НА ЧИНҲАРОСӢ, НА ЧИНСИТОЙӢ
Ё нуктаҳое дар бораи аҳаммияти махсуси Чин ва Тоҷикистон барои ҳамдигар, ба муносибати дарёфти диплому унвони чинӣ
****
Ин ҳафта дар ниҳоят дипломи чинӣ низ расид. Унвони ифтихории «Доктори илмҳои сиёсӣ» аз Академияи фанҳои ҷамъиятии Чин.
Қарор дар ин бора ҳанӯз соле пештар будааст, аммо бинобар расмиятҳо дар тасдиқи давлатии ҳуҷҷат ва низ, баста шудани марзҳо диплом ҳам банд монду фақат моҳи январ дар маросиме тантанавӣ ба намояндаи муҳтарами сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари Чин суопорида шуд ва инак, пас аз моҳҳо то Душанбе расид.
Гарчи ҳоло аз рӯҳияи диплому унвонгирӣ дуртарам, аммо дар оғози эҳёи баҳорӣ онро бо камоли шукргузорӣ мепазирам. Бо сипос аз ин ниҳоди муътабари чинӣ ва низ аз бузургвороне, ки ин амонатро дарёфт ва дар ин шароити роҳбандон ирсол намудаанд.
Бо ин муносибат, зарур медонам, ки дар боби лоиҳаи анҷомшуда ва умуман, баъзе паҳлӯҳои зарифи робитаҳои Тоҷикистон ва Чин чанд нуктаи баршумурдаро ба миён гузорам:
1.Соли 2017 Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои ҷамъиятии вилояти Гансуи Ҷумҳурии Мардумии Чин лоиҳаи муштараки пажӯҳиши гузашта ва имрӯзи муносибатҳои марум ва давлати Тоҷикистон ва Чинро оғоз карданд, ки ҳудуди 4 сол тӯл кашид. Банда чун масъули онвақтаи раёсати хориҷии Марказ ҳамоҳангсози барнома ва низ пажӯҳишгару муаллифи яке аз самтҳои он муайян шуда будам. Дар лоиҳа гурӯҳи васеи олимону муҳаққиқони босалоҳияти ду ҷониб ҷалб гашта, солҳо таҳқиқу музокираву мубоҳисаҳои илмию сиёсӣ анҷом шуд, ки худ достонест бузург ва шарҳи заҳмати ин азизон дар муқаддимаи пажӯҳиш муфассал омадааст.
Дар поёни лоиҳа, китобе бо номи «Тоҷикистн ва Чин: аз дӯстии таърихӣ то шарикии стратегӣ» таҳия гашт, ки солҳои 2019 ва 2021 нусхаҳои русӣ ва чинии он чоп ва муаррифӣ шуданд. Китоби мазкур бахше аз натиҷаҳои он лоиҳаи тадқиқотӣ буда, таърих ва марҳилаҳои асосии рушди муносибатҳои ду миллат ва ду давлатро аз даврони бостон то имрӯз дар бар мегирад.
Нусхаи русии китоб аз тарафи муаллифон, муҳаққиқон ва коршиносони ҷониби Тоҷикистон борҳо баррасӣ гашта, на танҳо аз назари мазмуну забону услуб, балки аз назари ҳақиқати илмию таърихӣ ва аз нигоҳи манфиатҳои муштараки ду кишвари ҳамҷавор арзёбию муҳокима гашта, бо ҳаммуаллифони чинӣ ба таври заргарона банд ба банд мувофиқагузории бевосита карда шудааст. Тибқи созишномаи дуҷониба, матни чинии асар низ ҳамин мазмун ва заҳмати муштараки муаллифони ду ҷонибро пурра ифода менамояд.
Диплому унвони зикршуда барои талоши бисёрсолаи дар рушди робитаҳои илмию тадқиқотии дуҷониба, арзёбии осори илмию таҳлилӣ ва хусусан, ҳамоҳангсозӣ ва анҷоми ин тадқиқи васеъ ва фарҷоми ин лоиҳаи тадқиқотии муҳим пешбинӣ шудааст.
