ… Ёддоште дар ёдрӯзи Суҳроб Шарипов
Имрӯз солгарди даргузашти зиндаёд Суҳроб Шарипов аст. Ин нуктаҳои хосаро ду сол пештар дар нишасти ёдбуди эшон гуфта будам. Имрўз низ ҳарфу назарам дар бораи шахсу ҷойгоҳи устод ҳамин аст ва онро барои дўстон мегузорам.
***
Бо шодравон Суҳроб Шарипов шояд ҳудуди 15 сол ҳамкорӣ доштам: дар Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти стратегӣ. Ҳамроҳи ӯ ба як силсила сафарҳои дохилию хориҷӣ рафта, дар лоиҳаю конфронсҳои байналмилалӣ иштирок намуда будам. Илова бар робитаҳои корию идорӣ, эшон яке аз дўстони бузурги банда буданд, ки дар лаҳзаҳои зарурӣ ҳамчун инсони огоҳу тавоно маслиҳатҳои зарурӣ медоданд. Шояд ҳамаи ин барои банда иҷозат диҳад, ки дар бораи эшон чанд сухан гўям.
Аз ин дўст ва устоди гиромӣ, ки бисёр ҷавон аз ҷаҳон рафтанд, нуктаҳои зиёде дар ёд мондаанд, ки баъзе аз онҳо бояд бозандешӣ ва гуфта шаванд, аммо баъзеи дигар бояд фақат дар замони дигар гуфта шаванд. Аз ин рў, ин ҷо танҳо чанд нукта аз он нуктаҳои гуфтаниро ёдовар мешавам:
Аз Суҳроб Шарипов, пеш аз ҳама сатҳи баланд ва саводи баланд дар ёд мондааст. Сатҳи баланди касбӣ ва саводи баланди тахассусӣ. Аз баски таҳлили сиёсии амалии тоҷик як равияи ҷавон буда, ҳануз шакли бисёр ибтидоӣ дошта, ба сатҳи меъёрҳои зарурии касбии ин соҳа рушд наёфтааст, дар фазои таҳлили сиёсии мо ҳар кас ворид шуда, дар ҳар масъала изҳори назар мекунад ва бе он, ки як соат дарси сиёсат хонда бошад, бисёр бемасъулиятона ва бешармона зери номи худ «таҳлилгари масъалаҳои сиёсӣ» менависад. Ин падида дар солҳои 2000-ум бисёр васеъ буд ва имрўз ҳам ҷой дорад.
Аммо Суҳроб Шарипов бо таҳлилҳои касбии худ ва бо ҳузури устувори худ дар ин саҳна, илм ва амалияи таҳлили сиёсии амалии тоҷикро шакл дод ва ба сатҳи стандартҳои касбӣ бардошт. Ӯ бо ин амали худ аз сиёсатшиносии донишгоҳӣ фаротар рафта, аз масъалаҳои сиёсии ҷорӣ гуфтанро бунёд ниҳод. Зеро илми сиёсатшиносии таълимию донишгоҳии мо то ҷое шакл гирифтааст, аммо таҳлилгарии амалии сиёсии касбӣ надоштем.
Мо дар донишгоҳу пажӯҳишгоҳҳои худ даҳҳо номзаду доктори илмҳои сиёсӣ дорем, аммо қариб аксари онҳо муаллимони ин фанҳои таълимӣ буда, масъалаҳои зиндаву ҷории ҷомеаро қариб баррасӣ намекунад, таҳлили зиндаи дастрас ва роҳнамои ҷомеа надорад. Ҷомеа ҳам аз вуҷуди онҳо қариб огоҳ нест. Аммо бо фарқият аз ин ҳама, Суҳроб Шарипов сиёсатшиносе буд, ки дар матни ҷомеа қарор дошт ва рӯи набзи зиндаи он даст гузошта буд.
Илова бар ин, вақте Суҳроб Шарипов дар бораи масъалаҳои сиёсӣ сўҳбат мекард, аз назари касбият аз таҳлилгарони дигар бисёр болотар меистод, бо забон, мантиқ, мавқеъ ва тасаллуту озодагӣ. Бинобар ин, як насл ҷавононе, ки ҳоло ба саҳнаи таҳлили сиёсии тоҷик ворид шудаанд, маҳз дар пайравӣ аз ў ва ё зери таъсири амиқи ў ба таҳлилии сиёсии касбӣ рўй оварданд. Ин яке аз хидматҳои ҷиддии С.Шарипов буд ва ҳоло вазифаи мо бозёфт ва ҳифзи ҳамон сатҳи баланди касбии таҳлилҳои сиёсӣ мебошад.
