БАҲСИ ШИАВУ СУННӢ…

Бо салому эҳтиром,

Ду-се шеъри захмин аз дафтарҳои пешин.

Бо умеди меҳрубонии ёрон ва аз тӯфони фитнаҳои беилоҷи мазҳабӣ эмин мондани кишвари осудаву мардуми озодаи мо.

Шояд аз сари лутф аз заъфи бадеии он бигзаред, чун мақолаи кӯтоҳест ба сурати назм.

БАҲСИ ШИАВУ СУННӢ

Мешикофад имонро баҳси шиаву суннӣ,

Тира мекунад ҷонро баҳси шиаву суннӣ.

Накҳати ҷунун дорад, бӯи гарми хун дорад,

Мекушад мусулмонро баҳси шиаву суннӣ.

Пеш аз ин зи номи мо ҷони хасм меларзид,

Хор кард Қуръонро баҳси шиаву суннӣ.

Рамзи фақру ҳирмон кард, дини бенавоён кард,

Дини сарбаландонро баҳси шиаву суннӣ.

Худ араб аз ин даъво қотили араб омад,

Пора кард Эронро баҳси шиаву суннӣ.

Дар гулӯи дунёхор ҳамчу шир мерезад,

Обу нафти арзонро баҳси шиаву суннӣ.

То Фаранг ҳам бурдем ин набарди мазҳабро,

Баргирифт Юнонро баҳси шиаву суннӣ.

Ҳам фалак хиҷолат шуд, ҳам малак хиҷолат шуд,

Хаста кард Яздонро баҳси шиаву суннӣ…

НАЙРАНГИ МАЗҲАБ

Мусалмон пора шуд дар ҷанги мазҳаб,

Ба хунаш арғувон шуд ранги мазҳаб.

Ҳама андар гулӯ фарёди нафрат,

Ҳама андар бағалҳо санги мазҳаб.

Куҷо шуд вусъати дини илоҳӣ?

Тафаккур танг шуд дар танги мазҳаб.

Ба ҷойи ояи тавҳиди Қуръон,

Ба гӯшаш мерасад оҳанги мазҳаб.

Надонистӣ, ки рӯбоҳи сиёсат,

Чи пинҳон кошт ин найранги мазҳаб.

Ба ҷойи нанги дину нанги имон,

Гузорад дар замират нанги мазҳаб.

Ба ҷойи пешвои дину ирфон,

Ба ҳар сангар яке сарҳанги мазҳаб.

Муҳити поки Покистону Эрон,

Чу зиндон гашт аз фарҳанги мазҳаб.

Сари тобути фарзанди шаҳидаш,

Рухи модар пур аз ожанги мазҳаб…

Ғурури мазҳабӣ аз сустдинист,

Зи бенангист гоҳо нанги мазҳаб.

БА СӮИ МУҲАББАТ

Бори дигар ба сӯи муҳаббат руҷӯ кунем,

Бо вожаҳои сабз ба ҳам гуфтугӯ кунем.

Дар кӯчаҳо саломи намозӣ ба ҳам диҳем,

Бори дигар ба атри муҳаббат вузӯ кунем.

Гар дар тавони мо амалу кори нек нест,

Дар боби ҳам накӯст, ки фикри накӯ кунем.

Дар ин кавири хушк касе ёри мо нашуд,

Дар сояи муомилаи ҳам нумӯ кунем.

Моро касе бародару ёвар намешавад,

Чун такягоҳ ҷониби ҳам боз рӯ кунем.

Аз чор сӯй фитнаи душман нишастааст,

Вақти сухан мулоҳизаи чор сӯ кунем.

Эй ишқ, эй ниҳояти эҳсоси растагон,

Рўзи ҳулули сабзи туро орзу кунем.

Бори дигар ба сӯи муҳаббат руҷӯ кунем…

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.