2.Ҳамкории тӯлонӣ бо шарикони чинӣ дар бахши тадқиқот ва хусусан, раванди чандсолаи таҳқиқи муштарак ва музкоираҳои бевоситаи илмӣ дар атрофи он нишон доданд, ки дар ҳолати будани иродаи нек нисбати ҳамдигар ва орӣ мондани фазои пажӯҳиши илмӣ аз таъсири манфии сирфан таблиғотию иттилоотӣ, муҳақиқон метавонанд дар масъалаҳои мураккабтарини илмию таърихӣ оромона ба ҳамдигарфаҳмии бунёдӣ бирасанд. Илова бар баҳсу ҳақиқатпажӯҳиҳои илмӣ, рисолати аҳли таҳқиқ дар ин гуна лоиҳаҳо ҳамчунин иборат аз он аст, ки нагузоранд ин ё он ишораи як дастхат ё як муаллифи пешину навин ба баҳси ду таърих, баҳси ду миллат ва баҳси ду давлат табдил шавад. Фаъолият дар ин тарҳ нишон дод, ки миёни олимони ду кишвар анҷоми лоиҳаҳои муштараки илмии масъулиятшиносона ва хирадмандона зарур ва имконпазир мебошад.
3.Анҷоми ин лоиҳа ва чопи ин китоб аз назари эҷоди манбаъҳои худии омӯзиши таъриху имрӯзу дурнамои воқеият ва мунсоибатҳои ду мардум ва ду кишвар низ басе муҳим аст. Зеро раванди тадқиқу муҳокимаҳо нишон дод, ки доираҳои илмии ду кишвар дар омӯзиши гузашта ва имрӯзи ҳамдигар асосан ба адабиёти илмию сиёсии «манбаъҳои сеюм» такя мекунанд.
Масалан, аксари мутолиоту огоҳии мо дар бораи таъриху адабиёту сиёсату мардуми Чин аз манбаъҳои русӣ ва ғарбӣ аст. Дар канори баъзе сарчашмаҳои хатти таърихии худ, шинохти чиниҳо дар бораи дирӯзу имрӯзи мо низ асосан аз манбаъҳои ғарбӣ ва русӣ шакл гирифтааст. Аз ин рӯ, мо ба ҳамдигар бо чашми дигарон менигарем, нисбати ҳамдигар ному унвонҳои гузоштаи дигаронро истифода мебарем ва дар симои ҳамдигар тасвири сохтаи дигаронро мебинем. Ин ҳолат шоистаи ду миллати ҳамҷавор нест.
Бо таваҷҷуҳ ба ин, рушди робтаҳои илмию фарҳангӣ ва ташкилу анҷоми тадқиқотҳои мустақилу мустақими худӣ дар бораи воқеиятҳо ва манфиатҳои муштараки мо яке аз муҳимтарин вазифаҳои доираҳои илмӣ ва сиёсии ду кишвар мебошад. То мо воқеияти ҳамдигарро аз диди худ ва бе миёнаравон шиносем.
4.Албатта, дар даҳсолаҳои охир Чин дар самти омӯхтани кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон қадамҳои ҷиддӣ гузоштааст. Ҳоло дар назди даҳҳо донишгоҳу пажӯҳишгоҳи бузурги чинӣ марказу институтҳои махсуси омӯзиши ин минтақа таъсис гашта, насли нави мутахассисони ин самт ташаккул меёбанд.
Аз тарафи дигар, дар байни ниҳодҳои илмию тадқиқотии ин кишвар низ навъе «тақсими кор» анҷом ёфта, омӯзиши самтҳо ва минтақаҳои гуногун ба онҳо вобаста шудааст. Аз ҷумла зарфияти бузурги Академияи фанҳои ҷамъиятии вилояти Гансу ба омӯзиши самти кишварҳои шӯравии собиқ ва Афғонистон равона гаштааст. Марказҳо ва муаллифони чинӣ дар даҳсолаи охир танҳо дар бораи Тоҷикистон беш аз 60 асару тадқиқоти ҷиддии илмӣ ба нашр расонидаанд.
Гарчи ҳоло осиёимарказишиносӣ ва афғонистоншиносии чинӣ нисбатан ҷавон аст, аммо аз имкониятҳои махсусан васеи моддӣ, зерсохторӣ ва иқтисодие бархӯрдор аст, ки метавонад боиси рушди ҷаҳишии он гардад. Вазифаю ҳадафҳои калони геополитикӣ ва геоиқтисодии Чин дар ин самт низ ташаккули пажӯҳиш ва диди худии чинӣ дар бораи Осиёи Марказӣ ва Афғонистонро тақозо дорад.
