НУРИ САҲАР ОМАД…

Бо салому эҳтиром,

Сухани рӯзи якшанбе

Ин ҳафта дар ҳошияи 50-солагии банда дўстони зиёде лутфу бузургворӣ фармуданд ва аз сари баландиву самимият суханони муҳаббатомез гуфтанду навиштанд.

Табрик, паём, занг, гул, ташриф, тасвир, орзу, дуъо, таҳлил, мақола, шеър, тавсиф, ҳама чиз буд. Ва андак-андак дашному таҳқир, ки бе он низ намегузарад…

Аз ин рў, ба ҳар яки Шумо, Дўстон, Устодон, Шогирдон, Ҳамкорон, Ҳамсабақон, Ҳамандешон ва Алоқамандони шахсию илмию адабию сиёсию воқеию маҷозӣ сипосгузории худро мерасонам. Пеши якояки Шумо хиҷолатам, пеши назари лутфи хатопўши Шумо:

Не бузургам, не сутургам, ҳеч даъвое надорам,

Мушти хокам, тўдаи коҳам, таманное надорам.

Ман на устодам, на шайхам, ин ҳама лутфи шумо буд,

Пургуноҳам, кўри роҳам, чашми биное надорам.

Ҷойи он башад, ки кас аз ҷойгоҳи ман напурсад,

Чун ҳаво дар ҳар куҷо ҳастам, вале ҷойе надорам.

Ҳарчӣ гуфтам бо тақозои замири хеш гуфтам,

Ғайри таъмири Ватан андешаву ройе надорам.

Ва чун арзи сипос барои лутфу намаки ин миллати дилпазиру ин сарзамини беназир, ин баҳор се китоби худро ба нашр додам, ки дар ин рўзҳо муаррифӣ хоҳанд шуд.

Барои ҳаводорони шеър маҷмўаи мунтахаби “Дўст дор зистан”, барои дўстдорони Ватану баландӣ навишти тозаи устураи “Нурест дар ҷабини Бадахшон” ва барои соҳибони андешаи сиёсию давлатдорӣ назарияи “Дидгоҳи давлатмеҳвар”.

Баргҳои сабзе нисори бузургвории Шумо.

Шод бошед, ки фаромӯшеро фаромўш накардед. Банда низ лутфи зиндадори Шуморо фаромўш нахоҳам кард. Ном ба ном, сатр ба сатр, ҳарф ба ҳарф…

Ва як шеъри тоза аз маҷмӯаи “Дўст дор зистан”:

Вақт аст, ки дигар сухани хом нагўем,

Нури саҳар омад, хабари шом нагўем.

Як мисраи рахшандаи хуршед нависем,

Дар шакли ғазал панҷараву дом нагўем.

Айём ҳамон аст, ки мову ту танидем,

Чун беҳунар аз мушкили айём нагўем.

Бо ҳиммати худ кишвару таърих бисозем,

То гўр фақат қиссаи Баҳром нагўем.

Аз баҳри тиҷорат шуда Меҳан нафурўшем,

Аз баҳри сиёсат шуда «ислом» нагўем.

Имону адаб ҷавҳари фармудаи дин аст,

Бо номи Худо ин ҳама дашном нагўем.

Мардони Худоро, ки ҷаҳонро написанданд,

Аз бехабарӣ мардуми ноком нагўем.

Гўянд, ки чун аст таҷаллии висолаш?

Ин сирри азим асту бари ом нагўем.

Total Views: 135 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.