Хусусияти дигари С.Шарипов дар ин буд, ки ӯ мавқеи давлатӣ дошт ва манфиати давлатро бисёр ҷаасурона ҳимоят мекард. Дар мавқеъ ва амалияи сиёсии ў фарқияти ҷиддии мафҳуми давлат ва ҳукуматро дидан мумкин буд. Баъзан дар муҳити умумӣ низ ошкор буд, ки С.Шарипов бо баъзе аъзои ҳукумати ҶТ, роҳбарони баъзе вазорату идораҳои бонуфўзи давлатӣ ва бо баъзе шасиятҳои таъсиргузори кишвар ихтилофи назар дошт. Дар баъзе мавридҳо ихтилофи ў ва танқиди ў чунон шадид буд, ки ҳатто баъзе роҳбарони мухолифини он вақт чунин ҷасоратро надоштанд. Ва агар боварӣ ва назари неки шахси Роҳбари давлат нисбат ба шахсу истеъдоду ҳақгуии ӯ намебуд, ба сараш ҳар чиз метавонист биёяд.
Зарофати ин мавқеи ӯ дар он аст, ки бо ин ҳама танқидҳояш С.Шарипов ҳаргиз берун аз система ва ё мухолифи низоми имрӯзаи давлатӣ набуд. Фарқияти танқиди С.Шарипов дар он буд, ки ў маҳз ҳамчун намояндаи давлат мавқеъ гирифта, маҳз аз ҷойгоҳи давлатдорона камбудҳои намояндагони мушаххаси ҳукуматро танқид мекард. Ин як сатҳи олии фаҳмиши сиёсӣ буд, ки на ба ҳама муяссар мегардад.
Агар дар ҳақиқат дар низоми сиёсии мо насле ва ё ақаллан гурўҳе аз шахсиятҳои дорои чунин сатҳ ва чунин дидгоҳ ташаккул ёбанд, он барои бақо ва устовории давлатдории миллии мо як заминаи ҷиддӣ хоҳад буд.
Дар баробари сатҳи тахассусӣ ва сатҳи фикрии С.Шарипов, сатҳи фарҳангу тарбияти шахсии ў низ баланд буд. Дар ў як озодагии аҷиби ботинӣ ва зоҳирӣ дида мешуд, ки ба ҳар кас таассуроти нек ва мусбат мегузошт. Чун фарзанди хонаводаи зиёӣ, парвардаи муҳити устоди бузургвор профессор Иброн Шарипов ва хатмкардаи беҳтарин донишгоҳи Москав буд, сифатҳои як фарди зиёӣ, як инсони наҷиб ва озода дар ў нишаста буданд ва ин аломатҳоро дар рафтору гуфтору муносибати ў низ дидан мумкин буд. Дар як ибора, ў аз намунаҳои элитаи илмӣ ва сиёсии тоҷик буд ва ҳамин вуҷуди элитарии ў барои мо ифтихорбарангез буд.
Бинобар ин, дар ҳар маҳфиле, ки С.Шарипов сухан мегуфт, шахсан банда аз доштани чунин ҳамватан, чунин дўст ва чунин директор ифтихор мекардам. Бисёриҳо низ. Ҳатто фарҳанги либоспўшии ў аз дигарон як сар боло буд ва бисёр ҷавонон дар ин ҷода низ ба ў пайравӣ мекарданд, аз ў меомўхтанд.
(Аммо чун ҳамеш, бисёре аз устодону бузургон аз дурахши хиракунандаи Суҳроб Шарипов дар муҳити ҷамъиятию иттилоотӣ нороҳат буданд, ҳасад ва рақобатҳои носолим меварзиданд, эътироф намекарданд. Гоҳо ба забонаш эрод мегирифтанду гоҳо ба ақидаашу гоҳе ба мавқеи бебоконаи геополитикияш… Мо ки он вақт «мутахассисони ҷавон» будем, дар донишгоҳу маҳфилу конфронсҳо ҳамаи инро бевосита медидем ва ҳайрон мешудем…)
Хусусан, дар маҳфилҳои байналмилалӣ, дар конфронсҳои калони илмии сатҳи ҷаҳонӣ Сўҳроб Шарипов сатҳи кишварро чунин нигоҳ медошт, ки гўё парчами зиндаи Тоҷикистон бошад. Ва ҳамаи коршиносони огоҳи сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар ин самт ўро мешинохтанд, ҷиддӣ мегирифтанд ва эътироф мекарданд.
Ва Суҳроб Шарипов шасхияте буд, ки дар мавриди масъалаҳои калони ҷаҳонӣ, дар бораи равандҳои калони геополитикӣ назари устувори худро дошт. Ба ибораи дигар, ў як мутафаккир ва соҳибназари тоҷик дар масъалаҳои байналмидалии замони муосир буд. Сабаби дар масъалаҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ изҳори назар намудани ў маҳз дар ҳамин буд, ки ў дар сатҳи ҷаҳонӣ меандешид ва равандҳои ҷаҳониро дарк мекард. Ин самт ва ин сатҳи тафаккур низ барои ҷомеаи мо, барои доираҳои сиёсии мо бисёр нав аст ва мо шояд нафарони ангуштшуморе дошта бошем, ки ҳамчун назарияпардоз дар бораи равандҳои калони ҷаҳонӣ изҳори назар намоянд. Ин мақом ва стаҳро Суҳроб Шарипов дар 40-50 солагӣ соҳиб шуда буд ва банда боварӣ дорам, ки агар ў 10-15 соли дигар умр медид, ҳатман дар канори бузургони андешаи сиёсии муосир ҳамчун мутафаккири сатҳи ҷаҳонӣ эътироф мешуд.