5.Дар навбати худ, яке аз муҳимтарин вазифаҳои робитаҳои дуҷониба рушд ва ташаккули чиншиносии худӣ дар Тоҷикистон аст. Ин барномаи ҳадафманд бояд омода кардани миқдори зарурии мутахассисони касбии забони чинӣ , муҳаққиқони таъриху тамаддуни Чин, коршиносони сиёсати дохилӣ ва хориҷии Чин ва ғайраро дар бар гирад. Зеро бо таваҷҷуҳ ба хосияти доимӣ ва таъсиргузории иузафзуну дарозмуддати омили Чин, ташаккули дастгоҳи шинохти худӣ дар бораи ин кишвар ва фарҳангу сиёсати он, ки Чинро дар мизони манфиатҳои миллии Тоҷикистон шинохта тавонад, аз ҳар ҷиҳат зарур мебошад. Камтарин иқдом дар ин самт таъсиси марказҳои ҷиддии илмию тадқиқотии чиншиносист.
Илова бар ин, ташаккули чинпажӯҳии касбӣ барои мо аз назари такмили тоҷикшиносии ватанӣ низ бисёр муҳим аст. Зеро солҳои охир маълум шуд, ки дар сарчашмаҳои хаттии бостонии чинию тибетӣ маълумотҳои бисёр муҳим ва наве дар бораи таъриху тамаддуни халқи мо маҳфуз мондаанд, ки огоҳӣ аз онҳо бисёре аз ҷанбаҳои тозаи таърихи моро рӯшан мекунад. Масалан, манбаъҳои тибетӣ нишон медиҳанд, ки худи калимаи «тоҷик» ҳамчун номи халқияти муайян нисбат ба тасаввури анъанавии мо садҳо сол пештар мавҷуд ва роиҷ будааст. Ин аст, ки дастрасӣ ба ин сарчашмаҳои бостонии чинӣ метавонад тасаввур ва манзараи маъмул дар бораи таъриху тамаддуни бостонии моро бисёр дигаргун намояд.
6.Чун моҳият ва аҳаммияти робитаҳои Тоҷикистон ва Чин мавриди баррасиҳои васеи илмию иттилоотист, манзараи умумии он ба аксари таваҷҷуҳгарон рӯшан аст. Аммо ҳамчун фарди солҳо наздик бо ин масъала мехостам ба ин нукта таваҷҷуҳ дошта бошем, ки рушду таҳкими ин муносибатҳо БАРОИ ҲАР ДУ КИШВАР дар ҳақиқат аҳаммияти ҳаётӣ ва стратегӣ дорад.
Дар канори аҳаммияти иқтисодию иртиботии ин робитаҳо, ки бештар гуфтаву баррасӣ мешавад, рушди робитаҳо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин барои Тоҷикистон аз назари амниятӣ ва сиёсӣ низ махсусан муҳим аст.
Аввалан, ҳам ақли солим ва ҳам маҷмуаи манфиатҳои миллии худи мо тақозо доранд, ки чунин кишвари навпою осебпазире дар канори Чин бояд бо Чин робтаҳои солим дошта бошад. Ин ҷо масъалаи двст доштан ё дӯст надоштани Чин дар миён нест, балки масъалаи сохтани муносибати воқеъбинона бо як воқеияти бузург аст.
Сониян, дар фазои набарду қутббандии геополитикӣ , ки болои минтақа ҷараён дорад, рушди робита бо Чин барои эътидолу тақсиму самтбандии робитаҳои хориҷии Тоҷикистон аҳаммияти ҳаётӣ пайдо мекунад. Мисли рушди робита бо иштирокчиёни дигари ин фазои печида. Зеро, дар шароити зикршуда, на танҳо рушд ё амният, балки устувории сиёсӣ ва сарнавишти истиқлолияти давлатии кишвари мо низ маҳз ба ҳамин самтбандии муътадили робитаҳои берунӣ бисёр вобаста мебошад. Ин масъала ба ҳадде ҷиддӣ ва ҳассос аст, ки ҳеҷ ҷойе барои интихоб ва эҳсосот боқӣ намегузорад. Ҷойи шарҳи бештар низ.
Дар айни замон, чунин аҳаммияти муносибатҳо бо Чин ҳаргиз якҷониба нест. Яъне, барои Чин низ рушди муносибатҳо бо Тоҷикистон на танҳо аҳаммияти иқтисодиву бозорӣ , балки аҳаммияти бисёр бузурги сиёсӣ ва амниятӣ дорад.
Аввалан, дар ҳолате, ки Чин аз самти ҷанубу шарқии худ дар минтақаи Осиё ва Уқёнусия бо таҳдидҳои махсусан ҷиддии амниятӣ рӯбарӯ мебошад, доштани Осиёи Марказии дӯст ва ором барояш ниҳоят муҳим аст. Зеро ба ин минтақа ворид ва устувор шудани қудратҳои дигар, аз ҷумла рақибони ғарбии Чин барои он, чун ханҷаре аз пушт, таҳдиди нав меофарад. Ин ҳолат барои Чин кобус ва даҳшати воқеист.
Сониян, Чин бо чолишҳои бузурги ифротгароӣ ва терроризими байналхалқӣ рӯбарӯст, ки аз самти ҷануб ба минтақаи Синзяну Уйғури он таҳдид мекунад. Дар пешгирии ин таҳдид хусусан нақши Тоҷикистон ҳаётӣ мебошад, зеро дар сурати вориди Тоҷикистон ва хусусан вориди минтақаи стратегии Бадахшон шудани ин таҳдид он бевосита ба марзи Чин мерасад ва ин кишварро бо ҷабҳаи нав рӯбарӯ мекунад. Ин ҳолат низ барои Чин даҳшати дигар аст.
Сеюм, татбиқи абарлоиҳаҳои геоиқтисодию геополитикии Чин, ки дар ташаббуси «Роҳ ва Камарбанд» хулоса шудаанд, на танҳо бе зербиноҳои иртиботӣ , баки бе муҳити амни Осиёи Марказӣ , аз ҷумла Тоҷикистон бо мушкили азим рӯбарӯ мешавад. Ин низ бузургтарин масъала барои манфиатҳои миллии Чин аст.
Ҳамин тавр, дар консепсияи сиёсати хориҷӣ ва амнияти миллии Чин, Тоҷикистон ва суботу устувории он барои ин кишвар як омили ҳаётӣ арзёбӣ мегардад. Ин аст, ки мафҳуми «шарикии стратегӣ» дар ин муносибатҳо фақат як ибораи расмии дипломатӣ нест. Таваҷҷуҳу сармоягузориҳои иқтисодию амниятии Чин дар Тоҷикистон низи басе ҷиддитар аз манфиатҳои сирф тиҷорию иқтисодӣ ва басе фаротар аз мафҳумҳои кумаку дӯстию бародарӣ буда, як силсила манфиатҳои муҳимтарини сиёсӣ ва амниятии худи ин кишвар низ дар гарави ҳамин робитаҳо бо Тоҷикистон аст.
Дар як калом, мо бояд гирифтори чунин таваҳҳум набошем, ки дар ин робитаҳои дуҷониба Чини бузург бисёр муҳим асту мо беаҳаммият, балки бояд воқеъбинона шиносем, ки барои Чин низ рушди робитаҳо бо Тоҷикистон ниҳоят муҳим мебошад.
(Барои манфиатҳои шарикони стратегии дигарамон низ кишвари мо ниҳоят муҳим аст, ки ин аҳаммият бояд дуруст дарк, таъриф ва муаррифӣ гардад.)
Аз ин рӯ, дар муносибатҳои Тоҷикистон ва Чин фаҳми дурусти сиёсӣ маҳз аз дидани ин ҳолати дуҷонибагии манфиатҳо иборат аст. Амалияи дурусти сиёсӣ низ маҳз аз эътирофу риояти мутақобилаю хирадмандонаи ин манфиатҳои комилан дуҷониба иборат мебошад.
7.Аммо нуктаи муҳимми дигар ин аст, ки иштирокчиёни дигари фазои геополитикию минтақавӣ низ аз моҳияти ин робитаҳо ва аҳаммияти мутақобилаи онҳо огоҳанд ва рушду устувории онро на ҳамеша ба манфиати худ мебинанд. Ин аст, ки мо дар атрофи робитаҳо бо Чин бо фазои махсусан муташанниҷи иттилоотӣ рӯбарӯ ҳастем, ки он дар шакли соиши шадиди «чинсҳаросӣ» ва «чинситойӣ» ба назар мерасад.