Мутаассифона, муҳити иттилоотии мо ҳам шахсияту қаҳрамонии Суҳроб Шарифовро бештар ба ҳамон чанд танқидаш аз мансабдорон хулоса карда, маҳз ба ҳамин нуктаи фаъолияти ӯ таваҷҷуҳ намуда, андешаҳои ҷиддии сиёсӣ, таҳлилҳои навоваронаи сатҳи милливу минтақавӣ ва дидгоҳҳои стратегии ӯро камтар мавриди баррасӣ қарор медиҳанд, ки ин ҳам яке аз вижагиҳои сабукназарии мост. Чунин ҷабр дар таърих зиёд пеш меояд, чуноне, ки аз тамоми илму фалсафаю ҳикмати бузурги Хайём, гоҳо фақат чанд рубоии ӯ дар васфи шаробро матраҳ мекунему Хаёмро дар ҳамин хулоса мекунем.
Яъне, дар баробари он лаҳзаҳои бисёр арзишманди нақди расонаӣ, ҳаҷми калони андешаю пешниҳодҳои арзишманди ӯ дар масъалаҳои ислоҳу такмили сохтори идорию маъмурии кишвар, тафсири низоми давлатдории дунявӣ, шеваи муносибат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва низоми бисёрҳизбӣ, такмили сиёсати хориҷӣ, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, тарзи муносибат бо қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, дарку ҳимояти дурусти манфиатҳои миллӣ ва ғайра, ки имрӯз ҳам муҳимманд, қариб мавриди таваҷҷуҳи ҷомеа қарор нагирифтаанд. Ва боз илова бар ин осору афкори нашршуда, ҳамчунин даҳҳо тарҳу таҳлилу пешниҳодҳои ҷиддитарини ӯ ба таври маводи хидматӣ ба марказҳои қабули қарор пешниҳод шудаанд, ки умед аст чун маҳсули зеҳнии миллӣ дар бойгониҳои давлатӣ маҳфуз бошанд.
Таҳлили шахсият ва ҷойгоҳи бисёре аз мутафаккирони шинохта ё «ғулҳои андешаи ҷаҳонӣ» нишон медиҳад, ки агар ниме аз шинохту ҷойгоҳи онҳоро осору тавоноии худашон ташкил диҳад, ними дигари онро маҳз эътирофу таблиғу муаррифии сазовори шахсият ва андешаи онҳо дар ҷомеа ташкил медиҳад. Амрикоиҳо гоҳо ба шухӣ мегўянд, ки Самоэл Ҳантингтонро на танҳо китоби «Бархўрди тамаддунҳо», балки бештар низоми ҷаҳонии ҳамбастагии қавмӣ ва таблиғотии ҳаммиллатонаш чунин бузург кард, то ҷое, ки дар дастгирии китобаш 200 китоб ва чандин ҳазор мақола навиштанд. Шӯхие, ки аз ҳақиқат дур нест…
Дар умум, дар ҷомеаи мо эътирофи ҳамдигар ва пазируфтани ҷойгоҳи ҳамдигар расм нашудааст, то шинохти ҷомеи чунин шахсиятҳо муяссар гардад.. Мо маъмулан дар бораи касоне, ки аз дунё рафта бошанд, калимаҳои «бузург» ва «муҳим»-ро истифода мебарем. Мо қариб ҳеҷ касро дар зиндагияш эътироф ва таҷлил намекунем, баски то зиндааст, бо ў рақобат ва мухолифат мекунем ва баҳошия меронем. (Масалан, як мисоли зиндаи одитарин, ки донишҷӯю унвонҷӯёни гуногуне ба банда мегӯянд, ки ҳар боре дар корҳоямон аз китобҳои шумо иқтибос меорем ё номи онҳоро дар руйхати адабиётамон ҷой медиҳем, устодон онро аксаран хат мезананд ва «ҳушдор» медиҳанд, ки дигар набинам… Баъзе аз ин устодони азиз маро ҳатто намешиносанд, аммо ба ҷурми ҳамватан будан ва махсусан, ба сабаби ҳануз зинда будани муаллиф чунин мекунанд. Зеро сатҳу суннату фарҳанги мо ҳамин аст.)
Бинобар ин, агар мо фарҳанги дар зиндагӣ эҳтирому эътироф намудани мағзҳо ва шахсиятҳоро омўзем, мо низ шахсиятҳое дорем, ки ҳанўз дар зиндагияшон сазовори эътироф ва бузургдошт мебошанд. Ва Суҳроб Шарипов яқинан аз шумори чунин шахсиятҳои бузургвори мо буд.
Ёди устоди гиромӣ ба хайр бод.