Дар таблиғоти чинҳаросӣ ё чинситезӣ , ки дар фазои минтақаи мо аз сӯи рақибони идеологӣ , минтақавӣ ва байналмилалии Чин бо сармоягузориҳои калон роҳандозӣ шудаанд, таҳдиди «аждаҳои чинӣ» бузург, ояндаи робитаҳо хатарбор ва ҳадафҳои Чин манфӣ нишон дода мешаванд. Дар он ҳатто сармояи чиниву моли чиниву кори чиниву фарди чинӣ бо рангҳои тира тасвиру талқин мегардад ва ҳар як хабару ҳодиса ба ҳангома табдил дода мешавад.
Дар таблиғи чинситойӣ , ки ҳанӯз нисбатан заифтар аст, наҷоти иқтисодӣ ва рушди саноатию технологии кишварҳои минтақа асосан ба кумакҳои Чин вобаста дониста шуда, барои муаррифии чеҳари мусбати сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Чин талошҳои зиёд сурат мегиранд. Дар ин диди иттилоотии шефта асосан бар аҳаммияти ҳаётии Чин таъкид шуда, аҳаммияти мутақобилаи кишварҳои минтақа нишон дода намешаванд, ки чунин таъкид моҳияти мутақобилан муҳимми робиатаҳои дуҷонибаро ифода намекунад.
Аммо бояд таваҷҷуҳ дошт, ки гарчи ин баҳсҳо аксаран ба фазои иттилоотии мо низ кашида мешаванд, дар асл на баҳси мо, балки навъе ҷанги иттилоотии байни худи он қудратҳост, ки барои таъсиргузорӣ дар афкори умумӣ ва самтгирии сиёсии мо сурат мегирад. Яъне, мо дар асл на тараф ё иштирокдори ин рӯёрӯии иттилоотӣ , балки ҳадаф ва мавзӯи он ҳастем. Ва ҳадафи ин таблиғот на ҳимояи ғамхоронаи мо аз Чин, балки эҷоди тарсу фосила аз он ва ба худи таблиғгарон дастрастар мондани мост.
Аз ин рӯ, дар вазъияту муҳити имрӯза яке аз муҳимтарин вазифаҳои фазои фикрию иттилоотии мо ва яке аз муҳимтарин вазифаҳои сиёсатгузории берунии мо маҳз зери таъсири ин набарди иттилоотии дигарон қарор нагирифтан аст. Мо бояд тамоми моҳият ва муҳтавои ин баҳсҳоро амиқу хунсардона омӯзем, аз тамоми равишу ҳадафу абзорҳои он огоҳ бошем, аммо ҳаргиз вориди он шуда, ба қоидаҳои он бозӣ накунем. Зеро на чинситезии ғаразманд ва на чинситойии ҳадафманд моҳияти сиёсати мо ва манфиатҳои воқеии миллии ду кишварро ифода намекунад. Балки манфиати мо маҳз дар он аст, ки манзараи геополитикии минтақаро дуруст дарк карда, нигоҳи ақлонӣ ва рӯҳи прагматикии муносибатҳоро ҳифз намуда, бо дарки ҳолати дуҷонибагии манфиатҳо, маҳз дар самти рушду ҳифзу таъмини онҳо амал намоем. Нуктаи ақлонӣ, пояи эътидол ва гарави устувории муносибатҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Чин маҳз дар ҳамин аст.
***
Албатта, мавзӯи муносибатҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Чин масъалаи бузурги тахассусист, ки дар солҳои тӯлонии роҳбарии Раёсати сиёсати хориҷии Маркази стратегӣ ба паҳлӯҳои гуногуни он рӯбарӯ будам. Аммо ин навишта барарсии тамоми ҷанбаҳои ин робитаҳо набуда, танҳо дар ҳошияи расидани унвону дипломи чинӣ аз чанд нукта ёдоварӣ шуд. Баррасии васеи робитаҳо дар матни пажӯҳиш ва китоби зикршуда анҷом шудаанд, ки ҳоло дастраси умуманд. Бо ин таъкид, ки натиҷаҳои пажӯҳиши анҷомшуда ҳамчун яке аз аввалин манбаъҳои муштарак ва худии илмию тадқиқотӣ дар бораи таърихи гузашта ва манфиатҳои имрӯзу фардои ду мардуми соҳибтамаддун ва ду давлати ҳамҷавор аз ҳар назар қобили таваҷҷуҳ мебошанд.
199 – Мақоларо хонданд, 2 – Имрӯз хонданд